Ҷек ЛОНДОН

Печать

ИСТГОҲИ ЯКРӮЗА

Ҳикоя

 

Ҷон Месснер дастакҳояшро накашида, бо як даст аз чӯби дастаи чана медошт ва бо дасти дигар рӯю биниашро мемолиду молишро лаҳзае қатъ намекард. Ҳангоме, ки карахтии рӯй зиёдтар мешуд, суръати молишро тезтар мекард. Кулоҳи мӯин пешона ва гӯшҳояшро пӯшонда буд. Манаҳашро риши тилоранги қиравбаста аз сармо панаҳ менамуд.

Муфассал: Ҷек ЛОНДОН

Хосият КАСТ

Печать

МУСИЧА

(Ҳикояи воқеӣ)

 

-Витя, Витяҷон, писарҷонам! Витяҷонро ба ман диҳед,-дар як ҳолати бехудӣ модар зӯр зада фарёд мекард, аммо аз ҳалқаш садоҳои канда-кандаи нофаҳмо бурун меомад.

Дар атрофаш одамон лолу гунг меафтоданд. Ӯ ҷониби онҳо даст дароз карда мегуфт:

-Фарзандҷонам, Витяҷон…

Зан дар ҳолати назъи ҷон буд, балки бо чашми худ рафтани ҷонашро медид ва эҳсос мекард, ки кораш анҷом ёфта. Фарзандон ва шавҳараш ба тадриҷ бо оҳанги тапидани дил аз ӯ дур мешаванд, фикрҳо ба пораи садо табдил ёфта, нафас канда мешуд.

Муфассал: Хосият КАСТ

Маҷид САЛИМ

Печать

РАВШАНЧАРОҒИ

ХОНАИ ДИЛ

Очерк

 

Ба ифтихори 70-солагии доктори илмҳои

филологӣ, профессор Аламхон Кӯчаров

 

Дар деҳа мо соҳиби китобхонаи бой будем. Падарам омӯзгору модарам зани бомаърифат, соҳибмаълумот, ки буданд, доим аз маркази ноҳия китобҳои нав харида меоварданд. Боре падарам китобҳои тозанашр оварду бо хурсандӣ гуфт: Бубин, китоби дӯстам, олими ҷавон Аламхон Кӯчаров нашр шудааст. Қиссаи «Одина»-и устод Садриддин Айниро хондаӣ-ку! Ана, акнун дар атрофи ин китоб андешаҳои Кӯчаровро ҳам мутолиа бикун!

Муфассал: Маҷид САЛИМ

Сотимҷон САНБОЕВ

Печать

 

УШТУРИ  САФЕД

 

Қисса

Қиссаи «Уштури сафед», яке аз нахустин асарҳои нависандаи хушсалиқаи қазоқ Сотимҷон Санбоев буда, соли 1974 дар маҷмӯаи осори ӯ «Роҳ танҳо якест», аз тариқи интишороти «Молодая гвардия» (Москва) ба нашр расидааст. Рӯзгори хоксоронаи собиқадори ҷангу меҳнат, марди хомӯшу камгап Мирзоғолӣ, ки тамоми меҳру муҳаббати хешро ба уштурбачаи сафед бахшидааст, дар маркази тадқиқи адиб қарор дорад. Уштурбача баъди марги фоҷиабори модараш ба дасти Мирзоғолӣ мегузарад ва он ҳайвони безабон ба муҳити нав ҳеҷ одат накарда, бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мекунад, ки ба зодгоҳаш – он ҷое, ки ӯ ба дунё омадааст, фирор намояд, вале дар охири кор ба ҳалокат мерасад.

Муаллиф хонандаро маҷбур месозад, ки одамонро дурусттар бинад, бишносад, ба дунёи зоҳириву ботинии онҳо ворид гардад.

Қисса моро хушдор медиҳад; дар куҷое, ки бошем, меҳани хеш, замини хеш ва он маҳалли зистеро, ки чашм ба олами ҳастӣ кушодаему хуни нофамон рехтааст, ҳаргиз фаромӯш насозем.

Мутарҷим

Муфассал: Сотимҷон САНБОЕВ

Абдулҳамид САМАД

Печать

ГАРДИШИ ДЕВБОД

 

 Роман[1]

24

Шом. Шоми рӯзҳои сарди охири тирамоҳ. Сардӣ аз барфи аввал не, аз шикасту рехти зиндагиву кирдори бади тӯдаҳои ҳукмфармо афзуд. Яке аз номи ҳокими навбаромад бо арбада фармону азият медоду молу коло мебурд, се рӯз пас дигаре аз номи ҳукуматиҳо. «Мо шаб то саҳар дир-дир ларзидаву нахобида, шуморо аз ҳуҷуми душманҳо мераҳонем» – лоф мезад муҷоҳид ва ташаккур мешуниду барои даста инъом меситонд. «Мо шабу рӯз ташнаву гурусна дар кӯҳу камар ҷон коҳонда, бо марг рӯ ба рӯ шуда, шуморо аз ҷабру ҷафои тӯдаҳои роҳзан озод мекунем» – мегуфтанд аскарони низомипӯш ва сипос мешуниданду дастовезе мебурданд. Ташаккуру сипос барояшон аслан арзише надошт, аммо анвои хӯрданӣ барои ором кардани аждаҳои нафс, куштани азияти гуруснагӣ дар ин фасли сармо ва маишату дилхушии саркардаву қумандон низ зарур буд. Ҳо ришдору бериш, размандаи ин тарафу он тараф нафс дорад ва гурусна, ки монд, мисли гадо не, бо дуғу пӯписа ба ҳар дар сар мезанад.

Муфассал: Абдулҳамид САМАД

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.