Аламхон КӮЧАРОВ

Печать

БАХШИ АДАБИЁТШИНОСӢ ВА НАҚДИ АДАБИИ

«САДОИ ШАРҚ» ДАР СОЛИ 2015

Маҷаллаи «Садои Шарқ» чун нашрияи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки дар саҳифаҳои худ дар баробари осори бадеӣ, публитсистӣ ва тарҷумавии адибону мутахассисон мақола, тақриз ва гузоришоти илмӣ ва мусоҳибаҳои суханшиносонро низ дарҷ намуда, бо ҳамин дар нақду баррасии маҳсули қалами эҷодкорон, мутарҷимон, анъанаву навоварӣ ва равобити адабӣ барин масъалаҳои адабиётшиносӣ саҳми муносиб мегирад. Махсусан, аз бозе, ки ин маҷалла бо амри Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро гирифт, имкониятҳои табъу нашр беҳтар ва муҳтавои он боз ҳам ҷолибтару марғубтар гардид, ки ин ҳолати масарратбахш, алалхусус, аз мундариҷаи 12 шумораи «Садои Шарқ» дар соли сипаришудаи мелодӣ – 2015 баръало ба мушоҳида мерасад.

Дар бахшҳои «Пажӯҳиш», «Тақриз ва китобиёт», «Робитаи адабӣ ва фарҳангӣ», «Ёдбуд», «Баҳс ва андеша», «Мусоҳиба» мақола, тақриз, гузориш ва андешаҳои донишмандон ва суханшиносони варзидае, чун Худоӣ Шарифзода, Атахон Сайфуллоев, Шафеии Кадканӣ, Юсуфи Акбарзода, Абдураҳмони Абдуманнон, Меҳдӣ Ахавони Солис, Сулаймон Анварӣ, Мирзо Шукурзода, Асрори Раҳмонфар, Боймурод Шарифзода, Ҷамолиддин Саидзода, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Қодири Рустам, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Нурмуҳаммад Зуҳурӣ, Ҷонибеки Асрориён, Салоҳиддин Фатҳуллоев дарҷ гардидаанд ва аксари онҳо сухани тоза, пурмуҳтаво ва воқеъбинона мебошанд. Дар баробари ин, ҳайати эҷодии маҷалла чопи мақолаҳои як қатор муҳаққиқони ҷавон аз ҷумла Баҳром Раҳматов, Озито Қаҳрамон, Нурмуҳаммад Сироҷӣ, Зебо Абдулазизова ва Темур Ҳафизовро зарур шумориданд, ки ба муҳтаво ва дурнамои маҷалла созгор аст.

Аз мундариҷаи яксолаи маҷалла ва мундариҷаи навиштаҷоти он бармеояд, ки ҳайати эҷодии кунунии «Садои Шарқ» анъанаи неки қариб 90-солаи ин нашрияро идома дода (маҷалла аз соли 1927 бо номҳои «Дониш-биниш», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Шарқи сурх», «Садои Шарқ» ба табъ мерасад), дар ҷӯши воқеаҳои адабии давр қарор доранд ва баҳри рушду нумуи адабиёти миллӣ, мавқеъ ва манзалати забони адабӣ ҳамвора талош меварзанд.

Соли 2015 дар ҷумҳурии азизамон солгарди мутафаккирону суханшиносоне чун Амир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Аълохон Афсаҳзод таҷлил гардид ва ба ин муносибат дар маҷаллаи мавриди назар мақолаҳои пурмуҳтаво ба табъ расиданд. Ҳамчунин, ба муносибати 105-солагии устод Боқӣ Раҳимзода, 70-солагии Ҳабибулло Файзулло, Шодӣ Асрор, Сафармуҳаммад Айюбӣ (рӯҳашон шод бошад) мақолаҳо ба табъ расиданд.

Мақолаи Абдухолиқ Набавӣ бо номи «Хусусиятҳои миллии адабиёти замони ҷанг» ба шарафи 70-солагии Ғалаба бар Германияи Фашистӣ таълиф ёфтааст. Адабиёти тоҷики давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар асару мақолаҳои зиёд таҳлилу тадқиқ ёфтааст, вале Набавӣ ин давраи адабиёти тоҷикро аз нигоҳи нав ба тадқиқ гирифтааст ва маълум мешавад, ки унсурҳои миллии адабиёти даврони шӯравии тоҷик маҳз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қувват мегирад.

Умуман, чи хеле ки аз мақолаҳои Раҷабалӣ Қудратзода – «Бӯи ҷӯи Мӯлиён», Абдурраҳмони Абдуманнон – «Идомабахши кору пайкори устод Айнӣ», Атахон Сайфуллоев – «Мактабу маориф дар осори Мирзо Турсунзода» ва мусоҳибаи Мирзо Шукурзода бо Акбари Абдулло – «Ту гӯйӣ марги Лоиқ марги Акбар буд» бармеояд, ҳайати эҷодӣ ба солгардҳо ва солонаҳои муҳимми адабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ба ин восита ҷанбаи маърифатӣ ва омӯзандагии маҷалларо афзун намудаанд.

Як қисмати қобили таваҷҷуҳи мақолаву гузоришоти маҷалла ба бахши «Робитаҳои адабӣ ва фарҳангӣ» оид мебошанд. Ҳайати эҷодии маҷалла кӯшидаанд, то дар соли 2015 паҳлуҳои ҷолиби робитаи адабӣ манзури хонанда шавад. Мулоҳизаи суханвари эронӣ Меҳдӣ Ахавони Солис оид ба мавзӯъ ва муҳтавои шеъри муосир, дар сурате ки баъзан ба шеъри иҷтимоии тоҷик муносибати сатҳии мутахассисон мушоҳида мешавад, басо омӯзанда аст: «Ман ҳамеша барои адабиёт вазифае қоил будам, - гуфтааст адиби варзидаи эронӣ, – ва он вазоиф ҳамеша вазоифи иҷтимоӣ ва ахлоқии адабиёт будааст ва асареро ҷузъи осори пештар медонам, ки дорои асароти иҷтимоӣ ва инсонӣ бошад» (№8, с.106).

Мақолаҳои Валӣ Самад бо номҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар сарнавишти як арманӣ», «Арзиши «Достони Сиёвуш»-и Фирдавсӣ дар Озарбойҷон» ва Мисбоҳиддини Назриқул – «Ҳирот – нигини Хуросон» низ дорои арзишҳои баланди илмӣ ва тарбиявӣ мебошанд. Алоқамандони адабу фарҳанги тоҷик, хоса ҷавонон, вақте дар бораи ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳироти Афғонистон, оромгоҳҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Фахруддин Алии Сафӣ, Мир Алишери Навоӣ, Анҷумани адабии Ҳирот, ки «дар муддати 90 соли охир аъзои анҷуман 1000 ҷилд китоб нашр кардаанд ва 500 ҷилди дигар омодаи чоп мебошад», Конуни ҷавонони Анҷумани адабии Ҳирот, ки 50 нафар узв дорад, маълумот мегиранд, паҳно ва манзалати адабиёту фарҳанги волои ниёгонро амиқтар дарк карда, ба он арҷ мегузоранд.

Симои адабии маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро мақолаҳои Валӣ Самад бо фарогирӣ ва ҷанбаи таҳлилии худ басо равшан ҷилва медиҳад. Таъсири «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба адабиёти халқҳои Қафқоз ба дараҷаест, ки, масалан, қисматҳои алоҳидаи асар ба забони озарӣ ҳам ба назм ва ҳам ба наср борҳо тарҷума гардидааст, аз рӯи «Достони Сиёвуш» асарҳои саҳнавӣ ва опера ба майдон омадааст ва «Фоҷиаи Сиёвуш»-и Ҳусайн Ҷовид дар як давраи кӯтоҳ, яъне дар муддати солҳои 1934-1936 106 маротиба дар саҳнаи Театри академии шаҳри Боку намоиш дода шудааст ва ин намоишномаро нависандаи маъруфи рус Мариэтта Шагинян «Ҳамлети Шарқ» унвон додааст.

Халқи арман бошад, мувофиқи тадқиқоти Валӣ Самад, ҳанӯз дар асрҳои миёна тарҷумаи «Шоҳнома»-ро ба забони модарӣ мутолиа мекардааст ва фирдавсишиноси бузурги асри ХIХ Арманистон Эстепон Назариёнс тадқиқоти бунёдии худро бо номи «Абулқосим Фирдавсии Тусӣ» аз рӯи нусхаи аслии форсии «Шоҳнома» анҷом додааст.

Дар эзоҳномаи «Садои Шарқ» таъкид ёфтааст, ки ба сабаби надоштани имкони чопи асарҳои калонҳаҷм пажӯҳиш дар ҳаҷми 10-15 саҳифа ва тақризу китобиёт дар ҳаҷми 6-10 саҳифаи чопи компютерӣ қабул карда мешавад. Пас, саволе пайдо мешавад, ки чаро мақолаи 23-саҳифагии Валӣ Самад ва баъзе мақолаҳои ҳаҷман калони дигар беихтисор ба табъ расидаанд? Ба андешаи мо, кормандони эҷодии маҷалла дар ин ҳолат арзишҳои илмӣ ва муҳтавои пажӯҳишро ба инобат гирифтаанд, ки ин иқдом ба сифати нашрия таъсири мусбат дорад.

Соли 2015 дар бахши «Пажуҳиш»-и маҷалла мақолаҳои Ҷонибек Асрориён «Ҳама дидабон бар сари кӯҳсор», Сулаймон Анварӣ «Мушкилоти истилоҳоти забоншиносӣ», Нурмуҳаммад Зуҳурӣ «Баҳористон» саҳифае аз худшиносии миллат», Бобобек Раҳимӣ «Бедил ва Бедилҳои дигар» ба табъ расидаанд, ки дар ҳар кадоми онҳо як паҳлӯи муҳимми илмҳои суханшиносӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, бедилшиноси варзида Бобобек Раҳимӣ бо мақсади муҳаққақ кардани осори асили Мирзо Абдулқодири Бедил ба зиндагӣ ва фаъолияти адибони бедилтахаллус пардохта, муайян кардааст, ки дар адабиёти форсу тоҷик беш аз 20 адиби дигар бо тахаллуси Бедил асар офариданд ва дар феҳристҳои бонуфузи китобхонаҳои дунё чанд асари Бедилҳои дигар, аз ҷумла «Наргисистон»-и Чандрмани Бедил, «Рисола дар арӯз» ва «Туҳфат-уз-зокирин»-и Бедили Мозандаронӣ, ба Мирзо Абдулқодири Бедил нисбат дода шудаанд.

Бояд гуфт, ки на танҳо муайян кардани муаллифи ҳақиқии асар, инчунин дақиқ кардани санаи эҷоди асарҳои хурду калони адибони пешину муосир ҳам дорои аҳамияти калони илмӣ мебошад ва маҷаллаи «Садои Шарқ» соли 2015 борҳо ин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст. Мунаққид Юсуфи Акбарзода дар тақризи «Ҳосили умр ё ғановати шеър» зарурият ва моҳияти санагузориро дар асари бадеӣ чунин таъкид кардааст: «Барои муҳаққиқи адабиёт (илмҳои дигар низ) донистани вақту замону макон ва рӯзу моҳу соли иншо, ихтироъву кашфиёт ва интишори асар ҷиҳати таъйини кӣ аввал дар фалон мавзӯъ чӣ гуфту чӣ кашф кард ва чӣ тавр гуфту сохт, бисёр муҳим аст, то дониста шавад, ки кӣ кашшоф асту кӣ муқаллид, кӣ соҳибқирон асту кӣ сухангустар? Ба ин кор қабл аз ҳама бояд муаллифон иқдом кунанд, ба зери навиштаҳояшон рӯзу моҳу соли таълифи осорашонро сабт кунанд, то муҳаққиқ донад, ки адиб аз чӣ оғоз карду бо чӣ анҷом дод ва зинаҳои рушду инкишофу таҳаввул дар кадом пояю сатҳ асту чӣ асароте ба дилу аъсоб дорад?» (115, №3).

«Тақриз ва китобиёт» дар қатори бахши «Пажуҳиш» аз қисматҳои умдаи маҷалла ба ҳисоб меравад ва дар соли 2015 ҳайати эҷодӣ 12 мақолаи мансуб ба ин бахшро чоп намудааст. Агар мақолаҳои «Баррасии як романи Сорбон», «Маънии зиндагонӣ» (устод Худоӣ Шарифзода), «Насри андеша» (Муҳаммадшарифи Рустам), «Армуғони ихлос» (Нурмаҳмад Зуҳурӣ), «Замини сӯхтаи модарон ва духтарон» (Озито Қаҳрамон), «Тасвири бадеии доду ситади зиндагӣ» (Мисбоҳиддини Нарзиқул) ба нақди насри бадеӣ ва публитсистӣ оид бошанд, пас дар мақолаҳои «Ҳосили умр ё ғановати шеър» (Юсуфи Акбарзода), «Нақди маънӣ дар сохтори шеър» (Муҳаммадалӣ Аҷамӣ), «Хотири Хотирӣ наёзорем» (Баҳром Раҳматов) маҷмӯаҳои шеърӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Дар мақолаҳои «Ман нагӯям, кӣ мегӯяд?»-и Юсуфи Акбарзод, «Вожаҳои зинда»-и Қодири Рустам, «Таъбиру боварҳои суғдӣ»-и Раҷабалӣ Худоёров бошад, асарҳои илмӣ баррасӣ гардидаанд.

Бисёр хубаст, ки устод Худоӣ Шарифзода дар мақолаи «Баррасии як романи Сорбон» ва Озито Қаҳрамон дар мақолаи «Замини сӯхтаи мадорон ва духтарон» матни маҷаллавии романи «Барзгар»-и Сорбон ва қиссаи «Замини модарон»-и Шаҳзодаи Самарқандиро нақд намудаанд. Матни маҷаллавии асарҳои адибро ҳарчи тезтар мавриди тақризу баррасӣ қарор додан ба самаранокии кори маҷалла ишора дорад, зеро адиб водор мешавад, ки ҳангоми ба чопи китобӣ тайёр кардани асар мулоҳиза ва эродҳои танқиди адабиро низ ба эътибор гирад.

Табиист, ки дар тақризи устод Шарифзода, романи «Барзгар»-и Сорбон барин нависандаи соҳибҳунари маъруф чун асари ифодакунандаи «бо роҳи мустақили шинохти таърих ва зиндагии мардум даромадани адабиёти тоҷик» тавсиф шудааст, вале ҳангоми ба чопи алоҳида тайёр кардани асар баъзе фикрҳои танқидии мунаққидро ба ҳисоб гирифтан лозим мешавад, зеро, чунонки устод Айнӣ фармудаанд: «Кори наку кардан аз пур кардан аст».

Ҳамчунин, ҷолиб аст, ки оид ба романи «Шинак»-и Юнус Юсуфӣ дар шумораҳои соли 2015 «Садои Шарқ» ду тақриз – яке «Насри андеша» ва дигаре «Тасвири бадеии доду ситади зиндагӣ» ба табъ расидааст. Агар Муҳаммадшарифи Рустам ба хусусиятҳои забонии «Шинак» бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда бошад, пас Мисбоҳиддини Нарзиқул мавзӯъ, шахсиятҳо ва услуби асарро мавриди таҳлили муфассал қарор додааст ва ҳарду мунаққид ба чунин натиҷа расидаанд, ки «Шинак» падидаи тоза ва арзишмандест дар насри замони Истиқлолият. «Ба назари мо, романи «Шинак»-ро бояд ҳамчун беҳтарин дастоварди беназири нависанда Юнус Юсуфӣ ва аз ҷумлаи мондагортарин романҳо дар адабиёти муосири тоҷик арзёбӣ кард», - гуфтааст Мисбоҳиддини Нарзиқул.

Дар баробари ин, Муҳаммадшарифи Рустам дар ин роман дуруштсуханӣ ва ошкор набудани симои муаллифро мушоҳида кардааст, ки ин мулоҳизаҳоро дар чопҳои минбаъда ба ҳисоб гирифтани адиб лозим мешавад.

Нурмаҳмад Зуҳурӣ мундариҷа ва услуби баёни асари ёддоштии Мирзо Шукурзода – «Тӯшаи умри падар»-ро ба таҳлил гирифта, ҷанбаи таълимӣ ва тарбиявии онро махсус таъкид кардааст: «Мавзӯи ватандорӣ дар сатр-сатри ин нигоштаи пурарзиш мавҷ мезанад. Бо камоли ихлосу сипос ба тасвир гирифтани гулу гиёҳ ва хору хаси зодбум… аз гӯянда ҳиммати баланд мехоҳад». Гумон дорем, фикрҳои танқидии мунаққидро ин нависандаи пуркор дар таҳрирҳои минбаъда ба инобат мегирад.

Тақризҳои ба осори назмӣ бахшида низ пурмуҳтаво, рангоранг ва воқеъбинона мебошанд. Дар «Нақши маънӣ дар сохтори шеър» ном тақризи Муҳаммадалии Аҷамӣ китоби ашъори «Домони абр»-и Абдулқодири Раҳим нақд шудааст. Аҷамӣ шеъри Абдулқодирро шеъри маънигаро ва мондагор донистааст, зеро, ба андешаи ӯ, «дар қаламрави адабиёт ҳамеша чизе мемонад, ки аз назари ҳунар ба камол расида бошад ва шоир бояд ҳарфе бигӯяд, ки дар ҳақиқат дар шеър талаққӣ шавад».

Бояд гуфт ки яке аз адабиётшиносон ва мунақиддони пуркору соҳибтаҷриба, ки ҳанӯз аз ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта ба ин маҷалла алоқаманд буда, дар шумораҳои соли 2015 низ ду тақриз ба табъ расондааст, устод Юсуфи Акбарзода мебошад. Тақризи аввал – «Ҳосили умр ё ғановати шеър» ба китоби Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим - «Аз ассалом то вассалом» бахшида шудааст. Мунаққид, чунонки аз сохтори китоб бармеояд, ба роҳи эҷодии шоир аз аввал то охир назар андохта, ҳамқадами замон ва ҳамдами халқи азизаш будан ва зина ба зина ба камолоти эҷодӣ расидани ӯро бо далелҳо исбот кардааст: «Низом Қосим ба зинаи камолоти суханварӣ расидааст ва табиатан шоир асту завқу салиқа ва ҳунари хоси шоирӣ дорад, ба зиндагӣ, ба олами ҳастӣ бо назари хаёлангези шоирона ва орифонаи хоси хеш менигарад».

Ҳайати эҷодии «Садои Шарқ» мақолаи дигари Юсуфи Акбарзода – «Ман нагӯям, кӣ мегӯяд»-ро, ки ба «Лоиқ Шералӣ» ном китоби калонҳаҷми олими маъруф Усмонҷон Ғаффоров бахшида шуда, аз 21 саҳифа иборат мебошад, беихтисор ба табъ расондааст, зеро масъалае, ки мунаққид бардоштааст, дар шароити кунунии авҷи китобчопкунӣ дар нашрияҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон аз доираи китоби тақризшаванда фаротар рафта, хусусияти куллӣ касб кардааст.

Мунаққид менависад: «Қоидаи нонавиштае ҳаст, ки дар таҳриру такмили китобҳо муаллифон эродҳои хонандагону ноқидонро ба инобат мегиранду муносибаташонро ба онҳо баён мекунанд». Агар Усмонҷон Ғаффоров ҳангоми ба чопи дигарбора тайёр кардани асараш мулоҳизаҳои танқидии мунаққидро, ки дар тақризи ба нашри аввали китоб ҳанӯз соли 2003 баён ёфта буд, ба инобат мегирифт, ғалатҳо ва костагиҳои асар дар шакли боз ҳам бештар зоҳир намешуданд. Умуман чунин муносибати номатлуби муаллифон ба танқиди адабӣ боиси маҳдуд ва коста гардидани фаъолияти мунаққидон низ мегардад, ки ба манфиати фарҳанги миллат нест.

Оид ба фаъолияти босамари ҳайати эҷодии маҷаллаи «Садои Шарқ» дар масъалаҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабиву китобиёт сухан ронда, боз як масъалаи муҳимми дигарро қайд кардан лозим мешавад: шашуми августи соли 2015 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Пайравӣ, назира ва сирқоти адабӣ» «Мизи гирд» барпо гардид. Сардабири маҷалла Рустами Ваҳҳоб ҷаласаро ифтитоҳ намуда, адабиётшинос Боймурод Шарифзода дар мавзӯи «Сирқоти адабӣ» маърӯза кард ва баъд муҳокимаи мавзӯъ сурат гирифт. Дар бахши «Баҳс ва андеша»-и рақами 10 маҷалла маърӯзаи Боймурод Шарифзода ва мулоҳизаҳои Мисбоҳиддини Назриқул, Аброри Зоҳир (рӯҳаш шод бошад), Ҷамолиддин Саидзода ва Муҳаммадалии Аҷамӣ дарҷ гардидаанд.

Дар маърӯзаи Боймурод Шарифзода ва суханронии аҳли нишаст маънои луғавию истилоҳии сирқати адабӣ (яъне, сирқат – дуздӣ ва сирқати адабӣ – дуздидани сухани адиб аз тарафи адиби дигар), истифодаи сирқоти адабӣ дар адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, муносибати пайравӣ, таъсирпазирӣ, истиқбол ба сирқати адабӣ бо мисолҳои фаровон таъкид ёфта, чунин натиҷагирӣ шудааст, ки сирқат бе эҷодкорӣ, ба таври сода, ҳам дар лафзу ҳам дар маънӣ истифода кардани сухани як адиб аз тарафи адиби дигар мебошад. Мазмуну маънии нек дар адабиёт ҳамвора такрор мешаванд ва барои такрори мазмуну маънии воҳид эҷодкорро ба сирқат муттаҳам кардан кори савоб нест. Агар устод Рӯдакӣ

Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,

Шӯрбахт он, ки ӯ на хӯрду на дод

гуфта бошад, пас Шайх Саъдӣ ин маъниро дар «Гулистон» чунин ифода намудааст: «Некбахт он ки хӯрду кишт, бадбахт он ки мурду ҳишт». Дар ин маврид истилоҳҳои таъсирпазирӣ, пайравӣ, ахзи маънӣ, назираро истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.

Гузориши адабиётшинос Ҷамолиддини Саидзода дар «Мизи гирд» ҷолиби диққат аст. Ӯ таъкид бар он дорад, ки кори шеъру шоирӣ аз тақлид шурӯъ мешавад ва тадриҷан ба таҳқиқ мерасад ва сирқоти адабиро, махсусан, дар шоироне, ки дар як давра зиндагӣ карда, бо шеваи махсуси эҷод дар байни халқ маълуманд ва ҳаводорони худро доранд, ҷустан нашояд ва дар ҳамин поя шеърҳои «Хоки Ватан»-и устод Лоиқ Шералӣ ва «Тоҷикистон»-и устод Бозор Собирро таҳлил карда, ақидаи Юсуфи Акбарзодаро, ки шеъри Бозор Собирро сирқати шеъри Лоиқ Шералӣ гуфтааст, рад мекунад. Шайх Саъдӣ фармудааст: «Илми бебаҳс пойдор намемонад». Умед аст, ки ҳайати эҷодии «Садои Шарқ» минбаъд низ мавзӯъҳои дархури суханварӣ ва балоғатро мавриди баҳси донишмандону алоқамандон қарор дода, ба густариши фазои фарҳангии ҷомеа ҳиссаи муносиб мегузоранд.

Аксари матнҳои мақолаҳои мавриди назар суфта ва рехта буда, ба меъёри забони адабӣ ҷавобгӯ мебошанд. Ғалатҳои имлоӣ дар мақолаҳо ва гузоришҳо қариб, ки ба назар намерасанд. Вале ҳоло ҳам мушкилоти «ӯ»-и дароз ҳалли пурраи худро наёфтааст. Инчунин истифодаи шакли нодурусти баъзе вожаҳо, чун мусбӣ (ба ҷои мусбат), хати (ба ҷои хатти), ба ҳусни баён халал ворид кардааст. Насаби устод Худоӣ дар як мақола Шарифзода ва дар мақолаи дигар Шарифов омадааст, ки ин гуногунхонӣ хонандаро ба ғалат меандозад.

Ба назари мо, аз бахши «Очерк ва публитсистика» истилоҳи очеркро ихтисор кардан лозим аст, зеро очерк худ як жанри соҳаи публитсистика мебошад. Қисмати «Мусоҳиба»-ро ҳам чун жанри публитсистӣ дар бахши публитсистика овардан зарур аст. Очерк, эссе, мусоҳиба ва дигар жанрҳои публитсистиро баъди сарлавҳаи мақола ё гузориш дар қавс овардан ба мақсад мувофиқ аст, зеро онҳо ба мансубияти жанрии матн ишора мекунанд. Гумон дорам, минбаъд ба эътибор гирифтани ин мулоҳизаҳои ҷузъӣ боиси беҳбудии бандубаст ва мундариҷаи маҷалла хоҳад шуд.

Умуман, мазмуну муҳтавои матолиби илмӣ ва танқидии соли 2015 дар «Садои шарқ» чоп гардида гувоҳ бар он аст, ки ҳайати эҷодии кунунии ин маҷаллаи бонуфуз дар шароити мураккаби фавҷи матбуоти даврӣ ва воситаҳои электронии иттилоот талош варзидаанд, то дар ҳаёти адабӣ ва фарҳангии ҷумҳурии азизамон саҳми муносиб гузоранд ва муваффақ ҳам шудаанд. Умед аст, ки минбаъд ҳайати эҷодӣ корро аз болои матнҳои воридгардида боз ҳам тақвият бахшида, хонандагони ягона маҷаллаи миллии кишварро бо асару мақола ва гузоришоти ҷолибу дархури замон шодоб мегардонад.

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.