Бахтиёри МУРТАЗО

Печать

САДДИ СОЙИ ОБИ ШӮР

 

Хайрулло Амиралиевич аз рӯзҳои аввали Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» таъин гардиданаш ниҳоят муҳим ва зарур будани ин минтақаи сохтмони муҳташами Ватани азизро бо умқи дил ва банд – банди ҷисму ҷонаш мадрак кард.

Ӯ ҳамчун муҳандиси соҳибтаҷриба ва дақиқназар як даста санадҳои ба ин нуқтаи кор бахшидашударо амиқан таҳлил намуд, нақшаи оғоз ёфтани ин деви ҳафтодупанҷсараи занҷиргусехтаро ҳамаҷониба таҳқиқ ва тадқиқ кард, бо муҳандисони собиқадори муассиса ба сӯҳбат нишаста, мавзӯъро куллан омӯхт ва дар фарҷоми ин ҳама маълумоти мукаммале андӯхт. Ба ин ваҷҳ тасмим гирифт, ки аз наздик дидани ин минтақа, яъне сохтмони садди сойи Оби Шӯрро ба дарозо накашад, ҳарчанд ки он рӯзҳо корҳояш фавқулода зиёд буданд (албатта, ҳоло ҳам шуғлаш кам нестанд). Дар сохтмони сад бо муҳандиси «ЧеркейГЭСстрой»-и Ҷумҳурии Доғистони кишвари Русия Зугаир Алиевич Османов, ки ба эъмори иншооти мазкур роҳбарӣ менамуд, мулоқот кард. Ва бо роҳбаладии ӯ ҳар як нуқтаи ин садди азимро қадам ба қадам гашта, муоина намуд. Бо муҳандисону мутахассисин ва коргарон гуфтугузор карда, аз мушкилоту муаммоҳои дар минтақа мавҷудбуда пурсон шуд.

-Сармуҳандиси асосии кулли сохтмони Неругоҳи Роғун ва эҳёгари он Президенти мамлакат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, - гуфт дар сӯҳбат бо мутахассисину коргарони сохтмони олишони садди сойи Оби Шӯр Хайрулло Амиралиевич, - он кас ба мо таъкид намудаанд, ки дар сохтмони неругоҳ ба сифати кор доимо диққати ҷиддӣ додан зарур аст. Бинобар ин ҳангоми васл намудани ҳар як ваҷаби сихи оҳанин ва гузоштани ҳар як каф бетон суханони падаронаи Роҳбари давлатамонро бояд дар ёд дошта бошем. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки аз ин фармудаи Сардори мамлакат сари мӯе инҳироф намояд. Зеро сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ба халқу Ватани мо бояд ба тӯли садсолаҳо хидмат бикунад. Ҳар масъалаю мушкилоте, ки дар кори сохтмони сад пеш ояд, мустақиман ба ман муроҷиат намоед, албатта, ман онҳоро ҳаллу фасл хоҳам кард. Пас аз фосилае Хайрулло Сафаров ба нуқтаи баландтарини соҳили сой баромада, ба сохтмони давомдоштаи сад аз боло мушоҳидакорона нигоҳ намуд, ба назараш чунин тофт, ки ин сад гӯё аз қаъри сой реша гирифта сабзида баромадааст. Бале, ҳамин ранг маҳкаму мустаҳкам ҷойгузин гардида буд пойбасту деворҳои бетонии сихдори садди сойи Оби Шӯр. Сихҳои дар мағзи бетонбуда ба харсангҳои қаъри сой ва соҳилҳои он хеле қавӣ фурӯ рафта буданд.

«Бале, ба ҳунари муҳандисони лоиҳасози муассисаи «Гидропроект»-и шаҳри Маскав эътимод бастан мумкин» - ба дил гузаронд Хайрулло Амиралиевич, - воқеан онҳо чирадаст ҳастанд. Нақшаи садро ниҳоят моҳирона кашидаанд.

Аммо ман аз он дар ҳайрату шигифтам, ки чаро ба тӯли бист соли аввали сохтмони неругоҳ ин саддро насохтаанд? Дар он даврони шӯравӣ имконият фаровон буд, лекин бо кадом сабаб бошад, ки ба сохтмони чунин садди муҳим даст назадаанд. Роҳбари кулли сохтмони неругоҳ Николай Георгиевич Савченков муҳандиси пуртаҷриба, роҳбари қудратманд ҳисоб меёфт, ғайр аз ин вазифа боз якчанд мансабҳои баландмартабаро ишғол карда буд. Аммо ба сохтмони ин садди сойи Оби Шӯр як зарра ҳам аҳамият надоданаш ба ман муаммои сарбастаасту халос...

Хайрулло Амиралиевич дар нуқтаи васлёбии садди сойи Оби Шӯр бо Вахшрӯд ба ронанда ишорат намуд, ки мошинро нигоҳ дорад. Вай аз мошин фуромада, ба баромадгоҳи нақбҳои сохтмонӣ дуру дароз нигарист. Ва он фоҷиаро хаёлан пеши назар овард…

…Аввалҳои моҳи майи соли як ҳазору нӯҳсаду наваду се дар атрофу акнофи шаҳри Роғун борони сел пайваста мебориду меборид. Боришот як сония низ қатъ намегардид, ҳам шаб меборид, ҳам рӯз. Аслан гӯем, боришоти се рӯзи охири моҳи апрел оғоз гардида, намфишониро афзуда буд. Дар рӯзҳои моҳи май бошад, борон ҳамвора шиддат мегирифт.

Чун борон аз осмон бо ғирев мерехт, сойи Оби Шӯр бо обҳои гилолуди худ медамиду шӯр меангехт ва сангҳои калон-калони якчанд тоннагиро аз кӯҳҳо ғелонида ба поён меовард ва ба обҳои кабудчатоби Вахшрӯд бераҳмона мезаду ба ҳамин ранг бархӯрд мекард. Ин сой ба масофаи як километру дусад метр поёнтар аз сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун, аз ҷониби Шарқ, аз қуллаҳои кӯҳҳо ва талу теппаҳои самти Балҷувон ва Сари Хосору Ховалинг обҳои худро ҷамъ карда, сарозер тозон мешуд ва дар ҳар қадам обҳои бисёр дарёчаҳо, сойҳо, тармаҳо, чашмаҳо, ҷӯйҳо онро боз ҳам ғуррандатару даррандатар мекарданд.

Одамон аз замонҳои қадим табиати вайронкори сойи Оби Шӯрро дидаву санҷида, таъми оби онро таҷзия кардаанд. Оби ин сой начандон талху начандон шӯр, балки як навъ ба маззаи тумч мемондааст, яъне ба маззаи санги замч шабоҳат доштааст. Лекин мардум, эҳтимол, ба табиати шӯрангези он бештар диққат дода, «сойи Оби Шӯраш», яъне шӯрангезаш номидаанд. Теъдоди дараҳо, сойҳо ва кулли сарчашмаҳои он тақрибан ба ҳафтоду панҷ мерасидааст ва ҳамаи ин обҳо бо як сойи танг ва каҷу килеб аз баландӣ ба поён бодсон рехта, ба неруи даҳшатноке табдил меёфтааст ва бо зарбаҳои харсангҳои овардааш аз соҳили чап маҷрои Вахшро нигоҳ медоштаасту шӯру ғиреве меангехтааст. Мегӯянд, ки агар сойи Оби Шӯр рост ҷорӣ мегардиду самти ҳаракаташ каҷу килеб намешуд, баробари нигоҳ доштани оби дарё бо зарбаи пурқудрату даҳшатноки фурӯ рехтани худ девори кӯҳи соҳили рости рӯди Вахшро ҳам сӯрох мекардааст, бале, девори мустаҳками кӯҳи баландро. Ҳамин қадар қудрати вайронкорона доштааст ин сойи девонафеъл. Вақте ки аз инчунин васли сойи ҷайҳунтабиат дарёи бузурги тезҷараён дам хӯрд, албатта, харобиҳою вайронкориҳо афзунтар мегарданд…

Хайрулло Амиралиевич ба андешаҳои худ идома медод… Дар сохтмони муҳташам роҳбар, сармуҳандис, зина ба зина ва мувофиқи мартаба мутахассисин ва масъулине ҳастанд, ки вазифаҳои хурду калонро ишғол намуда, иҷрооти корро пеш мебаранд. Онҳо бояд чунин рӯзи маҳшарро пешбинӣ мекарданд ва қабл аз шурӯъ намудани эъмори сарбанди неругоҳ дар соли як ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду ҳафт аввал ин сойи шӯрангези арбадаҷӯро маҳор мезаданд, то чунин вайронкориҳо накунад. Ва ё сарфакории бебунёду нодаркорро як сӯ гузошта, нақбҳои сохтмониро боз ба миқдори яксаду панҷоҳ ё дусад метр идома медоданд, то аз шару шӯри ин сойи вайронкор дар мавқеи дуртар ва бехавфтар мебуданд. Хароҷоти бо давом ёфтани нақбҳои сохтмонӣ ба миён омада, албатта, ба зудтарин фурсат пӯшида мешуд. Аз ҳама муҳимаш шояд он вақт ин вайронкориҳо рух намедоданд ва чи тавре ки халқ мегӯяд, олам гулистон мешуд. Вале нақши тақдир бо қалами азал дигаргуна тақриру таҳрир гардида буд…

…Намояндагони салоҳиятдор барои бозрасии ҳамон воқеаи мудҳиш хеле дер, яъне рӯзи сеюми май омаданд ва ҳине ки онон соҳилҳои сойи Оби Шӯрро бидиданд, дар ин ҷо селоби гилпур як маҳшаре барпо намуда буд. Чаҳоруми май маҷрои пуршиддати сойи Оби Шӯр сангҳои бузургро ғелонда оварда, дарёи тезҷараёнро тамоман баст ва рӯд ба фурсати кӯтоҳтарин дам хӯрд. Оби чиркини сойи Оби Шӯр баромадгоҳи туннели якуми сохтмониро маҳкам намуд. Оби Вахш, ки бо туннели сохтмонӣ ҷорӣ мешуд, дам хӯрда, бо як ҳоли зоре кам-кам берун мерафт. Лаҳза ба лаҳза дам хӯрдани дарё афзун гардида, об то сақфҳои туннелҳо расида буд. Қисматҳои поёни нақбҳо бо сабаби наздикӣ ба сой комилан зери об монданд. Дар болои кӯпруки сеюм насосҳо бидуни таваққуф фаъолият доштанд ва обро аз нақб кашида ба дарё мерехтанд. Вале қувваҳои ин насосҳо кифоят намекарданд, то ин ҳама обҳоро фурӯ бикашанд.

Рӯзи ҳаштум ба нӯҳуми май ва хосатан шабонгоҳон борони сел боз ҳам пуршиддаттар борида, ба оби дарёи дамхӯрда фишор меовард. Супориш шуд, ки экскаватор, мошин ва булдозери болои сарбандро ба тарафи нақбиТ- 7 ҳай кунанд. Бисёр нақбҳо аз таъсири обҳои сой резиш карда буданд.

Гирду атрофи сарбанд тамоман торик шуд, зеро симҳои интиқоли барқ гусаста гашта, барқро қатъ карда буд. Гоҳ-гоҳе тундар замину замонро ба сонияе равшан мекард. Шаби нӯҳуми май соати дую панҷ дақиқа фишори дарё ва сойи Оби Шӯр ба сарбанд ба нуқтаи олӣ расид ва он ба ин ҳама қудрати аҳриманӣ тоб наоварда футур рафт… Дардову дареғо, ки футур рафт он ҳама умедҳо, заҳматҳо, ҷоннисориҳои тӯлонӣ…

Туннелҳои якум ва дуюми сохтмонӣ пури обу гил шуда буданд, зеро дар чанд ҷои онҳо резиш ба амал омаданд. Обу гил ва сангу шағал ба якчанд туннели дигари нақлиётӣ низ дохил шуда, лабрез гардида буд. Кӯпрукҳои дуюму сеюмро об барканда, бо мавҷҳои худ дарҳам кашид. Чун сапеда дамид, одамон аз сарбанди чиҳилу семетра ному нишон наёфтанд. Заҳмати ҷонкоҳи шашсолаи бинокорон, механизаторон, муҳандисон ба тӯли чанд соате тӯъмаи обҳои дарё ва сойи Оби Шӯр гардида буд.

Акнун борон намеборид, дарё ҳам нисбатан оромона ҷорӣ мешуд ва аз дағдағаю ғирев ва ҷаҳишҳои сойи Оби Шӯр низ осоре наменамуд. Обе, ки ҳоло дар ин сой ҷараён дошт, ба зонуи одамӣ мерасиду бас. Гӯё ин ҳама ғиреви сойи бадсиришт ва омодаи кирдори зишт ҳамин рӯзҳо харобу валангор кардани нақбҳою сарбанд буду бас…

Хайрулло Амиралиевич ин воқеаро хаёлан ҳам пеши чашмонаш таҷассум намуда, хеле тангдил мешуд. «Мо бояд ин саҳвҳоро ҳатман ислоҳ бикунем ва дар кори чунин сохтмон набояд ба хатое роҳ диҳем, - гуфт зери лаб, - он солҳо ҳамкасбони мо аз тарафи ин сой ғорат шудаанд. Лекин худашон ҳам айбдор ҳастанд, ки сари вақт чораҷӯӣ накардаанд. Ва ин қадар заҳмати ҷонкоҳ ба лаҳзае дар оби хунук рафт. Бояд аввал сойро лаҷому маҳор мезаданд ва баъд аз он сарбанди неругоҳро эъмор мекарданд… Вале нашуд он кор, бубин, бишуд ин кор…»

Бисёр муҳандисин ва роҳбарони гуногунпоя, ки ҳоло ба бунёди неругоҳ шуғл доранд, дар ин бобат сарвари дар замонҳои шӯравӣ фаъолият доштаи неругоҳи Роғун Савченков Николай Григориевичро андар ғиёб наҳ мезананд ва танқид мекунанд, ки ҳамон солҳо вай ба сохтмони садди сойи Оби Шӯр заррае ҳам ҳавсала накарда будааст. Оре, маҳз ӯ солҳои тӯлонӣ роҳбари яккаю ягонаи муқтадири ин сохтмони муҳташаму беназир гардида, боз чандин вазифаҳои баландпояро ишғол намуда, имкон доштааст, ки дар ин сой садде сохта ва бар сари он лигоми мустаҳкаме андохта, баъди анҷоми ин вазифаи муҳим ба бунёди сарбанди неругоҳ оғоз мекард, кори сарае мебуд…

Рӯзе Хайрулло Амиралиевич сохтмони садди сойи Оби Шӯрро муоина карда, мушкилоти пеш омадаро ҳаллу фасл намуду сипас ба деҳаи Мирроғ рафтагор шуд. Ва ин сафар ҳам барои пайдо кардани маълумоти бештаре доир ба ин сой буд ва дар он ҷо бо сокини куҳансоли ин русто амаки Аваз мулоқот намуд.

Мувофиқи ривоят деҳаи Мирроғ аз замонҳои қадим басо хушобу ҳаво ва сермева буда, тафреҳгоҳи мири Оби Гарм, боғи он маҳсуб мегардидааст. Барои ҳамин номи ин русторо чунин номидаанд: яъне боғи мир, чунонки шоири донишманд гуфтааст:

Куҷо роғ бинӣ, ҳама боғ буд,

Куҷо боғ бинӣ, ҳама роғ буд.

Солҳои минбаъда бошандагони он ба ҳар тараф кӯч бастаанд ва дар деҳа ҳамагӣ панҷ буна сукунат доштаанд, ки сарварони онҳо пирамардон Сӯфӣ, Раҷаб, Гул, Мӯҳтоҷ ва Аваз будаанд ва онҳо бо аҳли аёлу атфол мезистаанд. Бобои Аваз як сар маркаб доштааст ва аз ибтидои сохтмони Роғун дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун роҳбалад ба геологҳо ёрӣ расонда, шаст сӯм маош мегирифтааст, барои маркабаш, ки бори геологҳоро мекашидааст, моҳе чиҳил сӯми роҷеъулнақд медодаанд.

-Соли як ҳазору нӯҳсаду ҳаштод аз шаҳри Ленинград геологҳо омада, дар хонаи ман меҳмон шуданд, - ҳикоят мекунад амаки Аваз ба Хайрулло Амиралиевич пиёлаи чойро дароз карда. – Мақсади онҳо дар сойи Оби Шӯр сохтани се дарвоза буд. Геологҳо дар бораи хислату табиати ин сой аз ман бисёр чизҳоро пурсиданд. Онҳо бо сохтмони ҳамин дарвозаҳо шасти аҳримании сойи Оби Шӯрро гирифтанӣ буданд.

Ман ба онҳо гуфтам, ки тақрибан бист дақиқа ё ним соат пештар аз фурӯ рехтани селоб аз сойи Оби Шӯр бӯи гиёҳи ров паҳн мешавад, баъд селоб сангҳоро ғелонда меояду қиёмате барпо мегардад. Ҳамин ҳолат доимо бидуни тағйир айнан такрор меёбад, аввал бӯи ров ба дара паҳн мешавад ва сонӣ селоби хунмаст девонавор ҷорӣ гардида, харсангҳои гаронро меорад. Геологҳо ҳамаи гапҳои маро бо диққат гӯш карданд. Сонӣ аз харитаашон зодгоҳи ман деҳаи Ҷуруҷро ёфтанд, ки он дар саргаҳи сойи Оби Шӯр воқест.

Баъд ман ба онҳо гуфтам, ки саргаҳи дигари ин сой дараи Шоҳамин, кӯҳи Ағбаи Мижа, кӯҳи Сияҳғул мебошанд, ки ду дарёчаро ташкил мекунанд. Дарёчаи сеюми онро Оби Шӯр меноманду дарёчаи чорумаш Оби Хурдтарак ном дорад. Он аз назди деҳаи Одамак сар мешавад. Аслан Одамак айлоқи қадима аст.

Сойи Оби Шӯр ҳар сол не, дар се-чор сол як бор зиёд меояду дарёи Вахшро манъ мекунад, дарё дам мехӯрад, қафо меояд. Одатан нӯҳум – даҳуми май ё нуздаҳум- бистуми май селоби сойи Оби Шӯр меояд ва ба муддати се-чор рӯз ё ба тӯли як ҳафта дарёро манъ мекунад. Қудрата бинед, ки ҳамин сойи Оби Шӯр пеши роҳи дарёи Вахши дамонро мегирад. Соли як ҳазору нӯҳсаду наваду се ҳамин воқеа рӯй дода буд. Дар сойи Оби Шӯр сангҳои чилтоннагию панҷоҳтоннагӣ мисли тӯб шино карда меоянд. Раҳораҳ оби сой зиёд шудан мегирифт, оби шарраи Ҷуруҷ, оби Шикоргоҳ, оби Паси Намак ҳамроҳ мешаванд. Дараи Хушхарф панҷ қишлоқ дорад, ки Ҷуруҷ, Хонаи Хол, Хушхарф,Говғел, Хонаи Талбак мегӯянд ин деҳаҳоро. Ин рустоҳо матрук шудаанд, дар онҳо алҳол одамон зиндагӣ намекунанд. Аз он мулку макон, ки одамон раванд, ба он ҷо тибқи ривоят хуку хирс ва мор меоянд ва афзоиш меёбанд. Обҳои дараи Хушхарф бо оби панҷ деҳааш ҳамагӣ ба сойи Оби Шӯр ҳамроҳ мешаванд. Баъзеҳо мегӯянд, ки обҳои ҳафтоду панҷ чашмаю ҷӯю дарёчаҳо ба сойи Оби Шӯр ҷамъ меоянд, иддае дигар ин манбаъҳои сойи Оби Шӯрро як саду наваду ҳафт ҳисоб кардаанд.

Ана, ҳамин хел, ман ин гапҳоро дар бораи сойи Оби Шӯр ба геологҳо ҳам ҳикоя кардаам. Онҳо суханони маро дар дафтарашон навишта гирифтанд.

Баъд бо хоҳиши онҳо ман асбобу анҷоми геологҳоро ба маркабам бор карда, то ба соҳили сойи Оби Шӯр бурдам. Онҳо сохтани дарвозаҳоро тақрибан як километр баландтар аз ҷои садди ҳозираи сойи Оби Шӯр ба нақша гирифтанд. Дар дафтарашон бисёр чизҳоро навишта, дар соҳилҳои росту чапи сой мехҳои оҳанини нишонадор кӯфтанд. Онҳо такроран аз ман савол карданд, ки ҳар дафъа пеш аз селоб ба воситаи сой ҳатман бӯи гиёҳи ров паҳн мешавад? Бале, ҳатман бӯи ров паҳн мешавад ва пас аз ин бист дақиқа ё ним соат мегузараду селоб бо суръати баланд меояд, такроран ҷавоб додам ман. Инро бори аввал аз падари раҳматиям шунидааму худам ба наздикии сой рафта, ин бӯйро ҳис кардаам ва селоби харобкорро дидаам. Ва дар навбати худ ба писаронам ҳамин хислати сойро гуфтаам. Ҳар як марди дар деҳоти гирду атрофи сой буду бош дошта, инро бояд ба фарзандон бигӯяд, то онҳо ҳушёр бошанд ва Худо нигоҳ дораду беҳуда талаф нашаванд. Вагарна ба бӯи ров аҳамият надиҳанду дар даруни дара кор кардан гиранд, баъди омадани селоб халос шудан душвор аст, селоб мисли саги хапгир хапу дам меояд. Ба коргароне, ки аз дигар мулку макон омада, дар сохтмони садди сойи Оби Шӯр иштирок доранд, ману писаронам ин хислати ҳайратангез ва афсонавию шӯъбадаомези сойро гуфтаем. Вақте ки Аваз-бобо ин хислати сойро ҳикоят мекард, писарони ӯ Бобишо, Нуралӣ, Шералӣ, Маҳмадсодиқ ва Давлатбек дар атрофаш нишаста, суханони падарро тасдиқ менамуданд.

-Амак, шумою писаронатон бисёр кори дуруст мекунед, - гӯён Хайрулло Амиралиевич аз ҷояш хесту дасти мусоҳибашро фишурда, ба ӯ миннатдорӣ баён намуд ва ба мошини хидматиаш савор шуд. «Маълум мешавад, ки Савченков ҳафт сол қабл аз оғози сохтмони сарбанди неругоҳ садди сойи Оби Шӯрро сохтанӣ будааст, - ба дил гузаронд Хайрулло Амиралиевич вақти бозгашт ба тарафи коргоҳ, - бале, ба нақша гирифтааст, ки пеш аз бастани дарё ва оғози сохтмони сарбанд сойи Оби Шӯрро лаҷом бизанад ва аз шарру зиёни шайтанатпешаи он эмин гардида, бо хотири ҷамъ сарбанди дар ҷаҳон мӯҳташамтаринро бунёд бикунад. Вале бо кадом сабабе ин нақшааш амалӣ нагардидааст. Вақти ба Роғун омадани Савченков лаҳзаи мувофиқ шавад, инро аз вай фаҳмидан мумкин. Ҳароина ғалат мекунанд, онҳое, ки Николай Григориевичро андар ғиёб наҳ мезананд! «Худат бар пешрафти сохтмони умумихалқӣ чӣ нафъе расондӣ, эй ноқиди беҳудасухан», хаёлан муроҷиат мекунад Хайрулло Амиралиевич ба чунин тоифаи одамон.

***

Дар ҷараёни корҳои барқароркунии сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун зимни сафари таърихии Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷавлонгоҳи сарнавиштсози Ватанамон Хайрулло Амиралиевич дар бораи таърих ва ҷараёни эъмор гардидани садди сойи Оби Шӯр ба Сардори давлат маълумоти муфассал баён намуд. Президенти мамлакат ин маълумотро бо диққат гӯш карда, ба зиммаи Хайрулло Амиралиевич вазифа гузоштанд, ки садди мустаҳками сойи Оби Шӯр ҳатман мувофиқи нақшааш бояд бунёд гардад. Мо фақат баъд аз гирифтани пеши роҳи ин сойи хатарнок муҳокимаи масъалаи бастани рӯди Вахш ва сохтмони сарбанди мустаҳкаму муҳташамро баррасӣ менамоем. Эъмори садди сойи Оби Шӯр бояд яке аз минтақаҳои муҳими корҳои барқароркунии Неругоҳи Роғун бошад. Аз нуқтаи назари муҳандисӣ ин сад бояд мувофиқи талаботи замон бунёд гардад!

Хайрулло Амиралиевич супориши Роҳбари давлатро бо тамоми ҷисму ҷони худ қабул карда, аз пайи иҷрои он ҷаҳду талош намуд.

-Шӯрои техникии Дирексияи генералии ҶСК «НБО Роғун» яке азпайи дигар чор лоиҳаи сохтмони садди сойи Оби Шӯрро муҳокима намудааст, - мегӯяд Хайрулло Амиралиевич. – Дар ин бобат дастури Сарвари давлатро доир ба мустаҳкамии иншооти мазкур меъёру маҳаки асосии фаъолияти худ қарор додаем. Нусхаи собиқаи нақшаи сохтмони садди ин сой мавҷуд буд, нусхае, ки дар замони шӯравӣ таҳия гардидааст. Мо онро дар шӯрои техникӣ ҳамаҷониба муҳокима намуда, ба иллати ҷой доштани як силсила нуқсонҳо рад кардем. Институти лоиҳакашии ҷумҳуриамон «Нурофар» ҳам лоиҳаи сохтмони ин саддро ба чор миллион метри мукааб бетонрезӣ намудан пешниҳод кард, ки он низ аз тарафи шӯрои техникӣ рад гардид. Боз як лоиҳа дар ин бобат пас аз муҳокима пазируфта нашуд. Ниҳоят, лоиҳаи чорум, ки онро Пажуҳишгоҳи «Гидропроект»-и шаҳри Москваи кишвари Русия пешниҳод намуд, писанди ҳамаи аъзои шӯрои техникӣ гашт. Лоиҳаи «Гидропроект» иншооти мукаммал ва мустаҳкамро нишон дода, мақбули муҳандисони мо гардид. Мувофиқи ин лоиҳа сохтмони садди мазкур, агар ба забони техникӣ зикр намоем, дар шакли «бараж» пешниҳод шудааст. Аслан онро «бараж» гуфта ҳам наметавонем, зеро ин садду иншооти аз лиҳози муҳандисӣ хеле ҷиддӣ, муҳташам ва устувору қавӣ хоҳад гашт. Барои то ба сатҳи лоиҳавӣ расондани ин сад ба миқдори яксаду бист ҳазор метри мукааб бетонпӯшӣ намудани сад зарур аст. Сохтмони садди сойи Оби Шӯр таҳти роҳбарии муҳандисину мутахассисини муассисаи «ЧиркейГЭСстрой»-и Ҷумҳурии Доғистони кишвари Русия оғоз ёфтааст. Дар он асосан муҳандисину коргарони маҳаллӣ хидмат менамоянд. Сипас роҳбарии сохтмони ин сад комилан дар ихтиёри муҳандисини ҷумҳуриамон қарор гирифт. Сардори минтақаи сохтмони садди сойи Оби Шӯр муҳандис Намоз Куганов дастпарвари Донишгоҳи техникии Душанбе мебошад. Таҷрибаи кофии кор дар сохтмони муҳими кишварро дорад. Дар бунёди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва Неругоҳи барқи обии Сангтӯда – 1 ба сифати муҳандис кор кардааст.

-Мо сохтмони садди сойи Оби Шӯрро дар миёни ду кӯҳ ибтидо намудем, - ҳикоя мекунад Намоз, - бале, кӯҳи Кундизамон аз тарафи чап ва кӯҳи Мирроғ аз тарафи рост ба соҳилҳои сой часпида, такягоҳи садди мо мешаванд. Ҳар лаҳза аз қуллаҳои ин кӯҳҳо сангҳо ғелида, хавфу хатари абгор намудани ҳамкорони моро доштанд. Қабл аз ҳама мо бо ҳиммати ҳамдигар дар маҳали сохтмон роҳи нақлиёт бунёд намудем ва сохтмон бо суръати дилхоҳ пеш рафтан дорад. Дар оғози кор фақат як адад крани дувоздаҳ тоннагӣ доштем, ки қудрати он ба амалиёти бештари фаъолиятамон кифоя намекард. Ҳоло хушбахтона, соҳиби крани бисту панҷ тоннагӣ шудем, ки ба даври сиву панҷ метр тоб мехӯрад. Биноан дорои имконияти бештаре ҳастем, муваффақияти корамон ҳам зиёд гардидааст.

Мувофиқи талаботи роҳбарияти сохтмон мо ба сифат ва мустаҳкамии иншоот аҳамияти ҷиддӣ медиҳем, - изҳори ақида менамояд Намоз Куганов. – Ғафсии пойдевори садди сойи Оби Шӯр яксаду даҳ метр, баландии кулли сад шасту панҷ метр ва ғафсии қисмати болояш бо тадриҷ кам гашта,ҳафт метр хоҳад шуд. Сихҳои оҳанини хушсифат ва бадошти сиву шаш ва чил миллиметрӣ ва бетони навъи қавии рақами сесаду панҷоҳро истифода карда истодаем. Баъди анҷом ёфтани сохтмон нуқтаи баландтарини он як ҳазору яксаду бисту панҷ метр аз сатҳи баҳр мешавад. Ҳам дар қаъри сой, ҳам дар девори соҳилҳо сихҳои оҳанро дар мағзи сангҳо фурӯ кӯфта, қолиббандӣ кардаем. Ба ин ваҷҳ бо боварии комил гуфта метавонем, ки садди сойи Оби Шӯр иншооти мустаҳкам ва қавие гардида, иншоаллоҳ ба тӯли садсолаҳо ба халқу Ватанамон хидмат хоҳад кард. Минтақаҳои гуногуни неругоҳи муҳими кишварамонро аз ҳар хавфу хатари селобҳои даҳшатнок ҳифз менамояд. Заҳмати содиқонаи як саду шаст нафар мутахассисону коргарони ҳамин минтақа ба ин кафил мебошад, - таъкид мекунад Намоз.

Аслан садди сойи Оби Шӯр пеши селобро тамоман намебандад. Вазифаи он шасти обҳои деви ҳафтодупанҷсара ва сангҳои гарони ғелонро нигоҳ доштан аст. Баъди баргаштани шасти мудҳиши об ва сангҳо селоби тираи хунмаст аз сӯрохиҳои махсуси девораи сад гузашта ҷорӣ мегардад. Лекин неруи аҳримании тахрибкориаш дигар бартараф мешавад.

-Афзалияти лоиҳаи Пажуҳишгоҳи «Гидропроект»-и шаҳри Маскав доир ба сохтмони сойи Оби Шӯр боз дар он аст, ки мутобиқи он як силсила корҳои соҳилбандию соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд, - бо хушнудӣ қайд менамояд Хайрулло Амиралиевич. – Дар ин бобат ҷиҳати муҳимтарин он аст, ки пештар селоби тахрибгари сойи Оби Шӯр бо оби Вахшрӯд бо таври амудӣ бархӯрд карда, бо қудрату тавоноияш маҷрои ин дарёи тезҷараёнро нигоҳ медошт ва боиси вайрониҳо мешуд. Алҳол дар ҷои васлёбии сойи Оби Шӯр ва Вахшрӯд дар зери кӯпруки азим аз бетону сихҳои оҳанин девори паҳно ва мустаҳкаме бунёд гардидааст, ки ба шарофати ин селоби сой ба ин девор бархӯрда, қудраташ боз кам мегардаду дар баробари рӯд бо хатти мувозӣ ҷорӣ мешавад ва бо дарё нисбатан оромона пайванд меёбаду зиёни пешини худро расонида наметавонад…

Ба ҳамин минвол акнун дасту пойи сойи Оби Шӯр баста, он ғуруру қиёмаш шикаста ва агар бо ибораи халқӣ гӯем, ба куллӣ «хафагазак»-у хаста гардидааст. Ҳоло девори шасту панҷметраи садди сойи Оби Шӯр дар миёни ду кӯҳи Кундизамон ва Мирроғ баланд афрохта, сохтмон бо сифати олӣ ба анҷом пардохтааст. Ва дар бари девори зинаи панҷум ва охирини он чунин шиор ҷилванамоӣ дорад:

 «Садди сойи Оби Шӯр – нигаҳбони Кохи Нур!»

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.