Равшани МАХСУМЗОД

Печать

НАСР ДАР МАҶАЛЛАИ «САДОИ ШАРҚ»

 

Боиси хушбахтист, ки нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – «Садои Шарқ» бо масъулияти баланд ҳар моҳ пайваста нашр мешавад ва асарҳои тозаэҷоди шоиру нависандагони тоҷик ва хориҷиро ба табъ мерасонад. Дар соли 2015 «Садои Шарқ» ин рисолати худро ба таври шоиста анҷом дод. Дар дувоздаҳ шумораи моҳнома чор роман, ҳашт қисса, нӯҳ ҳикояи адибони тоҷик пешкаши хонандагон гардид. Инчунин тарҷумаи се ҳикояи нависандагони хориҷиро ба нашр расонд. Аз ҷумла дар як шумора ҳикояи адиби Сербистон Родислав Братич «Куҷо меравӣ, Мӯсо?» (тарҷумаи Юнус Юсуфӣ), нависандаи Булғористон Ангел Каралийчев «Одамони беинсоф» (№11, тарҷумаи Саидмурод Расулӣ), адиби Мари-Эл Юрий Артамонов «Гунг» (№10, тарҷумаи Сипеҳр Ҳасанзод) чоп шуданд.

Ин, ба андешаи мо кам аст. Ба хотири бо дастовардҳои адибони кишварҳои ҳамсояву ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва ҷаҳон шинос намудани хонандагон кормандони маҷалларо лозим аст, ки дар ҳар шумора ҳикояеро аз осори онон ба табъ расонад. Инҷо интихоб муҳим аст, на ин ки ҳар чи рост ояд, хуш ояд. Бояд беҳтарин ҳикояҳо дар тарҷумаи тарҷумонҳои варзида ба табъ бирасанд. Барои дарёфти ҳикояҳои адибони дигар кишварҳо метавон аз шабакаи интернет ва сомонаҳои адабӣ истифода кард.

Дар шумораи чоруми маҷалла романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод «Дар ҳасрати кори ҳалол» пешкаши хонандагон гардид. Тавре аз номаш пайдост нависанда дар асари хеш ҳалол кор кардан ва ба ин васила луқмаи ҳалол хӯрданро талқин мекунад, ки дар ҳама давру замон ин мавзуъ мавриди таҳқиқи адибон қарор гирифтааст. Ҳалол зистан! Душвор аст ин кор дар муҳити носозгор, бо одамони дасту дилашон нопок, чоплусу хушомадгӯй ва манфиатҷӯ барои қаҳрамони марказии роман Ҳомиди Қудрат. Атрофиён ӯро намефаҳманд ва дар ҳайратанд, ки чаро вай ба дигарон монанд будан намехоҳад ва беҳуда ҷони худу аҳли оилаашро дар азоб мемонад. Воқиа дар солҳои шастуми қарни гузашта сурат мегирад.

Ҳомиди поквиҷдон наметавонад худашу дигаронро фиреб диҳад, виҷдонаш ӯро намегузорад. Бинобар ин, дар тӯли фаъолияти худ нӯҳ маротиба истеъфо медиҳад, ки он солҳо ва ҳозир ҳам дар мо расм набуду нест. Ва ҳамаи воқиаҳои роман дар атрофии ана ҳамин хислати инсонӣ, яъне ба ҳаромкорию ҳаромхӯрӣ созиш накардан, аз пеши худ ташаббусе ба миён андохтану дар ҳама масъала фикри собити худро доштан чарх мезанад. Ҳомиди Қудрат дар кадом идораи рӯзномаю маҷаллае кор мекард, мехост қолаби кӯҳнаро бишканад, барои беҳбуди кор навоварие ворид созад. Аммо ҳамеша дар ин роҳ танҳо мемонд ва ба нофаҳмии роҳбарону ҳамкорон дучор меомаду чун нишони эътироз истеъфо медод. Қаҳрамони марказии роман ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешавад, аммо якрӯ ва сарбаланд мемонад дар ҷомеа. Роман фишурда, аммо омӯзанда аст ва бояд «Садои Шарқ» ба нашри чунин асарҳо бештар аҳамият бидиҳад.

Дар ду романи дигар, ки маҷалла дар соли гузашта ба табъ расонид, мавзуи ҷанги шаҳрвандӣ, ки бадбахтона солҳои 1992-1997 ба вуқӯъ пайваст, ба тасвир омадааст. Бояд зикр кард, ки дар хусуси он даргириҳо то ҳол нависандагони мо сухани худро ба таври бояду шояд нагуфтаанд. Ҳарчанд то имрӯз чанд роману қисса ва ҳикояҳо ба нашр расидаанд, аммо хонанда аз нависандагони мо тадқиқи жарфтари ин масъаларо чашмдор аст.

Абдулҳамид Самад китоби дуюми романи «Гардиши девбод» - ро ба ёди шаҳидони озурдарӯҳи ҷанги шаҳрвандӣ бахшидааст. Чанд сол пеш мо аз тариқи «Садои Шарқ» китоби аввали романро мутолиа карда будем. Муааллиф онро ба ёди алами сӯзон ва азияти бепоёни ҳамдиёрон дар солҳои таъқибот ва ҷанги Олмон бахшида буд. Дар маҷмуъ роман аз ҳаёти қариб садсолаи мардуми тоҷик қисса мекунад ва дар он бисёр фоҷиаҳое, ки ба сари мардуми мо чун девбод фурӯ рехт, ба қалам дода шудааст. Идораи маҷалла ва ё худи муаллифро лозим буд, ки дар оғози китоби дуюм пешгуфторе оид ба китоби аввал менавиштанд то хонандагони ноогоҳ аз муҳтавои қисми аввали роман огоҳ бишаванд. Абдулҳамид Самад воқеан ҳам нависандаи чирадаст аст ва ҳунари нависандагии ӯ дар романи мазкур рӯшантар ба ҷилва омадааст. Забонаш фасеҳу равон ва пурҷозибаю ширадор, саршор аз мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ва тасвирҳои хотирмону  ҷаззоб аст. Аз ҳар ҳарфу ҳиҷои асар нидои афсӯсу надомат ва таассуфи муаллиф аз кирдорҳои разилонаи фарзандони ноаҳли ба дасисаи дигарон гирифторшуда, ки нисбат ба якдигар таҳқиру ҳақорат, куштору хонасӯзиро раво дидаанд, ба гӯш мерасад. Абдулҳамид Самад кӯшидааст аз рафтору гуфтор ва кирдори қаҳрамонони хеш  ин фоҷиаи миллиро бозгӯ намуда, сабабҳои ба вуқуъ пайвастани хунрезиҳоро ба қалам диҳад. Қаҳрамонони мусбати асар аз қабили мӯйсафедон Дилёбу Раҳмат, Ҳакими Афлотуну кампири Зикамоҳи рӯзгордида, Насими муаллим, Нураливу Хусрав ва дигарон аз ин даргириҳо ангушти ҳайрат газида, мехоҳанд ба як суол посух биёбанд, кӣ моро ба ин рӯз расонд? Сабабгори куштору ғорати мардум кист? Эшон дар маъракаю вохӯриҳо байни ҳам чунин суҳбатҳо мекарданд: «Чи шуд, ки якбора бандаи дасиса шуда, ҳамдигарро бегонаву душман эълон кардем? Ба ин тарафу он тараф, болоиву поинӣ ҷудо намудем… Бехирадӣ, ҷаҳли мураккаб ҳамин аст. Наход авбошҳои аҷнабиро пулу тиру туфанг дода, ба шикори ҳаммиллатон фиристед! Ин доғи сиёҳ, ин хиёнатро кӣ ба худ раво мебинад?».

Нависанда кӯшидааст ба ин восита мардумро аз оқибатҳои фалокатбори ҷудоиандозиву мансабталошӣ, зиёдаравию хурофотпарастӣ ва ҷангу низоъ ҳушдор диҳад.

Ҳамчунин дар «Гардиши девбод» аз фоҷиаҳои бузурги дар тӯли таърих ба сари миллатамон омада сабақ нагирифтани мо, тоҷикон, гӯшзад мешавад. «Баномусу ватанхоҳ мебуданд, пойтахтҳои бо хуни дилу ҳазорон орзуву умед сохтаи бобоҳомон, шаҳрҳои ободу заминҳои паҳновар муфт аз даст мерафтанд. Молу ҷавлонгоҳи аҷнабиён мешуданд? Ба ин дараҳои тангу домони кӯҳҳои саросар санг аз куҷо омада ҷо гирифтем?» - Чунин аст хулосаи муаллиф аз забони яке аз қаҳрамонҳои роман. Ва мо нашри пурраи романи «Гардиши девбод»-ро дар саҳифаҳои маҷалла ба нафъи кор арзёбӣ мекунем.

Дар романи «Шаҳрбону» устод Сорбон масъалаи доғи рӯз - нашъаҷаллобӣ ва пайомадҳои фалокатбори онро, ки боиси бадбахтию хонавайронӣ, куштору хунрезӣ ва вайронии ахлоқи инсонҳо мегардад, ба қалам додааст. Роман таркиби мураккаб дошта, ба услуби хоси нависанда иншо шудааст. Воқиаҳо дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Варзоб ва Панҷакат сурат мегиранд. Дар оғоз муаллиф оқибати барои одамони меҳнаткаш ногувори пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ, тамаъҷӯии табибон, проблемаҳои соҳаи маориф, таълиму тарбия, минакорӣ шудани марз ва душвор гаштани рафтуомади одамон ба кишвари ҳамсояро ба қалам додааст. Нависанда чанд нафар беморонро, ки яке аз Тавилдараву дигаре аз Кӯлоб, сеюмӣ аз Ваҳдат ва чорумӣ аз Панҷакатанд, дар як ҳуҷраи беморони саратон ҷамъ овардааст, ки «барои худ маҳфиле ороста, ҳаргуна қиссаву саргузаштҳо бофанд, лек лаҳҷаи якдигарро хуб нафаҳманд…».

Қаҳрамони асосии роман Шаҳрбону аз рӯйи ҳавову ҳаваси ҷавонӣ ба Калонхон ном ҷавони булҳавасу нашъаҷаллоб дил бохта, ҷабру ҷафои зиёде мебинад. Масъалаи нашъаҷаллобӣ, ки чун вабои аср имрӯз ҳатто ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, хати сурхи сюжети роман маҳсуб меёбад. Нависанда ба ин дарди бедаво мубтало гаштани Калонхон ва ҷавононе амсоли ӯро дардмандона қаламдод кардааст.

Нависанда ба марги пуразоби Калонхон ва ҳамдастааш, ки Шаҳрбону ва Санҷарро таъқибкунон дар марзи кишвари ҳамсоя ба мина бармехӯранд, таъкид бар он дорад, ки инсон дар ин дунё ҳар бадие мекунад, барои худаш мекунад ва охири кор ҷазо мегирад. Калонхони ба сари худиҳо муштзӯру нописанд дар дами марг аз тарси ба дасти марзбонони ҳамсоя наафтидан ҳама хатои хешро мефаҳмад. «Баробари камону афтомат пеш дошта омадан онҳоро хеле ҷоҳил дид ва кирдорҳои ношоистаи худу ҳамроҳонаш пеши назар омад; яқин кард, ки ҳама азобу ранҷу тороҷи ба дигарон раво дидааш ӯро хоҳад баргашт, тири барои Санҷар нигоҳ доштаро ба худ хоҳад зад: чандон азоби сахт накашида, ангушти пойҳои сиҳат ба куланг расонида, пас тела дод ва ширлик кард. Тир чандон садое набароварда, аз паси гардан баромада ба замин фурӯ рафт»…

Дар шумораи дуюми маҷалла порае аз романи Мирзо Насриддин «Оташ дар хонаи қадим» ба табъ расидааст, ки мавзуи он Инқилоби Бухоро ва барпо гаштани ҳокимияти шӯравӣ дар ин қаламрав аст. Дар асар ҷанбаи публитсистиаш зиёдтар аст ва яқин муаалиф аз бойгониҳо зиёд истифода карда. Аммо забонаш костагиҳо дорад. Масалан, «Пётр андешаманд қадам зада гуфт: Фрунзе дар ҳақиқат болшевики ленинӣ менамояд», «Ӯ чеҳраи гирдаи осиёӣ дорад», «Фикр кард, ки он гурезогурезию азобҳои дар мусофирӣ кашидааш беҳуда будаанд. Инҳо то Сибираш накунанд, ором намегиранд», «Аспашро ҷафси шиғдевор ронда  фарёд зад», «Ҳангоми дородор моро дар ҳаммом ҷо карданд-ку, борон буд».

Дар соли сипаришудаи 2015 жанри қисса низ дар моҳномаи «Садои Шарқ» аз ҷойгоҳи вижа бархӯрдор буд.

Дар «Балогардон» ном қиссаи Анвар Мирзоҳакими Олим, (шумораи се), дар баробари тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятиву иҷтимоӣ, коста гаштани меҳру муҳаббати инсонӣ, ривоҷи муносибати хешу таборӣ, падарию фарзандӣ, боло рафтани ҳирси молу дунёпарастӣ ва амсоли онҳо ба қалам дода шудааст. Муаллиф кӯшидааст дар муносибати амаки Шодию писаронаш Нуриддин, Салимҷон ва дӯсти ӯ Шафқатҷон, мӯйсафедони деҳа: Салимбойи тоҷири носерам, раиси ҷамоат ва дигарон нишон диҳад, ки ҳирси пулу мол ва дунёпарастӣ инсонро ба пастиҳо мебарад, батадриҷ инсонгариро дар вуҷуди одам нест мекунад. Дар оғоз нависанда бо овардани афсонае вобаста ба макрӯҳ намудани дарё гӯшзад мекунад, ки кас бояд ҳамеша бо табиату дороии он дар ҳамоҳангӣ бизияд. Дарё рамзи покии ахлоқи инсонҳост, ки агар он бад бошад, дарё аз маҷрояш берун шуда, ҳамаро шуста мебарад.

Аммо дар ин қисса симои яке аз қаҳрамонони асосӣ – амаки Шодӣ норавшаниҳо дорад. Вай дар аввал ба назари хонанда шахси ростқавл ва ба ҳама ноадолатиҳо оштинопазир ба зуҳур меояд. Салимбойи тоҷир мехоҳад дар ҷойи қабристони кӯхна, ки танҳо қабри падари амаки Шодӣ боқӣ мондааст, бӯстонсаро бисозад ва барои розигии амаки Шодиро гирифтан раиси ҷамоатро ба назди ӯ мефиристад. Мӯйсафед мутлақо розӣ намешавад. Аммо вақте ба ивази мошин писараш Нуриддин шабона қабри бобояшро вожгун намуда, рӯзи дигар мошинсавор меояд, ягон аксуламале нишон намедиҳад. Хуб буд, агар барои ислоҳи ин камбудҳо қабл аз чоп муаллифро огоҳ мекардем. Ва ин асар боз ҳам нуктаҳои баҳсталаб дорад. Масалан, пешакӣ барои худ қабр кандани амаки Шодӣ ва дар он гӯрондани писараш Салимҷон боварибахш нест. Дар тоҷикон расм нест, ки кас қабри худашро канда монад. Ҳамчунин ба Нуриддин: «ту дар хонаи хушдоманат хонадомод шудӣ, акнун ба ҳавлии падарат ҳақ надорӣ, мо онро ба каси дигар медиҳем» - гуфтани раиси ҷамоат низ ба ҳакиқат рост намеояд. 

Дар шумораи даҳуми маҷалла қиссаи Ато Мирхоҷа «Сагоҷак» ба табъ расидааст. Қисса воқеӣ буда, порае аз ҳаёти муаллиф ва хотираҳои овони бачагии ӯст, ки ба забони шево иншо шудааст. Ато Мирхоҷа шоири шинохта аст. Вай бо таълифи ин асараш собит сохт, ки дар навиштани қиссаю ҳикоя низ дасти расо дорад. Мавзӯи қисса бисёр муҳим буда, проблемаҳои иҷтимоӣ: - хизматрасонии бади тиббӣ, тамаъҷӯии табибон, болоравии нархи дору ва кисаи тиҳии беморон, аз дасти сагони дайду ба дод омадани одамон ва ғайраро баррасӣ мекунад. Муаллиф зимни аз неши дандони саг ҷароҳат бардоштани худ воқиаи дигареро ба ёд меорад, ки овони бачагии ӯ дар деҳа рух додааст. Ин хати сюжет вобаста ба саги газандаи амаки Кабӯтаршост. Нависанда дар қисса муносибати инсонро ба ҳайвоноту табиат бозгӯ карда, баъзе проблемаҳои Бадахшони замони шӯравиро бо танз ба қалам додааст. Масалан, аз ҷониби Идораи ҳифзи табиати вилоят барои таҷриба аз Сибир овардани сагҳои гургмонанд, ки моли мардумро туъмаи хеш мегардониданду паронданашон мамнӯъ буд ва ё олиме барои корҳои пажӯҳишии хеш як навъ мӯрро ба Боғи ботаникии Помир меорад, ки аз нафаси он дарахтони бед хазон мешаванд ва ғайраҳо.

Танзи нишонрас, ки мо дар асарҳои устод Фазлиддин Муҳаммадиев бештар вомехӯрем, дар ин қиссаи Ато Мирхоҷа низ дида мешавад. Вақте ки муаллифро саг мегазаду вай лангон-лангон ба хона меояд, ҳамсараш дарро кушода дарҳол мегӯяд, ки медонам туро саг газид, бинобар ин ҳозир дар даромадгоҳи хонаамон хеле ак-ак карда рафт. Муаллиф аз ин чунин хулоса мекунад: «Бисёр дидаам, ки ронандаҳо одамеро бо мошинашон зер мекунанду ба ҷойи ёрӣ расондан ба ҷабрдида гурехта пинҳон мешаванд. Аммо саг чӣ рафтори наҷибонае кардааст: аҳли оилаамро огоҳ намудааст, ки ба ман ёрӣ расонанд».

Қиссаи «Достони  Роғун»-и Шералӣ Мӯсо дар шумораи нӯҳ ба табъ расидааст. Дар зери сарлавҳа таъкид шудааст, ки қисса мухтасаран чоп мешавад. Ин иштибоҳ аст. Зеро агар имконият маҳдуд бошад, порае аз қиссаро чоп мекунанд, на мухтасар карда. Ҷанбаи публитсистии достон хеле зиёд аст ва бештар ба жанри очерк шабоҳат дорад. Дар он аз мақолаҳои рӯзномаҳои давр оид ба сохтмони НБО Роғун, суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Котиби генералии СММ Пан Ги Мун доир ба ин сохтмони бузург иқтибосҳо оварда шудааст.

Қиссаи ҳуҷҷатии «Шаҳчинор»-и Диловари Мирзо (шумораи панҷ), ки ба ҳиҷрати мардуми кӯҳистон ба водии Вахш, ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши раиси номдор Имоми Машраб бахшида шудааст, низ мансуб ба асари публитсистӣ аст. Ҳамчунин соли гузашта дар маҷалла қиссаи «Асрори Хоҷамӯъмин»-и Абдулҳамид Самад, ки барои наврасону ҷавонон ҷиҳати расидан ба қадри хоку оби диёр, дӯстдорӣ ва ҳифзи табиати он нақши муҳим мебозад, «Рангҳо»-и Абдулқодир Раҳим, «Ахтари тобон»-и Маҷид Салим оид ба рӯзгори ибратбахшу фаъолияти маърифатомӯзии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба табъ расиданд.

Чизи хондании дигар, ки дар соли 2015 маҷалла ба табъ расонд, ёдномаҳои устод Гулназар таҳти унвони «Дилам гуфту ман гуфтам» аст. Ин асар моро бо хулқу хислат ва рӯзгори ибратбахши адибони маъруфамон устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ибод Файзулло, Лоиқ Шералӣ, Аслам Адҳам, Қутбӣ Киром, Махсум Олимӣ, оҳангсоз Фаттоҳ Одина, санъаткорон Устову Масто ошно мекунад.

Қиссаи воқеии Раҷаб Мардон «То ба охир ҷоми дасташро нахӯрд» низ ёдномаест аз овони ҷавонию донишҷӯӣ, кору пайкор ва зиндагии шоирони зиндаёд Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва  устод Лоиқ.

Жанри ҳикоя низ дар «Садои Шарқ»-и соли 2015 ҷойгоҳи хоссе дошт. Ҳикояи хуби адабиётшиноси шинохтаамон устод Худоӣ Шарифзода «Фирори Баҳромбег» дар шумораи ҳашт ба табъ расид, ки аз ҳаёти Баҳромбег ном ҷавони ғаюр ва рӯзгори мардуми Ҷорф ном деҳаи ноҳияи Дарвоз дар арафаи инқилоби болшевикӣ, содагию дилсофии мардуми ин деҳи кӯҳистон ва муносибати онҳо ба инқилобу мардуми рус ва фирори ишон аз «тарси кофир шудан» ба Афғонистон ҳикоя мекунад. Забони ҳикоя ширину ширадор буда, гӯиши гӯшнавози мардуми Дарвоз низ баҷо истифода шудааст.

Дар шумораи панҷум «Модари бачакуш» ном ҳикояи Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо ба табъ расид. Муҳтаво ва забону тарзи баёни ин асар низ ибратбахш аст.

Шераки Ориён дар ҳикояи «Шохчае, ки ба қаламча бадал биёфт» ду масъала – беҳадаф назистан, яъне ба манфиати ҷомеа хидмат кардан ва ҳифзи муҳити зистро дар образи шохчае, ки ба қаламча табдил ёфту мехост барои кори хайре истифода шавад, аммо орзуҳояшро бачаи беҳунаре барбод дод, ба қалам додааст. Ҳикояи дигари ӯ «Дукон» бозгӯи мақоли «Моли падар хоҳӣ, касби падар омӯз» аст, ки аҳамияти тарбиявӣ дорад. Аммо дар ин навишта баъзе ҷумлаҳо таҳрир талабанд: «Паррандагони сари шоха ваҳмида парида рафта буда», «Баргони ларзони дарахтон ҳамчу лабони касе, ки дами вопасини зиндагӣ меларзанд, шувваси нолишдор мебароварда» ва ғайра.

Дар шумораи ҳафт ду ҳикояи Юнус Юсуфӣ «Дӯлона» ва «Ҳуҷҷат» ба табъ расидааст. Ҳикояи Бароти Абдураҳмон «Омӯрзиш ва ниёиш» (№12) бахшида ба бузургдошти оила, посдории урфу одат ва расму русуми бобоӣ, тарбияи фарзанд ва ҳикояҳои хурди Маҷид Салимро ба табъ расонидааст, ки хонданианд.

Ҳикояи «Гаҳворатобут»-и қаламкаши ҷавон Одили Нозир гувоҳи он аст, ки ӯ қалами хуб дорад, забонаш низ бад нест ва метавон оянда аз ӯ ҳикояҳои хубу хонданиро умедвор шуд.

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.