Саттор ТУРСУН

Печать

СИТОРАИ КОРВОНКУШ

Ҳикоя

 

Офтоби тирамоҳ охирин нурҳои ларзонашро аз пештахтаи тиреза ғундошта, оҳиста ба пушти Тали шаҳидон хам хӯрд, ки дар он ҷо қабристони деҳа воқеъ буд. То ин дам магасе ба умеди берун рафтан худро ба шишаҳои панҷара андохта, беист ғинг-ғинг мекард; ҳамон магас, чунон ки аз тарс бошад, баробари фурӯ нишастани офтоб дафъатан қарор ёфт. Хонаро якбора сукунати сард ва тазйиқовар фаро гирифт. Деворҳои сафеди он ба монанди куртаи суфе, ки аз бисёр шустан рангаш паридааст, ноаён хира гардиданд. Сақф гӯё пасттар фуромад ва асбобу анҷоми хона дар ҳукми хомӯшӣ монда, саросар ҳузнангез тофтанд.

Мӯйсафед, ки тамоми рӯз ба ҳолпурсии такрор ба такрори кампираш ҷавоб надода, рӯ ба девор карахт мехобид, агарчи чашмони чӯкидааш дер боз баста буданд, аз ин тағйи­рот ба алам пай бурд. Зеро ҳар дафъа, баъди ғуруби офтоб, то ҳангоме ягон кас чароғро дарнагиронад, хона ба назараш мисли заминкан тангу тор намуда, дили заъфзадааш нохост фишурда мешуд.

Вай инчунин эҳсос кард, ки аз умраш соатҳои башумор мондааст, то фардо намерасад; дигар на рӯи офтобро мебинад, на пардаи шомро. Кошкӣ он лаҳза тезтар омада, тани афгорашро аз панҷаи бераҳми дард мерабуд. Кошкӣ... Ме­гӯянд, ки одами бадгуҳар ба сад азоб ҷон медиҳад. Агар ҳамин гап рост бошад, пас вай бадгуҳартарин фарзанди инсон будааст. Боз мегӯянд, ки пеш аз марг бандааш ҳар қадар ба даргоҳи худованд тавба гузорад, дар он дунё гуноҳаш ҳамон қадар сабук мешавад. Агар ин гап низ рост бошад, пас тавбаи дусолаи ӯ ба ғуфрони ҳазор бандаи гунаҳкор кифоя мебуд.

Сояи тунуке ки тадриҷан аз сақф ба фарши хона меёзид, оқибат ба сурати заъфарони мӯйсафед печида, онро ба монанди хок тира гардонд. Вале ба сари бинии калони вай зӯраш нарасид. Сари бинии теғкашидаи бемор ҳоло аз будаш зиёдтар зардча тофта, як дутинаи нави ҷилодорро ба хотир меовард, ки даст ба даст нашуда, тифоқо болои хокистар афтидааст.

Мӯйсафед ба душворӣ паҳлу гашта, пичирос зад: «Тавба кардам ба даргоҳат, худоё! Тавба...» Овози заифаш чун хишироси баргҳои хазонгардидаи чормағзи пушти тиреза, ки дар як шохи он зоғи танҳое нишаста, танбалона бол меафшонд, ҳазин буд. Вай чашмони камбинашро аз болҳои шабранги ҷонвар наканда, бадард оҳ кашид ва маҷбур аз дил гузаронд, ки зоғ парандаи шумхабару бехосият аст.

Исми мӯйсафед шасту чор сол боз Назар бошад ҳам, рафту ягон кас ӯро дар ғайбаш ба забон гирад, агарчи дар деҳа ба ин ном дигар шахсе нест, ҳатман мепурсанд: кадом Назар? Чунки хурду калон мӯйсафедро ҳамчун Назари қоқ, Назари шал ва Домуллои ланг мешиносанд… То сар шудани ҷанги Олмон, азбаски тани дарозу лоғар дошт, Назари қоқ мегуфтанд. Он вақтҳо вай раиси калхоз Ҷобиров, ба қавли мардум Юф буд; аз нӯки қамчинаш хун мечакид. Бисёр зот­ҳои багурда аз зарбу лати ӯ абрешимвор мулоим мешуданд. Дар бераҳмӣ он қадар достон гардида буд, ки занони деҳа бачаҳои нофармони худро «бас, агар не, Назари қоқро ҷеғ мезанам», – гуфта, филҳол ором мекарданд. Вай инро медонист ва курта-курта гӯшт гирифта, аспи ғазабашро сахттар метозонд. Мефахрид, ки ҷамоате ҳатто аз шунидани номаш лоилоҷ метарсад.

Лекин банохост ҷанг омад ва Назар дар ғами ҷонаш монда, орому қарорро аз даст дод; шабҳои дароз ғарқи андеша гардида, хобаш намебурд. Ислом дар фалон калхоз раис буд... раиси пухта буду аҷаб, ки зуд даъват намуданд. Маълум не вай акнун дар он ҷойҳо чӣ ҳол дорад. Раҳмон низ сарвари баобрӯ буд – чашми корро хуб медонист, аммо ба ин нигоҳ накарда, туро майдони ҷанг интизор гуфтанд. Бечора… як сол ҳам нагузашта муфт раҳматӣ шуд. Зану фарзандони ӯ хати сиёҳашро гирифта, муддате қабл ба аҳли деҳа шунавонданд. Холи садлуқма чӣ?.. Хайр, ба ихтиёри худаш рафт вай. Чунки аз рӯзи азал аҳмақ буд... Лекин дар ин солу замонаи хунрез Назар чӣ кор кунад? Аз дами бало чӣ тавр эмин монад? Имрӯз набошад, пагоҳ навбати ӯ ҳам мерасад; имрӯз набошад, пагоҳ балки зани ӯ низ хати сиёҳашро гирифта, рӯю мӯй меканад. Дар ин дунёи куҳан кӣ пешомади худро яқин донистааст? Э худо... Дар он ҷо, дар ҳалқаи маргу оташ, ба ягон тири дайду дучор омада, ҳайф шудан мумкин... Не, то аз ҷон рамақ дорад, Назар мекӯшад, ки наравад. Вай, охир, Холи садлуқма барин аблаҳ не, чӣ андоза ширин будани зиндагиро нек медонад, ба қадри ҳаёти осуда, бехавфу хатар ҳам мерасад. Вай аз модар барои як рӯз не, як рӯз дар мулки бегона мурда... бегӯру кафан мурда, зану фарзандонашро обу адо кардан наомадааст. Хонаву дар дорад вай, хешу табор дорад, умеду орзу дорад. Ва ин ҳамаро ҳаргиз ба бод намедиҳад. Об хӯрдаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ бурда наметавонанд...

Назар ниҳоят ба иҷрои қарораш, ки муддате боз дар дил гирифта мегашт, қатъӣ азм намуду шабона, ҳангоме савори асп аз саҳро ба деҳа меомад, дар нишебии миёни ду шах пиёда шуд. Ва озод нишаста, пои росташро ба таки суринаш қат кард; пои чапашро дароз монда, як санги калони қиррадорро ба даст гирифт. Чашмонашро зич пӯшид, дандон ба дандон гузошт. Пас он сангро баробари сараш бардошта, дарқаҳр ба соқи пояш андохт ва ҳамон дам аз ҳуш рафта, ногузир ба тахтапушт ғалтид.

Баъди соате ба худ омада, дар тарсу ваҳм дид, ки даруни мӯзааш аз хун тар шудаасту пояшро ҷунбонда наметавонад. Дард зӯрӣ мекард; ба пешониаш дона-дона арақи сард дамида, чашмонаш сиёҳӣ мезаданд. Ва аз байни он сиёҳӣ мунтазам ҳал­қачаҳои сурху зарди нозуке берун ҷаста, ларзон-ларзон дур рафта, ахир дар мағзи зулмат фурӯ менишастанд.

Вай ба азоб пои маҷрӯҳашро кашола карда бархост. Вале аспро дар ҷояш наёфта, боз дар санглох якпаҳлу дароз кашид. Ҳарчанд аз тазйиқи дард дигар тоқаташ намонда, маҷбур дандон ба дандон мезад, шуури дар соати бехудӣ тирагардидаи Назар оҳиста-оҳиста равшан мешуд. Ва ӯ фикр мекард, ки аспаш ин хел одат надошт, намегурехт. Ҳоло ҷонвар шояд аз кори вай шарм дошта... ё ғазабаш омада, гурехта бошад. Хайр, дар ҳар сурат нағз... Бале, нағз, айни муддао. Акнун илоҷе карда, худаш ба деҳа мерасад. Он қадар дур не вай; зӯр занад, дар як-якуним соат мерасад. Дар идомаи раҳ ягон кас вохӯрда, аҳволашро бинад, боз беҳтар – дар миёни мардум чуну чаро кам мешавад. Аз ҳар нафаре ки пеш ояд, аввал ӯ аспашро мепурсад. Сипас, ба шарте «чӣ воқиа рӯй дод?» гӯянд – албатта кунҷковӣ мекунанд, – фалокати ба сараш омадаро як-як мефаҳмонад. Мегӯяд, ки «дар тангнои дара сабили асп, намедонам аз чӣ буд, сахт рамида, маро аз хонаи зин ба нишебии санглох гирифта партофту шиҳа кашида гурехт. Баробари гурехтан... аз боло, аз таки сумаш, як санги калони қиррадор канда шуда, карт дар банди поям зад. Боз... китфам ганда лат хӯрдааст». Вай ҳоло эҳтиёти дигар мекунад. Азоби гӯрро бинад ҳам, гармогарм китфашро зарб медиҳад, баъзе ҷои дасту рӯяшро мехарошад. Ҳатман... вагарна аз зини асп паридам гуфта, ба чашми мардум хок пошидан душвор.

...Ҳамин тавр ҳам кард. Ва пагоҳаш, вақте ки ба пушти ҳавлии Назар мошини қаҳваранги дар пешонии кабина ва паҳлуҳояш нақши салиби сурх... омада, шитобон ӯро ба бемористон бурд, фавран дар калхоз овоза шуд: Назари қоқ аз аспи чорчашмааш ғалтида, базӯр зинда мондааст.

Вай қариб ду моҳашро дар бемористон гузаронда, ниҳоят ба деҳа баргашт. Хушдимоғиашро пинҳон дошта наметавонист. Вай, охир, боз раис ва боз ҳамон Назари бераҳм буд! Аспи сиёҳи хушзот дар зери ронаш бозӣ мекард; аҳли оилааш серу пур, дар фароғат... Худи Назар ҳамроҳи ду-се «ғамбарори табъи дил» гоҳ дар меҳмонхонаи нӯҳболорааш, гоҳи дигар дар ҳавлии улфатҳои ҳолдонаш шабҳои дарозро, ки зуд-зуд ба мағзи онҳо гиряву лобаи падару модар, зану фарзанд ва хешу табори мардони аз ҷанг хати сиёҳашон омада мепечид... – чунин шабҳоро дар кабобхӯриву шаробнӯшӣ ба саҳар мепайваст. Аз ҳеҷ чиз камӣ надошт. Воҳимаи «мабодо ба ҷанг равам» акнун тамоман аз дилаш тарошида шуда буд. Ӯ фақат аз он ки пои чапаш мелангад ва... яқин то охири умр ҳамин тавр хоҳад монд, аҳён-аҳён ғусса хӯрда, ба номи ҷанг лаънатҳо мехонд.

Пас аз ин ҳодиса ба лақаби аввалаи Назар боз як лақаб илова гардид. Минбаъд одамон ӯро дар ғайбаш гоҳ Назари қоқ мегуфтаанд, гоҳ – Назари шал…

Чунон ки ба бемори пир тамасхуромез сари таъзим фуруд меоварда бошад, зоғ каме хам шуда, ду-се бор қар-қар карду лоқайд бол ёзонд ва аз шохи чормағз парида, болои бом гузашт. Мӯйсафед дар нафрат ҳамоно рӯ ба девор гардонд. Хонаро тадриҷан торикӣ фаро мегирифт. Ва он ба асаб­ҳои аз кор баромадаи вай бад расида, дилашро беҳузур мекард. Гӯё сояи шом ба мори сиёҳ табдил ёфта, ноаён дар гарданаш печ мехӯрд; раҳи нафасашро баста, лаҳзаи марги ӯро торафт наздик меовард.

Аҷабо, умри одамизод чун дақиқаҳои байни офтобшинаму шом кӯтоҳ будааст. Аммо то ҳол муйсафед инро намедонист, зеро пӯсти ғафс дошт ва ҳеҷ вақт ба сараш кулфат низ наомада... Эҳтимол аз ҳамин сабаб каф ба пешонӣ гузошта, фурсати фикр кардан намеёфт. Назар ҳатто пас аз он ки баъзе сирру асрораш кушода шуданд ва ӯро аз раисӣ гирифта, дар ҳамон калхоз нозири ҳосилот монданд, хулосаи сиҳат набардошт – аз об хушк баромада буд, охир!

Вай се-чор сол дар он вазифа ҷунбида гашту боз пасттар лағжид: мудири ферма шуд. Лекин фермаро ҳам ӯҳда карда натавонист. Калхоз як гӯсфандашро ба дута расонад, ӯ аз нав ба якта меовард... Қариб панҷ сол Назар инчунин сардори бригада буд. Баъд сардори звено ва ниҳоят калхозчии қаторӣ шуд. Ҳамин хел, чор сол муқаддам, ба нафақа баромад. Сипас як соли дароз шабҳо дар назди муллои чаласаводе нишаста, гӯё тиловати Қуръонро ёд гирифт; чанд оятро тавонам-натавонам азбар кард. Ва дар миқёси деҳа ба тавре мулло ном бардошт. Аммо мардум баъди ин ҳам, ҳеҷ набошад аз рӯи одоб, ӯро белақаб... Назар ё мулло Назар намегуфтанд. Баръакс – ба вай боз лақаб монданд. Домуллои ланг... Акнун гоҳ Назари қоқ ё Назари шал гӯянд, гоҳи дигар Домуллои ланг меноманд.

Дар бесадо кушода шуду ҳамсараш омада, чароғро сокинак даргиронд. Хона равшан ва ба назар васеъ намуда, дар асбобу анҷоми он низ гӯё ҷон дамид.

Мӯйсафед ба тахтапушт гашт ва дарҳол ба чеҳраи кампираш, ки аз пеши болини ӯ туфдонро бардоштан мехост, хира-хира назар андохт. Инро ҳис карда, пиразан ҳам суол­омез ба шавҳараш нигарист; ожангҳои гирди чашмони хастааш бештар ва резатар гардиданд. Нигоҳаш дар қайди дилсӯзӣ ва тарсу таҳлука буд.

Мӯйсафед ба вай дуру дароз назар дӯхта, ниҳоят пурсид:

– Воҳид наомад?

Пиразан як қад парида, беихтиёр пай бурд, ки овози шавҳараш бегона шудааст. Ин садо... на танҳо ба овози худи ӯ, балки ба овози одам ҳам монанд набуд. Хурроки гурбаро ба хотир меовард, ё нолаи пасти бодро мемонд...

– Воҳид наомад? – такрор кард мӯйсафед.

– Не, – гуфт пиразан ва фавран илова намуд: – Вақти омаданаш расид... Меомадагист.

– Ҳа-а, – беихтиёр нигоҳашро ба сақф кӯчонд мӯйсафед.

Пиразан ҳамчунон оҳиста аз хона берун шуд. Баъди фурсате гашта омад; туфдонро дар ҷояш, назди болини бемор гузошт ва як дам сардаргум истода, мулоим гуфт:

– Пиёба пухта будам. Биёрам, ду-се чумча хӯред...

Вале мӯйсафед ҷавоб нагардонд; гӯё кар бошад, сухани ӯро аслан нашунид.

– Пиёба мехӯред?

Боз ҳамон ҳолат: мӯйсафед дам назад – на ҳа гуфт, на не. Ҳатто намеҷунбид.

Пиразан аз рӯбарӯи шавҳар дар кӯрпачаи таки тиреза нишаст ва як лаби сарандози шолашро, ки сабзтоби обшуста буд, хаёлманд газида, ба тарафи ӯ чашм партофт. Ранги мӯйсафед пахтаи кӯҳнаро мемонд; ҳеҷ гоҳ мисли имрӯза бенур набуд. Нӯки риши дароз ва қадре жӯлидааш ба гардани борики вай афтида меистод. Дастони лоғари то оринҷ лучаш чун ду чӯби хушк дар болои кӯрпа беҳаракат мехобиданд. Рагҳои соид ва пушти дастонаш, ки дар зери пӯсти лимувор зарди ҷо-ҷо доғи кунҷидакдори ӯ дамида баромада буданд, ба монанди симтӯри зангзада тира метофтанд.

Дилаш ба ҳоли шавҳар сӯхта, пиразан туфашро дар азоб фурӯ бурд ва канори сарандозро аз дандонаш раҳо дода, худ бехабар лаб газид. Вай ба ҳасрат фикр мекард, ки мӯйсафед қариб ду сол сахт бемор буд. Баъд саломатиаш тадриҷан рӯ ба беҳбуд овард ва оқибат ба по хеста, кӯча мебаромадагӣ шуд, гӯё тамоман сиҳат ёфт. Ҳатто ду-се маротиба ҳамроҳи наберааш ба маркази ноҳия рафта, хушу хурсанд бозорӣ карда омад. Лекин ба вай боз чӣ зарар расонд, ки як ҳафта қабл нохост аз пой афтид. Ҳамон рӯз инҷониб гоҳ баҳушу гоҳ беҳуш, ҳеҷ чиз намехӯрад, латта барин суст... Воҳид, бечора, сахт тарсид – духтур оварда, ӯро нишон дод; гуфт, ки илтимос, дору-дармон кунед, шифо бахшед. Духтур мӯйсафедро бафурсат дид ва берун баромада, дасташро зуд ба собун шуст. Пас дар рӯи ҳавлӣ, дур аз пиразан ба Воҳид чанд сухан гуфта, шитобон рафт. Вай дониста... махсус ба овози паст гап зад, то пиразан нашунавад, нафаҳмад... Баъде ки Воҳид гашта ба хона даромад, мӯйсафед, духтур мебарем нагуфта бошад ҳам, ба ӯ нигариста, норозӣ ғур-ғур кард:

– Худат медонӣ-ку, писарам – ман аз ҳафт маҳалли касал­хона безор. Боз барои чӣ ташвиш кашида, духтур овардӣ?

– Хафа нашавед, додо, вай шуморо бурда хобондан намехост. Ҳамин тавр... омад, дид, дору таъин кард. Зарар надорад, – гуфт Воҳид, ки овозаш каме меларзид.

Аз ин сухани писар ба чеҳраи мӯйсафед як табассуми заиф дамида, дар нафасе гум шуд.

– Ба ҳар ҳол беҳуда... Дарди маро донистан осон не. На духтур медонад, на ту... Фақат худаму худо...

Воҳид ҳамон рӯз инҷониб хафа мегардад. Ҳар дафъа, аз кор омадан баробар, дар саҳни ҳавлӣ ё дар айвон ташвишомез мепурсад, ки вазъи падараш чӣ хел. Духтур ягон гапи ганда гуфтагӣ барин. Агар не... Он бегоҳ ӯро то сари кӯча гусел карда, ба хона парешон баргашт. Хомӯш буд. Аз ин рӯ тоқаташ шикаста, пиразан маҳзун пурсид:

– Духтур чӣ гуфт? Додот чӣ касал доштаанд?

Воҳид нимғурма ҷавоб гардонд, ки:

– Хаста шудаанд, пиригарӣ... Шумо осуда бошед.

Эҳтимол аст вай ҳақиқати ҳолро пинҳон медорад. Намехоҳад модараш ба ҳар навъ тахмину гумонҳо рафта, пешакӣ ғам хӯрад. Наход...

Мӯйсафед ба торикии пушти тиреза як чашм давонду «тавба кардам ба даргоҳат, худоё! Тавба...» – гуфта, боз паҳлу гашт ва кафи дасташро ба зери чаккааш гузошт. Ӯ бисёр карахт буд: рӯбарӯ нишастани кампирашро гӯё намедид, аз ин пай ҳам намебурд. Хаёлаш ба Турон-тракторчӣ банд гардида, ду сол муқаддам, рӯзи ҷӯйтозакунӣ, ба вай сурху сафед шудани худро дар хотир меовард.

Ҳамон сол баҳорон сербориш буд. Қариб ҳар рӯз шохборон мезад. Аз теппаҳои канори деҳа тез-тез сел омада, ҷӯи калонро, ки аз саргаҳи ягона дарёчаи атроф об гирифта, боғоти мардумро шодоб менамуд, ба регу лой пур мекард. Бинобар ин, баъде ки боронгарӣ кам шуд – ҳаво ҳам мулоим буд, – одамон маслиҳат андохта, қарор доданд зуд ба ҳашар мебароянд! Ва саҳари якшанбе аз ҳар оила яккасиву дукасӣ белу каланд бардошта, сари ҷӯй рафтанд. Назарро ҳам албатта хабар карда буданд. Аммо вай – аз он ҷӯй на танҳо боғи худаш, балки боғи писараш низ об мехӯрад – гӯшашро ба карӣ зад. Тамоми рӯз дар хонааш хобида, бегоҳ, вақте ки пода аз чаро бармегашт, кӯча баромада ва дар суфачаи бари дарвозааш тасбеҳ гардонда нишаст.

Мардум тахмин пас аз ним соат, қариби намози шом, аз ҳашарҷо нишеб шуданд. Онҳо, дар китф белу каланд, байни ҳам сӯҳбаткунон гурӯҳ-гурӯҳ аз пеши Назар гузашта, хона ба хо­на­ мерафтанд. Ҷавонон эҳтимол пиронсолии ӯро ба эътибор гирифта, ҳурматашро ба ҷо меоварданд, – салом медоданд. Вале аксарияти мӯйсафедон, агарчи Назарро аз дур дида меомаданд, гӯё барқасд... ҳатто ба тарафаш нигоҳ намекарданд. Фақат баъзе аз онҳо тасбеҳгардонии ӯро як дам зери муояна кашида, дар тамкин:

– Монда набошед, домулло! – гӯён фориғ ба роҳи худ мерафтанд.

Чунин муносибати мардумро вай борҳо дида буд; эътибор намедод... Лекин он бегоҳ қаҳраш омад. Тохта аз суфача хест ва бари ҷомаашро ба зарда афшондаву тасбеҳашро дар киса андохта, акнун ба ҳавлӣ даромадан мехост, ки Турон-тракторчӣ:

– Ассалому алайкум, ҳамсоя, – гуфта, дар рӯбарӯяш таваққуф намуд.

– Ваалайкум ассалом, – табъаш хира, ҷавоб гардонд Назар.

– Ба ҳашар нарафтед? Ё ягон кор баромад?

– Саҳл тобам гурехт. Дар кӯча ҳам, ана... қуфли дил кушода нашуд. Сарам вазнин, аъзои баданам карахт. Дар китфам гӯё санги осиё бор кардаанд.

Вай дурӯғ гуфт.

– Нам кашидагистед, мегузарад, – ба рӯи Назар лаҳзае чашм дӯхта, Турон-тракторчӣ хомӯш монд. Пас ба андешаи «мабодо иззати нафсаш коҳад» одоби муоширатро нигоҳ дошта, мулоим илова намуд: – Ҳамин хел будааст... ба дасти набераатон ягонта бел дода, писарам, ба ҷои ман ту рав гӯед, намешуд?

– Аввало ин ки вай мактаббача, дарс тайёр карданаш лозим. Сониян, худатон ҳам медонед – падараш қариб се моҳ боз дар Душанбе... мехонад. Мазмун, ҳоло ба обу алави зиндагии мо кӣ ёрӣ медиҳад? Бале... набераамон! Одам ба андеша гап мезанад.

– О рӯзи дароз додараш қатӣ дар пошнаи Тали муғон тӯббозӣ мекарду...

– Хайр, бача вай, завқаш омада… тӯббозӣ карда бошад, кардагист. Ё чӣ, ҳамин ба шумоён дастак шуд? Аз бандаҳои ҳардамхаёлат гардам, худо! – ғайр аз ғут-ғут дигар чизро намедонанд. Охир, ихтиёри он бача дар дасти ман не. Падару модар дорад... Аслашро гирем, ин дилсиёҳӣ ба шумо чӣ лозим?!

– Хафа нашавед, ман одами бадқасд нестам, дилатонро сиёҳ кардан ҳам намехоҳам. Аммо азоби обро худатон аз ман нағзтар медонед…

– Хайр? – гуфт ба ситез Назар.

– Ором гап занед, – хандид Турон-трактарчӣ. – Шумоён, падару писар, ду оилаед, ду боғи калон доред... Ғайр аз ин пагоҳ, вақти боғобдиҳӣ аввал ман об мехӯрам, баъд дигар­ҳо гуфта, таҷангӣ карда мешинед. Санги шумо мудом сад ман. Мардум ҳамин одататонро ки медонанд, дар чунин мавридҳо албатта ба ҳар хаёл мераванд. Имрӯз баъзеҳо ба ман нига­рис­та, қатъӣ гуфтанд, ки ба ҳамсояатон расонед, мо аз вай кам нестем, шох надоштагист... рафту дошта бошад, нишон диҳад.

– Даҳонашон тафсида, хайр... лақидагистанд. Ман як одами ногирон. Воҳид агар ҳамин ҷо мебуд, дар қатори шумоён меҷунбид. Набераам ҳоло хурд, аз дасташ кор намеояд.

– Нағз не, ҳамсоя. Усто Салим ҳам ногирон, лекин пои ман маъюб гуфта, дар хонааш нашишт. Алоқадри ҳол баробарамон кор кард. қадаш як ваҷаб... наберааш чӣ? Бача, умраш дароз шавад, аз худи усто Салим зиёдтар каланд зад. Вай аз набераи шумо ду синф поин мехонад.

– Истед, ки ба ман ин қадар ақл шуда, чӣ гуфтан мехоҳед? Мақсадатон чӣ? – теғ кашида, ба Турон-тракторчӣ нигарист Назар.

– Мақсадам – аз маъракаҳо худатонро дур нагиред, – гуфт ӯ дар ҷавоб ором. – Мардум айб мекунанд. Ба шумо дилам месӯзад; охир, одам ба одам зинда...

– Ба ту баринҳо зинда бошам, номаш зиндагӣ ба ман асло даркор не, – гуфт Назар, якбора ба ту-ту гузашта. – Ин гапамро ба дигар ғайбатчиҳои беимон ҳам расон!

Турон-тракторчӣ, аз чунин муомила кайфаш парида, лаҳзае сукут карду белашро ба китф партофт.

– Хайр, ҳамсоя, аз донистаатон намонед. Ман як даҳан фаҳмондам, салоҳ бошад, аз рӯи инсоф қабул доред, агар не – ихтиёратон.

– Албатта ихтиёрам...

Назар сахт доман афшонда, чаққон ба ҳавлӣ даромад ва дарвозаро пӯшида, занҷирашро маҳкам гузаронд.

Пас аз чанд рӯзи ин воқиа... нафаси бади худаш расид магар, ки вай ногаҳон дар бистари беморӣ афтид. Турон-тракторчӣ кина нагирифта, даҳҳо маротиба, гуфтан мумкин аст… беҳисоб ба аёдаташ омад. Воқиан, дина ҳам омада буд. Аз ӯ ранҷиданашро заррае нишон намедиҳад. Занаш Рухшона низ доимо аз ҳоли Назар бохабар, инчунин ба кору бори кампири вай ҳар замон ёрӣ мерасонад. Бар падарашон раҳмат, ҳамсояҳои баоқибат будаанд.

Мӯйсафедро сурфа гулӯгир кард; қариб ки нафасаш ба дарун занад. Вай дуру дароз сурфида, ба мадади кампираш нимхез шуд ва балғами ба даҳонаш омадаро дар туфдон партофта, аз дил гузаронд, ки чаро ӯ дар вақташ ба сари Турон, ба сари ҳамин гуна як одами покиза маломат овардан хост. Шояд Рухшона сабаб буд ба ин кораш? Не-е... Дуруст аст, ки падару модари вай Назарро ба домодӣ нагирифтанд, ноумед карданд. Лекин ӯ наранҷид, ба тухми духтар қаҳт наомадааст гуфту монд. Зеро аввалҳо ақида дошт – ба вай қатъи назар аз кӣ буданаш... зан бошад, кифоя. Рухшона нею духтари дигаре. Фарқаш чӣ? Аздусар ба ҳама падару модари деҳа домод шуда наметавонад. Аммо баъд... гӯё ногаҳон Рухшонаро ба Турон номзад карданду вуҷуди Назарро як эҳсоси сард ва ноошно фаро гирифт. Ва он ҳис рафта-рафта ба кирм табдил ёфт; кирме ки абадӣ дар қалбаш хона гузошт. Агар аз ҳавлии Турон-тракторчӣ ду шаб болоиҳам бӯи палав ояд, вай худ ба худ таҷанг шуда, дарунашро мехӯрд. Бо вуҷуди ин, ҳангоме ба Турон рӯбарӯ меомад, сир бой намедод; мекӯшид, ки ӯ аз ҷунбиши он кирми дилаш ҳеҷ гоҳ пай набарад... Аҷаб, охир, Назар-ку Рухшонаро дӯст намедошт, умуман дар тӯли зиндагиаш ба ягон зан меҳр монда натавонист. Пас чаро... Рост мегуфтаанд – дӯст доштан ҳунари ҳар кас не. Инсоне ки ба муҳаббату садоқат қодир аст, бояд табиатан аз бухлу ҳасад ва кинаву кудурат дур бошад.

«Ҳа-а, бухлу ҳасад, кинаву кудурат», – зери лаб пичирос зад мӯйсафед, нохост ба чарои худ посух ёфта. Вай бахил буд. Ва ба он кӯи паст ман Рухшонаро гирифта натавонистам гуфта, ба Турон рашк бурда, яқин аз ғояти ҳасад қадам гузошт... Бале, тамоми умр бахил буд Назар, нотавонбин буд. Ба дараҷае ки ҳатто ягон кас ба ягон одами дуруст ҷӯрагӣ кунад, «ман аз кӣ кам, барои чӣ ин зот ба вай дӯстӣ дораду ба ман не?» – гуфта, дилу ҷигараш қути мору каждум мешуд. Рафту касе ниҳоят хурсанд намояд ҳам, «чаро даҳони ин одам то бано­гӯшаш мерасаду даҳони ман не?» – гуфта, ғашаш меомад. Бешак, оғози кулли пастиҳои ӯ аз касофати бахилӣ буд.

Оё Турон ҳоло он воқиаро дар хотир дорад?

Мӯйсафед ҳайрон шуд, ки барои чӣ то имрӯз ақалан як дафъа дар ин хусус фикр накард. Чаро то кунун ягон бор ба худ нагуфт: ҳой, мардак, бишину зиндагиатро ба ёд оварда, ҳама неку бадатро дар паллаи тарозу гузор ва бин – кадоме вазнинтар аст.

Вай оҳ кашида, дар дил ҷавоб гардонд, ки ба ин кор вақт надошт. Ҳатто ба гӯшаи хаёлаш намерасид – як рӯз не, як рӯз аз умраш соатҳои башумор мемонанду ана ҳамин тавр, хоҳад-нахоҳад, неку бадашро ба хотир меорад. Вай ин табиати азалии одамизодро гӯё намедонист. Ҳамеша, ба кадом роҳе ки бошад, дар ғами яктаашро дута кардан буд. Аз қабристон гузарад, устухон мебурд, аммо чашмаш ҳаргиз сер намешуд. Мехост, ки танаш аз ҳама ободтар, шикамаш сертар ва давлаташ бештар бошад. Дигар ғаме надошт, гӯё аз модар маҳз барои сарват ғундоштан ба дунё омада буд. Ҳоло, дар дами пирӣ, ана... ҳама чизаш ҳаст. Иморати дабдабаноку боғи калон дорад, гаву гӯсфанд дорад, қатор-қатор қолину гилем ва пули бисёр дорад; боз... писару духтар ва набераҳо дорад. Хулоса, мӯйсафед ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ не! Бо вуҷуди ин вай гадоро мемонад. Сабабаш – кори неку номи нек надорад. Кас, охир, кори неку номи нек надошта бошад, пас ягон чиз надорад.

Ағлаб одамоне ки Назар дар ҳар хел вақту ҳар гуна шароит ба дилашон доғ зада буд, инак дар қайди ҳаёт нестанд. Мондаашон мисли худаш пир шудаанд, – қариб ҳамаи онҳо якбориву дуборӣ, балки зиёдтар омада, ӯро хабар гирифтанд. Пагоҳ ҷон ба ҷаббор диҳад, эҳтимол аз пушти тобуташ низ мераванд. Бале, мераванд ҳатман... Соле ки Назар писарашро суннат кард, мардуми деҳа аксарият ба ҳавлиаш қадам нагузоштанд. Ва ошаш дар дегу нонаш дар дастархон ҳайрон монданд. Лекин шаб ё саҳар аз дунё чашм пӯшад, онҳо бетаъхир меоянд.

Барои чӣ ин тавр? Аз чӣ сабаб мардум дар бисёр маврид­ҳо ба сури одами носоз намераванду дар мотамаш ҳозир мешаванд? Тавба! Модом ки аз касе дилат мондаасту ба ҷашнаш намеравӣ, ба мурдааш ҳам нарав. Не-дия! Умуман... аҷаб муаммост одамизод. Дар ҳар сурат хуб мекунад, ки гоҳо ба ҷанозаи душмани ҷонаш низ меравад. Дар акси ҳол... Масалан, агар онҳое ки ягон вақт аз марҳум, махсусан аз марҳуми феълу хӯяш ба феълу хӯи Назар монанд ранҷида бошанду ба маросими дафнаш наоянд, дар гумон аст чор тобуткаши ихтиёрӣ ёфт шаванд…

Ба хона писараш ва аз қафои ӯ раиси калхоз Хуррамов даромаданд. Мӯйсафед ҳар қадар кӯшид, ба рӯи онҳо дуруст нигоҳ карда натавонист: сараш ниҳоят вазнин буд, ба азоб нафас мекашид. Дар ҳамин аҳвол вай ба оҳанги ҳасрат аз дил гузаронд, ки Султон Хуррамов дӯсти писараш, онҳо чанд сол боз рафтуомад доранд; Воҳид дар дасти ӯ аграном шуда кор мекунад, ҳар ду ба ҳам тифоқанд. Бо вуҷуди ин Хуррамов мӯйсафедро бад мебинад… Шояд ғалат аст фикри Назар? Мумкин он воқиа аз ёди Хуррамов рафта бошад... Не, кас магар сабаби марги модарашро ба фаромӯшӣ дода метавонад? Ҳаргиз... «Амаки Юф! – гуфта буд вай он рӯз. – Ноодамии шуморо то охири умр дар хотир медорам. Баъди марг... устухонам ёд мекунад!» Бале, ҳамин тавр гуфта буд Султон. Ва то ҳол ин сухани ӯ ҳарф ба ҳарф зинда аст дар ботини мӯйсафед.

– Саломатӣ чӣ хел, амак? – ба тамкин пурсид Хуррамов, баъде ки тӯрхалтаи пур аз себу анори яккачинро ба кампири вай дода, ҳамроҳи Воҳид дар болои кӯрпача нишаст.

– Аз гӯр берун, додар...

– Иштиҳо доред?

Мӯйсафед ба маънии не сар ҷунбонд.

– Ба зӯрӣ бошад ҳам, як чиз-ним чиз хӯред.

– Наметавонам… ҳар чӣ хӯрам, мегардонам. Одам пир шавад, дилу ҷигараш ҳам аз кор мебаромадааст. Худо амонаташро мегирифтагӣ барин.

– Ин хел нагӯед, амак. Шумо ҳоло бақувват, боз сиҳат меёбед, даври набераҳоро мебинед.

– Кошкӣ, – оҳ кашид мӯйсафед, ки ба чашмонаш ашк медавид. – Лекин дареғ, ҳа-а-а, сад дареғ...

Пиразан дастархон кушод.

Хуррамов як-ду пиёла чой нӯшид ва аз нав беморро дилбардорӣ карда, қариб ним соат аз ину он гап зада нишасту:

– Акнун ба ман иҷозат, амак. Зудтар сиҳат шавед, – гуфта, оҳиста бархост.

Воҳид низ барои гусели ӯ аз ҷой хест.

Пас аз он ки дари хонаро бесадо пӯшиданду шарфаи пой ва гуфтугӯи норавшани онҳо аз айвон ба гӯшаш расид, мӯйсафед беихтиёр падари Султонро ба ёд овард. Вай, Хуррами мисгар, як марди хушсурати бақувват буда, гоҳ-гоҳ асптозӣ ҳам мекард. Дар ноҳия ва деҳоти гирду атрофи он ҳар қадар ба саффорӣ ном бароварда бошад, дар човандозӣ низ ҳамон қадар шӯҳрат дошт. Баъзан Султонро ба худ мегирифт ва дар маҳалли бузкашӣ аспи ягон тамошобинро талабида, ӯро ба он ҷонвар савор мекарду як даҳан «ҳушёр бош, писарам!» – мегуфт. Дар лабони бача табассум мешукуфт. Баъд падару писар ба саворони дигар пайваста, ба сӯе асп мемонданд, ки ҳамин ҳоло ходими маърака дар он ҷо бузи сарбуридаро партофта буд ва акнун улоғашро тозиёна зада, худро канора мегирифт.

Хуррам ба писараш дар баробари човандозӣ аз мисгарӣ ҳам ибрат медод. Вале Султон дар ин ҳар ду ҳунар низ ба падараш расида натавонист: ҷанг сар шуд ва Хуррам ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафт. Пас аз якуним сол ба Султон ҳам, ки мактабро хатм намуда, дар калхоз нағз кор мекард, аз камиссариати ҳарбӣ даъватнома оварданд.

Мӯйсафед рӯзи ба аскарӣ рафтани ӯро бармало дар хотир дорад. Зеро Султон... вақте ки саҳарӣ, дар китф кӯлбори бавасла, аз назди дастгоҳи Назар гузашта, ба маркази ноҳия мешитофт, як сари қадам ба ҷои нишасти вай даромада, махсус гуфта буд:

– Ана, ман меравам, амак...

– Медонам, – зуд сухани Султонро бурид ӯ, – сиҳат рафта, саломат баргард.

– Ташаккур. Фақат илтимос, ки...

– Ҳай-ҳай, шунавем.

– Худатон медонед, модарам дер боз бемор. Дар хона қариб ҳеҷ воситаи зиндагӣ нест. Чӣ мешуд, агар...

– Ҳоло хас ҳам дода наметавонам.

– Ман намегӯям, ки фавран диҳед. Фақат... ба ҳафтод рӯзи меҳнатам ҳақ нагирифтаам. Мабодо тирамоҳ, вақти ғаллатақсимкунӣ, фаромӯш шавад гуфта...

– Ин гапи дигар.

– Илтимос, амак, ҳаққи маро ҳатман ба модарам расонед. Худо раҳмашонро хӯрда, то он рӯз сиҳат шаванд, балки худашон омада мегиранд.

– Ту хотиратро ҷамъ дор. Ман ҳамин ҷо бошам, модарат гурусна намемонад. Ғайр аз ин… сари ман чандта, ки ҳаққи аскарро фаромӯш кунам?

Лекин вай, агарчи феълан ҳам ваъдаашро фаромӯш накарда буд, тирамоҳ ҳаққи Султонро ба модараш нафиристод; ҳаққи ӯро ба як ошнои худаш дод. Ҳатто занак дар рӯзи сарди зимистон касалокасал пеши Назар омада, ба қавле мурдаашро партофта, дар домани ҳазор илтиҷо расамати писарашро пурсида бошад ҳам, вай ду-се кило орди ҷавро ба он аёли мӯҳтоҷ раво надид. «Анбор холӣ – ман чӣ кор кунам, аз куҷо ёфта диҳам?» – гуфту монд.

Баъд аз ягон ҳафтаи ин воқиа пойкори деҳа вақти азон дарвозаи Назарро тақ-тақ кӯфта, хабар овард, ки зани Хуррами мисгар шаб раҳматӣ шудааст, марҳумро ба хок супурдан лозим. Назар хоболуд буд, ҳар замон хамёза мекашид. Аз ин хабари нохуш ақалан мижааш хам нахӯрда, ба пойкори пир, ки либосаш аз барф сап-сафед, дар ҳавои сард дандон ба дандон мезад, вай қатъӣ гуфт:

– Худатон гӯру чӯб кардан гиред, дар сари қоқи ман ҳазору як ташвиш. Болои ин... дар деҳа қариб ҳар ҳафтаи худо мурда ҳаст. Ман агар ба ҳамааш равам, кори калхози сабил чӣ мешавад?!

Ва ба зарда дарвозаро сахт баста, бе ҳеҷ парво ба хонааш даромаду то чоштгаҳ дароз хобид.

Аввали баҳор аз Хуррами мисгар хати сиёҳ оварданд. Назар онро аз дасти котиби ҷамоат гирифта, дар дил «зинда баргаштани писараш ҳам гумон», – гуфт ва тамоман осуда гардид, ки мабодо ҳаққи аскарро хӯрдани раис ягон вақт ба гӯши одамони дахлдор расад, дар ҷавоб «ба модараш дода будам», – мегӯяду ҷонашро халос мекунад. Аммо хабари ин ҳодисаи нангин ба гӯши одамоне ки Назар аз онҳо бисёр метарсид, нарасида бошад ҳам, ба гӯши худи Султон расид; вай пас аз тамом шудани ҷанг, гуё барқасди Назар, чӣ хеле ки сиҳат рафта буд, ҳамон хел саломат баргашт...

Мӯйсафед хуб дар ёд дорад: Султон гашти рӯз ба деҳа қадам монду рӯзи дигар, саҳарӣ, дар шасту итоб ба коргоҳи ӯ даромада, як дам дар рӯбарӯяш хомӯш истод. Сипас ду қадам пеш партофта, кафҳои фарохашро ба ду гӯшаи мизи Назар гузошт ва андак хам шуда, ба рӯи вай, ки рангаш канда, дар курсии нимшикаста карахт менишаст, ба танаффур чашм дӯхта:

– Амаки Юф! – гуфт. – Ноодамии шуморо то охири умр дар хотир медорам. Баъди марг... устухонам ёд мекунад!

Назар аз ваҷоҳати ӯ ҳаросида, базӯр аз ҷой хест ва худро ба нофаҳмӣ зада, фарфар гуфт:

– Чӣ гап, Султонҷон? Аввал як вохӯрдӣ кунем. Шаб омадани шуморо шунида, ба дидор рафтанӣ будам, лекин... дастам нарасид. Худатон медонед – ташвиши лаънатӣ раис аз мӯи сараш зиёд.

– Нағз, ки нарафтед. Агар мерафтед, ин поятонро ҳам за­да, ланги ду дунё мекардам. Раис, а!

– Дурусттар фаҳмонед: чӣ воқиа рӯй дод? Барои чӣ шумо аз ман хафа?

– Намедонед?

– Аз куҷо донам...

– Худатонро гӯлу гумроҳ нишон надиҳед! Ҳозир шуморо дар ҳамин ҷо хобонда, ба шиками дар тахтапушт часпида­атон сад лагад занам, ту дидӣ, ман надидам мегӯеду ба ягон кас ҳатто даҳан намекушоед. Чунки гуноҳатонро хуб медонед. Охир, модари ман мурда бошад ҳам, ҳоло дар деҳа одамони аз беинсофии шумо бохабар бисёр!

– Ҳой, Султонҷон, ман дар пеши шумо ягон гуноҳ надорам. Аз аҳволи раҳматӣ модаратон тез-тез хабар мегирифтам. Ҳаққи меҳнататонро-ку аз будаш зиёдтар карда, ба ана ин китфам партофта, – Назар ба китфи чапаш ишора намуд, – то хонаатон худам бардошта бурдам. Модаратон агар зинда мебуд, гувоҳ мешуд... Ҳама вақт кошкӣ он ҷавони ҷавҳараш пок саломат баргашта, кулбаи меросиашро обод мекард гуфта, ба умед раҳ мепоидам. Наход имрӯз мардум ба ҷои некиҳои маро расондан дар гӯши шумо гапи дигар хонда бошанд? Ноинсофҳо, шохчабандҳо...

– Худатон шохчабанди номусулмон! – бештар дарғазаб шуд Султон. – Ман акнун шуморо беозор ба як идора мебарам. Ана дар ҳамон ҷо мефаҳмонед, ки бечора модари ман аз гушнагӣ нею ба аҷали худаш мурд.

Ӯ Назарро аз гиребонаш гирифта, ба кӯча кашола кард.

Ҳамин дам аз куҷое Воҳид пайдо шуду ин ҳолро дида, ба гардани Султон часпид. Вай, ки аз Султон чор-панҷ сол хурд буд, гириста:

– Қурбонатон шавам, акаҷон, ба падарам нарасед, як бор аз гуноҳашон гузаред, – мегуфт. – Ман ҳамаашро медонистам, аз хонаамон дуздӣ-дуздӣ ба модаратон нон бурда медодам. Аммо фоида надошт, дардашон аз ҳад гузашта буд. Он кас ҳар дафъа нони ман бурдаро худашон нахӯрда, ба дигар беваю бечораҳо мефиристоданд. Гуфтам-ку: ман ҳамаашро медонистам. Ман ҳеҷ вақт ин кирдори падарамро намебахшам. Лекин шумо нарасед, як бор аз гуноҳашон гузаред.

Султон суст шуда, гиребони Назарро сар дод ва мисле ки туф мекарда бошад:

– Кошкӣ раги ҳамин бача ба шумо барин махлуқи ғаданг на­мекашид! – гуфту сархам роҳи хонаашро пеш гирифт.

«Ман ҳеҷ вақт ин кирдори падарамро намебахшам», – пи­чирос зад мӯйсафед ва ночор аз худ пурсид, ки магар ӯро дар коре гунаҳкор донистани фарзанд равост. Оё гапи ҳамон рӯз гириста, ба Султон гуфтаи Воҳид рост буд? Вай то ҳол дар ҳақиқат он беинсофии падарашро набахшидааст?.. Чӣ лозим, акнун ба дарди кӣ даво мешаванд ин чуну чароҳо! Ӯ бояд аз худаш гила кунад. Модом ки дар давоми умраш ақалан як маротиба ба қафо, ба аъмоли савобу носавобаш назар наандохт, ба чумчаи банавбат будани ҳаёт бовараш наомад, имрӯз ғайр аз пушти даст газидан дигар илоҷ надорад. Зеро умеди зиндагӣ, он чумчаи банавбат, ҳоло аз дасти мӯйсафед бебозгашт рафтааст. Ҳоло вай дар панҷаи дигарон – масалан, дар дасти Султон...

Замоне Турон-тракторчӣ дар як маҷлис «аз даматон фуроед, мӯҳтарам Ҷобиров. Зиндагӣ чумчаи банавбат, имрӯз дар ихтиёри шумо бошад, пагоҳ дар ихтиёри каси дигар», – гуфта, эҳтимол ҳамин рӯзи Назарро пеши чашм дошт? Ҳар оина... гапи Турон рост будааст. Зиндагӣ агар чумчаи банавбат набошад, баъдтар оё ҳашт калхозро якта карда, ба дасти Султони бесару бекас месупурданд? Тавба! Назар дар он маҷлис ба гапи Турон-тракторчӣ дар лаб заҳрханд гӯш медоду «аҳмақ будаӣ ту зоташ паст, – мегуфт дар дил. – То даме ки худо маро бандааш мехонад, давр меронам. Рафту ягон рӯз аз аспи амал фуроям ҳам, пул ки дорам, ғам намехӯрам. Ту ба ман кордор набош; ту бемалол носатро кашида, дар ҳамон трактори шалақ кашола шуда гаштан гир!»

Вале имрӯз мӯйсафед нохост фаҳмид: дар зиндагӣ ҳам Турон ва ҳам они дигар, ки ӯ аҳмақашон меномид, аҳмақ набудаанд; худаш соф аҳмақ будааст. То кунун пай намебурдааст, ки тамоми умр аз ҳар кирдори бадаш бе мулоҳиза чашм пӯшида, буду шуди хешро ба доми фиреб андохтааст. Инчунин вай эҳсос намуд – агар ҳоло дарди дилашро ба ягон кас нагӯяд, ё ҳеҷ набошад, аз ягон нафари онҳое ки дар ҳаққашон бадиву бахилӣ карда буд, узр напурсад, дар гӯраш ҳам дигар ором гирифта наметавонад.

Ба хона писараш даромад.

– Рафт? – пурсид мӯйсафед, нигоҳашро аз ӯ гурезонда.

– Ҳа-а... – гуфт Воҳид.

– Барои чӣ ин қадар зуд?

– Саросема буд, кораш бисёр.

– Хайр... Турон-тракторчӣ дар хонааш бошад?

– Намедонам.

– Рафта як хабар гир, писарам. Бошад... гӯй, ки аҳволи падарам бад, шуморо мепурсанд.

– Хуб.

Воҳид дар тавозӯъ аз хона баромад.

Мӯйсафед ба ҷониби кампираш, ки такя ба девор дода, пакару андешаманд менишаст, назари хоҳиш давонд. Пиразан нигоҳи ӯро ҳис кард ва гӯё садои ногаҳоне хаёлашро бурида бошад, бесаришта як ҷунбид. Пас гӯшу ҳуш гардида, ба мӯйсафед чашм дӯхт.

– Ҳамон халтачаро ин ҷо биёр.

– Кадом?.. – нафаҳмид пиразан.

– Дина дода будам.

– Гӯр ҳушам шавад, фаромӯш кардаам, – гуфт ӯ ва бархоста, аз таҳмон, аз қати қолини зери кӯрпаву кӯрпачаҳо, як халтачаи чармихомии равғанхӯрдаро, ки даҳонаш маҳкам баста буд, базӯр гирифта, назди шавҳараш монд.

– Шин...

Пиразан оҳиста нишаст.

Мӯйсафед банди халтачаро кушоданӣ шуда, фурсате ҷунбуҷӯл дошт. Аммо натавонист: ангуштони хушку бемадораш ба вай итоат накарда, барги бед барин меларзиданд. Ниҳоят аз он даст кашид ва гуфт:

– Кушо...

Дина мӯйсафед дар азоб аз ҷогаҳаш хеста, ҳамин халтачаи бадрамонандро аз сӯрохии гӯшаболори анбор, ки худаш чанд сол пеш барои пинҳон доштани баъзе «чизҳои дар рӯзи сиёҳ даркораш» махсус кофта буд, берун оварда, ба кампираш дод. Ва ба нигоҳи суоломези ӯ ҷавоб гардонд:

– Рафту пагоҳ қарзи бандагиро ба ҷо гузорам, инро ба Воҳид супор; гӯй, ки бисоти падарат, насиби ту будааст.

...Пиразан халтачаро кушода, ба маънии «боз чӣ кор кунам?» - аз шавҳараш чашм намеканд.

– Холӣ кун.

– Дар болои гилем?!

– Бале.

Пиразан халтачаро холӣ кард ва амиқ як оҳ кашида, аз нав дар ҷояш нишаст.

Мӯйсафед ба ду даста пули бино монда, ба риштаи ғафс бастаи яктааш фақат панҷоҳсӯмаву дигараш биступанҷсӯма, чанд ангуштарину дастпонаи тилло ва соати кисагии қадима, ки сарпӯшаку занҷираи нозук дошта, низ тиллоӣ буд, фурсате назар дӯхта, бадард андешид: аз соҳибони ин ангуштарину дастпонаҳо, ки ҳар кадомашро вай дар замони ҷанг ба ивази ду-секило ғалла, ё худ ду-се газ карбос ба чанг оварда буд, ҳоло аксарият дар қайди ҳаёт нестанд. Қисми зиёди ана ин ҳашт ҳазор сӯм низ ҳаром аст.

Барои чӣ Назар пештар намедонист, ё донад ҳам, фикр намекард, ки одамизод дар роҳи охираташ ба ду дасти холӣ меравад?

«Ту бемағзӣ, – гуфт ба худ мӯйсафед. – Дина ин чизҳоро ба кампират супурда, ҳушёр фармудӣ, ки пас аз маргат ба Воҳид диҳад. Лекин наандешидӣ – онҳо ақалан як бор ба дардат нахурданду оё ба дарди писарат рӯзе даво мешаванд? Не албатта... Ту фаромӯш кардаӣ, ки моли ҳаром вафо надорад, – мегуфт ҳатто падарат».

Вай ба пиразан нигарист ва низ оҳ кашида, ба хоса таъкид фаҳмонд:

– Соатро дар таки болинам мон. Дигарашро ғундор. Баъд аз сари ман ихтиёри ин чизҳо дар дасти ту, дар дасти писарат... Ҳар чӣ хоҳед, кунед. Худат медонӣ-ку: ҳамааш моли ҳаром!

Сипас чашмонашро пӯшиду ба беҳузур шудани дилаш эътибор надода, аз думи хаёле рафт, ки ҳоло Турон-тракторчӣ пайдо шавад, ӯ дар бораи он воқиаи нохуш чӣ тавр гап мекушояд. Вай як одами феълаш тез. Оё ранҷида, ба мӯйсафед дар дами вопасинаш гапи сахт намегӯяд? Оё дарди дили ӯро мефаҳмад? Мефаҳмад, ки Назар аз тариқи ин кори худ барои ҳама гуноҳи дигараш низ узр пурсиданист?..

Вақте ки Воҳид ҳамроҳи Турон-тракторчӣ ба хона даромад, мӯйсафед дастонашро дар рӯи сина болоиҳам гузошта, ба чашмони ҳамчунон пӯшида ором мехобид. Чеҳрааш карахт ва бағоят хунук буд. Кас агар аз нафасгирии номураттаб канда-канда дамидани сари сина ва баробари он қадре ларзидани куртаи қаймоқсуфи ӯро намедид, яқин гумон мебурд, ки гармӣ пайкари табоҳи мӯйсафедро кайҳо тарк намудааст.

– Гузаред, амак, – гуфт Воҳид, ба Турон-тракторчӣ аз пешгаҳ ҷой нишон дода.

Мӯйсафед, агарчи ба хона даромадани онҳо ва зуд ба по хестани кампирашро ҳис кард, мисле ки маҳз овози писарашро шунида, нав аз хоб бедор шуда бошад, баъди як-ду дақиқа чашм кушод. Ва нигоҳи беифодааш ба нигоҳи ҳолпурси Турон-тракторчӣ бархӯрда, аз болин сар бардоштан хост. Аммо мадораш нарасид.

– Наҷунбед, ҳамсоя, наҷунбед, – гуфт дилсӯзона Турон-тракторчӣ, ки дарҳол зону зада, акнун дар кӯрпачаи назди бемор менишаст.

– Хуш омадед...

– Хушвақт бошед!

Турон-тракторчӣ як мӯйсафеди ситорагарми миёнақад ва шонапаҳн буда, дастони дароз-дарози бақувват ва ба онҳо мувофиқ кафҳои фарох дошт. Бурути сап-сафеди ғафс ва абрувони мошубиринҷи вай ба рӯи кулчаи гандумгун ва пешонии баландаш, ки дар он якта-нимта чини борик мехобид, мутаносиб буданд. Чашмони мешии нармнигоҳаш ба дараҷае зинда ва чеҳраи ҳанӯз серобаш то андозае дилкаш метофтанд, ки агар «ҳамин мард шаступанҷсола», – гӯянд, ба ҳеҷ ваҷҳ бовари кас намеомад. Ӯ баъди сӣ соли тракторчигӣ... ниҳоят панҷ сол муқаддам ба нафақа баромада буд. Ҳарчанд ҳамон вақт инҷониб гашта ба трактор нанишастааст, мардум то ҳол Турон-тракторчӣ мегӯянд мӯйсафедро. Баъзан вай дар ҳайрат мемонад: чаро бисёр тракторчиҳои навбаромадро фалон-тракторчӣ, ё дур наравад, писараш Аъзамро, ки пешаи ӯ низ чанд сол боз ҳамин аст, Аъзам-тракторчӣ намегӯянду номи Туронро ҳатман ба иловаи собиқ касбаш ба забон меоранд?

Сабаб – вай дар музофот аввалин шахсе буд, ки мактаби механизаторҳоро хатм намуда, нахустин трактори аз маркази вилоят хоса барои калхоз омадаро аз истгоҳи роҳи оҳан, қариб аз ҳаштод километр гузари носози дара... худаш ҳай карда овард. Он замонҳо ҳамин Назар, мӯйсафеди ҳоло дардманд, раиси хоҷагӣ буд. Дар он айём агар номаш калхоз як трактор дошта бошад, баобрӯ ҳисоб меёфт. (Дуруст аст, ки баъдтар, аз байн соле гузашта ё нагузашта, азбаски хоҷагиҳо бисёр хурд буданд, дар ноҳияи онҳо низ эмтээс ташкил гардиду Турон ба трактораш дар ихтиёри он сохтор монда, пас аз чанд сол, баъди аз байн рафтани эмтээсҳо, боз ба калхоз баргашт.) Акнун хоҷагиҳои давлат дигар шудаанд, – фикр мекард ӯ, – одамон барин... Имрӯз як калхоз аз як ва ҳатто аз ду ноҳияи пештара бақувваттар аст: мошину трактораш ҳисоб надорад. Гоҳо худи вай, ки гуфтан мумкин молу мулки хоҷагиашонро нағз медонад, ҳисоби мошину тракторҳои онро гум мекунад. Бале, дар замонаш гапу кор дигар буд, акнун дигар шудааст, хеле тағйир ёфтааст. Бо вуҷуди ин Туронро мардум то алҳол Турон-тракторчӣ мегӯянд.

– Тавба кардам ба даргоҳат, худоё! Тавба... – маҳзун нолид мӯйсафед.

Турон-тракторчӣ дар тараҳҳум ба вай чашм дӯхт.

– Ҳарчи сабукед?

– Як навъ, ҳамсоя... Ба ҳамин дами додааш шукр, – гуфт мӯйсафед ва пас аз фурсате канда-канда илова намуд: – Воҳидҷонро ба талабатон фиристодам... Омадед, сарам ба осмон расид.

– Бе ин ҳам худам гузашта, ба шумо чорта чақ-чақ карданӣ будам, ки усто Салим ҷеғ зада хонааш бурд; кори зарур доштааст. То аз он ҷо баргаштам… бевақт шуд.

– Ман аз шумо ҳазор маротиба розӣ. Лекин... чӣ гӯям? Сад дареғ, ки дигар дили бутун надорам. На чақ-чақ карда метавонам, на ҳазлу шӯхӣ...

– Оқибати ноумедӣ хуб не, ҳамсоя. Худо хоҳад, боз ба по мехезед. Дарди ҷонвар ба тани кас дурӯза меҳмон. Беҳуда нагуфтаанд: одамизод дар як пӯст чанд бор фарбеҳу чанд бор лоғар мешавад.

– Ҳамин тавру...

Мӯйсафедро сурфа гирифт. Баъде ки сурфааш монда, андак нафас рост кард, вай хост ба Турон-тракторчӣ бигӯяд: «Ин дард ба тани ман дуру дароз меҳмон шуд. Акнун то маро ба хок набарад, намерафтагӣ барин. Хайр, дигар тобу тавон ҳам надорам, вақташ расид...» Вале мӯйсафед, ки мақсадаш ҳар чи зудтар рози дил шикастан буд, инро гуфта натавонист. Ба ҷои ин, агарчи худаш медонист, пурсид:

– Олимов аз ноҳияи мо соли чандум рафт?

– Кадом Олимов? – нафаҳмид Турон-тракторчӣ.

– Ҳо-о ҷӯраатон буд-ку, котиби райком... Шаб хоб бинам, ҳамон одам, сару либосаш сап-сафед, дар кадом боғи калон мегаштаасту ба ман нигоҳ карда, мулло Назар, биёед ба боғи мо, кӯчида биёед, ҳо ана он кулбаро ба шумо медиҳем гуфта, як чордевори валангорро нишон медодааст. Ман розӣ набошам ҳам, маҳкам аз дастам гирифта, не нагӯед, мулло Назар, акнун фурсати ҳамсоягӣ расид гуфта, маро ба зӯрӣ тарафи он чордевор мебурдааст... – Вай давоми ин хобашро, ки худи ҳозир, то барои аз Олимов гап кушодан восита шавад, беибо фикр карда бароварда буд, ба забон оварда натавониста, муддате лаб лесид. Баъд канда-канда гуфт: – Олимови котиби райком... Ба хонаатон бисёр меомад. Хато накунам, парерсол ҳам шуморо хабар гирифта буд. Ба хаёлам то ҳол рафтуомад доред, а?

– Ҳа-а, – сар хорид Турон-тракторчӣ, ки ба рӯяш сояи таассуф мелағжид. – Олимов аз ноҳияи мо... соли чилум рафт.

– Душанбе рафта буд?

– Бале, – акнун лаб газид ӯ. – Қариб ҳафт сол дар ҳамин ноҳия раҳбарӣ кард. Шумо он вақтҳо раис будед. Дар хотиратон бошад, раҳматӣ... аз барои кор ҷонашро дареғ намедошт.

– Раҳматӣ гуфтед?!

– Ҳа, порсол вай аз олам гузашт.

– Э афсӯс! Одами калон шуда рафта буд, а?

– Ҳа-а, калон... – нимғурма ҷавоб гардонд Турон-тракторчӣ. – Хоксор буд, ба ҳама баробар буд.

– Ғам нахӯред, ҳамсоя, ин дунё ҳамин хел бевафо!

Мӯйсафед лаб фурӯ баст.

Акнун Турон-тракторчӣ ҳам чизе намегуфт.

Воҳид ғамгин менишаст.

Хонаро як хомӯшии гарон фаро гирифта буд. Онро фақат номураттаб нафас кашидани мӯйсафед, ки гоҳо чашмони тирааш беҷо мешуданд, халалдор месохт.

Турон-тракторчӣ, дилаш аз зикри Олимов ба фиғон омада, дар зери сукунати сарди хона беихтиёр он бегоҳирӯзи анҷоми соли сиву серо, ки ба ӯ шинос шуда буд, пеши назар меовард. Аз чӣ бошад, вай ин воқиаро ғайр аз рӯзи вафоти Олимов дигар ҳеҷ гоҳ ёд накардааст.

– Ман аз ҳамон ҷӯраатон мудом хавф мебурдам. Раҳматӣ… ба ман намепухт, лекин одами нағз буд, – гуфт мӯйсафед, хеле зӯр зада. – Шумо ба вай, агар хато накунам, соле ки... уу-ф... аз Даҳбед трактор меовардед, тифоқо шинос шудед.

– Рост, тасодуфан...

...Дар як рӯзи зимистони охири ҳамон сол, вақти бомдод, ӯ савори аробаи кирокаш раҳи Даҳбедро пеш гирифт. Ҳаво хунук буд, чаппаву роста барф меборид. Дар болои сар тунд­боди сахт ғуввос зада, ба устухонҳои кас кора мекард. Бо вуҷуди ин аспҳои ҷавмаст, ки ёлу думашон тадриҷан шӯша мебастанд, гӯё аз дами сармо халосӣ ҷуста, аробаи шалақро дар ҷадал пеш мебурданд.

Турон гашти рӯз ба Даҳбед расид. Баъди соате дар як идораи он ҷо – ҳоло дар хотир надорад, ки вай кадом сохтор буд, – ҳуҷҷатҳои тракторро тахт карда, дар назди оташдон каме гарм шуд ва аз ноне ки ҳамроҳ оварда буд, нимтаашро ба як коса оби хунук хӯрда, ними дигарашро аз таки чакман боз ба миён басту аз майдони кушоди дуртар аз истгоҳи поезд тракторро гирифта, фавран қафо гашт.

Ӯ аз мобайни дараи пурбарф ба эҳтиёт «аспи оҳанин» меронду аз хурсандӣ дар куртааш намегунҷид. Дастони бақувваташ аз ғояти ҳаяҷон буд, ё аз тазйиқи сармо... ноаён меларзиданд. Воқиан, чаро ба изтироб наояд? Вай акнун савори ин трактори девбанд мустақил замин меронад. Дар як рӯз камаш кори даҳ-дувоздаҳ ҷуфт барзагавро бемалол ба сомон мерасонад. Танҳо худаш...

Дар чунин хаёлҳо Турон қариб чоряки масофаро тай карда, ногаҳон ба мошине вохӯрд, ки чархҳои ақибаш ба мағоки пурлой дармонда буданд. Бори мошин баланд; дар назди он ду нафар парешон меистоданд. Аз гӯшаҳои чодари сиёҳи обнагузар, ки дар болои мошин кашидаанд, ҷо-ҷо асбобу анҷоми рӯзгор ба назар менамуд.

Турон тракторро нигоҳ дошта, чобук ба замин фуромад.

– Чӣ шуд?

Яке аз он ду нафар – дар қиёс ронанда – рӯҳ гирифта, акнун ҷавоб гардондан мехост, ки шарикаш, марди чарминапӯши пуррапайкар ва баландқомат, аввал барои вохӯрдӣ даст дароз карда, пас ба тамкин гуфт:

– Ана аҳволамон – илоҷи баровардан нест, ду соат боз ҷон меканем.

– Мебарорем, – табассум кард Турон.

– Мо ҳам аз дур шуморо дида… мегуфтем, ки то қавли ёрӣ надиҳад, гузаштан намемонем, – низ дар табассум калла ҷунбонд чарминапӯш.

Турон мошинро як давр зад ва чашмаш дар кабина ба зани кӯдакдоре афтида, аз дил гузаронд, ки эҳтимол бечораҳо дар ин сармо хуб азоб кашидаанд.

– Оилаатон? – ба кабина ишора намуда, дилтанг пурсид ӯ аз ҳамон мард.

– Бале, писарчаам, модараш...

– Мебарорем! – такрор кард Турон.

Мард ба завқ хандид.

Турон дар бари ронанда истода, симтаноби мошинро ба трактор баст. Пас аз он ки вай маторро ба кор андохт, дар як савқи табиӣ аз умқи ҷигар «ё Алӣ!» – гӯён тракторро ҳай кард. Мошин ду-се бор канда-канда ғуридаву такон хӯрда, чархҳояшро аз чанги мағок озод канда гирифт ва аз қафои трактор кашола шуда, понздаҳ-бист қадам пеш рафт.

Турон тракторро нигоҳ дошт.

Мард тохта назди ӯ омад ва кию чикора буданашро пурсида, ҳамчунон дар табассум:

– Насиб бошад, минбаъд паҳлу ба паҳлу кор мекунем, – гуфт. – Ман шуморо ҳатман меёбам.

Сипас қафо гашта, ҷалд ба мошин савор шуд; дар пушти кабина рӯи чодар нишаста, дарҳол гиребони чарминаашро бардошт.

– Ташаккур, бародар! – ин овози ронанда буд.

Вай симтанобро аз трактор кушода гирифту даста карда, ба чангакҳои шохмонанди пеши мошин баст ва кафҳои хунукхӯрдаашро ба ҳам совида, дари кабинаро боз намуд… Мошин пас аз дақиқае ба раҳ даромада, аз паҳлуи трактор, ки Турон зуд дар ҳаракат оварда буд, гузашта рафт. Мард аз болои он як лаҳза ба ҷониби ӯ даст афшонд.

Чанд ҳафта баъд... рӯзи истироҳат, қариби бегоҳ, ҳамон марди чарминапӯш ва ҳамин Назар ногаҳон дар ҳавлии Турон пайдо шуданд.

– Дар хотиратон бошад, ваъда карда будам, ки шуморо ҳатман меёбам. Ана ман... – гуфт мард, дасти шахшӯли Туронро самимона фишурда.

– Хуш омадед!

Вай онҳоро, чеҳрааш сидқан шукуфон, ба дари меҳмонхона ҳидоят намуд.

Турон-тракторчӣ аз худи айёми ҷавонӣ Назарро хуш намекард. Он бегоҳ низ аз ҳузури ӯ дарун-дарун табъаш мекоҳид; бо вуҷуди ин сир бой надода, ҳурмати ана ин меҳмон гуфта, хурсанд обу ош фармуд.

Чарминапӯш як марди батааммули нармсухан баромад. Турон ҳамон шаб фаҳмид, ки вай котиби нави кумитаи ҳизби ноҳия Олимов буда, он рӯзе тифоқо дар миёни дара вохӯр­данд, оилаи худро гирифта, аз шаҳр ба ин ҷо кӯчида меомадааст. Минбаъд... ситораашон пайванд ёфт магар, онҳо ба ҳам аҳди дӯстӣ баста, аз ҳоли якдигар зуд-зуд хабардор мешуданд.

Боре дар хонаи Турон-тракторчӣ ба дасти кадом нохалаф буд, ки як ҳодисаи бисёр паст рӯй дода, ӯро дар пеши Олимов мулзаму хиҷолатманд кард; замин накафид, ки дарояд. То ҳол вай он саҳари тобистонро дар тасаввур орад, гиребонашро дошта, ба худ мегӯяд: «Агар фарзанди бани одам ба кӯи бахилӣ афтад, рафту дар қасди ба пои касе табар задан бошад, аз ҳеҷ қабоҳат – қабоҳате ки ҳатто дар тасаввур гун­ҷиданаш душвор, рӯй наметофтааст. Ман, охир, ҷави киро хом даравида будам, ки ба чунин номардӣ аз дӯстам ҷудо кардан хостанд? Аҷаб, худои карим ба яке дил додааст, ба дигаре пораи санг...»

Он воқиа дар фасли тобистон ба вуқӯъ пайваст. Бале, вақте ки Олимов (ҳамон шабу рӯз баъзеҳо дар ҳаққи ӯ «мерафтааст, ба шаҳр... ба мансаби калон мерафтааст», – гӯён пичир-пичир доштанд) тахмин пеш аз як моҳи дар Душанбе ба кор таъин шудани худ дар кадом ташвиш ба калхоз омаду бегоҳ, азбаски торикӣ фуромада буд, бозпас ба маркази ноҳия нарафта, дар хонаи вай, дар тахтакати саҳни ҳавлӣ хоб мекард... Турон субҳи содиқ аз хоб хеста, дар замини рӯидарича юнучқа медаравид, ки ногаҳон Олимов ӯро аз ҷогаҳаш ба овози паст ҷеғ зад. Досу як қабза юнуч­қаи дасташро ба сӯе монда, Турон зуд дар назди кат ҳозир шуд.

– Либоси ман нест...

– Ҳазл накунед, – бовараш наомада, гуфт ӯ ҳайрон.

Олимов ба такяи тахтакат ишора намуд.

– Ҳамин ҷо буд, лекин ана, гум...

Турон ба гирду пеш чашм давонд ва дар ҳақиқат либосҳои ӯро надида, ҳуш аз сараш парид; лоҷарам рангаш канд, ҳатто ларзид кам-кам. Хаёлаш, ки замин аз таки пояш рафта, дунё дар назараш торик шуд. Вай беҳол ба як гӯшаи кат нишасту гиребонашро маҳкам дошта:

– Тавба! – гуфт.

Пас аз лаҳзае парида аз ҷой хест.

– Шояд бачаҳо алалэҳтиёт...

Турон суханашро ба охир нарасонда, саросема хона даромад; занашро пурсид, бачаҳояшро пурсид, вале... маъюс ва дасти холӣ баргашт.

– Хафа нашавед, – ба шонаи ӯ даст ниҳод Олимов. – Гуноҳи шумо чӣ?.. Ба ақидаи ман ин кори ягон одами разил, касиф. Мақсадаш дар байни мо ихтилоф андохтан... – Вай сар ба болин гузошта, пешониашро каме молид. – Лекин кист ҳамон нохалаф? Хайр... ҳар кӣ бошад, беҳуда кӯшидааст.

– Наход аз ғазаби худо натарсад! – нидо кард оҳиста Турон, дар он саҳари ба фикраш бефайз… нахустин бор рост ба чашмони дӯсташ нигариста.

Аммо ин сухани зоҳиран ороми ӯ дар асл фарёди пурнафрини шахсе буд, ки сахт таҳқир дида, дар ҷавоб гардондан ба чунин кирдори номардона лоилоҷ мондааст.

Олимов даст афшонда, гуфт:

– Дилатонро хун накунед, дӯстам. Садқаи сар... Аз чӣ хиҷолат мекашед? Баръакс хурсанд шавед, ки дар ин дунё як одами шуморо бад медидагӣ ҳел-ҳел гаштааст.

Ҳарчанд сухани охирини ӯро дуруст нафаҳмид, Турон қадре ба худ омад.

– Дар кисаатон ҳуҷҷат набуд?

– Не, – хандид Олимов. – Аламаш камтар... Хайр, ба гузашта салавот. Ягон пӯшоки зиёдатӣ дошта бошед, биёред… ман хезам.

Турон як шими обшуста, ҷома ва калӯш овард.

– Акнун кӣ карду куҷо кард гуфта шиштан фоида надорад. Вақт ғанимат, аспро савор шуда, зуд хона равед. Аҳволро ба модари бачаҳо мулоим фаҳмонда, сарулибоси маро гирифта биёед. Лекин эҳтиёт бошед, ки аз ин ҳодиса ҳеҷ кас пай набарад, – гуфт Олимов ва ҷомаро ба китф партофта, вазнин поини ҳавлӣ рафт.

Ҳангоме ки либосҳои ӯро ба хӯрҷин андохта, Турон аз маркази ноҳия табъаш ҳамчунон хира бармегашт, дар назди идораи калхоз ба Назар рӯбарӯ омад.

– Ҳа, Туронбек, ин хел... аспи Олимовро савор шудаед?

Чашмони муғулиаш сарднигоҳ ва беқарор, Назар ҳар дам ба соқи мӯзаи худ асабӣ қамчин мезад.

Турон ба вай чӣ ҷавоб дод, ҳоло дар хотир надорад. Фақат ҳаминро медонад, ки гап ба гӯшаш намедаромад, шитоб дошт. Бинобар ин ҳатто лаҷоми аспро накашида, аз пеши Назар беэътино гузарон шуд.

– Об, оо-б... – нола кард мӯйсафед.

Хаёли Турон-тракторчӣ қатъ гардид.

Воҳид фавран об овард ва сари падарашро беозор дар кафи даст бардошта, лаби пиёларо ба лабаш бурд. Вале мӯйсафед бидуни як қулт дигар нӯшида натавонист; чанд қатра оби ба гулӯяш нарафта аз кунҷи лабони борик ва бехуни ӯ таровида, дар байни тораҳои ришаш гум шуданд.

– Ҳамсоя, – гуфт Назар, боз сар ба болин ниҳода.

Ин лаҳза Турон-тракторчӣ тахмин мекард, ки шаб аз нисф гузаштааст.

– Ҳамсоя, – гуфт такроран мӯйсафед.

– Лаббай, – ба бемор назари суол дӯхт Турон.

– Медонед шуморо ман барои чӣ ҷеғ задам? – пурсид ӯ ва ҳамоно, чунон ки кадом узви баданаш сахт ба дард омада бошад, рӯяшро каҷ карда, дуру дароз хомӯш монд. Баъд забонаш гирифта-гирифта, худ ҷавоб дод: – Не, ҳам-м-м-соя, на-ме-е-до-нед. Ма-а-ан дар наз-ди шу-мо... бо-оз ҳа-мон...

Мӯйсафед акнун ба чашмони пур аз ваҳм дар ҷогаҳаш беҳол ҷунбида, монанди оруе ки нохост ба кадуи холӣ ғалтидааст, беист ғинг-ғинг мекард. Вай чӣ мегӯяд, фаҳмидан мушкил буд.

Рангаш сап-сафед канда, Воҳид ҷаста аз ҷой хесту ба китфи падараш даст бурда, саросема ва ба овози ларзон такрор ба такрор пурсид:

– Додо, чӣ шуд? Додо... чӣ шуд, додо?

Кампири мӯйсафед ангушт газида, чун як чӯби хушк рост меистод. Аз чеҳраи пурожанги дардмандаш ғайр аз ифодаҳои аранг намоёни таҳайюр дигар чизе хонда намешуд.

Овози Воҳид ҳамчунон меларзид:

– Додо, чӣ шуд? Додо...

«Бечора, аз забон монд», – ақида кард Турон-тракторчӣ ва дасти Воҳидро гирифта, ба тамкин гуфт:

– Гузаред, додарам, дар ҷоятон шинед. – Сипас ба тарафи модари ӯ, ки ҳолаташро тағйир надода, чашмонаш бефарқ, гаранг ба шавҳараш менигарист, рӯй овард. – Камакак пахта диҳед.

Пиразан як қад парид ва инак ба ҷои ангушт лаб газида, чун соя бесадо ба пешгаҳ гузашт. Вай фақат ҳамин дам ба ҳасрат пай бурд: даҳшати кайҳо боз дар пушти дар интизор, ки пиразан ҳар рӯз нафаси сарди онро шунида, зуд-зуд метарсид, охири охирон зада ба хона даромадааст.

Турон-тракторчӣ пахтаро дар пиёла тар карда, ба ҳалқи мӯйсафед об чаконд. Аммо вай ба маънии «лозим не» сар ҷунбонд.

– Ором бошед, ҳамсоя, натарсед… Мегузарад.

Мӯйсафед ба Воҳид чашм давонда, ба имову ишора болини худро нишон дод. Лекин писараш хоҳиши ӯро нафаҳмид. Мӯйсафед паҳлу гашт; дасташро ба зери болин бурда, соатро оҳиста гирифт. Баъд фурсате ба рӯи Турон-тракторчӣ такдор нигариста, онро ночор дар наздаш монду гоҳ-гоҳ, то ки диққати ҳамсӯҳбаташро сари вақт ба соат ҷалб кунад, дар ҷогаҳ ҷунбида, ангуштон ва чашму абрувонашро ба ҳаракат оварда, қариб ним соат гап зад.

«Ман дар пеши шумо гунаҳкорам, – мегуфт ӯ ба Турон-тракторчӣ. – Як замонҳо дар ҳаққатон бад карда будам. Сабабгори ин ҳамон ҷӯраатон Олимов... Барои чӣ вай ба Турон, ба як тракторчии равғанолуд созу ба мани раис не? – гуфта, шабу рӯз дарунамро мехӯрдам. Чандин бор гӯсфанд кушта, гарданам каҷ, ӯро ба хонаам таклиф кардам. Лекин ҳар дафъа ягон баҳона ёфта, намеомад бачамард. Ҳа-а, одами зирак буд Олимов, маро бисёр бад медид...»

Мӯйсафед аз чеҳраи ороми Турон-тракторчӣ чашм наканда, боз ба худ мегуфт, ки «вай ба ғурунг-ғурунги фосиладори ман гӯш диҳад ҳам, чизе намефаҳмад». Бо вуҷуди ин ба умеде ки шояд соатро шинохта, аз рӯи ҳавлиаш гум шудани сарулибоси Олимовро ба ёд орад, суханашро идома медод. Ӯ намедонист, ки Турон-тракторчӣ ҳеҷ гоҳ он соатро дар дасти Олимов надидааст, ё дида бошад ҳам, дар хотир нигоҳ надоштааст.

«...Ҳамон рӯзи охирин маротиба ба калхоз омаданаш низ ман ба Олимов гуфтам, ки як дам дар хонаам меҳмон шавад. Аммо вай «ташвиш накашед», – гуфта, бегоҳ дар пеши назарам ба ҳавлии шумо рафт. Ин кораш ба ман аз сад калтак сахттар расида, тамоми шаб хобам набурд. Ҷогаҳ бароям кафан шуда, нафасам тангӣ мекард. Шайтони раҷим аз сари китфам нафуромада, беист дар гӯшам мехонд, ки наход ту баробари ҳамон тракторчии ифлос қадр надошта бошӣ! Наход нону оши ту ҳаром бошад! Агар орият дорӣ, агар мардӣ, бихез, ту ҳам иззати нафси онҳоро ба таки по андоз, ҳеҷ натавонӣ, ба хонаи дӯстиашон футур расон!.. Ҳамин хел мегуфт, ҳамсоя, шайтони лаин. Ва ман ба гапи вай даромада, аҳмақ шудаму рӯз сафедӣ назада, аз канори боғ ба ҳавлиатон гузашта, сарулибоси Олимовро дуздидам. Аз кисааш ана ҳамин соати тилло ва камтар пули майда баромад. Ман бовар доштам, ки баъд аз ин воқиа худатон дар маломат монда, муносибати ҳар дуи шумо ҳатман вайрон мешавад. Вале чунин нашуд. Ҳатто рӯзи дигар як зоти дар гапкашӣ беустухонро ба кор андохта, аз хонаи Турон-тракторчӣ сарулибоси котиби райкомро дуздидаанд... гуён дар деҳа овоза паҳн кунондам. Боз... агарчи як дафъа ба Олимов гӯё дар омади гап «кори нағз нашудааст. Турон ҳамин хел одат дорад, ба таваккал худаш таҳ задагист», – гуфтам, низ фоида набахшид. Вай фақат рӯй турш кард ва ба ман халонда, иғвогарӣ кори одами сиҳат не, раис… гуфту норозиёна даст афшонд. Хулоса, шумоён боз ҳамон дӯстони қарин будед... Хайр, аз пушаймонӣ чӣ суд акнун? Хубаш... ҳоло ин соатро гиред, ҳамсоя; соати Олимов ин! Ягон вақт гузоратон ба Душанбе афтад, ба фарзандонаш мерасонед. Ҳазор дареғ, ки либосашро супурда наметавонам; нест либосаш. Ман онро пас аз як соли дуздии худ дар бозори шаҳр ба хоки сиёҳ иваз кардам...»

Вай аз нав ба Турон-тракторчӣ соатро нишон дод.

«...Гиред, ҳамсоя, гиред. Аз гуноҳам гузаред. Агар тавонед, розӣ шавед аз мани беимон. Як зарра бошад ҳам, аз ин дунё хотирҷамъ рафтан мехоҳам. Гиред, ҳамсоя, то метавонед, розӣ шавед...»

Турон-тракторчӣ гоҳ ба мӯйсафед, ки нури беҳоли чашмонаш тадриҷан хомӯш мегардид, ва гоҳ ба писару кампири ӯ, ки ҳар кадом ба таври худ дар таҳлука буданд, назари суол мепартофту маънӣ бурда наметавонист, – чаро вай ин қадар бетоқат шуда, маҳз соатро гаштаву баргашта нишон медиҳад?

Мӯйсафед ҳолатро фаҳмида, ба имову ишора боз чанд дақиқа ғурунг-ғурунг кард ва базӯр соатро гирифта, хост ба кафи дасти Турон-тракторчӣ гузорад. Вале он аз байни ангуштони борикаш, ки акнун ба ӯ итоат надоштанд, дар партави чароғи шифт хуш ҷило дода, ба рӯи гилем афтид. Мӯйсафед як бор сахт нолиду дигар лаб накушод. Фақат ин ки чашмони фурӯнишастаашро зич пӯшида, хаш-хаш нафас мекашид.

Турон-тракторчӣ ҷонсарак шуда, ба ҳалқи мӯйсафед каме об чаконд; соатро аз болои гилем бардошта, ба дасти Воҳид қапонд.

Вай онро бурда, беэътино ба пештахтаи тиреза монд.

...Мӯйсафед, чунон ки аз тарс бошад, тахмин ду соат пас чашм кушода, мутаҳайир ба сақфи хона нигарист. Пилкҳои заб-зардаш андак париданд. Баъд... аз байни лабони ба ҳам ҷафсаш як садои пасти ҳазин берун омад, ки на ба нафас монанд буд, на ба оҳ...

«Даргузашт, ҷояш ҷаннат шавад», – гуфт дар дил Турон-тракторчӣ.

Кампири мӯйсафед, ки аз ин ҳодиса гӯё тарсида, лаҳзае чанд ҷунбида наметавонист, мисли гунги мудом дам назада, ба Турон-тракторчӣ як пора суф дароз кард. Вай онро гирифта, манаҳи ҳамсояи деринаш Назарро ба эҳтиёт баст. Сипас ба пилки дидаҳои бози ӯ, ки мамлу аз ифодаҳои ҳайрату пушаймонӣ шах шуда буданд, мулоим даст бурд. Аммо ҳарчанд ду-се бор кӯшид, чашмони полудаи мӯйсафедро пӯшида натавонист.

«Ё тавба! – нохост марги дӯсташ Олимовро ба ёд овард Турон-тракторчӣ. – Вай, раҳматӣ, худаш ду дидаи ба назар ҳанӯз бинояшро баста буд. Мегӯянд, ки чашми майит кушода монад, аломати аз дунё норозӣ рафтанаш... Боз мегӯянд, ки аксар вақт дидаи одами қалтабон... Наход ҳамин гап рост бошад?»

Баъд пилки чашмони саҳлнам ва торики мӯйсафедро молида-молида, дар як азоб нимкора пӯшиду аз сари болини ӯ оҳиста бархост.

Пиразан наменамуд.

– Додо, додоҷон... – мегирист Воҳид.

– Гиря накунед, додар. Марги падару модар мерос, – гуфт Турон-тракторчӣ ва дақиқае хомӯш монда, илова намуд: – Хезед, тараддудатонро бинед, ман рафта пойкорро меёбам.

Вай кӯча баромад. Ранги шаб парида, гирду атроф ором ва ҳаво салқин буд. Дар машриқ, аз канори осмони алҳол сияҳфом, дар байни ситораҳои сард ва тиратоб… як ахтари калони оташин танҳо дурахшида, ба замин наздик менамуд.

«Ситораи рӯз», – гуфт ба худ Турон-тракторчӣ ва лаҳзае ба он чашм дӯхт.

Ҳамин вақт аз ҷониби кӯҳ боди сарсарии тирамоҳ вазида, ба рӯи вай нофорам расида гузашт. Гузашту нури кавкаби дурахшон низ, чун чароғе ки дар раҳи шамол мондааст, як авҷ карда, зуд нопадид гардид; атроф ториктар шуд.

«Сабил... ситораи корвонкаш не... корвонкуш будааст, фиреб хӯрдам, ҳоло субҳ надамидааст», – аз дил гузаронд Турон-тракторчӣ ва мӯйсафедро, ки дар ин ҳангом аз хотираш рафта буд, боз ба ёд оварда, ногаҳон дар сараш хаёле ҷасту ҳайратомез гашта ба осмон нигарист: дар он ҷо акнун ситораҳо тобонтар буданд.

Ба ӯ чунин намуд, ки аз як ҷиҳат зиндагии Назар... ё Домуллои ланг ба дурахши назарфиреби ахтари корвонкуш шабоҳат дошт. Лекин аз кадом ҷиҳат, – Турон-тракторчӣ дар ин хусус фикр накард. Аниқтараш... фикр кардан нахост ва тез-тез қадам партофта, ба тангкӯчае даромад, ки то манзили пойкор мебурд. Вай раҳ мепаймуду торафт дилаш фишурда мешуд. Бечора мӯйсафед... Баъд дар мадди назараш сурати гарми Олимов падид омад. «Ҳар кӣ бошад, беҳуда кӯшидааст», – ме­гуфт ӯ, хаёлманд пешониашро молида.

«Рост, беҳуда! Ситора... ситораи фиреб», – пичирос зад Турон-тракторчӣ, хотираш парешон, дар миёни торикии танг­кӯча сабук даст афшонда.

Вай тадриҷан ба ҳавлии пойкори деҳа наздик мешуду фарқ карда наметавонист, ки дилаш дар ёди кӣ ин қадар реш аст ва аз барои чӣ ҳоло чашмони дар асл тезаш ба ғафлат хира гардида, пеши пояшро дуруст намебинанд.

 

1973

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.