Мирсаид МИРШАКАР

Печать

БАЪЗЕ ҚАЙДҲО

 

I

Одамоне буданд ва ҳастанд, ки бо яъсу ноумедӣ пайғамбарӣ мекарданд: гӯё дар асри техникаву атом ва кашфи коинот шеъре, ки замонҳо гавҳари тоҷи шоҳон ва шарики ғаму шодии гадоён буд, чун гули пажмурда худро зери по мебинад…

Дар қарни бист атом дар хизмати инсон даромад, асрори ҳар ду тарафи Моҳ ошкор гардид, Зӯҳра дигар мастура нест, лекин шеър чун пештара гули наврастаи гулистони адаб буда, эътибори он дар байни хонандагон беш аз пеш меафзояд, пояи он дар зиндагӣ мустаҳкамтар мегардад ва ҷидду ҷаҳд дорад, ки майдонаш боз ҳам васеъ ва фарохтар гардад.

Аз ҳамон рӯз, ки кайҳонавардони советӣ бо гулчини ашъори Пушкину Лермонтов ба коинот парвоз карданд, шеър ба худ унвони кайҳоннаварду қаҳрамонро гирифт.

Оре, шеър қаҳрамон аст. Дар чунин асре, ки одам ба сархорӣ вақт надорад, барои мутолиаи шеърҳои хурду калон вақт пайдо мекунад. Мегуфтанд, ки ҳар гоҳ дар хона телевизор пайдо шуд, майдони адабиёт, аз ҷумла майдони шеър танг мешавад. Лекин ҳоло телевизион аз дасти шеър «ба танг» омадааст.

Гулчини ашъори шоирон торафт тезтар ва бештар ба фурӯш мераванд. Биноҳое, ки дар он ҷо вохӯрии шоирон бо аҳли ҷамъият гузаронда мешавад, ҳамеша пури одаманд. Дар давоми се соли охир панҷ ҷилди ғазалиёти Ҷомӣ ва матни пурраи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба чоп расида, дастраси хонандагон гардиданд.

Бар хилофи «пайғамбарони шаккок» асри илму фан майдони шеърро васеътар, обрӯю эътибори онро бештар кард. Дар ин аср, ки асри ба амал баромадани як орзу ва ба миён омадани орзуи дигарест, бе шеъру суруд дар ҳаёт қадам гузоштан душвор аст. Шеър хастагии касро барҳам мезанад, орзуро бол мебахшад, шамъи раҳи ҷӯянда мегардад. Пас то даме, ки ҳаёт дар ҷӯшу хурӯш аст, шеър вуҷуд дорад. Умри шеър ҳастии башарият аст! Шеър сарвати бебаҳои мамлакату халқ ва миллат аст.

Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллате бешоире анбори гил, –

мегӯяд Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Ин чунин баҳо масъулияти шоирро дар назди мамлакату миллат зиёдтар мекунад…

 

II

Гӯрӯғлихони машҳур Қурбон Ҷалил басо зиндадил  ва серҳаракат буд. Кас бовар карда наметавонист, ки ӯ ҳафтод сол дорад. Аз Ёвон то ба Душанбе ва аз Душанбе то ба Ёвон пиёда мерафт.

«Одами пиёдагард дунёро хубтар мебинад»-мегуфт вай. Боре аз ӯ хоҳиш намудам, ки сирри ҷавониашро ба мо кушояд. Ин суол барояш ногаҳонӣ буд ва иқрор шуд, ки дар ин хусус фикр ҳам накардааст. «Эҳтимол,-гуфт вай,-ҳамаи гап дар он бошад, ки ман гӯрӯғилхонам, шеъру ғазали бисёре медонам. Ҳайрон нашавед. Зиндагӣ бедил намешавад, лекин дил ба фармони шеъру суруд аст. Шеър дили пирро ҷавон мекунад. Диле, ки аз лаззату ҳикмати шеър дур аст, зуд пир мешавад…» Айнан ҳамин суханонро борҳо аз забони ғӯрғӯрлихонҳои маъруф Бобо Юнус ва Ҳикмат Ризо шунидаам. Онҳо рост мегӯянд,-шеър мояи ҷавонист. Пас онро чун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ бояд намуд. Бо хабар бояд шуд, ки тақдираш ба дасти шеъртарошон наафтад.

 

III

Аз он ки дар симпозиум роҷеъ ба маҳорат ва талқини инсондӯстӣ дар ин назм сухан меравад, мо бо сари баланд гуфта метавонем, ки давомдиҳандагони ҳақиқии анъанаи зиндаи аҷдодони худ мебошем. Мояи ифтихор аст, ки назми мо аз ибтидои худ назми инсондӯст ва ватанпарвар аст. Ҳисси инсондӯстӣ шоиронро ҳатто бо худо даст ба гиребон карда буд. Шоири ҳақиқатҷӯй Носири Хисрав пиёдаю савори аз Қабодиён то ба Маккаву Мадина ва аз он ҷо то ба Миср аз паи ҳақиқат рафта буд ва аз ин сафари ҳафтсолаи худ пушаймон набуд. Бисёр чизҳоро дид ва фаҳмид ва дар яке аз шеърҳои худ ба худо бо ғазаб муроҷиат мекунад:

Бор худоё, агар зи рӯи худоӣ

Тинати ҳама ҷамил сириштӣ,

Чеҳраи румию сурати ҳабаширо

Мояи хубӣ чӣ буду иллати зиштӣ?..

Чист хилоф андар офаринишни олам,

Чун ҳамаро дояву машшота ту гаштӣ?

Неъмати мунъим чаро дарё-дарёст?

Меҳнати муфлис чарост киштӣ-киштӣ?

Қарнҳо гузаштанд, вале аз худо на ҷавобе омаду на савобе. Он вақт Муҳаммади Иқбол ба инсон муроҷиат кард:

Ҳанӯз аз банди обу гил нарастӣ,

Ту гӯйи румию афғониям ман.

Ман аввал одами берангу бӯям,

В-аз он пас ҳиндию тӯрониям ман.

«Вайрон шавад бинои ҷаҳон бевуҷуди мо!»=мегӯяд бо ифтихор Лоҳутӣ.

-Дареғу дард,-мегуфт Иқбол,-инсон, ки «худгару худнигару худшикан аст», «ҷаҳонро хубтар сохт», «чароғу аёғ офарид, ҳиёбону гулзору боғ офарид», «аз хӯи ғуломӣ зи сагон хортар аст»…

Дар рӯзҳое, ки мо дар ин ҷаласаи мӯътабар аз инсондӯстӣ сухан меронем, дар Ветнам бар сари мардуми бегуноҳ борони кӯроғшимӣ меборад, дар Юнон озодихоҳонро ба зиндон партофта истодаанд, дар Шарқи Миёна тақдири сулҳ чун қатраи ашк бар сари мижгон истодааст ва ҳамаи ин кори дасти империалистон мебошад.

Ба муносибати солгарди ҳафтуми ташкил шудани ҷабҳаи озодии Ветнами ҷанубӣ дар тамоми ҷаҳон Ҳафтаи садоқатмандӣ бо ин халқи мубориз эълон шудааст. Одамони некхоҳ ва поквиҷдон аз империалистони амрикоӣ талаб мекунанд, ки даст аз Ветнам бардоранд. Мо адибони тоҷик бо халқи поквиҷдони дунё ҳамовоз шуда мегӯем, ки дасти хунин худро аз Ветнам бардоред! Сулҳу салоҳ дар тамоми дунё барқарор бод.

 

IV

Дар мубориза барои хушбахтии инсон ва сулҳу амонӣ ва гулгулшукуфии тамаддун яке аз аслиҳаҳои бурро ва тавонои аҳли адаб шеър аст. Ҳоло, ки дар ин ҷамъомади байналмилалӣ аз маҳорати шоирӣ сухан меравад, албатта, бесабаб нест. Мо мехоҳем, ки бори дигар аслиҳаи муборизаи худро аз назар гузаронем, ҳунари худро такмил диҳем.

Арбобони назми мо ҳамеша барои он мекӯшидаанд, ки шеъри форсӣ ҳамвора дар ҳаракат  ва нашъунамо бошад, ҳамқадами ҳаёт бошад. Яке аз сабабҳои шӯҳрати ҷаҳонии назми мо дар ҳамин аст.

Шоироне ҳам буданд, ки аз худ чизе ба ганҷинаи назм илова накарда, ганҷи онро ғорат мекарданд, дуррии онро зери по мепартофтанд. Носири Хисрав онҳоеро, ки ҷоҳилону бадгуҳаронро барои пул шуда мадҳ мекарданд, дурӯғу тамаъро ба назм медароварданд, маҳкум карда, бо ифтихор мегуфт:

Ман онам, ки дар пои хукон нарезам,

Мар-ин қимати дури лафзи дариро!

Дар соли 1909 дар олами назм бо номи «шеъри нав» истилоҳи тозае пайдо шуд. Офаридгори он Маликушшуаро Баҳор буд, ки дар яке аз қасидаҳояш мегӯяд:

Баҳоро, ҳиммате ҷӯ, ихтилоте кун ба шеъри нав,

Ки ранҷидам зи шеъри Анвариву Урфию Ҷомӣ.

Муқаррар, гар ҳама қанд аст, хотирро кунад ранҷа,

Зи бодомам бад ояд, баски хондам чашми бодомӣ.

Шоиқ Ҷамол фикри ӯро давом медиҳад:

Мегазад он зулфи чун морат, дигар ёдаш макун,

Чашми ҷонон сохт беморат, дигар ёдаш макун.

Сазовори таваҷҷӯҳ аст, ки ҳанӯз чандсад сол пеш Носири Хисрав ба муқобили он гуна ташбеҳ ва истиораҳое, ки дар ҳар қадам дучор мешавад, сухан кардааст:

Сифат чанд гӯӣ зи шамшоду лола

Рухи чун маҳу зулфаки анбариро?

Дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали барқароршавии Ҳокимияти Советӣ аксарияти шоирон, махсусан, ҷавонон аз ин гунна ташбеҳ ва истиораҳо даст кашида буданд. Вале ин ибтидои хайрбахш ба каҷравҳое ҳам дучор шуд, ки боиси паст шудани обрӯи адабиёт гардиданд.

Кор ба ҷое расид, ки ҷои овози булбулро садои трактор гирифт. Сарфи назар аз ҳамаи каҷравиҳо ва номуродиҳо ба назми тоҷик муяссар шуд, ки аз доираи миллӣ ба арсаи умуииттифоқӣ ва бо ин восита ба майдони ҷаҳонӣ қадам гузорад. Осори Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ ва шоирони боистеъдоди дигар, ки имрӯз дастраси миллионҳо хонандагон гардидаанд, асарҳое мебошанд, ки бо рӯҳи байналмилалӣ навишта шудаанд ва дар худ хусусияти миллиро нигоҳ доштаанд.

 

V

Дар солҳои сиюм шоирони ҷавон худро пайравони Маяковский номида, бо вазни арӯз «ҷанг» эълон карда буданд. Лекин, мутаассифона, бисёрии шеърҳои он давра тақлиди беҳунаронае буданд. Мисраъҳои кӯтоҳи пасту баланд, қофияҳои сохта, суханони бемантиқ хоси он гуна шеърҳо буданд. Танҳо аз шеърҳои Пайрав Сулаймонӣ ва боз ду-се нафари дигар аён буд, ки онҳо моҳияти навоварии Маяковскийро нисбат ба дигарон беҳтар фаҳмидаанд ва метавонанд навовари назми тоҷик бошанд.

Сабаби ин аён аст. Пайрав Сулаймонӣ устоди назм буд, бо қоидаю қонун ва нозукиҳои назми муосир ва классикӣ ошно буд.

Ҷунбиш барои шеъри нав, махсусан дар нимаи дуюми қарни бистум, дар байни ҷавонони соҳибистеъдоди форсизабонони дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон бештар гардид. Хурсандиовар он аст, ки аксари ин ҷавонон шоиранд. Лекин булҳавасон ҳам дар байни онҳо кам нестанд.

Бар хилофи навпарастони ибтидои аср, ки асосан ба муқобили ташбеҳ ва истиораҳои ҳазорсола ва такрору тақлиди гузаштагон мебаромаданд, пайравони шеъри нав худро хушбахт медонанд, ки аз «шиканҷаи арӯз озод шудаанд…». Шеърҳои онҳо бевазну оҳанг, беқофия ва мисраъҳо кӯтоҳу дарозу парешонанд. Қонуният нест. Ҳар кас мувофиқи табъи дилаш менависад ва ин гуна шеър дар матбуот беислоҳ чоп мешаванд.

Пайравони шеъри нав зарурияти онро ин тавр маънидод мекунанд: «Шеъри навин ҳақ дорад по аз занҷири қавофӣ ва арӯзи куҳан озод кунад», «…чи маонии бузургу зебо, ки фидои вазну қофия шуда… Матлаб ва вазну қофия аст, ки ҳазорон маънӣ кушта шудааст…»

Хурсандиовар аст, ки ҷавонони боистеъдоди тоҷик – пайравони шеъри нав пеш аз ҳама мазмуни бо тарзи нав ифодашударо дар назар доранд ва ислоҳоти шакли онҳо асло ба муқобили вазну қофия равона нашудааст. Ин ҳамон навовариест, ки Маяковский пайрави он буд.

Инқилобчии назми советии рус, байрақбардори шеъри нав Маяковский имрӯз дар тамоми дунё, ҳатто дар Франсия, ки соҳиби мактаби махсуси шеъри нав аст, пайравони зиёде дорад ва сафи онҳо торафт меафзояд. Бар хилофи ҳамаи онҳое, ки вазну қофияро барои маънӣ «шиканҷа» медонад, Маяковский парастори вазн, оҳанг ва қофияи ҷарангдор буд. – «Вазн», - мегӯяд Маяковский, - қувва ва ҳарорати асосии шеър аст, ки онро танҳо бо оҳанрабо ва барқ баробар кардан мумкин аст». Сухани нав, қофияи оҳангдор дилу ҷон ва имони шеъранд. Дуруст аст, ки мисраъҳои Маяковский қонунияти назмро инкор мекунанд, мисраъҳояш гуногун, - яке дароз, дигаре кӯтоҳанд ва мисраъҳое ҳастанд, ки иборат аз як сухан ё ҳарфанд. Маяковский борҳо гуфтааст, ки сабаби нобаробарии мисраъҳои ӯ дар он аст, ки вай мехоҳад, фикри худро озодона ва равшантар баён кунад.

Дар шеъри форсӣ ин услуби Маяковский, ки иборат аз як мисра ба чанд мисра тақсим кардан мебошад, қобили қабул аст ё на? Ин услуб, барои адабиёти советии тоҷик нав нест. Ин тақсимкуниҳо имконият доданд, ки аввало назмро ба наср наздиктар орем ва сониян барои пур кардани мисраъ ҳар чӣ ба забон ояд, гуфтан нагирем. Дуруст аст, ки дар як қатор асарҳо сабаби як мисраъро ба чанд сатр тақсим намудан беасос аст.

Бар хилофи пайравони шеъри нави форсӣ, ки қофияву вазнро «кушандаи маонии бузургу зебо» медонанд, Маяковский тасдиқ мекунад, ки дар ҷустуҷӯи вазни оҳангдору қофияҳои барҷаста рӯзҳо ва ҳафтаҳо овора шуда, бо ин роҳ ба маонии бузургу зеботаре бармехӯрд ва ҳамаи ин боиси такмили ҳартарафаи ҳунари ӯ гардидааст. Офаридани шеъри ҳақиқӣ хело душвор аст ва ҳар он касе, ки тоқати он надорад, беҳтараш қалам ба даст нагирад…

Аз гуфтаҳои пайравони шеъри нави форсӣ маълум мешавад, ки вазну оҳангу қофия ба онҳо барои мазмуни наву мавзӯи замонро пурра ва равшантар баён намудан имконият намедиҳад. Бигузор ҳамин тавр бошад. Лекин ба ман муяссар шуд, ки дар байни як сол беш аз сад асари тозаи пайравони шеъри навро мутолиа намоям ва бояд гӯям, ки қариб дар аксарияти онҳо мазмуни мутараққии нави замонро, ки шоирона тараннум шуда бошад, наёфтам. Мазмуни аксарияти онҳо оҳу нола аз номуродиҳост, рӯҳи хушбинӣ хеле кам аст.

Ман шоира Жоларо тарафдорам, ки барои шеъри нав пеш аз ҳама мазмуни мутараққии нав, тасаввур, тасвир ва баёни шоиронаи нав зарур аст, мегӯяд. Аммо шакли шеъри нав на бояд ҳадаф бошад, бигузор онро худи мазмун … Ягонагии шаклу мазмун яке аз шартҳои адабиёти реализми сотсиалистии мост. Мо якеро аз дигаре ҷудо намуда баҳо дода наметавонем.

Меҳмонони мо дуруст қайд кардаанд, ки мавзӯи шеър асосан ишқ аст. Лекин ишқ хоси инсон аст, инсон бошад маҳсули меҳнат. Адабиёти реализми сотсиалистӣ инсон ва ишқи инсониро берун аз меҳнат пурра ва ҳартарафа нишон дода наметавонад.

Чаро мо бояд вазну қофияро тарафдорӣ намоем? Аввало мо барои халқ менависем. Халқи мо табиатан шоир аст. Шеърҳои тоинқилобӣ ва баъди инқилобии шоирони халқ вазну қофияи барҷаста доранд. На касе ба онҳо вазни арӯз ёд додаасту на «фоилун ва мафоилун». Вазни шеъри онҳо оҳанги тапиши дилҳои пурҷӯши ҷавононе мебошанд, ки нахустин бор «туро нағз мебинам» мегӯянд ва музди аввалини худро ба хона меоранд, хурӯши он мардони кор аст, ки зафари тозае ба даст овардаанд, савти заводу фабрикаҳо, иншоотҳои тоза ба тоза, майдонҳои колхозӣ мебошад. Пас чаро мо, танҳо барои «шеъри шаклан нав» шуда аз он даст кашем?

 

VI

Мақсад аз шеър чист?

Мақсад аз шеър ба халқ ва ба Ватан хизмат кардан аст. Вазифаи шоирро Муҳаммад Иқбол хеле равшану фаҳмо муайян кардааст.

Нағма куҷою ман куҷо? Созу сухан баҳонаест,

Сӯи қатор мекашем ноқаи безимомаро.

Шоир бояд шарики ғаму шодии халқаш бошад, бо таронаи худ роҳи ӯро равшан намояд. Иқбол ба яке аз он гуна шоироне, ки дар шеърҳояшон ба ҷуз аз сӯзу гудоз, оҳу фиғон чизе нест, муроҷиат намуда, мепурсад, ки чӣ суд аз сӯзе, ки агар чун лола сӯзӣ? На худро мегудозӣ з-оташи хеш, на шоми дардманде мефурӯзӣ!

Наход он шоироне, ки шакли навро ба таъбиру ибораҳо ва мазмуни гузашта пур мекунанд, ин ду байти Муҳаммад Иқболро нахонда бошанд?

Дамодам нақшаҳои тоза резад,

Ба як сурат қарори зиндагӣ нест.

Агар имрӯзи ту тасвири дӯш аст,

Ба хоки ту шарори зиндагӣ нест.

 

VII

Баҳорон, вақте ки барфҳо об шудан мегиранд, аз чаҳор тараф, ҷӯйҳои хурду калон ҷорӣ мешаванд. Бонги онҳо ҳатто садои дарёи калонро пахш мекунад… Лекин ба дарёи калон зараре намерасад. Баръакс, дарёи бузург бо ин ҷӯйчаҳо мӯҳташамтар мегардад, бо ёрии онҳо сангу харсангҳоро аз роҳи худ дур меандозад, ҷараёни мувофиқтареро барои худ пайдо мекунад.

Назми ҳазорсолаи мо дарёест, ки аз рӯдҳои хурду бузург нерӯи тоза гирифта, мудом пеш меравад.

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.