Рустам ВАҲҲОБЗОДА

Печать

НАВРӮЗ ҶАШНИ ОФАРИНИШ

Дар ойинҳо, боварҳо ва асотири ҳамаи халқҳои ҷаҳон мавзӯи оғоз ва тартиби офариниши ҷаҳони ҳастӣ ва инсон ба гунае ҷой дорад ва як унсури муҳимми таъйинкунандаи сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии ин халқҳо мебошад. Ин навъ  асотир ҳатто дар миёни халқҳое, ки то замонҳои наздик танҳо дорои фарҳанги ғайрикатбӣ будаанд, ба сурати бисёр сода ва шабеҳ ба афсона зуҳур менамояд. Масалан, дар қиссаи нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов “Саги ало лаб-лаби дарё” (“Пегый пёс бегущий краем моря”) пиндори асотирии офариниши мардуми нивх – сокинони ҷазираи Сахалин нақл мешавад, ки тибқи он дар ибтидо ҷаҳон сартосар иборат аз об буд (зимнан, унсури аввал будани об дар боварҳои бисёр халқҳои дигар такрор мешавад) ва мурғобие шиноварро бо номи  Лувр дарди зодан гирифт ва ӯ баъд аз такопӯи зиёд чанд пари худро канду ба ҳам пайвасту рӯйи об ниҳод ва бар онҳо тухм гузошту чӯҷа баровард. Дар ин миён ва батадриҷ баъд аз он гарду ғубор ва хасу хошоку обовардаҳои зиёди дигар бар ин лона часпид ва батадриҷ аз он Замин ба вуҷуд омад.

Муфассал: Рустам ВАҲҲОБЗОДА

Худоӣ ШАРИФЗОДА

Печать

ТАМАДДУНИ ТОҶИКӢ 

(ГУЗОРИШИ МУҚАДДИМОТИИ МАВЗӮЪ)

Тамаддуни тоҷикӣ бо зиндагии таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мардуме вобаста аст, ки аз замонҳои қадим бо номи ориёӣ, эронӣ аз аввали асри Х1 («Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ) бо номи тоҷик дар марзи Хоразм, Марв, Ҳирот то Систон ва дар Шарқ аз Ҳафтрӯд, Фарғона, Бадахшон, то кӯҳҳои Ҳиндукуш зиндагӣ мекунанд. Ҳудуди таърихии мавзеи сукунати тоҷикон ба сарзаминҳои на ромишбахш, вақте «ба чашми мардумонаш хуш», ки дар Авесто аз офариниши онҳо хабар меёбем, асосан мувофиқат дорад. Ин қазия ба қадимӣ будани сукунати тоҷикҳо дар ин марзу бум далолат мекунад, ки замоне ривоятӣ ва таърихии ҳазораи дуюм ва якуми то мелод аст (Авесто 2001, 422-424).

Муфассал: Худоӣ ШАРИФЗОДА

ПАЖӮҲИШ

Печать

ДАР ҲОШИЯИ

«НАМУНАИ АДАБИЁТИ

ТОҶИК»-ИУСТОД

САДРИДДИН АЙНӢ

 

«Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ тибқи эътирофи бузургтарин олимону адибони ватанӣ ва хориҷӣ дар як марҳалаи ниҳоят ҳассоси тақдирсоз воқеан як навъ шиносномаи миллати тоҷик ва «беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон» (Лоҳутӣ) буд. Дар пешгуфтори устод Абулқосим Лоҳутӣ ба нашри аввали (1926) ин китоб дар баробари дигар фикрҳои арзишманд оид ба аҳамияти ин шоҳкори устод Айнӣ нуктаи хеле муҳиме ҷой дорад, ки шарҳи мухтасари он, ба назарамон, зарур менамояд. Устод Лоҳутӣ навиштааст: «Осиёи Миёна ҳамеша яке аз марказҳои бисёр муҳими адабиёти форсӣ буда, балки пас аз нобуд шудани адабиёти ин забон ба воситаи ҳуҷуми араб ва сӯзонидани осору китобҳои форсӣ Осиёи Миёна қадимтарин манбаъ ва сарчашмаи адабиёти форсист.

Муфассал: ПАЖӮҲИШ

Шоире аз табори Бедил

Печать

Асрори РАҲМОНФАР

Нақибхони Туғрал шабеҳи шохоби пурталотуме ба маҷрои умумии адабиёти охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри ХХ пайваста, ҳунари волои сухангустарӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсониаш диққати аҳли илму адаби замонаро ба зудӣ ҷониби худ кашидаанд. Ва ба андозае, ки воқифем, нахустин бор шоир ва хушнависи асри XIX тоҷик Мирсиддиқи Ҳашмат дар «Тазкират-уш-шуаро»-и худ, ки таълифаш охири солҳои 90-уми асри XIX анҷом ёфтааст, аз хусуси аслу насабу тахаллуси адабӣ, таҳсили улум дар Бухоро ва хасойили шахсию қудрати шоирии Туғрал маълумоти муфассалтаре дода, ғазалеро аз ӯ намуна меорад ва дар он замон «дар қайди ҳаёт» буданашро гӯшзад мекунад. Аммо Ҳашмат дар боби оромгоҳи ҷадди худ Хоҷа Аҳрорро «пушти по зада», ба сабаби чунин «густохӣ» муддате «саропо васвосу молихулиёӣ» шудани Туғрал ҳикояти хурофотомезеро мутазаккир гаштааст, ки афсонае беш набуда, асоси ахлоқию воқеӣ надорад ва дар ҳеҷ сарчашмаи дигаре дида намешавад.

Муфассал: Шоире аз табори Бедил

АРЗИШИ БАДЕИИ ОСОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Печать

Рустами Ваҳҳоб

Арзиши бадеии осори устод Турсунзода як ҳақиқати ба субут расида аст, аммо тарҳи мавзӯъ ба ин хотир аст, ки омилҳои арзиши волои ин осор бори дигар баршумурда шавад, то ба хотири бузургдошти мақоми ин устоди назми навини тоҷик бар нақши дурахшони ишон дар таҳаввули назми муосир таъкид гардад.

Муфассал: АРЗИШИ БАДЕИИ ОСОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.