Абдумалик ЗУҲУРӢ

Печать

НАЗЪИ РАВОН

Ҳикоя

 

Мӯйлаби сиёҳи то бехи гӯш тобдодааш, ки замоне миёни ҳамсолону ҳамовардон бо он имтиёз дошт, мошубиринҷу берабт ба назар мерасид. Дандонҳои аз тилои сурх мондааш, ки ҳангоми боз намудани даҳон ба дурахшиш омада, рашку ҳасади бархе аз мардумро бармеангехт, бо мурури замон якояк қароргоҳи муваққати худро тарк гуфтанд; рӯйи сафеди зебояш заҳир, чашмони барқпошаш бенур гашта ва ба косахонаи сараш фурӯ рафта буданд. Аз чанд моҳ бад-ин сӯ, ба гуфти ҳолдонҳо, як марди кӯҳу кунда ногаҳон ба як вуҷуди лоҳаззу бемадор ва вомдори бистару темор табдил ёфт.

Муфассал: Абдумалик ЗУҲУРӢ

Камол НАСРУЛЛО

Печать

МУНОЗИРА БО ХУД

                                              

Зи нури ӯ ту ҳастӣ ҳамчупартав,

Вуҷудихудбипардозуту ӯ шав.

                                     Носири Хусрав

 

 

ХУДО МОРО шабеҳи худ биорост,

Ту медонӣ, Худо бо ин чӣ мехост?

 

Худо мехост, мо бо асл монем,

Амонатро ба ҳақдораш расонем.

 

Агар он қуръа моро раҳнамо шуд,

Амонатҳои дӯши мо куҷо шуд?!

 

Муфассал: Камол НАСРУЛЛО

Кароматуллоҳи МИРЗО

Печать

МОҶАРОИ ЗИНДАГӢ

Роман

 

Зафар дохили ҳавлиашон шуда дид, ки падараш, ҳамон хилъати дарози рада-рада сурху сафедаш дар бар, гирд-гирди мошини сиёҳи навашон мегашт, ки онро ду рӯз пеш аз Дубай оварда буданд, нархаш беш аз ним миллион доллар, мислаш на дар деҳа, балки дар ҳамон обравҳо набуда. Падар ба орзуи дилаш расида, ки дар назди дӯсту душман чунин мошини ноёфт боз насиби ҳамин Холиқназари бинипучуқ шуд. Майлаш, таъна шунавад, лекин донанд, ки Худо зуволаи ана ҳамин Пучуқро мӯл намуда, Худо ба вай дода. «Ана ҳамин хел, ана ҳамин хел», - гӯё мошин ҷон дошт, ки Холиқназар бо он ҳарф мезад, бо панҷаҳояш дару оинаҳояшро хорумол карда, хаму рост мешуд, навозишаш менамуд. Ниҳоят падар, дастҳояш дар миён қомат рост кард ва назараш ба Зафар афтод, ки табақаҳои кушодаи дарвозаро мепӯшид.

Муфассал: Кароматуллоҳи МИРЗО

Садои Шарқ

Печать

ПАЁМИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,       

22 ДЕКАБРИ СОЛИ 2016, ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Муфассал: Садои Шарқ

Низом ҚОСИМ

Печать

КУНАМ ТОҶИ САРИ ДУНЁ

ДИЛОРО ТОҶИКИСТОНРО

 

(Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

ОРМОН

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,

Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Чу аз ҳар ҷонибе сӯи Ватан боди хазон омад,

Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.

 

Муфассал: Низом ҚОСИМ

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Декабрь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.