Ҷалол ИКРОМӢ

Печать

ХАЁЛ. ШАБЕ ДАР

РЕГИСТОНИ БУХОРО

(Айнан)

1

Шабе аз шабҳои баҳор. Моҳ, ки аз як тарафи осмон бо чеҳранамоӣ  ҷаҳонро мунаввар карда, насими фараҳбахши Регистони Бухоро аз бӯйҳои хуш димоғи ҷонро муаттар сохта…

Иттифоқо дар ин шаб Бобои пире дар таҳти деворе аз иморатҳои сохташуда нишаста, дар гирдоби хаёл ғуттавар буд. Баъд аз чанд дақиқа Бобо сар бароварда, ба атроф ва ҷавониб назар андохт. Оё чӣ дид?

 Як майдони васеъ. Боғчаи нав, дилрабо пешгоҳи он бинои сафеди хушнамои «Хонаи халқ» намудор буд. Нури сафеди ширмонанди моҳтоб бар деворҳои сафеди нуқрамонанди ин бино тобиш намуда. Гӯё чамане аз нур, оламест пур аз фараҳу сурур, ки ҷилва менамояд. Дар тарафи дигар бинои бошукӯҳи Дорулмуаллимини Бухоро, ки имрӯз ҳашт нафар ҷавонони боғайратро дар майдони муборизаи ҳаёт фиристода, ки ҷаҳлу ғафлатро аз миёнаи мардумон дур менамоянд. Дуртар аз ин бино бинои матбаа ва истгоҳи электрикӣ аст, ки овозҳои мошинаҳо ба фалак печида ва чароғҳои беҳисоб афрӯхташуда майдонро зиёдатар зинат медод. Аҷаб намоишу ғариб ороиш… Манораи аҷали берӯҳу бетаъсир ба назарҳои пеш (қадим) менамуд, ҳоло ба ифтихори тамом сар ба осмон кашида, мӯъҷизаи маданият, ки лампаи электрикӣ бошад, бар сари он нурфишон буд. Аз дур гӯё ситораи бахту саодати мазлумон буд, ки бар сарашон метобид.

2

- Ин арки пошоҳист, ки хишташ аз устухонҳои мазлумон ва обу гилаш аз аз хуни ситамдидагон. Чӣ хунҳои ноҳақ ба даруни ин рехта шуда, чӣ фаҳшҳо ва чӣ фоҷеаҳо дар ин рӯй дода, ки хуни инсон дар ҷӯшу хурӯш меафтад.

Фарзанди навҷавони маро кашон-кашон ба таҳти ин қасри пурҳашам оварданд. Сабаби ин газетаи писарам, ки аз Эрон гирифта мехонд ва аз аҳволи олам огоҳ мешуд. Мардуми бисёре ҷамъ шуда, моро тамошо мекарданд. Раҳмдилон бар ҳоли ману фарзандам гиря мекарданд. Локин худро пинҳон намуда, маълум намекарданд. Чаро, ки ҷаллодони бераҳм ҳозир буданд. Чашми фарзанд ба сӯйи халқ кушода, ё имдод мехост ва ё бар ҳоли эшон дилаш месӯхт.

Чӣ… Баъд аз ним соат фарзанди маро ба қатл ҳукм карданд. Ин нидои тире буд, ки ба ҷонам хурд ва ё соиқае буд, ки сарамро барбод дод. Бар худ биларзидам, чашмони пажмурдаам ба ашкрезӣ давом карда. Хоки ин бино, ки аз хуни бегуноҳон мамлу буд, лой гардид. Худро надонистам, ба изтироби тамом ларзидан гирфтам ва имдод ҷустам… Локин на нолаи маро касе шунид ва на имдоди касе ба ман расид. Ночор ғалтону хезон давидам, худро ба имдоди фарзандам расонидам. Мааттаассуф як чанд золимони бераҳм бар ман ҳамла карданд. Ва зарбаҳо бар сарам зада, маро аз фарзандам дур намуданд. Ба ин аҳволи ман мазлумону бечорагон тоб наоварда, ба гиря кардан машғул буданд.

Чӣ… Ин рӯзи касофатангез аз сари онҳо гузашта.

Ин ҳоли маро диданд ва ҳолоти гузаштаи эшон ба хотир омад. Ҳам бар ҷони худашон гиря ва зорӣ мекарданд.

- Оҳ!.. Ҳеч як мазлум мисли ман дар майдони аҷал натохта бошад!

Ҳамчунин бо ғаму андӯҳи тамом девонавор аз паси фарзандам медавидам. Лаҳзае аз гиряву зорӣ намеосудам. Соатҳои дардноки ҷонсӯз дармерасид. Хавфу ҳароси ман зиёда мегардид. Роҳе, ки мо мерафтем ҳақиқатан роҳи аҷал номида шуда. Садҳо бечорагон, навҷавонон ба ноҳақӣ дар ин роҳ талаф шуданд. Падару модари эшон гирякунон мисли ман девонавор дар ин роҳ давидаанд. Имрӯз ман низ мисли онҳо асири панҷаи бало гашта, фарзанди худро рӯ ба рӯи марг мушоҳида менамоям.

Хулоса, чашмҳои хунини ман манзараи пурҳайбати қабристонро мушоҳида намуд. Дилам бо тапиши тамом дар ҳаракат омада, қуввату мадорам тамом шуд. Ҳуш аз сарам бирафт. Дигар на аз олам хабаре доштам ва на аз фарзандам асаре… Ҳамчунон баъд аз соате ба ҳуш омада…

- Оҳ! Он чизе, ки ман дидам, чашми бинанда набинад!

Чӣ… Фарзанди маро ба дор кашидаанд. Ҷони ширини фарзандам аз танаи нозанинаш берун рафта, ҷасади нозукаш дар муқобили чашмам бар дор овезон буд. Чашмҳои сиёҳашро ба рӯймоле бастаанд. Ранги сурхаш аз самуми ин ҷафо зард гардида… Оҳ мазлумӣ! Димоғаш, ки ҳанӯз гулҳои сурхи ҷаҳонро аз ҳазор якеро набӯида буд, оғӯштаи хуни сурхаш гардида. Ин ҳолати фарзандамро дида, на ҷони ман дар бадан ва на ҳуш дар сарам монд. Боз худро надонистам ва аз ин воқеаҳо бехабар гаштам…

3

Овози таронаҳои инқилобӣ, ки аз тарафи аскарҳои сурх дар мақоми худ хонда шуд, хаёлҳои пирро ба дигар тараф гардонида, ба рӯҳи ӯ умеди тоза ва дар оянда саодат бахшид. Бобо сар бароварда ба осмон назар андохт. Дид, ки моҳ фурӯ рафта, ситорагони дурахшанда бар латофати дигар намоён гардидаанд. Овозҳои ҷонварон (мурғон) бар гӯши ӯ нидои хушро медод. Насими саҳарӣ вазида, мӯҳои риши сафеди ӯро паршон намуд.

Дигар, хаёлҳои Бобо аз сар берун рафт ва ба чашмҳои ӯ як умед ва музаффарият намудор гардид ва гуфт:

Онҳо, ки ҷафову ҷавр карданд,

Охир худашон ба гӯр рафтанд!

Баъд аз каме соат овози пойи Бобо аз шаҳри хаёлҳо дур гардид. Ин мавқеъ, ки таърихи ӯ бо хун навишта шуда, аз шармсории худ бо сукут машғул монд.

На овози пойи Бобо ва на хаёлҳо!..

 

(«Раҳбари дониш», 1927, шумораи 2, саҳ. 22-23).

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.