Доро НАҶОТ

Печать

БОЗТОБИ ВАҲДАТ

 

Эҳдо ба Пешвои миллат ва Президенти 

муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон

Дуруд

мар – туро

эй раҳбар!

Ки тулӯъи табассумат

худшукуфоиро

гулбез мекунад

дар боғҳои шабнаму дарахш.

 

Барқи шуҷоати чашмонат

Роғун – Роғун

нерӯгоҳи тамаддунофарӣ месозад

дар Вахши эҳсосу Зарафшони идрок. 

Тоҷиконатарин тоҷ

бар сарат ҷило мебезад,

чунон ки хуршед

дар ситеғи бадахшонии Меҳан!

Ваҳдати мо

ғунчаест,

ки якпарчагии гулбаргҳои миллатро

ба ҷилва меорад

дар шукуфтатарин гулбоғи рӯишу афрӯзиш.

Навозишат мевазад

насими отифаро[1]

ба сари ятимон,

чунон ки мехазад зулоли об

рӯ – рӯи махмалаки гулсанг.

Туӣ,

беҳин корсоз,

ки эъмор мекунӣ

девори Исмоили Сомонии дилҳоро.

Ва Бӯаливоре

бо даҳ ангушти ҳунар

дар шикастабандии устухони миллат!

Мо

дар партави рӯшантарин боварҳо

Ватанро мебинем

чу равзае

пур аз шукуфаи ғунчаҳои ваҳдат.

Он ҷо

атласиёни суғдисуруду

чаманзебони хатлонии чаканпӯш

гули арғушт мекоранд

ба даври шаҳсутуни кайгоҳи[2] шукӯҳи миллат!

Туӣ,

ки Тоҷикистонро

медурахшонӣ

чу як сайёраи тобон

аз баландои уфуқи Созмони Милал

ба саросари ҷаҳон!

Ва сад дуруд

мар-туро,

Эй абар!

Ва эй,

ҳумоюнфар!

 

[1] Отифа – меҳр, меҳрубонӣ, шафқат.

[2] Кайгоҳ – тахт, тахти каёнӣ.

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Ноябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.