Мирзо ТУРСУНЗОДА

Печать

МУНОДИИ СУЛҲУ САФО

 

Бори аввал аст, ки мо дар шаҳри Душанбе дар маҳфиле ҷамъ омадем, ки дар он аз шеъри форсӣ-тоҷикӣ сухан хоҳад рафт. Чунон ки яке аз анъанаҳои хеле қадими миллии мост ва имрӯз дар Ҳиндустон хеле шоеъ мебошад, мо гӯё маҳфили мушоирае оростем, ки дар бораи масоили муҳимми назми имрӯза сухан ба миён хоҳем овард.

Аз он рӯзе, ки заковати инсон ба сохтан ва бунёд кардан пай бурд ва лаззати дастранҷи худро чашид, шеър ва адаб ба вуҷуд омад ва хушбахтона, сарзамини мо, форсизабонон аз замонҳои хеле қадим ошёни олиҳаи назм гардид. Халқҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрону Афғонистон ва Ҳинд адабиёте офариданд, ки оламгир шуд ва ақлу хиради оламиёнро ба худ мафтун намуд. Дар ин ҳиссаи рӯи замин дар соҳаи назм асарҳое ба вуҷуд омад, ки ҳамчун дурдонаҳои пурбаҳо ба ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ дохил гардидаанд ва зинатбахши он шудаанд. Дар забони форсӣ чунон назме ба вуҷуд оварда шуд, ки шоири бузурги олмонӣ Ҳётеро ба ваҷду ҳайрат андохт ва шоири бузурги рус Александр Пушкинро вола ва мафтун намуд.

Назми сараи форсӣ дар қарнҳои гузашта чун матои пурбаҳое дар ақсои Шарқу Ғарб харидорон ва толибон зиёде пайдо кард. Ба қавли устоди бузург Ҳофизи Шерозӣ аз ин қанди порсӣ ҳамаи тӯтиёни шаккарҳои олами маданият баҳрабар ва завқманд гардиданд.

Шеър ва маданияти форс-тоҷик метавон гуфт, ибтидои пайдоиши худ дар дохили миллияти худ маҳдуд нашуда, аз сарчашмаҳои фалсафа, ҳикмат ва маданияти тамоми ҷаҳон барӯманд гардида, сарсабз шудааст.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ на танҳо асотир, афсона ва ривоятҳои фолклории халқҳои мо, балки таъсироти маданияти халқҳои мутамаддини замони Фирдавсӣ, аз ҷумла Юнони қадим дида мешавад. Ба ин гуна робита аз адабиёти мо мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Ба ин тариқ, назми мо ба дигарон баҳра дода, худ низ аз беҳтарин андӯхтаҳои онон баҳравар гардида, нашъунамо ёфтааст.

Дар таърихи башарият ҳеҷ як адабиёти бузург дар доираи танги миллии худ маҳдуд набуда, балки бо адабиёт ва сарватҳои маънавии дигарон робита ва пайванд дошта, онҳо ҳамдигарро такмил ва ғанитар намудаанд. Ин назми мутараққӣ, ки беҳтарин таровушоти маданияти давраҳои мухталифро фаро гирифтааст, ҳамеша барои пешрати тафаккури инсонӣ кӯшида, барои муташаккил гардонидан ва ба як ҷодаи умуминсонӣ даромадани он хизмат кардааст.

Дар назми мутараққии тамоми халқҳои ҷаҳон ду қувва доимо ба таври оштинопазир бо ҳам дар мубориза будаанд: қувваи некӣ ва бадӣ, қувваи хайр ва шарр. Мисоли барҷастаи инро мо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебинем. Назми мутараққӣ ҳамеша ғолибияти хайрро бар шарр васф ва тасвир кардааст.

Ин мубориза на фақат дар адабиёт ва санъат, балки дар тамоми соҳаҳои маънавиёти инсон-дар фан, фалсафа ва илмҳои дигар низ дида мешавад.

Ин ҳамон қувваи аҳриманӣ буд, ки ба чашмони Абӯабдуллои Рӯдакӣ нили тафсон кашида, ӯро аз рӯшноии олам маҳрум кард. Ин ҳамон қувваи аҳриманӣ буд, ки бузургтарин шоирони рус  Пушкин ва Лермонтовро ба чанголи марг супурд. Ин қабил мисолҳо дар таърихи адабиёти халқҳо бешумор аст. Вале онҳо ҷисман кушта шуданд. Музаффарият ва ғалабаи қувваи некӣ дар ин ҷост, ки асарҳои онон зиндаву ҷовид монданд, сармашқ ва яроқи муборизаи наслҳои оянда гардиданд, ғизои рӯҳи инсонҳо шуданд, дар маъюсию нокомӣ қуввати дили инсон шуда, ба ӯ фараҳ, шодӣ, ба ояндаи неку хушбахтона умед бахшиданд. Назми пешқадам ҳамеша чун кӯҳи пуразамате дар пеши ин қувваи аҳриманӣ истодагарӣ кардааст. Чунон ки Фирдавсии бузург мегӯяд:

Биноҳои обод гардад хароб

Зи борону аз тобиши офтоб,

Паяфкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Назми пешқадам доимо раҳнамои инсон ба навпарварӣ, дӯстӣ дар байни мардумон, мунодии сулҳу сафо ва меҳру вафо будааст. Шоирони бузург ҳамеша ба хонандагони худ сифатҳои олии инсониро талқин кардаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ сифати олии инсонро чунон тавсиф мекунад:

Эй, ки пурсӣ, ки беҳтарин кас кист?

Гӯям аз қавли беҳтарини касон:

Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ

Беш бошад ба халқ нафърасон.

Низомии Ганҷавӣ хонандаи худро ба навъпарварӣ, ба хизмат кардан ба халқ ва ба мушкилкушоии мардумон давъат мекунад:

Кӯш то халқро ба кор оӣ,

То ба хулқат ҷаҳон биёроӣ.

Шоирони бузург дар дили хонандагони худ нисбат ба золимон оташи кинаву ғазаб меафрӯхтанд. Саъдӣ хонандаи худро ба мубориза дар муқобили ситам, ба решакан намудани ҷафокорӣ даъват намуда мегӯяд:

Тараҳҳум бар паланги тездандон

Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон.

Ин шоирони ҳақгӯй ва ҳақиқатҷӯй дар бисёр мавридҳо бо тасвири ҳоли зори фақирон ва ранҷбарон ҳиссиёти олии дӯстонаи худро изҳор кардаанд. Саъдӣ дар ин ду байт як манзараи хеле мудҳиш ва эҳтиёҷро дар пеши назари хонанда муҷассам мекунад ва дар дили вай ҳиссиёти бисёр амиқ боқӣ мегузорад.

Эй ки бар маркаби тозанда суворӣ, ҳуш дор,

Ки хари хоркаши сӯхта дар обу гил аст.

Оташ аз хонаи бечораи дарвеш махоҳ,

Он чи аз равзани ӯ мегузарад, дуди дил аст.

Шоирони забардасти гузашта бо ибора ва тасвирҳои басо зебо, як ифодаи басо мухтасар, манзараҳои ҳаёти воқеиро хеле барҷаста ифода кардаанд. Шоири асри ҳафтдаҳи тоҷик Сайидои Насафӣ замони худро тасвир намуда, мегӯяд:

Фалак ба қомати пири хамида мемонад,

Ҷаҳон ба деҳаи тороҷдида мемонад.

Даруни ҷомаи рангини хеш дунёдор

Ба кирмҳои бирешим танида мемонад.

Шеъри пешқадам доим фошкунандаи бераҳмӣ, риёкорӣ, дурӯӣ ва мунофиқӣ буда, самимият, покдилӣ, дӯстӣ ва рафоқатро тарғиб намудааст.

Шеъри хуб ҳамеша тарбиякунандаи инсон, раҳнамои вай ба некӣ, ба сӯи ҳаёти осуда ва хушбахтона будааст. Ин оҳанг, ин мавзӯъҳои одии инсондӯстона, аз байни тамоми назми беш аз ҳазорсолаи халқҳои форсизабонон чун риштаи дурахшон мегузарад.

Дар замони мо, ки даври бедории халқҳост ва муборизаи онҳо барои истиқлол ва раҳоӣ аз чанголи истеъмор қувват гирифта, дар ҷаҳон ҷабҳаи мамлакатҳои сотсиалистӣ ба амал омадааст, пеши ин ҳаракати хулқро ҳеҷ қуввае гирифта наметавонад. Халқҳои мазлуми гузашта барои истиқлоли том ва озодӣ аз чанголи империализм муборизаи худро рӯз ба рӯз пуршиддат мекунанд. Шоири муосири афғон дар «Қадри озодӣ» ном шеъри худ мегӯяд:

Аз он қаср гӯри куҳан беҳтар аст,

Ки дар ихтиёри каси дигар аст.

Ба зиндони торик бурдан ба сар

Беҳ аз шаҳри маҳкуми халқи дигар.

Чунон ки мебинед, дар замони мо мавқеъ ва нақши назм боз ҳам муҳимтар ва зиёдтар мегардад.

Дар замоне, ки ҳаёти осудаи халқҳо бо иғво ва дасисаҳои ҷангҷӯён халалдор карда мешавад, дар замоне, ки империализм барои идомаи ҳукмронии худ фитнаҳо барпо намуда, ба рехта шудани басо хунҳои ноҳақ сабаб мегардад, дар замоне, ки хавфи ҷанги нав башариятро таҳдид мекунад, вазифаи фошкунандагии шеър боз ҳам зиёдтар мешавад. Шоирон бояд садои ҳақгӯёнаи худро бар зидди тамоми ин риёкориҳо ва тадорукоти ҷанги хонумонсӯзи нав баланд намоянд…

Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои оилаи муттафиқи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Мо 50-солагии ташкили сохти нав ва ҳаёти нави худро ҷашн гирифтем, ки ин ба шарофати Инқилоби Октябр насиби халқи мо шудааст. Мо дар заминаи маданияти хеле қадими худ маданияти нав, дар асоси адабиёти хеле пурсарвати гузаштаи худ адабиёти нави сотсиалистиро ба вуҷуд меоварем. Дар ин оилаи бузург ҳамаи сарватҳои маънавӣ, маданӣ ва адабии халқии мо дастрас ва дар истифодаи тоҷикон қарор гирифтааст. Мо дар аснои сохтан ва бунёд кардани ин маданият, ҳунар ва адабиёти нав на танҳо осори бостонии худро сармашқ қарор медиҳем, балки аз ҳама комёбиҳои мадании халқҳои дӯст ва бародар, аз ҳама сарватҳои мадании ҷаҳонӣ истифода менамоем. Пушкин, Толстой, Мискевич ва Ҳёте, Шекспир ва Бернес, Лу Синь ва Такур ҳама барои мо касоне мебошанд, ки мо осори гаронбаҳои онҳоро ба худ сармашқ қарор додаем. Ба ҳамин тариқ, адибони тоҷик имрӯз худро на танҳо вориси Рӯдакӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ, балки ворисони ин адибон ва мутафаккирони ҷаҳонӣ низ ҳисоб мекунанд.

Сарчашмаи адабиёт ва назм халқ аст. Халқ на танҳо ба мо ризқу рӯзӣ медиҳад, на танҳо бо қувваи бозӯяш ободиҳо ба вуҷуд меоварад, балки вай сарчашмаи илҳоми мо низ мебошад. Бинобар ин ҳар сатри шоир бояд ба манфиати ин халлоқ ва раззоқи ягонаи мо нигаронида шуда бошад.

Дар ин роҳ дар тамоми назми форсизабонон, мувофиқи сохти ҷамъиятии онҳо табаддулот ва пешравиҳои қобили таваҷҷӯҳе ба вуҷуд омадааст.

Ин маҷлиси машваратие, ки мо барпо кардаем, барои аз назар гузаронидани комёбиҳо, камбудиҳо ва роҳи ояндаи тараққиёти назми мо фурсати хеле хуб ба даст медиҳад. Назми куллӣ ягонагии забон барои ба вуҷуд овардани тафоҳуми зиёде, ки баҳс ва ҳал талаб мекунанд, мубодилаи афкор ба амал оварем, дар бораи як тӯда масъалаҳо баҳсу музокира кунем, бо маслиҳати якдигар то андозае роҳи тараққиёти ояндаи назми худро муайян созем.

Паи ҳар кор маслиҳат бояд,

Кори бемаслиҳат накӯ н-ояд.

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.