Рустами ВАҲҲОБ

Печать

ВАҲДАТ

 

Базри ваҳдат дар дили андеша аст,

Ҷоми ваҳдат аз гили андеша аст.

 

Ҷоми якто, сангандозаш ҳазор,

Ҷони воҳид, ҷангандозаш ҳазор.

 

Пас бибояд ҷом аз пӯлод кард,

Покаш аз зангори ин аздод кард.

 

То чу Ҷоми Ҷам ҷаҳонбинӣ диҳад,

Аз сафо оинаойинӣ диҳад.

 

Ҳар куҷо шуд асли ваҳдат нопадид,

Ҳеч кас чизе ба ҷуз зидро надид.

 

Асли безид – ваҳдати  афкори мо,

Ғайри ин – андешаи  ағёри мо.

                              

*   *   *

 

Чист миллат? –

                          Ваҳдати дунёи мост,

Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.

 

Аз саводаш дидаи мо равшан аст,

Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.

 

Решаи ҷонҳост дар ҳам бофта,

Риштаи ҷонҳост дар ҳам тофта.

 

Аз пари Симурғи тавҳидаш қалам,

Мераҳонад ҳасти моро аз адам.

 

Ваҳдати миллат бақои миллат аст,

Устувор аз муддаои миллат аст.

 

Ҳарфҳо аз муддао гардад китоб,

Зарраҳо аз тоби мақсад – офтоб.

 

Чашми Сино бар сари гаҳворааш,

Тарҳи сад олам ба ҳар ангорааш.

 

Дар вуҷуди миллати яктопараст

Ваҳдату мақсуд чун ду шаҳпар аст.

 

Бо ду шаҳпар дарнавардад ин ҷаҳон,

Зери болаш як бувад ҳафт осмон.

 

Сӯйи дому донаи кас нангарад,

Ҳимматаш то авҷи гардун мебарад.

 

Он ки ҳаст Албурзу Алвандаш нишем,

Аз сияҳчоли замонаш нест бим.

 

Бартариҳояш ҳам аз худогаҳист,

Огаҳӣ – шерозаи девони зист.

 

Не гусастан, не шикастанро раҳе,

Пайкари пӯлоду ҷони огаҳе.

 

Фитнаи айём монанди ҳубоб

Мешавад аз мавҷи дарёяш хароб.

 

Нури Ҳақ ойинаи идроки ӯ,

Хонаи хуршедҳо афлоки ӯ.            

 

Ҳикматаш деринаву бахташ ҷавон,

Дар замираш растхези ҷовидон!

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 25 26
27 28 29 30 31    

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.