Усмон БИЛОЛӢ

Печать

ДАР ОИНАИ ВАҚТ

 

Бо шикебоӣ дар ин асри шитоб,

Тугмаро пахш намудам, ки дар оинаи вақт,

Аз сароғози вуҷуд

Ду тани дилшуда гуфтанд, дуруд.

Ин ду тан Одаму Ҳавво буданд.

 

Гуфт Одам ба Ҳавво лафзи дарӣ

Ҳадя аз аҳли биҳишт аст,

Номаи қисмати халқони ҷаҳонро, шояд

Ҳақ ба ин лафз навиштаст.

 

Ин забон,

Хати пайванди башар аз азал аст

Аз азал чашмаи шеъру ғазал аст,

 

Ин каломи малакутӣ,

Лаҳни комилшавии инсон аст.

Маҳзари покию имон,

Ҷовидон дар варақи Нуъмон аст.

Ҷомаи фохирае бар тани мост,

Теғи душманфикану ҷавшани мост.

 

Муҳрасон ҳар садаро дар хати тасвир кашидам,

Балки дар риштаи таҳрир кашидам.

Шаддае шуд ҳосил.

Сурху испеду сияҳ чун таърих,

Арсаи рушду тамаддун таърих,

Пайкари захмии пурхун таърих.

Дафтари хотираи чархаи гардун таърих,

 

Солҳо бо «Раҳи абрешим» аз ин хитаи сабз

Дигарон моли ғанимат бурданд,

Мо, вале бори маонӣ бурдем.

Гули андеша шукуфову қашанг,

Аз Бухорои Шариф то ба Хитову ба Фаранг.

Мо ба ҳар санги Ватан теғи забон охтаем,

Мо аз ин равзанаи қудсии бисёр баланд

Ки бувад равзанаи одамият,

Парчами ҳикмату андеша барафрохтаем…

 

Ин забон,

Хати пайванд миёни Ҷаму Доро бошад,

Асли пайванди Душанбеву Самарқанду Бухоро бошад.

Монда мерос зи аҳди Сомон,

Ҳастии мо бошад.

 

Ин забон,

Хати пайвандгари миллати мост,

Рамзи пирӯзии мо, ваҳдати мост.

Пешво баъди гузашти садаҳо,

Барфурӯхт оташи оташкадаҳо.

Аз зиё дидаи мо рушан кард,

Халқро соҳиби ин меҳан кард.

Такя бинмуд ба пирони сухан,

Ҷуст имдод зи пирони куҳан.

Сохт Қонуни Ватан,

Сохт Қонуни сухан.

Дар раги хушки Ватан, кард равон хуни сухан

 

Миллати куҳнаву ҳам тозаҷавон,

Ки забонаш буда пайванд ба ҷон,

Борҳо гум шуда дар ҷодаи вақт,

Гашт пайдо ба замон.

Гунги таърих зи нав гӯё шуд…

Дар вуҷуди Ватани озода.

Пешво рамзи дили бедор аст,

Ин забон моли амонат бар мо,

Ӯ амонатдор аст…

 

Сохта пайкараи зебояш,

Аз тулуъи хираду хишти китоб,

Ноб омад чу зи Фирдавс бурун,

Абадуддаҳр ҳамемонад ноб.

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Ноябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.