Бахтиёри МУРТАЗО

Печать

САДДИ СОЙИ ОБИ ШӮР

 

Хайрулло Амиралиевич аз рӯзҳои аввали Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» таъин гардиданаш ниҳоят муҳим ва зарур будани ин минтақаи сохтмони муҳташами Ватани азизро бо умқи дил ва банд – банди ҷисму ҷонаш мадрак кард.

Муфассал: Бахтиёри МУРТАЗО

БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИНИ АЙНӢ ВА 90-СОЛИ “САДОИ ШАРҚ”

Печать

ВАҶҲИ ИШТИРОКИ УСТОД АЙНӢ

ДАР МАҶАЛЛАИ «САДОИ ШАРҚ»

Устод Садриддин Айнӣ ба сифати поягузори адабиёт ва фарҳанги нави тоҷикӣ дар мутбуоти навтаъсиси он низ иштироки фаъолона дошт. Ин иштирок дуҷониба будааст: аз як тараф, устод дар  рушди матбуоти нав ва тарғибу таблиғи он саҳми чашмрасе гирифтааст. Аз ҷумла, вай яке аз ҷонибдорони маҷаллали нахустини тоҷикӣ дар замони шӯравӣ «Шӯълаи Инқилоб» (1919-1921) буд ва дар лаҳзаҳои ҳассос, ки метавонист нашрияи мазкур суқут кунад, ба имдоди он расид ва онро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ карда, дар саҳафоти он даҳҳо мақолоту тарҷума ва китоби таърихии худро ба нашр расонид. Ҳамчунин, дар таъсиси рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» мусоидат карда, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Шарқи сурх» будааст. Сониян, устод аксари осори адабӣ ва илмии худро асосан дар саҳафоти матбуот ба чоп мерасонд. Бахусус, дар нашрияҳои адабӣ вай аз муаллифони асосӣ ба шумор меомад.

Муфассал: БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИНИ АЙНӢ ВА 90-СОЛИ “САДОИ ШАРҚ”

Аламхон КӮЧАРОВ

Печать

БАХШИ АДАБИЁТШИНОСӢ ВА НАҚДИ АДАБИИ

«САДОИ ШАРҚ» ДАР СОЛИ 2015

Маҷаллаи «Садои Шарқ» чун нашрияи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки дар саҳифаҳои худ дар баробари осори бадеӣ, публитсистӣ ва тарҷумавии адибону мутахассисон мақола, тақриз ва гузоришоти илмӣ ва мусоҳибаҳои суханшиносонро низ дарҷ намуда, бо ҳамин дар нақду баррасии маҳсули қалами эҷодкорон, мутарҷимон, анъанаву навоварӣ ва равобити адабӣ барин масъалаҳои адабиётшиносӣ саҳми муносиб мегирад. Махсусан, аз бозе, ки ин маҷалла бо амри Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро гирифт, имкониятҳои табъу нашр беҳтар ва муҳтавои он боз ҳам ҷолибтару марғубтар гардид, ки ин ҳолати масарратбахш, алалхусус, аз мундариҷаи 12 шумораи «Садои Шарқ» дар соли сипаришудаи мелодӣ – 2015 баръало ба мушоҳида мерасад.

Муфассал: Аламхон КӮЧАРОВ

Назри ЯЗДОНӢ, Шоири халқии Тоҷикистон

Печать

ПЕШВОИ МАЪРИФАТУ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 

Масъалаҳои маданияти миллӣ, хештаншиносии миллӣ, ҳифзи асолат ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар сархати андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Масъалаҳои маданияту маънавиёт аз назари Пешвои миллат азбаски тақдирсоз ҳастанд, шарти муҳимтарини суботи сиёсӣ ва таҳкими асолати миллат ҳастанд, тақрибан дар ҳамаи суханрониҳояшон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Истилоҳоте, ки имрӯз сари забонҳост, ба монанди «хиради азалӣ», «асолати миллӣ», «ҳушёрии сиёсӣ дар шароити пуртуғёну пурталотуми ҷаҳонишавӣ» бори нахуст аз забони ӯ ба майдони маданияту сиёсат омадаанд. Дар Паёми имсола ҳам ба ин масъала боз аз нуқтаи назари мубрам будани маданияту маърифат, илму маориф, шинохти иттилоотии муосир, дасти чира пайдо кардан дар технологияи иттилоотӣ, зарурати бунёди тозаи маркази иттилоотӣ баррасӣ шуданд. Дар ин гузориш чанд нуктаи аз назари муаллиф заруру мубрам дар шароити рӯзгори имрӯза, ки бештар аз пештар тақдирсозтар ва дар айни замон печидатар гаштааст, пешниҳод мешавад. Ин печидагиҳо боз ҳам печидатар аз он назар ҳастанд, ки мушкилоти ҷаҳонии молиявӣ, энергетикӣ, масоили экологӣ, амнияти умумиҷаҳонӣ, муқовимати давлатҳои абарқудрат, дар баробари ин муқовимат зуҳур кардани ихтилофҳои оташин, нанговар, бераҳмии бесобиқа байни давлатҳои ҷаҳони ислом сурат мегирад. Дар ин шароит табиист, ки хештаншиносии миллӣ, шинохти манфиатҳои миллӣ, шинохти гургоне, ки ҷомаи меш пӯшидаанд дар партави «ҳушёрии сиёсӣ», «хиради азалӣ» муҳим аст.

Муфассал: Назри ЯЗДОНӢ, Шоири халқии Тоҷикистон

Мирсаид МИРШАКАР

Печать

БАЪЗЕ ҚАЙДҲО

 

I

Одамоне буданд ва ҳастанд, ки бо яъсу ноумедӣ пайғамбарӣ мекарданд: гӯё дар асри техникаву атом ва кашфи коинот шеъре, ки замонҳо гавҳари тоҷи шоҳон ва шарики ғаму шодии гадоён буд, чун гули пажмурда худро зери по мебинад…

Дар қарни бист атом дар хизмати инсон даромад, асрори ҳар ду тарафи Моҳ ошкор гардид, Зӯҳра дигар мастура нест, лекин шеър чун пештара гули наврастаи гулистони адаб буда, эътибори он дар байни хонандагон беш аз пеш меафзояд, пояи он дар зиндагӣ мустаҳкамтар мегардад ва ҷидду ҷаҳд дорад, ки майдонаш боз ҳам васеъ ва фарохтар гардад.

Муфассал: Мирсаид МИРШАКАР

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.