90-СОЛИ “САДОИ ШАРҚ

Печать

Абдухолиқи НАБАВӢ

 

НОШИРИ АДАБИЁТ ВА АФКОРИ

НАВИ АДАБИИ ТОҶИКӢ

(Ба муносибати 90-солагии таъсиси маҷаллаи «Садои Шарқ)

 Таърихи зуҳури матбуоти тоҷикӣ собиқаи беш аз 100 солро дорад ва метавон гуфт, ки маҷозан мешавад таърихи нашрияҳои адабии тоҷикиро ба ин сана пайваст. Зеро, ҳарчанд ки нашрияҳои сирф бадеӣ хеле дер таъсис ёфтаву ба нашр шудан сар карданд, аммо нашру табъи осори адабӣ аз нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» (1912-1913) ибтидо мегирад.Ин амал ду сабаб дошта метавонист: аввалан, ҳаргуна нашрия ( рӯзнома ва маҷалла), ки фарогири зиндагии ҳаррӯзаи мардум аст, ба адабиёти он бетафовут намонда, балки намунаҳои онро ба нашр мерасонидааст. Аммо дар мавриди рӯзномаи «Бухорои шариф» ҳаминро метавон гуфт, ки чун ҳадафи он иборат аз танвири афкор, маорифпарварӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва куллан таҷаддуди зиндагии мардуми кишвар буд, пас муроҷиат ба намунаҳои адабиёт ва масоили афкори адабӣ як кори ногузир ба шумор меомад. Бисёр муҳим аст, ки на танҳо аз адабиёт ба сифати таъсиррасон ва тарғибгари афкори маорифпарварӣ кор гирифта мешуд, балки масъалаҳое чун вазифаҳои адабиёт дар кори маорифпарварӣ ва тағйири арзишҳо дар ин росто дар маркази диққати ҷадидҳо ва рӯзномаи мазкур будааст. Дар нашрияҳои минбаъдаи ҷадидия, масалан нашрияҳои Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ - маҷаллаи «Оина» (1913-1915) ва рӯзномаи «Самарқанд» (1913), низ дар канори тарғиби ғоя ва афкори иҷтимоиву сиёсӣ, ҳамчунин муаррифии намунаҳои адабиёту ҳунар аз мақсадҳои асосӣ буд. Маҳз дар саҳифаҳои нашрияҳои мазкури ҷадидӣ намунаҳои осори адабии устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Абдуррауфи Фитрат, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ва дигарон ба чоп расидааст. Намунаҳои тақризу китобиёт ва муаррифии асарҳои адабии нав низ дар онҳо ҷои муҳимро ишғол менамуд, ки аз нақди адабии ба худ хоси ин даврон гувоҳӣ медиҳад. Яъне агар куллан бигӯем, дар матбуоти ҷадидия онҳама талабе, ки ба як нашрияи адабӣ гузошта мешавад, ба қадри имкон риоя карда шудааст.

Аммо дар солҳои баъди Инкилоби Октябр, ки кори адабӣ ба яке аз ҷузъҳои муҳимми кори сохтмони зиндагии нав дониста шуд, на танҳо ин амал идома ёфт, балки вусъати тоза гирфт. Аз ҷумла, маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» (1919-1921) минбаре шуд, ки намунаҳои адабиёти нави тоҷикӣ ба нашр расидаанд ва бисёр аҷиб аст, ки он дар сабку текникаи ороиш (хаттотӣ) ва интихобу ҷойгузинии мавод ба нашрияҳои ҷадидӣ робитаи бевосита дошт. Дар он бештар шеъру мақолоти устод Садриддин Айнӣ, Мунзим, Зеҳнӣ, Роҷӣ нашр шудаанд. Баъдтар рӯзномаҳои «Бедории тоҷик» ( «Тоҷикистони сурх»), «Овози тоҷик» таъсис дода шуданд, ки масъалаҳои адабиёт ва осори адабӣ чузъи муҳимми маводи мавриди нашри онҳо будааст. Яъне метавон гуфт, ки дар ҷомеаи онрӯзаи Тоҷикистон заминае барои таъсиси нашрияи тахассусии адабӣ омода мешуд ва ниҳоят он ба сурати як маҷалла аз нашр баромад.

 

Маҷаллаи «Садои Шарқ»

«Садои Шарқ» нашрияи ҳармоҳаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шумор меояд ва дар давоми фаъолияти худ бо номҳои гуногун ба табъ расидааст.

Дар ибтидо он бо унвони «Раҳбари дониш» (1927, як шумораи аввали он «Дониш-биниш») дар шаҳри Самарқанд ба нашр оғоз мекунад ва дар муддати шаш сол то нимаи аввали соли 1932 ба ҳамин унвон чоп мешавад.

Аз он ҷо, ки он нашрияи Назорати маорифи Тоҷикистон ба шумор меомад ва ин ниҳод масъалаҳои фарҳанг ва адабиёту ҳунарро дар он солҳо раҳнамоӣ мекард, як бахши муҳимми ин маҷалла ба масоили адабиёт, нашри осори адабӣ ва нақди он ихтисос дода шуда буд. Бинобар ҳамин ҳам ибтидои нашри маҷаллаи «Садои Шарқ» -ро аз соли ба чоп расидани маҷаллаи мазкур баршумурдан як кори мантиқӣ ба шумор меояд.

Дар шумораҳои нахустини маҷаллаи «Раҳбари дониш» ба ҳайати таҳрир устод Садриддин Айнӣ ва дигарон дохил буданд ва масъулияти омодасозӣ ва чопи он ба уҳдаи котиби масъули он Собит Манофзода гузошта шуда буд. Манофзода аз рушанфикрони фаъоли забону адаб ва маорифи тоҷикӣ дар нимаи солҳои 20 30 ва ба шумор меояд. Мутаассифона, мо дар бораи рӯзгори вай чизи зиёде намедонем ва фақат дар асоси иттилооте, ки дар матбуоти он замон ба даст омад, метавон гуфт, ки Манофзода дар кори матбуот, забону адабиёти тоҷикӣ, нақди адабӣ, нашри осори классикӣ ва таълиму тадрис дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар Тошканд хеле фаъолона иштирок доштааст ... Ва инак масъулияти чопи маҷалла пас аз шумораи якум ба уҳдаи Манофзода гузошта мешавад ва шумораи дувуми он дар Тошканд аз нашр мебарояд. Вай яке аз вазифаҳои маҷалларо чунин муайян карда буд: «Ин маҷалла аз аввалин рӯзҳои нашр шуданаш вазифаи бисёр муҳимро ба уҳда гирифта буд. Журнал агарчи асосан тамойили педагогӣ гирифта буд, лекин эҳтиёҷи муаллимонро ба назар гирфта адабиёти нави тоҷикро ба майдон ниҳода, инкишофи онро лозим медонист ». Бинобар ин, метавон гуфт, ки маҷаллаи «Раҳбари дониш» аз нахустин шумораҳои худ мутаваҷҷеҳи масъалаҳои адабиёт ва эҷоди адабиёти нав буда, ривоҷи ин адабиёт, расидани насли нави нависандагон ва нақду баррасии онро аз вазифаҳои муҳимми худ ба шумор овардааст.

Аммо дар соли 1932 дар иртибот ба қарори маъмули ҳизби коммунист дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ қарор шуд, ки дар заминаи «Раҳбари дониш» маҷаллаи тозаи ба куллӣ адабие таъсис дода шавад. Ин маҷалла «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (мухтасаршудааш «БАС») унвон дошт ва метавон гуфт, ки нахустин нашрияи сирф адабии точикӣ ба шумор меояд. Маҷаллаи мазкур аз моҳи августи соли 1932 ба нашр оғоз мекунад. Дар ибтидо ба ҳайати таҳрири маҷалла С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Расулӣ, С. Улуғзода, Б. Азизӣ, Р. Абдулло интихоб шуда буданд ва таҳрири онро М. Расулӣ, Б. Сирус А. Ва Лоҳутӣ дар солҳои гуногун анҷом додаанд. «БАС», ки асосан мутаваҷҷеҳи масоили адабиёт буд, дар бахшҳое чун адабиёти бадеӣ, саромадони сухан, драмнависӣ ва театр, адабиёти бачагон, нависандагони ҷавон, фолклор, танқид ва китобиёт, ҷавоб ва маслиҳатҳо асару мақолот ва мулоҳизаҳо ба табъ мерасонид. Фаъолияти маҷаллаи «БАС» то охири соли 1937 давом мекунад.

Аз 1938 Соли маҷалла бо унвони «Шарқи сурх» нашри худро идома медиҳад. Аммо чопи он дар солҳои нахуст мунтазам набудааст. 1938 Соли танҳо се шумора чоп гардид ва он аз соли 1940 то июни соли 1941 боз нашр шуд. Аммо дар солҳои ҷанг (1941-1945) бо сабаби мушкилоти нашру табъ фаъолияти маҷалла боздошта мешавад. Сипас, аз соли 1946 чопи он аз сар гирифта мешавад ва минбаъд он бо баъзе истисноҳо мунтазам ба чоп мерасад. Дар саҳифаҳои маҷалла муҳимтарин ва беҳтарин асарҳои насру назм ва драматургияи устодон Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, Б. Раҳимзода, Ф. Ниёзӣ, П. Толис, А. Деҳоти, М. Аминзода, М. Раҳимӣ, Ф. Ансорӣ, Б. Ҳоҷӣ, Ғ. Мирзо ва дигарон ба чоп расидаанд, ки тавассути он метавон раванди рушди адабиёти муосири тоҷикро пеши назар овард. Дар солҳои 1946-1963 таҳрири маҷалларо Х. Неъматуллоев (1946), Н. Почоҷонов (1947-1949), М. Турсунзода (1949-1952), Ф. Ниёзӣ (1952-1959), П. Толис (1959-1960), А. Баҳорӣ (1961-1965) анҷом додаанд.

Аз 1964 Соли то ба ҳол маҷалла бо номи «Садои Шарқ» ба нашар мерасад. Маҳз дар саҳифаҳои он таҳаввули наву муҳимме, ки дар адабиёти муосири тоҷикӣ ба амал пайваст, инъикос ёфтааст. Муҳимтарин осори адабии чи нависандагони бузургсол, ки номашон зикр шуд ва чи дар он солҳо ҷавоне чун М. Қаноат, А. Шукуҳӣ, Ф. Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Кӯҳзод, Сорбон, Гулназар, Саттор Турсун, Саидалӣ Маъмур дар саҳфаҳои маҷалла чоп гардидаанд. Дар солҳои охир Убайд Раҷаб (1966-1979), Лоиқ Шералӣ (1978-1990) А. Самад (1990-1993), Урун Кухзод (1993-1997), Ҷ. Акобиров (1997-2014) муҳаррири маҷалла будаанд. Ҳоло (аз соли 2015) таҳрири он ба уҳдаи Рустами Ваҳҳоб аст. Маҷалла ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда, дар солҳи нобасомони ҷанги шаҳрвандӣ нашри худро қатъ накард.

Маҷалла дар соли 1977 бо «Нишони Фахрӣ» мукофотонида шуд ва дар партави Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Нашрияи милии адабӣ мушарраф гардид.

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.