Абдумалик ЗУҲУРӢ

Печать

НАЗЪИ РАВОН

Ҳикоя

 

Мӯйлаби сиёҳи то бехи гӯш тобдодааш, ки замоне миёни ҳамсолону ҳамовардон бо он имтиёз дошт, мошубиринҷу берабт ба назар мерасид. Дандонҳои аз тилои сурх мондааш, ки ҳангоми боз намудани даҳон ба дурахшиш омада, рашку ҳасади бархе аз мардумро бармеангехт, бо мурури замон якояк қароргоҳи муваққати худро тарк гуфтанд; рӯйи сафеди зебояш заҳир, чашмони барқпошаш бенур гашта ва ба косахонаи сараш фурӯ рафта буданд. Аз чанд моҳ бад-ин сӯ, ба гуфти ҳолдонҳо, як марди кӯҳу кунда ногаҳон ба як вуҷуди лоҳаззу бемадор ва вомдори бистару темор табдил ёфт.

Замоне марди давру даврони худ ба ҳисоб мерафт ва аз хурд то бузурги деҳа дар кори диёкӯйӣ аввал ба даҳони Саидкамол дида медӯхтанд. Дар ин рӯзи мисли танӯр тафсони тамуз, ки ҳатто ғинг-ғинги пашшаҳо ба гӯшаш намефорид, бар асари гармои шадиду дам будани ҳаво аз пешонии тангу пурчинаш арақ мешорид, ӯ на ин ки бе ёрии дигарон роҳ гашта наметавонист, балки маҷоли аз сару рӯйи худ дур андохтани пашшаҳоро надошт. Зиндагии якранги рӯйи бистар, ки ҳатто яли пилтанро зору зарир хоҳад сохт ва бемории тоқатшикану пурҷафо рӯзи рӯшанро дар назараш ба шоми тору тира бадал карда буданд. Дар ин гуна лаҳзаҳои сахту душвор, ки матои рафоқату бародарӣ ба дасти озмоишу санҷиш хоҳад афтод, дӯсти айёми ҷавонияш- Самадхон мудом сари болинаш ҳозиру нозир буд.

—Гарди лаҳад ба рӯяш рехтааст,-андешид Самадхони аз гарму сарди рӯзгор бохабар ва ин сатр мисли ҷариқаи барқ дар гӯшае аз зеҳнаш гул кард:—«Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод!»

Бемор ногаҳон чашмони камнурашро андаке боз карда, бо овози нимғурма ва канда-канда гуфт:

—Самад, ман ин бори гуноҳро дастовези кадом дар созам?! Бори гароне, ки сӣ соли расо мисли занг танамро аз даруну берун фарсуда мегардонад. Оё дар дунё аз азоби виҷдон дида азоби сахте вуҷуд дошта бошад?!

Ӯ бо душворӣ сарашро андаке бардошт, то ки болинашро аз пушт баланд кунанд. Сипас боз ба идомаи қиссаи талх пардохт:

—Як бегоҳии чиллаи зимистони соли 1943 дар анбор танҳо нишаста будам. Коғазҳои ҳисобу китоби анборро рӯйи даст доштам. Нохост зани мавзуну баландболое «мумкин?»-гӯён даромад…

Муқаддимаи ногаҳонии Саидкамол хаёли Самадхонро ҷониби саҳнаҳои дилхарошу яъсафзои даврони ҷанги Олмон бурд. Чӣ солҳои мудҳише буданд он солҳо, кош Худованд он тақвими наҳсро ҳеҷ гоҳ дубора бо зиндагии осудаи мардум гиреҳ назанад. Буду набуди рӯзгори начандон ободи мардум ҳамагӣ нисори ҷабҳа мегашт. Гӯё замину осмон аз ниятҳои шуми як дастаи ҷаҳонхору миллатгаро дар қалби Урупо ба ғазаб омада буданд, ки яку якбора баракат аз ҳама ҷо парид: гандуму ҷаву боқилаю зағиру наск- аз як сӯ,- туту себу чормағзу зардолую олучаю гелос- аз сӯйи дигар,- гӯё даст ба дасти ҳам дода буданд, то дар баробари ҳирсу ози инсони ношукру ғосибу тамаъкор вокуниш нишон диҳанд. Замин ҳамон замин, осмон ҳамон осмон, обу хок ҳамон обу хок, вале аз файзу баракат дараке нест. Фавҷи ҷавонон-он хамирмоя ё тақсанги барангезандаи шодию тараб ба аскарӣ даъват шуд. Мардони синнашон аз миёна боло, ки дар ҷисми хеш андаке қуввату тавон доштанд, чун ҷузви баталонҳои коргарӣ дар бунёди иншоотҳои муҳандисӣ металапиданд[2]. Наврасони навхат дуруст доштани испорро намедонистанд, ҳатто аз уҳдаи обдорӣ намебаромаданд. Бо чанд зани муштипар чӣ коре метавон кард?! Ҷӯю испонҳо ҷо-ҷо рӯ ба харобӣ ниҳоданд. Қаҳтию қиматӣ мардуми нимабараҳнаи паси ҷабҳаро дар чанголи оҳанинаш бераҳмона мефишурд. Баъзе нохалафони худобехабар ҳамон шабу рӯз боз тухмиро медуздиданд. Гӯё ҳикмати бостонии «замин сер-деҳқон сер» ба тоқи фаромӯшӣ афтод. Андозҳои нав ба нави ҳукумат мақоли «болои мурда сад чӯб»-ро дар зеҳну хотири одамон шуълавар месохтанд, ки безурётиву муҷаррадӣ бори аввал шомили он рӯйхати дурудароз гашта буд. Ҳаройина, зистан дар ақибгоҳ аз ширкат дар хатти пеши ҷабҳа душвортар ба назар меомад, зеро-ба гуфтаи халқ- аз беруни бало дида гоҳе дар даруни бало будан авлотар аст. Ба толеи бади мардум, зимистони соли 1943 аз ҳар вақти дигар сардтар омад. Ҷӯю новҳо гурси ях, ҳаво сарду норӯшану меҳзада, чеҳраҳо тираю гирифта, зиндагӣ мисли даҳони бемор орӣ аз лаззату ҳаз, ончунон ки сарводасаройи дилфигоре фармуда:

Мазае дар ҷаҳон намебинам,

Даҳр гӯйӣ даҳони бемор аст.

Бемор бо пилкҳои фурӯбаста ҳанӯз дар ҳоли сукут қарор дошт. Гӯё аз кӯлабори зеҳну хотира вожаю таъбиру таркиби муносиберо ботааммул меҷуст, меҷусту дарҳол ба пайдо намеовард ва худро дар баробари мусоҳиб аз бобати ин кундию карахтӣ гунаҳгор мешумурд. Якбора ба паҳлуи рост гашта, суханашро идома дод:

—То ҷойе, ки огаҳӣ доштам, ӯ як зани боҳаёву парҳезгоре буд. Он рӯз чашмонаш моломоли ашк, лабҳояшро газида, ҳаяҷонашро базӯр фурӯ бурда, бо сари чун муҷримон афканда сухан оғоз кард: «Бачаҳом аз гуруснагӣ мемуранд, дар қадамҳотун мурам, ако, камтар гандум қарзам диҳед». Овозаш меларзид. Дар ҳоле ки оби чашмонашро бо гӯшаи рӯмоли анбарбӯйии рангпаридааш пок мекард, боз ба шарҳи вазъи ногувори хеш пардохт: «Агар соҳиби сарам ба ҷанг намерафт, ба ин ҳол каям медидед…». Кафшҳои пора-порааш ҷо-ҷо дарбеҳзада ба назар меомаданд. Кафи дастони шахшулу пуробилааш аз ранҷу кори ҷонкоҳ рӯзмарра ва лабони парсинбастааш аз надидани рӯйи ғизо дар ин чанд рӯзи охир гувоҳӣ медоданд. Сарфи назар аз ранг бохтани пӯсти бадан боз ҳам бисоти ҳусн аз чеҳрааш ба тамом доман барначида буд. Вале мани нораҳида аз зери бори зиллатбори шаҳват суханашро бо хунсардӣ буридаму шарти худро пеши рӯяш гузоштам:

—Ба шарте ёрит мерасонам, ки ба як гуфтаам сар фурорӣ.

Бо иборае, «гурусна ба шер мезанад». Ӯ магар аз заҳрхандаи ман чизе пай бурд, ки бо асабоният гуфт: «Даркор не!» Сипас дарро башаст пӯшиду рафт. Ман медонистам, ки аз чанги гуруснагӣ ба осонӣ раҳоӣ намеёбад ва бозгашти дуборааш ҳатмист…

Рӯзи дигар боз дами дари анбор пайдо шуд ва суханони пешинаашро бо овозе гиряолуд такрор кард. Пероҳани чити нимдошт ва яктаҳи пурваслааш ларзаи пайкари наҳифашро ошкоро намоёнда буданд. Аз забонам ин ҳарф берун ҷаҳид:

—Ман шартамро дина гуфта будамат-ку…

Ӯ гунаҳкорона сукут кард.

Саросема дарро аз дарун занҷир задам…

Баъди соате ӯ ба рӯйканиву мӯйканӣ даромад, бехудона гандумро аввал ба рӯйи замини анбор пошид ва ғиреви ҷонкоҳ ба лаб бо асабонияти васфнопазир гуфт: «Гандумат аз сарат мунад, нокаси беимун!»

Саидкамол бо дастрӯймол оби дидагону лабонашро пок кард ва оҳиста-оҳиста афзуд:

—Тӯли умри зиёда аз ҳафтодсолаам дар ҳаққи ҳеҷ касе чунин разолату пастиро раво надоштаам…

Вале Самадхон, ки аз зиндагии пур аз «корнамоӣ»-и бемор камобеш огаҳӣ дошт, зери лаб бо овози нимашунаво ғурунгид:

—Не, Саидкамол, ту ба корҳои аз ин ҳам манфуртар даст задаӣ.

Аммо бемори гирифтор ба сарпанҷаи дарду ранҷ боз ба ҳасрату вовайлои худ идома дод:

—Азоби виҷдон аз азоби дӯзах ҳам вазнинтар будааст…

Саидкамол дидаву дониста аз ҷурми кабираи дигараш бо ҳеҷ касе дарди дил накардааст. Магар аз чашми ин аъҷубаи ҳазордомоду пардадар ягон розе пинҳон мемонад?!

* * *

Шамъи зиндагии Саидкамол ду рӯз пеш аз вафот андаке рӯшантар аз рӯзҳои дигар ба дурахшидан даромад. Бо афроди хонадон рӯйи хуш нишон медод, аҳли байт-ончунон ки хоси хешовандони наздик аст,- гумон доштанд, ки боз ӯ ба по хоҳад бархост. Аммо ду рӯзи охир бемор тақрибан ҳарфе ба забон наёвард. Рӯзи севум аҳволаш тамоман вазнин шуд. Бо исрори ӯ барои хабаркунии Самадхон одам фиристоданд ва дере напойид, ки роздори ягонаи бемор ҳам аз дарвозаи ҳавлии пурдабдаба сокиту сархам ворид гашт. Аммо кор аз кор гузашта буд, зеро чашмони нурбохтаи бемор рӯй ҷониби сақф доштанду чеҳрааш заҳир ба назар меомад. Ин буд, ки дуохонии бардавоми Самадхон ба гӯшаш аслан намедаромад…

Баъди адои ҷаноза ва маросими азодорӣ Самадхонро як миш-миши ҳамдеҳагон аз бобати дастёбии Саидкамоли марҳум ба тиллои сурх хеле шигифтзада кард. Зеро худи ӯ ҳам баъди марги сарбамуҳри муаллим Мирзоҷобир, ки ҳамроҳи Саидкамол дар як рӯзи офтобӣ барои ҳезум тагоб рафта буданд, баъзе ҳарфҳоро ба лавҳи ёду хотир супурдааст…

* * *

Саидкамол соҳиби чор писар ва як духтар буд. Ҳар чор писараш маълумоти олӣ доштанду тиллои сурх ба даҳонашон ҷилои хос мебахшид. Нуктаи умумии дигар дар номаи аҳволу аъмолашон ин буд, ки аз миёни чордодарон касе ба камоли пирӣ нарасид: Саидҷамол дар сини 35-солагӣ дар ағба бо аҳли байташ қурбони садамаи автомобилӣ гашт; Саидҷалол ба сабаби истеъмоли зиёди машрубот дар сини 38-солагӣ аз бемории сактаи қалб оламро падруд гуфт; Саидҳасани 33-сола бар асари саратони меъда аз олам даргузашт; Саидҳусейни 39-сола бошад, савори сечархаи «Урал» дар ҳолати сархушӣ ба коми дарё рафт.

* * *

Ҳамдеҳагон бехигӯшӣ бо якдигар мегуфтанд, ки рӯзе аз рӯзҳои баҳори соли 1938 ҳамсояҳо-Саидкамолу Мирзоҷобир барои таҳияи ҳезум маркабсавор роҳи тагобро пеш мегиранд. Ҳине ки аз паҳлуи қалъаи қадима мегузаштанд, дигар субҳ даст ба домони сафедӣ зада буд. Мирзоҷобири сармаст аз атру накҳати баҳор ин байтро зери лаб ба замзама гирифт:

Дар сабоҳе, ки тафовут накунад лайлу наҳор,

Чӣ хуш аст домани саҳрову тамошои баҳор.

Баъди адои намози бомдод ҳар ду ба танаи кӯҳ часпиданд. Дар кӯҳистон камбуди ҳезум пеш аз ҷанги Олмон ҳам душвор буду имрӯз ҳам камаршикан аст. Дар бозгашт ҳар ду бо қадамҳои шумурда ба канори қалъаи қадима расиданд, вале бар асари хастагиву бемадорӣ базӯр по аз по меканданд. Бар пушти маркабҳояшон дар лингаҳо ҳезумҳои бурсӣ ва ҳамчун сарборӣ зағосаи хушкро ҷой дода буданд. Сарфи назар аз шалпарию беҳолӣ, Мирзоҷобир ба манзараҳои зебои атроф дида медӯхту лаззат мебурд. Дар ҳоле ки табассум гирди лабонашро зинат медод, ба ҳамсафари аз чошнии зебописандӣ маҳруми худ дида дӯхту гуфт:

—Саидкамол, тамошо кунед сафедабрҳои доманаи кӯҳро, аз булӯр ҳам зебову шаффофтаранд. Ман ҳар субҳ баъди адои намози бомдод ба уфуқҳо дида медӯзаму як олам лаззат мебардорам. Инсон аз дами субҳ дида фурсати зеботаре дар ихтиёр надорад. Ҳазрати Бедил беҳуда нафармудааст:

Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас,

Чун шарар дар ҷилва як бор асту бас.

Ӯ, дар ҳоле ки аз накҳати майсаву ҳулбуву зуда сараш ширин-ширин чарх мезад, илова намуд:

—Биёед, дар ҳамвории паси қалъа намози асра хонем. Офтоб ҳоло баланд аст, то намози шом, иншооллоҳ, ба деҳа мерасем.

Аммо Саидкамол норозиёна лаб ба эътироз кушод:

—Бори харҳо вазнин, беҳтараш ин ҷо наистем. Хондани аср якчанд дақиқа пеш аз шом ҳам равост.

Бо ҳамин пурсишу посухи кӯтоҳ поён ёфт. Ҳамраҳони хастаҳол аз паси маркабҳояшон бо сар додани садои «их-их» боз равонаи деҳа шуданд. Дар фарози теппаи қалъа чашми Мирзоҷобир ба чизи ҷилоноке афтода, дарҳол ба ҳамон самт тоб хӯрд. Баробари расидан ба ҷойи даркорӣ хам шуду аз зери хоку санг кӯзачаи лабшикастаеро бардошт, ки вазни он қиёсан бо гунҷоишаш гаронтар ба назар мерасид. Ҳамон чизе, ки назари муаллимро ба ҷониби худ кашид, сиккаи сурхе буд, ки акнун дар кафи дасти Мирзоҷобир пас аз пок кардани чангу ғубор бо дурахшиши бештаре ба дидагон сурур мебахшид. Ин дам Саидкамол ҳам ба ҷойи ҳодиса расид. Ӯ пас аз дидани тангаи сурхи ҷилодор дар кафи дасти Мирзоҷобир аввал оби дар гулӯяш дармондаро фурӯ бурд, баъд бо ранги паридаву овози аз шиддати ҳаяҷон ларзон ва табассуми риёкорона лутфу меҳрубониро бар сари ҳамроҳи худ рехт:

—Муборак шавад, муаллим! Ин зари сурх аст, ки Худованд ба шумо арзонӣ доштааст. Аз рӯйи таомул, зуд бояд ангуштатонро андаке хуншор кунед.

Мирзоҷобир кордчаро аз ҷайб бароварду дарҳол расму русуми хос ба ин мавридро амалӣ гардонд. Бо чеҳраи шукуфта аз фараҳ нигоҳи лутфборе ба Саидкамол андохту гуфт:

—Ако, ҳамин ки ба деҳа расидем, ҳатман як қисмашро ба шумо медиҳам.

Муаллими саршор аз шодию фараҳ, ки гӯё дигар замини зери пояшро эҳсос намекард, пеш-пеш ва ҳамсафари дар баҳри ҳирсу тамаъ ғӯтавар аз дунболаш боз рӯй ҷониби деҳа оварданд. Вақте ки аз таги шахи лайс мегузаштанд, Саидкамол ба гирду атроф назари синчакорона андохт ва чун мутмаин шуд, ки касе нозири ҳолаш нест, саромсема аз замин санге ҳамвору дастпуркунро бардошт ва бо тамоми қувват ба пушти сари ҳамсояаш зад. Мирзоҷобир аз зарбаи сахту ногаҳонӣ ба замин парӯ афтид ва дигар, ба қавли мардум, як рагаш натапид. Қотил ҳанӯз сангро аз дасташ раҳо накарда буд. Мехост, боз як зарбаи дигар ба бехи гӯши ҳамсояаш фурорад, вале дид, ки ба зарбаи дувум ҳоҷат намондааст, кӯзаро аз пушти ҷомаи мақтул гирифт, рӯймолро аз миёнаш кушоду бо он зарфи гаронборро печонид ва саранҷом чор гӯшаи рӯймолро сахтакак гиреҳ зад. Рӯймолро дар як почаи хӯрҷини рағзагӣ (мӯйина) гузошт ва бо почаи дигар онро дубора печонду сипас ба сарбори маркаб ҷойгир кард. Аз рӯйи эҳтиёт, як гӯшаи хӯрҷинро саросемавор аз таги чамбарак гузарониду сипас онро сахт кашид. Дар ҳоле ки аз сина оҳи сабуке ба дар меовард, пушт-пушти маркабҳо ба роҳ афтод. Мисли ин ки навкак ба дунё омада бошад, хастагиро аслан намешинохт ва сӯйи осмон пару бол кушода буд.

Ҳар қадар ки ба деҳа наздик мешуд, эҳсоси дугонае вуҷудашро такон медод: аз як сӯ, хурсандӣ дошт, ки муфти Худо ба сарват расид, аз ҷониби дигар, бим мекашид, ки оё дар пеши рӯйи ҳаққу ҳамсояҳо аз уҳдаи офаридани нақши шарики «хуб» хоҳад баромад ё на. Ниҳоят, ба марзи деҳа низ пойи номуборакашро гузошт. Дарҳол бо овози баланд шурӯъ кард ба гиряҳои зор-зору навҳакашӣ:

—Э вой, ҳамсояи меҳрубонама аз даст додам! Кӣ дигар чашми фарзандони моро мисли ту бо нури илму маърифат рӯшан месозад?! Э дод аз дасти фалаки каҷрафтор!

Вақте ки ҳаққу ҳамсояҳо бо дидаҳои чор асли матлабро аз ӯ ҷӯё шуданд, ҳунгосзанон гуфт:

—Дар бозгашт, ҳамин ки аз таги шахи лайс мегузаштем, санги ғайби андозааш баробари косаи чинӣ аз боло рост омаду ба пушти сари Мирзоҷобир чунон зад, ки бечораи рӯзнадида якмарг шуд.

* * *

Самадхон ҳамроҳи мусибатзадаҳо дар сари манзили дӯсташ- Саидкамол фотеҳа хонду роҳ ҷониби деҳа пеш гирифт. Раҳораҳ ба таҳлили фикрҳое пардохт, ки нав ба ёдаш расида буданд. Сипас бо ҳар ду даст гиребони худро гирифту ба илтиҷо оғозид:

—Худоё! Тавба кардам, аз қавли бадам гаштам! Ба моли дунё ишқу ҳавас надорам. Танҳо чашми серам деҳ!

 

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Февраль 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28          

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.