Мирзо ФАЙЗАЛӢ

Печать

  БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

Вақте ки Тоҷикистон дар хоку хун ниҳон буд, 

Фармонравои мутлақ дорандаи камон буд,

Пиру ҷавони кишвар ларзон зи бими ҷон буд,

Сарсону хонавайрон аз дасти ҷоҳилон буд,

 

Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,

Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат. 

 

Эй қаҳрамони миллат,

Зӯру тавони миллат, 

Гардида решапайванд

Ҷонат ба ҷони миллат.

 

Дар даврае, ки мардум афтода буд ба хорӣ,

Вақте ки тифлаконаш буданд бенаҳорӣ,

Мехӯрд аҳли заҳмат кунҷораю ҷуворӣ,

Мерафт сӯи ҳар дар бо нолаю ба зорӣ,

Бо сӯз дарк кардӣ розу ниёзи миллат,

Аз маргашон раҳондӣ, эй чорасози миллат.

 

Эй ҷоннисори миллат,

Эй бахтиёри миллат,

Ҷаҳди зиёд кардӣ

Дар корзори миллат.

 

Хуш гуфтааст шоир: «Бо ҷанг ҷанг кардӣ», 

Дар ҳифзи нанги миллат додӣ ту доди мардӣ,

Дар ҷодаи ҳақиқат бо азм раҳ сипардӣ,

Оре, ту бо ҷаҳолат як умр дар набардӣ,

Паймони сулҳ бастӣ бо гумраҳони миллат,

Аз нестӣ раҳондӣ ному нишони миллат.

 

Эй Пешвои миллат,

Эй раҳнамои миллат,

Шуд нақшаҳои некат

Сулҳу сафои миллат.

 

Аз ёдҳо нарафта рӯзи сиёҳи тоҷик,

Он давраи махуфу ҳоли табоҳи тоҷик,

Дар синаҳост боқӣ пурсӯз оҳи тоҷик,

Сад шукр, гашта равшан имрӯз роҳи тоҷик,

Эмомалии Раҳмон! Аз туст бахти миллат,

Сад сол зинда бошӣ болои тахти миллат!

 

Эй Пешвои миллат,

Ҳастӣ бақои миллат,

Эй Қаҳрамони миллат,

Ҷонӣ ба ҷони миллат.