Парда ҲАБИБ

Печать

ДАР ҶОДАҲОИ ШЕЪРИ НАВ

 

“Садои Шарқ” асолат ва расоии шеъри тоҷикро ҳифз намуда, муқаввои он чун девор рӯёрӯи сели назми беруҳу умумӣ қарор дошту дорад.Бахусус имрӯз низ ин нашрия дар густариш ва мавқеи шоиста пайдо намудани шеъри нобу нави тоҷикӣ ва ҷойгоҳи арзандаи он дар доираи назми форсизабонон хидмат мекунад. Яъне, роҳу равиш ва самти фаъолияти маҷалла муайян ва мушаххасу равшан аст. Осори шоирони маъруфу навовари мо, ки дар қисмати назми “Садои Шарқ” соли 2015 ба табъ расидаанд, асосан мутобиқ бар ҳамон иқтизову меъёрҳое баргузида шудаанд, ки ишора шуд.

Дар шумораи аввали маҷалла шеърҳои Низом Қосим таҳти унвони “Насими сабзи меҳрат ёд бодо, ёд...” ба шеъри тозаи сол ҳусни оғоз бахшидааст. Шеъри “Модар” бо баёни равшану таъсиргузори маъниҳои амиқ дар мавзӯи меҳнати сангини модар аст, ки ба хотири рангинии ҳаёти фарзанд мекашад, воқеан тоза ва дилнишин аст, ҳар сатру байту бандаш бо мазмуни дилрасу ҳарфи нишонрасу равон хотирмону шавқбарангез аст.

 Агарчи гоҳ –гаҳ бехеш гарми иддао ҳастем,

 Бақои мо ҳамин бошад,

 Ки дар оғӯши пурнури ту ҷо ҳастем,

 Ҷаҳонгарду ҷаҳонгири ту аз як каф дуо ҳастем.

 Дар порчаи зер дар ҳаммонандии “дилсардем” - “рӯсардем”, “ҷонсардем” табиию тоза аст.

 Агар як дам

 сари таъзим бар гармии дил,

 бар ҷони гарми ту наовардем,

 Агар сад оташу сад оташин бошем,

 Агар сад ахтари чархи барин бошем,

 Дар ин даҳр рӯсардем,

 дилсардем,

 ҷонсардем.

Умуман, дар ин шеър тобишҳои нави маъноию услубии вожаҳо ва ибораҳо зуҳур намуда, фазои тозаву беолоиши рӯҳониеро пешорӯи хонанда боз мекунанд. Ҳар банди шеър бо маъниҳои бесобиқа ва бо тобишҳои тозаи вожаҳо гуфта шудаанд :

 Аё модар,

 Аё дар баҳри қисмат шуртабоди мо,

 Аё, эй бодбони киштии бахту муроди мо,

 Аё шири сафедат шаҳдбахши комҳои мо,

 Танӯри гарми меҳрат пухтасози хомҳои мо,

 Аё, эй оташи созандаи сӯзон ниҳоди мо,

 Ҷавоби шири покат бод умри покзоди мо

 Ва подоши умеду ормонат-

 дар талоши будан одам-

 ёрии мо,

 ваҳдати мо,

 иттиҳоди мо!...

 “Расми дастонсоз” (ба Саъидии Киёсарӣ) “Мактуби дил” ва “Оина”чун дигар ғазалҳои шоир бо тасвиру мазмуни нав, қофияву радифҳои тоза, ончунонки солҳо дар навсозию мудерн сохтани ин жанр пайгирӣ шудааст, гуфта шудаанд. Ҳар байт бо маъниҳои ҷадид, ибораву таркибҳои бесобиқа фарқ мекунад, яъне ҳеҷ кадом бидуни ковишҳову ҷустуҷӯҳои навоварона рӯи авроқ нарехтаанд:

Бегумон ҳар синну солеро ғамеву ҳасрате ҳаст,

Ошиқӣ, эй давраи бесиннусолӣ, зинда бошӣ.

...Эй ҳилоли гарму рӯшан, сӯи бадриҳо қадам зан,

Ёд овар ҳар шаб аз бадри Ҳилолӣ, зинда бошӣ.

...Хоби беҳабро намебинам дигар дар хоби хуш ҳам,

Дар хаёл, эй хоби бедимедролӣ, зинда бошӣ.

...Эй қади пайваста пеши пастии дунё баландам,

Эй хитобам сӯи дунёи саволӣ, зинда бошӣ.

Аз “Мактуби дил”:

Ёри дили ман будиву маҳбуби дили ман,

Бе рӯи ту бадрӯзам, аё хуби дили ман.

Аз боғи вафо бигзару ҳар барги хазонро

Бо гиря бихон боз чу мактуби дили ман...

Мулло нашуд ин хирси дил, эй войи ману дил,

Ҳарчанд басо хӯрд адабчӯби дили ман.

Аз чанги ту, эй ишқи ман, эй тифлаки маъсум,

Ҳаргиз нараҳад, то накафад тӯби дили ман!...

Ё аз ғазали “Оина”:

Омаду шиновар шуд чун ба оби оина,

Ҳамчу оби рӯд афзуд изтироби оина...

Шуд зи баски оина пур зи ҳусни шодобаш,

Оби шавқ ҷорӣ шуд аз сароби оина...

Як хитоби зебо шуд сӯи пастии дунё

Қомати баланди ӯ дар китоби оина...

Баъд пушти абри хоб рафту хуфт он маҳтоб,

То саҳар аз ӯ саршор монд оби оина.

Шеъри “Хаткашон” бо бозгӯии ҷиҳатҳои ҷолибу дастнохӯрдае, ки рӯзгори аҳли ин пешаро мукаммалтар инъикос мекунад, гуфта шудааст.

Ҳамин гуна мазмуни дилрасу таъбирҳои дилҷӯ шеъри “Меравад зан”-ро музайян сохтаанд. Таносуби сухан дар он табиӣ, зебо ва бамавқеъ, нозук аст:

Эй ки парвози бахт мехоҳӣ,

Мурғи бахт ӯст!

Гарчӣ муштипар аст...

“24-00“ шеърест шаклан ва мазмунан мудерн, бо шакли ғайримаъмулии бандҳову мисраъҳо (бо ҳарфи хурд шурӯъ шудани сатрҳо) баёни фишурда, сохтусози ибораҳо, бо унсурҳое аз шаклҳои нав . Дар шакли “бастапо” ва “раставо” овардани калимаҳои “пойбаста ” ва “вораста”, сатрҳои дувуму сеюмро бо истифода аз тазоду муқобала гуфтани шоир низ аз махсусиятҳои он аст.

Шеъри “Турсунзодавор” таъкиде содиқонаву одилона аз сабки дилнишину мардумошнои устоди бузурги назми муосири тоҷик, турсунзодавор дарёфтану манзур намудани мавзӯъҳои зиндагӣ, ҳаёти мардум ва турсунзодавор ба онҳо ишқу алоқаи самимӣ нишон додан, бахусус дар ин шеър, ки аз бақои муҳаббат ҳарфҳои шуниданӣ, дар ёд доштанӣ ва наву дилнавоз доранд:

Гар набошад ишқи ту, нуру сафои хона нест,

Он муҳити дилнавозу дилкушои хона нест,

Бӯи меҳру бӯи ёрӣ дар фазои хона нест,

Аз тило бошад сутунат ҳам, бақои хона нест!

“Садои Шарқ” дар муаррифию шиносонидани эҷодкорони ҷавону умедбахш пешдаст аст.Чанд намуна аз эҷодиёти шоири хушқареҳа ва ҷӯянда Беҳрӯзи Забеҳулло ва қаламиҳои шоири ҷавон Толиби Луқмон (СШ, 1) дар ин шумора арзиши таваҷҷуҳи бештари аҳли завқ ва баррасиро доранд. Аз Беҳрӯз:

Бе ту чаҳон бад аст, маро хоб мебарад,

Ғаввоси чашмҳои туро об мебарад...

***

Чи шуд, ки рафтиву майлат ба дигар аст, азиз?

Магар ки хотират аз ман мукаддар аст, азиз?

Баландқомати ман! Зеби боғи дилҳоӣ,

Миёни ҷангали дунё санавбар аст азиз...

Аз Толиби Луқмон:

Биё, зиндагонӣ кунем

Фаротар зи ҳадди қавонини вақт

Ва тимсоли худро бурунтар кашем

Аз ин қоби маҳдуду чиркини вақт.

Ашъори Муҳаммад Ғоиб дар шумораи дувуми маҷалла мавқеи асосӣ касб менамояд. Ғазалҳои “Суробҳо” ва “Далел”шояд аз хонанда барои дарки маонии нозук омодагии қаблӣ иқтизо кунанд, вале “Оҳанги ҳасрат” дар ниҳояти равшанию равонӣ эҷод шудааст:

Дар кӯчаҳои куҳна қадам мезанам ҳанӯз,

Дар бомҳо зи лола алам мезанам ҳанӯз...

Ин қомати хамида хам аз машқи кӯдакист,

Дар пеши гӯри модар хам мезанам ҳанӯз.

Шоир муҳаббату садоқати бепоён, масъулияти ватандорӣ, сӯзиши дили дардошнои худро барои ҳар пораи дар тӯли таърих аздастдодаи дилашу ватанаш ба гунае ифодаву баён мекунад, ки вуҷуди хонанда такон мехӯрад, худро ҳамдилу ҳамормони гӯянда эҳсос мекунад.Қаҳрамони лирикиаш ба ҷуз он ки бо зарроти вуҷудаш барои шукуфоии диёри аҷдодӣ, ҳамғамиву ҳамдардиаш бо гулу гиёҳу сангу сафоли куҳан, ҳар парча-парча хоки сарзамин месӯзад, барои худ шарту шуруте пеши касе намегузорад:

Сабз хоки мулки шодӣ низ аз оби нам аст,

Чашми гирён ашки худ тухми табассум мекунад.(Тухми табассум)

Ва:

Муҳаммади ту пухта шуд зи оташи муҳаббатат,

Зи хундилӣ нишонае дар ин кабоб ҳам намонд.(Баҳри хушк)

Устод Бозор Собир (СШ, 3) ба мавзуъҳои худшиносии тоҷикон, созандагии халқу давлати навбунёди миллӣ, сохтмонҳои Неругоҳи Роғун, нақбҳои Шаршар, Анзоб, Шаҳристон, Чормағзак мазмунҳои бузургу тозаи шоирона ворид кард. Бо ин гуна ашъори баланду ноб шоир аҳаммият ва ҷойгоҳи иншооти азими кишварро дар ҳаёти наслҳои имрӯзу ояндаи тоҷикон воқеӣ, хақиқатнигорона ва самимона ва аз дидгоҳи возеҳу равшани шоириву фарзандӣ тасвир сохт.

Дигар баҳор дер намеояд,

Аз теғаҳо намегузарад,

Аз сахраҳо намегузарад,

Рост меояд

Бо нақби Шаршар,

Бо нақби Анзоб,

Бо нақби Шаҳристон,

Бо Чормағзак рост меояд...

Ё ин байт:

Дар симчӯбаш

Замбӯруғи лампа мерӯяд...(Дигар баҳор дер намеояд)

Рубоиёти Камол Насрулло (СШ, 4)идомаи ҷустуҷӯҳои борвари шоир аст, ки дар дигар анвои шеър анҷом медиҳад. Ташбеҳот, таҷнис, истиороти истифоданамудаи шоир байтҳову сатрҳоро шодобу муаттар месозанд. Яке аз вижагиҳои рубоӣ равонию дилчаспии он ва мазмуни барҷаставу таъсиргузораш ба дили хонанда аст. Метавон гуфт, ки дар рубоисароӣ тамоми ҳунару маҳорати шоир хулоса мешавад ва равшан мегардад.Ин навъи шеър аз солҳои 60-70-уми асри сипаришуда рӯҳи нав ёфт, шоирони барҷастаи мо ба он авҷи тоза бахшиданд. Аммо, дар баробари ин, намунаҳое хеле зиёд пайдо шуданд, ки аз лиҳози сатҳу кайфият поинанд, хеле поин. Яъне, онҳо аз ҷониби нозимон гуфта шуданд, на шоирон. Хуб шуд, ки шоире муваффақ мисли Камол Насрулло дар ин жанр истеъдод ва тавоноии қалами хешро собит кард. Инак чанд мисолу намуна аз рубоиёти зебои шоир:

Дар оинаи рӯи ту дидам худро,

Бар нақши қадамҳои ту чидам худро.

Бо нола ба сахра рӯд худро овехт,

Дар нолаи зори ӯ шунидам худро.

 

Як умр дилам аз ин ҳақиқат реш аст,

Ҳар лаҳза гумону шубҳа дар мо беш аст.

Некуии мо зи мо қафо мемонад,

Нафси бади мо ҳамеша аз мо пеш аст.

 

Озор макун, маро бурун аз оз ор,

Пар-пар бизанам чу мурғаке дар паргор.

Овехта бо ҳукми азал шуд сари ман,

Дар ҳалқаи як оҳ чу дар ҳалқаи дор.

 

Аз қомати рост як асо бо ман монд,

Ҳавво чу зи мо рафт, ҳаво бо ман монд.

Онон ки ба аҳд ҳамдили мо буданд,

Рафтанд ҳама, фақат Худо бо ман монд.

Раҳмат Назрӣ шоирест, ки дар мавридаш аз вожаҳои куҳани пурҷилои мардумӣ дар эҷодиёти худ истифода мекунад. Бозёфтҳояш дар ин ҳолатҳо мадюни чунин таҷрибаҳост. Дар ин дастаи ашъори ӯ низ (СШ, 4) асари заҳмати шоириаш аён аст. Кӯтоҳнависӣ ва фишурдабаёниаш дар қариб ҳамаи жанрҳои мавриди истифода қарор додааш, аз ҷумла чорпораҳои пешинаи шоир қобили таваҷҷуҳ аст, аммо барои ин гуфтаҳояш бештар аз ғазалгунаҳо баҳра гирифтааст ва бо мазмуну оҳангҳои иҷтимоӣ. Дар чорпораи “Шаҳр ҳам дарёст” сарнавишти шаҳри муосир, шароиту вазъи ҷадиди зиндагии шаҳриёнаш, печутобҳои рӯзмарраи ҳаёти онҳо акс меёбанд:

Шаҳр ҳам дарёст, як дарёи шӯрошӯр,

Ғарқ дар сели дамони ашки шӯри хеш...

Шоир овоҳои ҷудогонаро дар сатрҳои шеъраш дониста мечинад ва ин ҳам як ҷиҳати услубашро бозгӯӣ кардааст. Дар ғазалгунаи “Армони ҷовид” дар охири қофияи он овои нидои “эй”-ро дар шакли “...е”ҳамроҳ мекунад:

Сабзида гули санги ту аз обугилам,

Хуни гули лолаи ту дар гарданаме...

Дар кӯчаи кӯдакии дерин ба фалак

Ку боми падар, ки бонг аз он афканаме.

Чанд мисол аз бозёфтҳо ва барои таъкиди баёни хоссаи шоир:

Хешро ҷода-ҷода зистаам,

Зиндагиро пиёда зистаам...

Кушта дунё маро ҳазорон бор,

Аз дигар зода-зода зистаам. (Раҳовард)

 

Дар орзуи рӯзи беҳ, эй рӯзгор,

Пешониям зад сад гиреҳ, эй рӯзгор!...

Як рӯз гирам кашталатро ҷонсарак,

Рӯзам бидеҳ, рӯзам бидеҳ, эй рӯзгор!

Хидмати ходимони маҷалла дар пешниҳоди намунаҳои хеле муассири назми солҳои ҷанги Ватании солҳои 1941-45 (СШ, 5) лоиқи таъкиди махсус мебошад.

Яке аз иқдоми хуби маҷалла дар соле, ки гузашт, манзури хонандагон гардидани достони “Садои ваҳдат”-и Назри Яздонӣ(СШ, 6) башумор меояд, ки ҳам аз лиҳози бадеият, ҳам аз лиҳози мавзӯи рӯз буданаш лоиқи баррасӣ ва таваҷҷуҳи алоҳида мебошад. Муаллиф асари худро ба Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи Ҷоизаҳои давлатии СССР, Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ихтисос додааст, ки дар замони хеш тоҷиконро дар миқёси олам чун миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуну сулҳхоҳ машҳур кард. Бо ситоиши марому кору иқдоми устоди зиндаёд шоир ҷавононро ба худогохӣ даъват намуда, дар сатр-сатри он самимонаву бовармандона ва боварбахш онҳоро ҳушдор дода, ки аз падидаҳои номатлуби давр, амсоли бегонапарастӣ, хурофоту таассуб дурӣ кунанд ва Ватану Миллату Давлати соҳибистиқлоли худро дӯст бидоранд, фарзанди содиқу лоиқи давру айёми созандагӣ бошанд.

Дар ҳар сатри «Ҳикояти шеър»-и Низом Қосим (СШ, 7) ташбеҳе, тазоде, истиорае фараҳбахш рӯзгори донишҷӯёни шоирпешаи вақт тасвир меёбанд. Аз хилоли мисраъҳо нигоҳи хирадмандонаи ҷавоншоире медурахшад, ки аз орзу, бовар, муҳаббат ба шеъру шоирӣ ифтихорманд аст. Даврони романтикии донишҷӯиро ихлоси тамом ба Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ, Ҳабибулло Файзулло, шеъру ҷустуҷӯи асолати он, азму талош барои худкобиву худёбиашон зебову мондагор месозад:

Содадил шогирди донишгоҳ будем,

Орзумон буд аммо

Шуҳраи ашъор будан,

Ҳамрадифи Лоиқу Бозор будан.

Хомафарсоӣ аз ин рӯ корамон буд,

Тарҳи хушрӯи арӯси шеъри дилҷӯ ёрамон буд.

Мазмуни зер чи қадр барои мо ошно ва азиз аст:

Аз шумори ҳамсабақҳо

Як нафар бо ман қарин буд...

Бо даҳони пур гаҳе мегуфт: «Муъмин!»

Бо даҳони пур гаҳе мегуфт: «Бозор!»

Бо даҳони пур гаҳе мегуфт: «Лоиқ!»

Гӯиё буданд онҳо ҷӯраҳояш,

Балки ӯ устод буду он се устоди яқин шогирдҳояш.

Бо шунидану хондани ҳатто як шеърашон, бо иштирокашон дар маҳфилҳо, бо соядастҳояшон, ки чун наққошиҳои сеҳрнок гиромиашон медоштанд, ин шоирон барои ҷавонон, бахусус ҷавонони шоир ошнотар ва дилқаринтар мегардиданд. Яке аз ин ҷавонон қаҳрамони лирикии моро, ки айни ҷавонии шоир аст, содадилонаю софдилона ба ин пеша дилгармтар мекунад:

Боре ӯ нохост

Як «шеър»-и маро ҳам хонд;

Лаҳзае истоду ғайриинтизора кард таҳсинам,

Баъди таҳсинам,

«Бад нагуфтӣ» - гуфт, -

«Гарчи ҳоло дур насуфтӣ - гуфт, -

Боз дорӣ шеър?

Ҳатман назди Лоиқшо бубар,

Гар бихоҳӣ, ман ба ӯ мегӯям аз боби ту,

Бепарво бубар!»

 

Баъд аз он суҳбат

Оташе бар ҷони ман афтод,

Ҳамчу шоирпеша дар дунёи донишгоҳ

Номи ман ҳам бар даҳан афтод...

 

Дар охири манзума, пас аз тасвири лаҳзаҳои ҷаззобу ширин мехонем:

Фикри Лоиқ буд банди чизи дигар,

«Интизори ман бувад ин ҷо ҳама!» - гуфт,

Лек манзури маро бишнуфт.

 

Гуфт:

«Хондам дафтаратро,

Ёфтам ду шеър».

 

...Ҳолати мурғи само дархурди ҳолам буд,

Он ду шеъри мунтахаб ҳамчун ду болам буд...

Ин шеър чун мусаввараи зинда аксҳои шоирони машҳури мо, муҳити адабӣ, гарми ташвишҳои таҳсилу орзуҳои идеалӣ будани донишҷӯёни озодаву покдили замони начандон дурро дар тапишу кӯшиш пеши рӯ меорад ва ҷавононро меҳри шеъру ҷавоншоиронро шоирӣ меомӯзад.

Дар маъниофаринию тасвирсозии Алимуҳаммад Муродӣ (СШ, 8) унсурҳои табиат, баргу боду обу дарахт ва хазону поизу зимистону баҳор ширкат мекунанд. Дар зимни мавзӯъҳои мухталиф хеле зебову мӯҷаз шоир дарди Ватан, қадру манзалати онро гӯшрас мекунад:

Ғами ман нест

Ғами ман,

Ғами мост.

Ё:

Турна хати шикаста, ки дар осмон навишт,

Байти равон ба коғази зарди хазон навишт,

Ҳушам ба бонги турнаву гӯшам ба ҳарфи дил,

Гуфтам, ки чист тарки Ватан?

Тарки ҷон навишт.

Шоир аз роҳу равиши наву тозаи шеър кор мегирад.

Устод Гулназар устоди ҳама анвои шеъри тоҷикист, аммо азбаски аз ҷумлаи навгаротарин шоирон аст, шеъри ӯ дар ҳавзаи шеъри нав бештар баррасӣ мегардад ва як идда корҳои барҷастае ҳам дар солҳои охири инкишофи он мутааллиқ ба устоданд. Шеърҳои дар шумораи 9-уми маҷалла интишоршудаи муаллиф чун ҳамеша бо ороиши бадеии хосса, ёфтаҳову гуфтаҳои дилписанд, образнок, мушаххас ва заминиву бо заминаҳое, мисли андешаҳои меҳанпарастона, инсондӯстона, миллатпарварона, хотири хонандагонро болида месозанд.

Агар ҷое руҷӯи шоир ба таърих аст, муроди ӯ имрӯзу ояндаи ватан аст, агар муроҷиаташ ба дили хештан аст, муродаш дилҳои гарми орзуи муосирон аст, агар аз дарди худ мегӯяд, мақсадаш даво бахшидан ба дилҳои дардмандон аст.

Чанд мисол:

Рӯдакӣ раҳ кушод аз дили кӯҳ,

То ба оғӯши бухороии ту,

Ин раҳест, ки ҳаргиз кӯр нахоҳад шуд.

«Дуруд ба ту, эй Исмоили Сомонӣ!»

 

Касе агар маро намекунад табрик,

Табрикам мекунад ҲАФТОД.

Кист «Ҳафтод»?

Он ки Қутбиаш нашинохт,

Он ки пушти по задаш Мастон,

Он ки Лоиқаш гуфт:

«Дидор дар Қиёмат!»

 

«Касе агар маро намекунад табрик»

 

Касе дарамро кӯфт,

Ва ман дарро накушодам.

Дилам гирифтааст аз дари бикшода,

Ва аз дили накшода...

 

«Касе дарамро кӯфт»

 

Фаромӯшам нахоҳӣ кард,

Чаро ки мазҳаби ишқро

Фаромӯшӣ фаромӯш аст.

 

«Фаромӯшам нахоҳӣ кард»

 

То 100 мешуморам,

Дилам метапад 100 бор,

Мезанад хаёли ман 100 паҳлӯ,

Хобам намебарад.

 

«То 100 мешуморам».

 

Озарахш низ ашъоре зебову дилчасп гуфта(СШ, 10). Мисол:

Дурахши ахтарон омад, ки имшаб моҳ танҳо нест,

Чароғе дар канори ин саодатгоҳ танҳо нест...

Ва:

Озарахш аз зиндагониам надорам чорае,

Марги бечора зи ночорӣ гиребонам гирифт...

Ё:

Эй сафои номи ту барномарези Озарахш,

Нома поён ёфт, аммо нуқта мондан мушкил аст.

Шеърҳои Ахлиддин Ҳисорӣ (СШ, 10) дар қолабҳои суннатӣ, вале бо кӯшишҳои матраҳ намудани мавзӯъҳои рӯз ва ҳарфи рӯз гуфта шудаанд. Аз Муҳаммад Ғоиб таҳти унвони «Шеъри муосир» (СШ, 11) боз як даста ашъори тоза пешниҳод гардид, ки аз таҷрибаҳои муваффақонаи ӯ дар мавзӯъҳои гуногун шаҳодат медиҳанд. Чунончи ин пораҳо, ки аз «Шеъри муосир» гулчин шудаанд:

Ҳанӯз шаршара ҳам об дар гулӯ дорад,

Ҳанӯз ҷониби ҷӯй аст дидагони боғ...

Ва:

Ҳанӯз шабнами хилватнишин адо созад

Ба ҷонамози гуле саҷдаи қазоияш...

Ва:

Агар хатест раҳе, вожаҳо мусофирҳост,

Ҳанӯз дашти фалак пай зи корвон дорад...

Шоир ба ҳамон маҳорати маъниофаринӣ ва тасвиргароие, ки дар шаклҳову равишҳои суннатӣ аз худ нишон медиҳад, аз тарзҳои мудерни баён суд мебардорад. Шеърҳои «Одат», «Коргардон» ва ғайра низ аз ин силсила ҷолибанд.

Раънои Мубориз низ бо чанд сурудаи тозаи худ дар маҳфили назми имсолаи маҷалла (№12) ширкат кард. Шоир шеърро «Атои кайҳонӣ» меномад, ки аз иродати самимии ӯст ба он, вале ҳамзамон пораҳое мисли:

Сода аст шеъри ман, лек содаи ширин,

Гарм мисли рухсори духтарони рӯшонист.

Гармчашмаи Помир гармтар зи шеърам нест,

Лек он заминию ин атои кайҳонист.

Бо суруд, яъне ман омадам ба ин дунё,

Бо суруд хоҳам рафт, ин русуми шуғнонист.

Ва:

Бо қадди чун алиф ба таги по алаф шавам,

Эй одамон, ба синни ҷавонӣ талаф шавам!

собит мекунад, ки шеър чӣ қадар мутааллиқ ба зиндагии заминист.

Шеър Паёми зиндагӣ, замон аст, ки шоир дар варақҳои дили худ қаламӣ кардаву пешорӯйи вақт мегузорад. Аз он чи арзандаанду албатта, аҳли нақд перомунашон ҳарфи худро хоҳанд гуфт, рубоиёти Нуқра, ғазалҳои Умриддини Нӯшинро дар соли сипаришуда хотиррасон бояд сохт. Ҳамчунин манзумаи пандомӯзи Мирзо Файзалӣ, ашъори Шафеъии Кадканӣ, Ахавони Солис, Ҳасан Қарибӣ, Ҳаддоди Одил, Исфандақа низ аз маводи пурбори маҷалла буданд.

Назми даврони истиқлоли тоҷик ҷуз он ки аксаран аз навиштаҳои каммояи мутташоирони сершумору навбаромаду куҳна ранҷ мекашад, мушкилоте, ки тавонад онро аз роҳи табиии инкишоф мунҳариф созад, дар пешорӯи худ надорад. Чорпора ва шеъри мушаххаси каммоя ва умумӣ дар дасти ин гурӯҳ то ба ҳадди дилбазан шудан мерасад, ҳамчунонки ғазал ё рубоиву дубайтӣ. Аммо қисмати назми “Садои Шарқ” (2015) собит менамояд, шеъри тоҷик дар марҳилаи кунунӣ дорои дастовардҳои бесобиқа, асарҳои шоиста ва чеҳраҳои муваффақу дурахшони худ аст, ки ин падидаҳо аз неруву тавони чашмгир ва ояндаи боз ҳам фараҳбахши он дарак медиҳанд.

Оре, дар маҷмӯъ, шеъри асили тоҷик тару тозатар мегардад. Низ, қобили таъкид аст, ки Анҷумани ахири нависандагони Тоҷикистон (2015) ба ин такони тоза бахшид. Роҳи шеър аз ҷодаҳои нав идома меёбад.

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.