Шоире аз табори Бедил

Печать

Асрори РАҲМОНФАР

Нақибхони Туғрал шабеҳи шохоби пурталотуме ба маҷрои умумии адабиёти охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри ХХ пайваста, ҳунари волои сухангустарӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсониаш диққати аҳли илму адаби замонаро ба зудӣ ҷониби худ кашидаанд. Ва ба андозае, ки воқифем, нахустин бор шоир ва хушнависи асри XIX тоҷик Мирсиддиқи Ҳашмат дар «Тазкират-уш-шуаро»-и худ, ки таълифаш охири солҳои 90-уми асри XIX анҷом ёфтааст, аз хусуси аслу насабу тахаллуси адабӣ, таҳсили улум дар Бухоро ва хасойили шахсию қудрати шоирии Туғрал маълумоти муфассалтаре дода, ғазалеро аз ӯ намуна меорад ва дар он замон «дар қайди ҳаёт» буданашро гӯшзад мекунад. Аммо Ҳашмат дар боби оромгоҳи ҷадди худ Хоҷа Аҳрорро «пушти по зада», ба сабаби чунин «густохӣ» муддате «саропо васвосу молихулиёӣ» шудани Туғрал ҳикояти хурофотомезеро мутазаккир гаштааст, ки афсонае беш набуда, асоси ахлоқию воқеӣ надорад ва дар ҳеҷ сарчашмаи дигаре дида намешавад.

 

Баъди чанде шоир ва фозили дигари асрҳои XIX-ХХ тоҷик Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»-и худ, ки соли 1904 дар Бухоро таълиф шудааст, Туғралро ҳамчун шоири соҳибмақому шинохтае баҳо дода, ӯро «матмаҳи партави маъонии рангин ва машриқи Хуршеди мазомини қудсойин» номидааст. Ҳамчунин, дар ин тазкира шогирди Шамсиддини Шоҳин будану «ашъори обдору манзумоти волоъиёр дар ҳар равия бисёр» гуфтани Туғрал ва се ғазали тозаи ӯ нахустин бор дар маърази назарҳо қарор дода шудааст.

Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, шоир ва тазкиранигори ҳамаҳди Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ, низ дар асараш «Тазкират-уш-шуаро», ки охирин санаи таҳрираш ба солҳои 1908-1909 рост меояд, аз Туғрал бо эҳтиром забон кушуда, ӯро бо муҳаббату самимияте «булбули достонсарои риёзи Самарқанд ва тӯтии шакархои нахлистони наҷобатпайванд, сухантирози бӯстони хушгуфторӣ ва нуктапардози чаманистони маънонигорӣ» донистааст. Муҳтарам аввалин тазкиранигорест, ки ба «саводи иборот» ва «фурӯғи маъонӣ», яъне пайванди қавии шаклу мазмуни навиштаҳои Туғрал диққат гуморида, наққодонаву даррокона фармуда, ки «дар боби суханронӣ табъаш бисёр баланд ва хаёлаш аршпайванд аст». Илова бар ин, тазкираи Муҳтарам як рубоӣ, чаҳор ғазал ва ду мухаммаси Туғралро дарҷ сохтааст, ки ғайр аз як ғазали дар «Маҷмӯаи Салимӣ» омада, ҳамагӣ наванду дар манобеи пешина ба чашм намерасанд. Барҳақ, мусаннифи «Маҷмӯъаи Салимӣ» – Мирзосалим валади Мирзораҳими мутахаллис ба «Салимӣ», ки таснифаш замимае ба тазкираи «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и адиб ва тазкиранигори асри XIX Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ буда, соли 1914 мелодӣ бо тазкираи мазкура ва «Таърихи касира» дар Тошканд зери як муқавво ба табъ расидааст, ӯро дар радифи шуарои замон ба қайд оварда, як ғазали рангинашро пешкаши аҳли завқ намудааст.

Ба иллати суқуту инқирози амиқи ҷомеаи феодалӣ ва мусодамаву муҳорабаҳои шадиди синфию сиёсии ибтидои асри ҷорӣ, табиист, ки дар арсаи эҷоди бадеӣ, умуман, ва дар соҳаи омӯзиши рӯзгору осори гузаштагон, хусусан, сукути нисбие ворид омад, ки ҳаёту эҷоди Туғрал ҳам аз ин доира мустасно нест. Аммо ғалабаи Инқилоби Октябр ва таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон чаҳорчӯби суқуту сукути ногузири иҷтимоиро шикаста, баробари ҷанбаҳои дигари ҳаёту иҷтимоиёт ва ҷодаи таҳқиқу интишори мероси классикӣ ҳам равшанӣ андохтанд. Ба ин маънӣ, дар силки тадқиқи осору афкори Туғрал низ иқдоми муайяне карда шуд, ки муҳаррики нахустини он асосгузори адабиёти советии тоҷик Устод Садриддин Айнӣ буд.

Устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик», ки аввалин тазкираи давраи шӯравии халқамон буда, соли 1926 дар Маскав интишор ёфтааст, ба паҳнои ҳаёту навиштаҷоти Туғрал аз дидгоҳи дархури замону талаботу таълимоти навин назар андохта, чандин масъалаи марбутаро ҳал карда ва ё тарҳ намудааст. Аз ҷумла, лавҳаву манзараҳои рӯзгори Туғрал дар Самарқанду Бухоро ва охирҳои ҳол дар зодгоҳаш, пайвастани ӯ ба ҳукумати шӯроӣ ва ҳамкориаш бо асокири сурх, муносибати Туғрал ба Бедилу Шоҳин ва натиҷаҳои он, баъзе хусусиятҳои шахсию эҷодӣ ва таркиби девони Туғрал аз масоилеанд, ки маҳз дар асари мазкури Устод Айнӣ ҳукми санади хаттиро пайдо кардаанд ва ба маърази таҳқиқу баррасиҳои баъдӣ вогузор шудаанд.

Дар бобати ба таври мукаммалу муфассалтаре шиносонидани Туғрал ба хонандаи муосири тоҷик ҳиссаи донишманди тоҷик Носирҷон Маъсумӣ (1915-1974) беназир аст. Ӯ соли 1961, ҳамроҳи адабиётшиноси номии тоҷик Муҳаммадҷон Шукуров (1926-2012) тавассути моҳномаи «Шарқи Сурх» (№ 12), намунаҳое аз ашъори Туғралро ба табъ расонд, ки аз бӯстони бехазони осори ҳунарвар нахустин гулдастаи мукаммалу муаттаре барои хонандаи тоҷик буд. Ба кӯшишу заҳмати ин олими шодравон баъдтар, соли 1964, қисмати асосии осори Туғрал зери унвони «Мунтахаботи ашъор» тавассути нашриёти «Ирфон» аз чоп берун омад. Бо вуҷуди бархе камбудҳо дар сарсухан ва чанде норасоӣ дар матни ашъор, нашри мазкур шомили се ҳадафи нишонрас аст: аввалан, ба василаи он бори аввал ашъори малеҳи Туғрал дар дастраси ташнагони шеъри тари шоири ҳассос қарор гирифт; дувум, дар дебочаи маҷмӯа, ки «Туғрал ва муҳити адабии ӯ» ном ва ба қалами Носирҷон Маъсумӣ тааллуқ дорад, ҷараёни рӯзгору мушаххасоти осор, фарозу нишеби афкору хусусиёти сабку усули эҷодкор ба таври муфассалу мудаллал рӯнамо шудаанд ва дебочаи мазкур алҳол ба ҳукми ягона рисолачаест дар боби рӯзгору осори Туғрал; савум, мураттиби мунтахаб ёддошти чанде аз ҳамзамону ҳамсуҳбатони шоирро зери унвони «Хотирот дар бораи Туғрал» ба китоб илҳоқ намудааст, ки ҷамъан дар роҳи таҳқиқу тадқиқи ҳамаҷонибаи ҳаёту фаъолияти эҷодии Туғрал ҳукми сарчашмаеро хоҳанд дошт. Аммо дар тадқиқоти илмии оянда, чунонки академик Абдулғанӣ Мирзоев дар вақташ дуруст таъкид карда буд, аз ин хотирот эҳтиёткорона, мӯшикофона ва дақиқназарона, ҳатто ба назари сахти танқиду қиёс, истифода бояд бурд, зеро дар матни хотираҳо хатоҳои ҷиддии мантиқию таърихию илмӣ роҳ ёфтаанд.

Соли 1973 нашриёти «Ирфон», ба муносибати 2500-солагии шаҳри бостонии Самарқанд, маҷмӯъаи «Суханварони сайқали рӯйи замин»-ро аз чоп баровард, ки як навъ тазкираи мукаммалу муфассали шуарои самарқандии давру замонҳои гуногун аст. Мураттибони асар – адабиётшиносон Тӯрақул Зеҳнӣ ва Садрӣ Саъдиев ба хотири самарқанди­аҷдод будани Туғрал номбурдаро ҳам ба ин муҷаллад ворид намуда, дар боби шарҳи ҳолу мероси адабияш гуфтори мавҷударо ҷамъбаст кардаанд ва як ғазали шоирро пешкаши хонанда намудаанд, ки он ҳам дар туғралшиносӣ қадаме ба пеш аст.

Минбаъд намунаҳои осори Туғрал дар маҷмӯъаву маҷаллаву рӯзномаҳои мухталифи тоҷикӣ ва дар ҷилди панҷуми тазкираи «Гулшани адаб» (Душанбе, 1978) интишор ёфта, дар мақолаҳои ҷудогонаи академик Абдулғанӣ Мирзоев, профессорон Аҳрор Мухторов, Расул Ҳодизода ва адабиётшиносон Бузург Олимов, Саидумар Султонов, Нақибхон Шарифов, дар қисмати обзории китобҳои дарсии таърихи адабиёти тоҷик ва мавориди зарурии чанде рисолаҳои тадқиқотӣ ба паҳлӯҳои мухталифи рӯзгору осори суханвар дахолат шудааст, ки ҳамагӣ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи ин симои нуронии адабиёти бостонии тоҷик заминаи мусоиде фароҳам овардаанд.

Баъдан, соли 1986, мунтахаботи ашъори шоир таҳти унвони «Гиёҳи меҳр» (Душанбе, «Ирфон») дар дастраси умум қарор гирифт, ки муаллифони дебоча («Шамъи маҳфили шеър») ва мураттибони матну шарҳу тавзеҳоташ Абдулҳамид Пӯлодов ва Асрор Раҳмонов мебошанд.

Бояд афзуд, ки мунтахаби номбурда дар заминаи «Дафтари мусаввадаи ашъори Мирзо Нақибхони Туғрал» (маҳфуз дар китобхонаи хусусии шодравон Абдулҳамид Пӯлодӣ), тазкираҳои номбурда, китобҳои мунташира ва баёзу варақаҳои гуногуни хаттӣ мураттаб гардида, бо мададу мусоядату ибтикори бевоситаи фозилони муҳтарам Муҳаммад Осимӣ, Холмурод Шарифов ва Аълохон Афсаҳзод рӯйи чоп омадааст ва, табиист, ки ашъори бештари шоирро фароҳам оварда, ҳусну қубҳаш аз ҷониби донишмандони соҳа баён гардидааст.

Ҳамчунин, соли 1990, дар заминаи мунтахаби номбурда гулчини дигари ашъори Туғрал бо номи «Корвони муҳаббат» (ба ҳуруфи форсӣ; Душанбе, «Ирфон») аз чоп баромад, ки мураттиб ва муаллифи пешгуфтори он Асрори Раҳмон аст.

Хушбахтона, баъди нашри мунтахаби мазкур ашъори ноби шоир ба дасти ҳамзабонони хориҷ бавижа, Эрону Афғонистон, расида, шуҳрати офаридгорашонро ба дараҷаи кофӣ вусъат бахшиданд ва сабабгори он шуданд, ки донишмандони эронӣ Нақибхони Туғралро «шоире аз табори Бедил» бидонанду биноманд.

Ниҳоят, соли 2011 дар Душанбе (нашриёти «Пайванд»). бо мададу дастгирии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтахаби навбатии осори шоир таҳти унвони «Девони ашъори Туғрали Аҳрорӣ» ба зевари табъ ороста гардид, ки мураттиби матну муаллифи сарсуханаш Мирзо Шукурзода мебошад.

Мунтахаби номбурда шартан «Девони ашъор» номгузорӣ шуда бошад ҳам, ба тартиби дигаре маводи нашрияҳои пешини мероси шоирро фароҳам овардааст

Инак, дар асоси радду бадал ва муқоясаву муовазаи далелу бурҳони сарчашмаҳои болоӣ ҳамчунин, корбасти ишораҳои мухталифи худи Туғрал ва маълумоти дафтару девони меросии ӯ метавон изҳор дошт, ки исми шоир Нақибхон, куняташ Абӯмуҳаммад, номи падараш Бобохон ва нисбааш Аҳрорӣ буда, шоири ҳаммаҳфилаш Аҳмади Васлӣ дар қитъаи «хотиматуттабъ»-и девони Туғрал ӯро муфассалан «Мирзо Муҳаммадхон Нақиби Туғрал ибни Шоҳносирхон ибни Тӯрахон ибни Шоҳносирхон ибни Муҳаммад Содиқхоҷа ал-мулаққаб ба Афзалхон ибни Муҳаммад Солеҳхоҷа ибни Муҳаммад Сиддиқхоҷа Аҳрории Сиддиқӣ» номидааст, ки шаҷараи авлодии шоир буда, ҳафт пушти ӯро нишон медиҳад.

Нақибхон 26-уми моҳи марти соли 1865 дар хонадони марди давлатманди деҳаи Зосуни ҷамоаи Варзи Манори кенти Фалғар (ҳозира ноҳияи Айнӣ) Мирзо Бобохон ба ҷаҳон омадааст. Гузаштагони Туғрал аслан самарқандӣ буда, чанд пушт пештар аслофи хонадон аз дасти ҷавру зулми ҳокимони яғмогар ба дод омада, ҷониби Фалғар фирор кардаву дар ҳамин макони амн рахти иқомат густардаанд, ки худи Туғрал аз ин хусус ишорае дорад:

Дар Самарқанди чу қанд акнун манам

Ифтихори зумраи Аҳрориён!

Мерасад аслам ба Аҳрори Валӣ,

Дудаи ман бошад аз ин дудмон!

Даврони кӯдакию наврасии Нақибхон дар зодгоҳаш ва дар зери саробонии бевоситаи падар ва, баъдҳо, бародаронаш Тӯрахон, Мансурхон, Ҳамзахон ва Акобирхон гузашта, хатту саводи ибтидоиро дар деҳа, аз устодони маҳаллӣ баровардааст. Аз ҷумла, яке аз устодони нахустинаш Қозӣ-Абдулҷаббор ном марди фозилу шоирпешаи урметанӣ будааст, ки аз болооб то поёноби Зарафшон ба ҳукми қозие адолатпаноҳу саховатпеша шуҳрат дошт.

Аслан, болооби Зарафшон дар тӯли қарнҳо барои адабиёти форсу тоҷик намояндагони зиёде додааст, ки Устод Рӯдакӣ, Абӯҳафси Суғдӣ, Музтариби Панҷакатӣ, Мустатеъи Панҷакатӣ, Маҳмуди Кӯҳӣ, Бобури Ишқӣ, Мелии Киштӯдӣ, Ҷумъабойи Хумулӣ, Аҳмади Аҳдӣ, Юсуф Вафо, Камолии Рашнагӣ, Фозили Пасрӯдӣ, Маҳҷури Фалғарӣ, Ҷамолии Рашнагӣ, Мулло Фозили Фозил, Мулло Фигорӣ, Масеҳои Тамҳид, Муллошоҳи Артучӣ ва Маҳзуни Зерободӣ, ки аксарашон соҳибдевонанд, аз зумраи онон буда, ному осори даҳҳои дигарашонро тӯфони ҳаводис аз лавҳи таърих шустааст. Ва агар аз қадимулайём ноҳияҳои Масчоҳу Фалғару Панҷакат ва Самарқанду Бухороро табиатан рӯду кӯҳи Зарафшон ба ҳам пайванданд, адибону олимон иртиботи маънавии мобайнашонро барқарор доштаанд ва ба сабаби маркази фарҳанги миллӣ будани шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ағлаби ҳунарварону донишмандони зодаи болооби Зарафшон муқими ин шаҳрҳо шуда, нисбаи самарқандию бухороиро ҳам ба худ гирифтаанд.

Аз ин ҷост, ки Нақибхон ҳам дар овони ҷавонӣ ба нийяти дарёфти камолоти бештари илмию адабӣ таҳти саробонии падари маърифатпарвараш ҷодаи Самарқанду Бухороро пеш гирифта, даставвал дар шаҳри бостонии Самарқанд мақоми иқомат мегузинад ва дар ҳуҷраи аз Мадрасаи Тиллокории Регистони Самарқанд ба қимати 11 ҳазор тангаи мирӣ харидаи падар, дақиқтараш, дар ҳуҷраи охирини самти шимолии мадраса, мезияду мехонаду меомӯзад ва дар давоми таҳсил ба зодгоҳаш рафтуомад мекунад.

Дар айёми таҳсили мадраса Нақибхон аз лаввоҳу наққоши моҳир ва муаррихи доно Абӯсаййид Махдуми Зарринқалам, аз Махдуми Гардан ва Домулло Бадахшӣ ва дигар устодони донишманд илму маърифат омӯхта, ба ҳалқаи зиёиёни онрӯзаи Самарқанд ворид мешавад ва дилгармона шеъру шоириро пеша мекунад. Дар ҷараёни шоирӣ аксари навиштаҷоташро таҳти тахаллуси «Туғрал» офарида, дар баъзе маворид «Нақиб» ва «Туғрали Аҳрорӣ» тахаллус кардааст.

Нақибхон баъди Мадрасаи Тиллокорӣ муддате дар Бухоро ҳам омӯзиши илму дониши ҷории замонаро идома медиҳад ва аз уламову удабои маъруфи онрӯзаи бухороӣ дарси илму адаб меомӯзад. Пас аз таҳсилу омӯзиши лозим ба зодгоҳаш баргашта, бар хилофи хоҳиши падараш ба Истами Аваз ном деҳқондухтари деҳаи Зиндакон ошиқ ва хонадор шуда, ҳамроҳи вай нуҳ сол умр ба сар мебарад. Аз ин никоҳ писаре ба дунё меояд, ки бадхоҳони Туғрал ӯро ба зудӣ нобуд ва модарашро тавассути заҳру дорувориҳо безурёт мекунанд. Дар хусуси таваллуду вафоти писараш худи Туғрал дар ҷое ишора кардааст:

Борҳо дар дили ман буд таманнои писар,

Лутф созад ба мани хаста Худованд агар.

Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,

Монд ҳасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.

Баъдҳо, ба сабаби бефарзандӣ, Нақибхон аз Истам ҷудо шуда, бо Муҳаррамаи Аслиддин ном духтари Томинӣ ақди никоҳ баста, соҳиби Муқаддара ном духтаре мешавад. Аз Муқаддара Муаттара ном духтаре ба ҷаҳон меояд, ки то ҳол (соли 2014) дар қайди ҳаёт буда, чароғи хонадону мазористони бобойи шаҳидашро равшану зинда медорад.

Бо вуҷуди рафтуойи доимӣ ва аёдати дӯстони дуру наздик, мададгорӣ ба камбағалону ниёзмандон ва тангию сахтиҳои рӯзгор, Туғрал ҳеч гоҳ ранҷу машаққати эҷоди бадеиро пушти сар накардааст ва далелҳо гувоҳи онанд, ки дар тӯли ҳаёти баъдӣ лаҳзае аз омӯзишу андӯзиш барканор наистода, соҳаҳои мухталифи илму дониши замонаро фаро гирифтааст ва муттасил аз пайи такмили фаҳмиши илмӣ ва ҳунари шоирӣ будааст. Барои мисол, дар мусаввадаи шоир дар тариқи донистани моҳи шамсӣ, усули ҷамъу зарбу тақсим, тарзи тайёр намудани ҳар гуна маъҷуни табобатӣ, усули табобати дарди дандон, зарари пурхорӣ, тарзи навиштани ҳар гуна санадҳои расмию шаръӣ, дар боби таваллуду вафот ва ҷулусу нузули ҳар гуна ашхоси таърихӣ қайду қитъаҳои таърих ва намунаҳои амалӣ сабту забтанд, ки ҳама шоҳиди гӯёи бохабарии амиқи Туғрал аз ҳисобу ҳандаса, тиббу табобат, фикҳу абҷад ва таърихи гузаштагон мебошанд. Ҳамчунин, ӯ дар шатранҷбозӣ маҳорати тамоме дошта, соҳиби хатти зебову хонои настаълиқ ҳам будааст. Зиёда аз ин, илми деҳқонию ҳунари бинокорӣ, урфу одати халқу забони зинда, маишати мардуму рӯзгори шаҳру деҳотро ба хубӣ медониста, дар равияи эҷоди бадеъӣ дониши илмию китобию ҳаётиашро некӯ ба ҳам дарпайваста тавонистааст ва ин ҳама ҷилову ғано дар забони фасеҳ, саноеъи бешумор ва ҳикмати санҷидаи шеъри Туғрал равшану возеҳ зуҳур кардааст. Ва соҳиби чунин заковати баланду илмию фазилати бемонанди инсонӣ ва маҳорати тавонманди адабӣ будани Туғралро ҳамзамононаш ҷиддан эътироф кардаанд, ки суханони зерини шоири ҳамдаври ӯ Абдулғании Ҷавдат далели чунин даъвостанд:

Яктойи асри мо буд он шоири ягона,

Бишкуфта буд аз ӯ ҳар суҳбату маҷолис!

Дар пеши дониши ӯ донишварон мусаллам,

Равшан бувад ба фаҳмаш ҳар нуктаву аҳодис!

Дар назму насру ашъор яктои асри мо буд,

Қойил шуда ба илмаш ҳар олиму мударрис!

Аз «назми каломи форс»-и Туғрал пайдост, ки ӯ захираву нозукиҳои забони деринасоли модарии худ – форсии дарии тоҷикиро ба дараҷаи воло медониставу эҳсос мекардааст. Дар сарфу наҳву луғати арабӣ низ устоди комил будааст, ки фиқраву ҷумлаву мақолу оёти арабии иқтибосӣ ва эҷоди қалами худаш гувоҳи онанд. Ва дар ин маврид бояд гуфт, ки Туғрал ҳамвора фарҳангҳои тафсирӣ, аз ҷумла, «Суроҳ»-у «Ҳамиз»-ро зери даст дошта, доройиҳои забони форсию арабиро дар муқояса меомӯхтааст. Дар дафтари мусаввадаи ӯ муродифоти форсию арабии калимаҳои асп, шер, май пайиҳам чида шудаанд, ки бори дигар аз паҳнои қаламрави забондонии Туғрал гувоҳӣ медиҳанд.

Шоири ҳассос ба мардуми русу забони онон иштиёқу дилбастагии хоссе доштааст. Аввалан, дар он рӯзҳо дар марказҳои тамаддуни Осиёи Миёна, монанди Самарқанду Бухоро, аҳён-аҳён намояндагони халқи рус ба назар мерасиданд, ки мардуми заҳматкаши маҳаллӣ, алалхусус, зиёиёну эҷодкорон, ба онҳо ғолибан ба чашми рафоқату имдодхоҳӣ менигаристанд ва дар симои онон, ҳамчун ҳамдиёрони инқилобу гардишҳои азими иҷтимоӣ, ёру ёвар ва муттакову мададовари хешро медиданд, ки Туғрал ҳам аз ҷумлаи он имдодҷӯён буд. Сониян, дар муқаввои охири мусаввадаи шоир, ки коғазаш истеҳсоли Русия мебошад, аз номи шахси русе ва ё, ҳеч набошад, русидоне, ба хатту имлову забони онрӯзаи русӣ «Китоби Мирзо Нақибхон Туғрал дар Мадрасаи Тиллокорӣ, аз (имзо)» навишта шудааст ва гумони комил меравад, ки он мард аз рафиқони шоир буда, дафтарро барояш ҳадя кардааст. Солисан, дар бисёр мавридҳо санаи ҳиҷрии зери ашъорашро Туғрал бо дасти худ ба мелодӣ гардондаву ба алифбои русӣ нигоштааст, ки далели дигари вуқуфаш аз хатту забони русист. Ахиран, Туғрал дар мусаввада таърихи эҷоди яке аз рубоиёташро ба шавқу завқи тамом ва батафсил ҳикоя кардааст, ки он лаҳзаи таърих, дар навбати худ, мифтоҳест барои кушодани психологияи иҷтимоию ҷаҳонбинии шоир ва нақлаш дар ин асно бамаврид менамояд: «Қазоро рӯзе ҳангоми (намози – А. Р.) дигар ҷиҳати тафарруҷу зангзудойии саҷанҷали хотир дар кӯчаву бозори Самарқанди фирдавсмонанд мегаштам, ки ду-се аз рамзошноёни маъниофарин ва шуарои муосири ин ҳечмадонро (яъне, Туғралро – А. Р.) мулоқӣ гардиданд, ки байнуҳум аз ҳар гуна сухан мушоъира рафт. Муқорини ин ҳол аз ҷумлаи насорои русӣ зане, ки дар ҳар шикани зулфаш ҳазорон дил дар гарав мебурд ва дар ҳар лаҳҷае аз лаълаш ҳамчун Исо ҳазорон мурдаро зинда менамуд, сарвқадди сабоҳатхадде, ки аз баёзи гарданаш сафедоби шафақ мавсуф ба рӯсияҳӣ ва аз нахли болои хиромонаш дасти шамшод машҳур ба кӯтаҳӣ, аз пеши назар чун барқи хотиф бо аробаи бойтин (фойтун – А.Р.) бандагонро қарин бигзашт. Бандаро ин ҳаракот аз ӯ хуш омада, ба яке аз он ҷумла, ки мутахаллис ба Фикрии мавсум ба Мирзо Акрам буд, ишора намудам, ки дар хусуси ин русиязан, ки аз сармояи ишқаш ҷуз рӯсияҳӣ натиҷа ҳосил нест, чизе билбадеҳа фармояд. Мумоилайҳ эътироз пеш оварданд, ки «сухан Шуморост». Бинобар алайҳи, банда билбадеҳа ин мисраъро арз намудам, ки мисраъи зерин аст, мисраъ:

«Дидам ба ароба ман зани русиро».

Азбаски сойири шуаро дар ин қофияи танг чизе нафузуданд, худи банда рубоӣ карда, тамом намудам, рубоӣ:

Дидам ба ароба ман зани русиро,

Кардам ба қудуми ӯ заминбӯсиро.

Гуфт: «Аз ҳунару фазл чӣ дорӣ?» Гуфтам:

«Шогирд манам суханвари Тӯсиро!»

Аз ин ҳикояту санадҳо равшан бармеояд, ки Туғрал донандаи забону урфу одоти қавму тойифаҳои гуногун, нуқли маҳфилу азизи маҷлисҳои адабӣ ва забардасти шуарои аҳд, соҳиби қудрати баланди суханофаринӣ ва устоди комили насри бадеъ, монанди Аҳмади Донишу Тошхоҷаи Асирӣ ва дигарон марди пешқадами замон ва адиби зиндадилу даҳримашраб, дур аз ҳар гуна дасисаҳои миллатгаройию хурофотпарастӣ буда, бархе офаридаҳояш сарчашмаи воқеъӣ ва асоси ҳаётӣ доштаанд.

Барҳақ, Нақибхони Туғрал шахсияте наҷибу хислатҳои ғариберо соҳиб буда, аз ин хусус дар миёни мардум монанди Ибни Синои сонӣ шуҳрат ёфтааст ва дар боби рафтору гуфтори аҷоибу ғароибаш ривоятҳои бешуморе паҳн гардидаанд. Аз ҳикояти мушоҳидону ҳамсуҳбатонаш бармеояд, ки Туғрал марди маърифатпарвару илмдӯст, олиҳиммату қаноатпеша, олуфтарафтору накӯкирдор, тундмизоҷу мулоҳизакор, ҳозирҷавобу қавихотира, шаккоку нотарс, фарохдасту назарбаланд, донишманду худписанд, хушсухану маҳфилоро, покизакору покизафитрат ва сарбаланду кушодабаён буда, қадди баланду камгӯшт, гунаи гандумию пешонаи васеъ, абрувони буроқу лабони нафис ва риши мошубиринҷи ҳамвору каму кӯтоҳе доштааст ва дар охирҳои умр ӯро бо саллаи мисқолии ҳаворанг, камзӯли махмали қаҳвагӣ, ду миёнбанди болойиҳам ва айнаки сиёҳ дидаанд.

Бар замми ин ҳама, Туғрал марди хоксору фақирпарваре буда, заррае фахру ҳавои аҷдодӣ надоштааст ва ҳирси молу пул дар вай мушоҳида намешудааст. Дар давоми таҳсилу зиндагии мустақил аз мадади моддии бародаронаш ҳазар карда, бо ранҷу заҳмати шахси худ, бидуни ҳашмату дабдаба ва фақиронаву хоксорона рӯз мегузарондааст, ки ин ҳолатро худаш чунин ба таъкид мерасонад:

Чунон сомони доман кардаам кунҷи қаноатро,

Ки андар дил намебошад таманнои зару симам!

Ва ё:

Хоксорӣ нест кам аз дастгоҳи эътибор,

Бӯриёи фақр ҳамчун тахти Ҷам дорем мо!

Рафоқату ҳамсуҳбатиҳои ӯ дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбағал ва омадурафти беохири мардуми фақиру бечора ба хонаи Туғрал дар Зосун гувоҳи равшани хайрхоҳию бечорапарварию авомдӯстии шоир мебошанд. Ҳамчунин, дар миёни мардуми камбағали Фалғару Панҷакат, Истаравшану Масчоҳ ва Самарқанду Бухоро ёру дӯстони зиёде дошта, ҳаммаҳфили як идда ҳунармандону зиёиён ва ҳамсуҳбати як даста суханварону ҳофизони пешқадами давр будааст. Аз ҷумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Аҳмади Васлӣ, Масеҳои Тамҳид, Аҳмади Равнақ, Исҳоқбеки Ваҳҳоҷ, Қурбӣ, Ҳасратӣ, Гулханӣ, Лутфӣ, Муҳаммадқулии Тарҷумон, Ашрафи Туҷҷор, Абдулфайёзи Қаровулбегӣ ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ ҳусни таваҷҷуҳу эҳтиром доштаанд ва дар чопи девонаш имдодҳо расондаанд.

Аз асноду хотироти мушоҳидон ва офаридаву ишораҳои мутаъаддидаи худи Туғрал бармеояд, ки ҳазордастони зосунӣ ба ду тан аз шуарои ҳамаҳду ҳамзабонаш ҳусни таваҷҷуҳи хосса ва робитаву эътиқоди беандоза доштааст, ки яке Шамсиддини Шоҳин (1859-1894) ва дигаре Гулшании Бухороӣ (соли ваф. 1910) мебошад. Ва дар ин маврид бояд изҳор дошт, ки Туғрал аз авони таҳсили Мадрасаи Тиллокорӣ ба Шоҳин ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ӯро пиру устоди маънавии худ шинохта будааст. Ҳамчунин, дар айёми таҳсили Самарқанд бо ашъори Шоҳин, ки дар миёни шуарои аҳд эътироф гардида буд, ва, махсусан, бо «Лайлию Маҷнун»-аш ошноии комиле пайдо карда, дар ҷавоби он ба таълифи «Лайлию Маҷнун»-и худ пардохтааст. Бар илова, Туғрал борҳо дар ҳошияи дафтару сарлавҳаву матни ашъораш аз ҳаққи устодӣ доштани Шоҳин бар худ сипосгузоронаву эхтиромдорона ёдоварӣ кардааст. Чунончи, дар мусаддасаш бар фарди Гулшанӣ, дар зери калимаи «Шоҳин»-и мисраъи «То шудам дур зи Шоҳини маъонӣ, Туғрал» ӯ «номи устодам» навиштааст, то муроди эҷодии худро равшантар бисозад. Ва ё дар охири ғазали «Хиҷолатмояам, вазъи парешонист бунёдам» (дар мусаввада) ба мисраъи дувуми байти мақтаъ чунин тавзеҳ афзудааст: «Яъне, Шоҳин устоди ман буд». Ва ё дар мусаввада зери сарлавҳаи «Аз устоди худ Шоҳин» чанд ғазал оварда, чандин дафъаи дигар ҳам Шоҳинро боифтихор мавло ва устоди худ номида, ниҳоят, дар маснавии «Лайлию Маҷнун»-и нотамомаш, ки дар татаббуъи достони ҳамноми Шоҳин офарида шудааст, боби алоҳидаеро ба ситоиши хираду маҳораташ тахсис дода, минҷумла, нигоштааст:

Он к-ӯ ба камол шамси дин аст,

Бо хотами илм ӯ нигин аст!

Наштарзани дар раги маъонӣ,

Ғаввоси ями гуҳарфишонӣ,

Ганҷури дури ҳадиси рангин,

Дар авҷи ғазалсаройӣ шоҳин;

Тасхирнамойи ҳисни дониш,

Аврангқабойи мулки биниш;

Дар ганҷи яқин дури ягона,

Бо зулфи узори шеър шона...

Устоди ману муаллими даҳр,

Мақбули ҷаҳону шуҳраи шаҳр!

Аз гуфтаву далелҳои боло ба хубӣ аён мегардад, ки Шоҳин дар ҷодаи илму адаб аз устодони беназири Туғрал будааст ва равобити эҷодию умумияту тафовути сабки нигориши эшон таҳқиқу таҳлили амиқу доманадореро тақозо дорад.

Агар дар миёни Шоҳину Туғрал пайванди устодию шогирдӣ барқарор бошад, дар байни ӯву Гулшанӣ муносибати дӯстию робитаи эҷодӣ ва мукотибаи доимӣ ҷараён доштааст. Барои исботи даъво метавон изҳор дошт, ки Туғрал дар ҷое «дар аввали нома ба Гулшанӣ таҳрир ёфт» гӯён рубоии зеринро гилаомез санад меорад:

Муддате шуд, ки ёр нома накард,

Рақами анбариншамома накард.

Ё магар коғазу мидод надошт,

Ё маро лойиқи ба хома накард?!

Ё «дар тарки ирсолномаи муддати шаҳрайн ба Гулшанӣ навишта будам»-гӯён ғазалеро сабт мекунад, ки ду байти аввалаш ин аст:

Ёди айёме, ки ҳар дам бо манат пайғом буд,

Шаҳди мазмуни ҳадиси дилкашат дар ком буд!

Дам ба дам, соат ба соат аз навиди номаат

Тарфи гулзори хаёли ман баҳорайём буд!

Ва ё дар мавриди дигаре «Охун Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ ба фақир навишта»-гӯён ғазалеро дарҷ месозад, ки матлаъаш ин аст:

Омад баҳору сабза баромад, наёмадӣ,

Ҳангоми айшу бода даромад, наёмадӣ...

Баъди матни ғазали мазкур «дар ҷавоби Охун Муҳаммад Содиқхоҷа Гулшании Бухороӣ навиштам»-гӯён ғазали худро марқум сохтааст, ки чунин абёте дорад:

Он рӯзи ваъдаи ту саромад, наёмадӣ,

Нахли умед бо самар омад, наёмадӣ!

Дар интизори ваъдаат андар раҳи Бухор

Мадди нигаҳ зи дида баромад, наёмадӣ!

Гуфтӣ, ки меравам ба Самарқанд назди ту,

Биллаҳ, маҳалли найшакар омад, наёмадӣ!

Ҳамчунин, Туғрал дӯсташро дар ду қасидаи комиле беғаразонаву самимона ситоиш карда, шахсияти беолоишу маҳорати баланди шоириашро баҳои сазовор додааст ва дар ин замина ақидаҳои муфиди адабӣ-эстетикии худро ҳам баён доштааст. Боз, аз мусаввадаи Туғрал бармеояд, ки ӯ ба ду ғазали Гулшанӣ мухаммас ва ба фардаш мусаддас низ баста будааст. Ва аз ин ҳама чунин натиҷае ҳосил мешавад, ки Гулшанию Туғрал дӯстони ҷонӣ буда, ба манзили ҳамдигар рафтуомад ва дар мавориди даркорӣ мукотиба мекардаанд. Далели русидонию маорифпарварии Гулшаниро низ дар табаддулоти фикриву ҷаҳонбинии тозаи шоири рамузфаҳм бетаъсир набояд донист ва ин омил дар роҳи Инқилоби Октябру сохти навини иҷтимоиро ба зудӣ ва бидуни калавише истиқбол намудани бузургмарди зарафшонӣ мақоми муҳимме бояд дошта бошад.

Бино ба гуфтаи ҳолдонон ва шаҳодати Устод Айнӣ, Туғрал «дар охирҳои ҳол обу ҳавои тозаи Кӯҳистонро аз зиндагонии шаъшаъадори пурташвиши шаҳр тарҷеҳ карда», тамомӣ ба зодгоҳи худ бармегардад ва дар он ҷо ба деҳқонию чорводорӣ машғулӣ мегузинад, аммо рафтуомадро ба назди ёру дӯсту ҳаммаслакони самарқандию панҷакатияш ба куллӣ қатъ намесозад.

Баъди ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр дар Русия ва қаламрави Генерал-губернатории Туркистон шоири пухтаву ҷаҳондида ва мутараққию румузфаҳм бидуни калавишу дудилагӣ ба хидмати Ҳукумати Шӯроӣ медарояд ва тавассути қалами обдору синони озодкор алайҳи душманони сохти наву мухолифини ҳаёти нав муборизаи беамон мебарад. Дар шаҳру деҳоти Масчоҳу Фалғару Панҷакату Самарқанд гашта, мардумро ба тарафдориву ҳамкории ҳукумати ҷадид даъват мекунад. Аз ҷумла, борҳо дар Самарқанд маҳфил ороста, дар ҳузури мунавварфикрони он давра Иброҳим Саййидкамолзода, Шамсиддин Иброҳимзода, Баҳриддин Ҷалолхоҷаев, Қорӣ Адҳам, Қорӣ Бурҳон, Турсунбой Зокиров, Нуруллоҳ Файзуллоев, Абдулҳамид Пӯлодӣ ва бисёри дигарон аз хусуси бартарии сохти нави иҷтимоӣ суҳбатҳо карда, ба торумори душманони синфӣ ва дарки ҳарчӣ зудтари сохти шӯройӣ бармехонадашон, ки ҳамаи онҳо минбаъд дар роҳи барқарорсозии Ҳукумати Шӯравӣ дар Самарқанду атрофу акнофи он ва саросари водии Зарафшон хидматҳои бебаҳое кардаанд. Зиёда аз ин, дар он айём шоири равшанзамир бо зиёиёни русу тотору ӯзбак, ходимони давлати шӯройӣ ва кормандони идораҳои ҳукумати нави инқилобӣ равобиту ҳамкориро мустаҳкам намуда, дар роҳи таҷдиди иҷтимоӣ ҳамфикрию ҳаммаромии шахси хешро бармало ба зуҳур мерасонад. Барои мисол, ӯ дӯсти наздики корманди идораи нотариалии шӯравӣ, тарҷумони забонҳои русию тоҷикӣ Мирзо Муҳйиддин буда, нусхаеро аз девони худ бо соядасте барои ӯ бахшидааст: «Ин армуғон аз тарафи Мирзо Муҳаммадхон Нақиби Туғрал аст ба сӯйи бародари арҷманди ҷалилулиэътибори шафқатойин Мирзо Муҳйиддин валади рошиди Ҳусайн».

Бояд афзуд, ки Муҳйиддин Ҳусейнов аз намояндаи тоторони маҳаллӣ ва фарзанду тарбиятдидаи хонадони пешқадами замон (бародараш муаллими забони русӣ) буда, дар такомули ҷаҳонбинии фикрию инқилобӣ ва роҳи дурусти ҳаёти навинро баргузидани Туғрал нақши муҳим бозидааст.

Туғрал дар миёни муаллимону талабагони мактабҳои навташкили шӯройӣ низ суҳбатҳо карда, дилашонро ба сохти наву ояндаи дурахшони зиндагӣ гарм месохтааст. Аз ҷумла, соли 1919, аввалин бор дар деҳаи Похути ноҳияи Фалғар мактаби нав ташкил мешавад ва Туғрал ба муносибати соли нав – Иди Наврӯз ба он мактаб рафта, дар табрики мактабиён таронаҳои наврӯзӣ хондааст, ки рубоии зерин аз он ҷумла мебошад:

Баҳ-баҳ, ки рабеъу Иди Наврӯз омад,

Наврӯз шуду ба халқ нав рӯз омад!

Тифлони дабистон ҳама гаштанд озод,

Озодии Наврӯз зи наврӯз омад!

Шоир на танҳо субҳи ҳаёти навинро аз самими қалб истиқболу тараннум карда, ба эҷодиёташ ғояҳои нави инқилобӣ ва мазмунҳои тозаи замонавиро ворид меоварад, балки ҳастии худро дар роҳи ҳимояти дастовардаҳои инқилобу барқарории Ҳукумати Шӯроӣ гаравгон мениҳад.

Барҳақ, Туғрал аз рӯзҳои нахустини ғалабаи сохту сиёсати нав дар водии Зарафшон расман ба хидмати давлати советӣ ворид шудааст, ки дар ин бора ходими вақти ЧК Силченко Николай Алексеевич баъди сари Туғрал дар санаде маълумоти муҳимме сабт намуда, зимнан «Нақибхон... 3 сол қабл аз маргаш ба таълифи китобе дар бораи ҳаракати инқилобӣ ва босмачигарӣ шурӯъ карда буд» навиштааст. Ва, албатта, беҳуда нест, ки ӯро ҳамроҳи корманди милисаи навтаъсиси, шӯравӣ Ёр Авазов ба ҳайси ходими сиёсии Ҳукумати Шӯроӣ барои пахши балвои зидди ҳукумати ҷавони шӯравӣ барпокардаи рӯҳониён ва кулакону амалдорон, ки соли 1918 дар деҳаи Обурдани Масчоҳ хурӯҷ карда буд, мефиристанд ва Туғралу ҳамсилоҳонаш он ошӯбро хомӯшу балвогаронро таслим кунонда, дар насиҳати босмачиёни тахту ҷоҳпараст ва дар таҳсини инсони муборизи зидди «исобат» (мусибатзадагӣ; киноя аз дунёи куҳна) мегӯяд:

Не ҳубби муҳибби дилнишин мемонад,

Не тири адӯйи кинагин мемонад!

Инсон ба муқобили исобат?! Аҳсан!!

Дунё гузарон аст, ҳамин мемонад!

Туғрал дар байни солҳои 1918-1919 ҳамроҳи аскарони сурхи шӯравӣ дар чандин задухӯрди хунини алайҳи босмачиёну аксулинқилобиюни болооби Зарафшон бевосита ширкат варзида, борҳо ситоди дастаҳои ихтиёрию аскаронро дар ҳавлии худ ҷой медиҳад ва ҳамроҳашон деҳоти Томин, Фатмев, Гузари Бод, Рарз ва Похутро аз чанги душманони синфӣ озод мекунад. Ва дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳои шадид барои озодии деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор ва 28-уми июни соли 1919 дар мавзеъи Лангари деҳаи Сангистони ноҳия хунсардона ва худсарона ба қатл расонда мешавад. Ин ҳукми нангину ноодилонаро Шетинин ном сардори дастае, ки дар роҳи нобуд шудани аскарони сурх аз чанги босмачиён худаш гунаҳкору сабабгори асосӣ будааст, бидуни иҷозати расмии давлатӣ бароварда, худаш онро ба иҷро мерасонад. Ногуфта намонад, ки баъдҳо қонуни адолатгустару ҳукумати ҳақиқатпарвари шӯравӣ Шетининро барои чунин худсарию гунаҳкориҳояш одилона ба ҳабс маҳкум мекунад ва ӯ дар маҳбас хору залилона ҳалок мешавад.

Хабари нохуши марги нобаҳангоми ҳунарвари шаҳир аҳли деҳаву диёр ва шогирдону ҳаводорони сершуморашро ба риққату сӯг оварда, шоироне чун Хилъат, Файёз, Ҷавдат, Ҷомеъ ва дигарон ба сӯзу алам дар вафоти ӯ қитъаву марсияҳо сурудаанд. Аз ҷумла, Файёзи Хуҷандӣ дар қитъае санаи қатли Туғралро ба ҳисоби ҷумал чунин марқум доштааст, ки аз моддаи таърихи он («Ҳайфи Туғрал») соли 1337 ҳиҷрӣ (1919 мелодӣ) бармеояд:

Дуболо шуд зи саҳбои шаҳодат

Ба базми ҷовидонӣ кайфи Туғрал.

Хирад фармуд бо Файёз: «Баргӯ

Ба таърихи вафоташ: «Ҳайфи Туғрал!»

Адиби дигар, Хилъат, ин санаро ба ҳисоби ҳиҷрию мелодӣ (1337/1919) чунин ба назм овардааст:

Ба соли қатли Туғрал, гуфт Хилъат,

Зи чап бинвис нуздаҳ, боз нуздаҳ.

Агар хоҳӣ, ки орӣ соли ҳиҷрӣ,

Биҳ аст аз рост ҳафту сею сездаҳ!

Хушбахтона, ба василаи саъю кӯшиши бевоситаи ходимони оқилу одили ҳизбию давлатии Тоҷикистон – шоир ва нависанда Ҳабибулло Назаров ва марди адабпарвар Сиддиқ Зарифов, дар асоси шаҳодати болшевикони куҳансол А. Баротов, С. Холов, Б. Холиқбердиев, Б. Орифов, А. Пӯлодов, С. Ҷӯрабоев ва номаҳои сершумори мухлисону донандагони шоир, Президиуми Суди Олии РСС Тоҷикистон бо қарори махсусаш аз 30-юуми декабри соли 1960 қатли Нақибхон Туғрали Аҳрориро беасосу бемаврид ва дар хиёнаткорӣ айбдор шуданашро нодурусту бесанад шумурда, барои нашру таҳқиқи осори гаронбори сухангӯйи шакаргуфтор гузаргоҳи васеъ бикшод.

Аз Нақибхони Туғрал осори гуногунжанру гуногунмавзӯи адабӣ мерос мондааст. Намунаҳои осори шоир аввалин бор соли 1916 дар матбааи Когони Бухоро, бо саъю эҳтимоми дӯстону шогирдону ҳаводоронаш зери унвони «Девони Туғрали Аҳрорӣ» мунташир гардидаанд. Девони мазкур маҷмӯъаи мукаммалтарини эҷодиёти Туғрал буда, пайиҳам 303 ғазал (5634 мисраъ), 1 мустазод (32 мисраъ), 9 мухаммас (305 мисраъ), 3 мусаддас (132 мисраъ), 1 тарҷеъбанд (66 мисраъ), 8 қасида (570 мисраъ), «Фироқнома» (112 мисраъ), шеъре барои судурволии вилояти Кеш (10 мисраъ), «Соқинома» (136 мисраъ), «Тасдиқот» (196 мисраъ), ду қитъаи таърих (36 мисраъ) ва маснавиеро дар хусуси табъи девонаш (106 мисраъ), яъне ҷамъулҷамъ 7335 мисраъ-3668 байт аз осори манзуми суханварро фароҳам овардааст. Бар замми навиштаҷоти Туғрал, дар охири маҷмӯъа қитъаҳои таърихи Исҳоқбеки Ваҳҳоҷ, Аҳмадҷони Васлӣ, Абдулхайрхоҷаи Хайрӣ, Абдулқайюми Қурбӣ, Қосими Бухорӣ, Масеҳои Тамҳид, Аҳмадҷони Равнақ, Саййиди Бухорӣ, Идрисхоҷаи Роҷӣ, Усмони Ҳасратӣ, Гулхании Самарқандӣ, Абдулғании Ҷавдат ва чанде дигар дар хусуси табъи девон, ҳамчунин, 3 қасидаи комили Ваҳҳоҷ ва қитъаи «хотиматуттабъ»-и Аҳмадҷони Васлӣ дар боби девону муаллифи он ҷой дода шудаанд.

Боиси фараҳмандист, ки як дафтари мусаввадаи ашъори Туғрал ҳам барҷой монда, имрӯзҳо дар китобхонаи хусусии марди адабпарвари самарқандӣ Абдулҳамид Пӯлодӣ (Самарқанд, кӯчаи Фролов, хонаи 127, утоқи 1) эҳтиёткорона нигаҳдорӣ мешавад. Ин дафтар ашъору асноду қайдҳои дигари дар миёни солҳои 1890-1919 навиштаи адиб, равшантараш, ашъори зиёди то ба ҳол номатбӯъу санадҳои номаълуми ҳаёту эҷоди Туғралро фаро гирифта, девону рӯзгорномаи ӯро комилтар метавонад кард. Аз ҷумла, дар мусаввада намунаҳои достони «Лайлию Маҷнун», чанд «Арза» (маснавиҳои хурди лирикӣ), чандин бадеҳаву ғазалу рубоию фарду муаммои шоир марқуманд, ки дар ҷое дигарашон намебинем ва бидуни нашру таҳқиқи онҳо симои асили эҷодии Туғрал норавшан мемонад. Қимати баланду мақоми беназири мусаввадаро дар бобати интишору баррасии осору рӯзгори шоир академик Абдулғанӣ Мирзоев соли 1965 дар мақолаи «Дафтари мусаввадаи ашъори Туғрал ва аҳамияти он» (рӯзномаи «Маориф ва маданият», аз 1-уми июли соли 1965) ҳамаҷониба нишон дода буд.

Баъдҳо бо ташаббуси шоир Маҳмуд Диёрӣ маҷмӯаи мухтасари ашъори Туғрал иборат аз 8 варақ дастраси муҳаққиқон гардидааст, ки соли 1891 танзим ёфта, ҳамагӣ 437 мисраъро дар бар мегирад, аммо ба девону мусаввада чизе наметавонад афзуд. «Ашъори мунтахаб»-и мутазаккираи соли 1964 бо эҳтимоми Носирҷон Маъсумӣ аввалин бор ба ҳуруфи кирилӣ дар Душанбе (нашриёти «Ирфон») чопшудаи шоир ҳам дар асоси маводди девон ва нусхаи бозёфтаи М. Диёрӣ мураттаб шуда, доройиҳои мусаввадаро таҷассум намесозад. Ҳамчунин, дар як идда тазкираву баёзу радоифулашъори мухталифа ҳам намунаҳое аз чакидаҳои табъи саршори Туғралро дучор омадан мумкин аст, ки бозгӯии интишору иштиҳори васеъи каломи баландпарвози суханвари мумтозанд.

Осори боқимондаву дастраси Туғрал дар қолаби маснавӣ, қасида, ғазал, мусаммат, рубоӣ ва фард эҷод шудаанд. Аз ҷумла, маснавии «Лайлию Маҷнун» иборат аз 219 байт буда, қисмати муқаддимавӣ, бобҳои «Гуфтор дар нопойдории олам ва бемадории чархи кулфаттавъам»,«Дар мадҳи устоду мавлои худ Шамсиддин Муҳаммади Шоҳин», «Дар сабаби таълифи ин ишқнома ва ҷамъияти ин аҷзо ва ёрмандии хомаи мушкиншамома» ва «Оғози достони «Лайлию Маҷнун» ва ошиқ шудани эшон ба ҳам»-ро фаро мегирад. Ин асар аз охирин намунаҳои мактаби «Лайлию Маҷнун»-саройии адабиёти классикии тоҷик мебошад, ки дар пайравии маснавии «Лайливу Маҷнун»-и Шамсиддин Шоҳин (1858-1894), дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф ва мақдур, суруда шуда, бо байти зерин оғоз меёбад:

Бунёди сухан кунам ба хома,

Машшота занам ба зулфи нома!

Мутаассифона, маснавӣ ё нотамом мондааст ва ё давомаш аз байн рафтааст ва ҳамин абёти боқимонда ҳам дар ҷое ба табъ нарасидааст.

«Соқинома»-и Туғрал дар мавзӯъу мазмуни анъанавӣ ва дар ҷавоби «Соқинома»-и Бедил гуфта шудааст. Манзумаи «Наврӯзнома» дар асоси донишу таҷрибаву мушоҳидоти деҳқонии гузашта дар кадом сол чӣ гуна омадани обу ҳавову кишту ҳосилро дар либоси бадеъӣ пешниҳод мекунад. Ҳамчунин, Туғрал ба унвони «Арза» ду-се маснавии кӯчаке дорад, ки ба сабки номаи манзуме ба нишони ёр иншо гаштаанд ва дар онҳо ҳасби ҳолу шӯру шарару умеду армони дилдор ифшо ёфтааст.

Қисмати ағлаби қасидаҳои шоир асосан дар панду насиҳату мадҳи муқаррарӣ таълиф гардида, то андозае нийяту орзуҳои идеалӣ ва манзараҳои муҳити атрофу рӯзгори шахсии ӯро ҳам пеши назар меоранд.Қисмати дигари қасидаҳо ба тасвири симои аҳли шеъру адаб бахшида шуда, дар онҳо фикру андешаҳои пурсамари адабӣ-эстетикии Туғрал ифода ёфтаанд, ки як навъ навоварии шоир дар олами қасидасаройист.

Шоир дар ин гуна қасоид амирону амалдорони замонро ба адлу инсоф, касби хираду маърифат, рифоҳи халқу мамлакат ва ҳимояи аҳли ҳунар бархонда, минҷумла, дар қасидае ҳокими даврро кушоду равшан дар тарбият накардани «аҳли камол» ва риоят накардани қавоиди шариат гунаҳкор медонад ва дар ин ҷода аз Алишери Навойӣ сабақ гирифтанашро тақозо менамояд:

Он ки туйӣ соҳиби девони шаҳ,

Ҷуз ту дигар соҳиби девон куҷост?!

Аз пайи осоиши ислому дин

Ин ҳама тадбиру мусово куҷост?!

Бин, ки Алишери Навойӣ чӣ кард,

Булбули бисёр аз ӯ дар навост!

Буд дараш маҷмаъи арбоби фазл,

То ба кунун аз карамаш қиссаҳост...

Пас, зи чӣ рӯ менакунӣ тарбият,

Ай ки туро давлати бемунтаҳост!?

Туғрал дар қасидасаройӣ суннатҳои адабиёти классикӣ, махсусан, анъанаҳои эҷодии Анварию Қоонию Хоҷуро давому ривоҷ дода, дар навбати худ, дар тани қасида рӯҳу даму нафаси айёмашро дамондааст.

Ғазал аз анвоъи шеърии мақбулу маҳбубтарини Туғрал буда, қисмати асосии лирикаи ӯро ташкил медиҳад ва шоир дар ин ҷода дастовардаҳои ғазалсароёни бузурги форсизабон Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Бедил, Нозим, Шоҳин ва дигаронро манбаъи ибрату мактаби назираву тазмин қарор дода, дар олами беканори ғазалсароӣ нақши худро гузоштааст.

Бояд иқрор кард, ки Туғрал дар тарзи ғазалгӯйӣ бештар ба сабку услуби халлоқулмаъонӣ Бедил иттико варзида, вазну қофияву қолабу образҳои шеърии ӯро бештар аз дигарон манбаъи эҷоду мабдаъи илҳом қарор додааст. Аммо, бо ин ҳама, ба таъбири Устод Айнӣ, «истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаъидди болоравӣ буд» ва ғазалиёти берун аз асорату тақлиди Бедил офаридааш зиёдтару қобили таваҷҷуҳанд.

Аслан, Туғрал фаъолияти эҷодӣ (ғазалсароӣ)-ро бидуни таъсиру тақлиди бевоситаи Бедил оғоз намуда, ба ҷодаи мустақилу мустақими ҳунарварӣ қадам ниҳодааст. Аз ин ҷиҳат, андешаи зерини академик Абдулғанӣ Мирзоев асоси илмӣ дорад, ки дар аснои тавсифи дафтари мусаввадаи Туғрал иброз доштааст: «Бисёрии шеърҳои чопшудаи шоир дар услуби Бедил намебошад ва чунин маълум мешавад, ки Туғрал дар аввали марҳалаи шеърсаройии худ аз услуби Бедил – «сабки ҳиндӣ» дур воқеъ шуда, ба ин услуб баъдтар қадам гузоштааст».

Гузашта аз ин, дар охири чанд ғазал аз Бедил ном бурдану иқтибос овардану дар татаббуъи вай изҳори матлаб намудани Туғралро падидаи тақлидкории маҳзи шоир пиндоштан амре ғалат аст. Ин унсури эҷодиро як навъ приёми адабӣ ва хусусияти хоси усули фардии Туғрал бояд донист, зеро ӯ, зоҳиран, дар танзиму пайравии Бедил сухан гӯяд ҳам, фикри худу андешаи худ, дарди худу дармони худ, омоли худу армони худ ва шахси худу инсони худро мустақилона баён месозад.

Туғрал дар ғазалҳои хеш тамоми мазмуну мавзӯъҳои анъанавии фалсафию ахлоқӣ ва ишқиву иҷтимоиро, аз ҷумлаи шикоят аз ҳаҷру васли ёру зулму ташвиши рӯзгор, сарзаниши «дунёи дун»-у эътирофи «қисмати азалӣ», арзиши олами фонию боқӣ, авомили умеду ноумедӣ, вайронии сохти замону бесомонии даврон, ғафлати мардуму худсарии сармоядорон, бехирадии зоҳиду нокасии соҳибмансаб, авомфиребии муллоҳои чаласаводу рӯҳониёни мутаассиб, сафои дӯстию сидқи бародарӣ, ҳусни табиату накҳати чаман, лутфи ҳақу бедоди фалак ва амсоли инҳоро ба риштаи таҳрир кашида, инсонҳоро барои ғанимат донистани зиндагиву баҳравар гаштан аз неъматҳои моддӣ, дӯст доштану ишқ варзидан, мард будану саховат кардан ҳам даъват менамояд.

Образҳои рамзии ишқномаҳои классикӣ хаёли ӯро банд карда, таъбирҳои вобастаи вожаи «ишқ» бо тамоми тобишҳои маънойӣ вирди забони шоири лирик гардидаанд; яъне, ишқ дар шеъри ӯ бо тамоми муқаддасоту муҳассанот ва образи лирикӣ дар кулли сифоту назокатҳояш ба ҷилва даромадааст.

Ба ҳар ҳол, дар симои Туғрал лирики зиндадилу нисбат ба ҳаёт некбин, марди аз неъматҳои моддӣ баҳравар ва ошиқи хушпаймонеро мебинем, ки гоҳе аз нокомии ишқу носозгории қисматаш малулу маҳзун аст. Ва қисми асосии ғазалиёту мусамматоту мустазодоти шоир ана ҳамин рӯҳияро фарогир буда, дар мизони қиёсӣ ҷиҳатҳои судманду пурарзиши онҳо аз ҷиҳатҳои сусту камаҳаммияташон афзалтару бештаранд.

Ашъори лирикии Туғрал моломоли санъатҳои дилнишини лафзиву маънавӣ, забону тарзи баёнашон содаву равон, мантиқашон қавӣ, қофияву радифашон солим буда, гоҳе дурдонаҳои лирикаи шифоҳии халқиро ба хотир меоранд. Табиист, ки қисмате аз онҳоро барӣ аз таъбироти мастуру мармуз, нуктапардозиҳои сарбаста ва печутоби услуби бедилӣ донистан мумкин нест.

Андешаҳои ҳаҷвию мутоиботӣ ва музҳикаомези Туғрал, ки гоҳе ба дараҷаи ҳаҷви иҷтимоӣ расидаанд, дар қолаби ғазалу қитъаву рубоию байтҳо рехта шудаанд. Шоир дар ин қабил ашъор дурӯию каззобии қозиёни шаръӣ, рӯҳониёну амалдорон, монанди Мулло Масеҳи волостнойи Панҷакат, ваъдахилофию бефаросатӣ, буҳтонэҷодию фитнаангезӣ, ҳарисию хасисӣ, қаллобию пастфитратии тойифаҳои гуногуни мардумро зери тозиёнаи танқиду тамасхур гирифтааст. Ҳамчунин, дар қитъаву рубоию фардҳои адиб мақоми шеъру моҳияти шоирӣ, таърихи ҷулусу нузул ва таваллуду вафоти ашхоси таърихӣ, ғаниматии фароғати имрӯзӣ, зиёни тамаъу суди қаноату тавозуъ, ҳусну ҷамолу васлу фироқи ёр, мавсими гулу Иди Наврӯз, қимати умру мақоми инсон ва дигар мавзӯъоти фалсафию ахлоқӣ ва ишқию гуманистӣ устодона ба дойираи таҳқиқи бадеӣ кашида шудаанд.

Мувофиқи шаҳодати шоҳидон, Туғрал охирҳои умраш дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ таҳти унвони «Боғистон» асари манзуму мансури фалсафӣ-ахлоқиеро рӯйи коғаз оварда, ғайр аз боби охирин, ҳафт боби пешинашро ба итмом расонда будааст. Инчунин, дар мавзӯъи ҳаракати инқилобию истиқрори Ҳукумати Шӯравӣ дар саргаҳи Зарафшон ва оқибатҳои машъуми ҳаракати босмачигарӣ дар ин водӣ як-ду сол қабл аз вафоташ ба навиштани асари калонҳаҷме пардохта будааст, ки дар ин бора Н.А.Силченкои мазкур ва дигар ҳамзамонони шоир гувоҳӣ додаанд. Илова бар ин, дар он солҳои пурошӯби муборизаҳои синфӣ, баробари «Боғистон»-у асари номаълуми доир ба ҳаёти нав, аз миён рафтани ғазалиёти солҳои охири умри Туғралро гуфтаҳои зерини яке аз донандагони Туғрал – шоир Ҷомеъ собит мекунанд:

Аз миён рафтаст «Боғистон»-и ӯ,

То ки Туғрал рӯй аз гетӣ нуҳуфт.

Ва:

Пас аз чопи девон-ш ҳаштод ғазал

Навиштаст, лекин бувад нопадид.

Ҳам дар назму ҳам дар наср андеша рондани Туғралро шоири истаравшании нимаи аввали асри ХХ Муштарӣ, ки бо ӯ дӯстию рафтуойи доимӣ доштааст ва хонааш фурудгоҳу маҷлискадаи ҳазордастони зосунӣ будааст, баробари дигар муаммоҳои шарҳи ҳолаш, дар қитъаи таърихи ба фавти Туғрал бахшидааш чунин иброз медорад:

Дар гулситони маънӣ мебуд ҳамчу булбул,

Аз андалеби килкаш мекард сафҳаҳо гул!

Номаш Нақибхону з-авлоди Хоҷа Аҳрор,

Ӯро лақаб ҳамебуд дар назму наср Туғрул!

Бояд гуфт, ки Нақибхони Туғрал дар саросари осори боқимондааш ба муаммоҳои шеъру шоирӣ таваҷҷуҳи хоссе зоҳир намуда, ҳамеша марому мақоми каломи бадеъ ва эҳтироми офаринандагони шеъри дариро бузургу пос доштааст. Чунончи, дар мавриде ҳамон қитъаи машҳури ба Фирдавсию Анварию Саъдӣ бахшидаро овардаву дар ибтидову интиҳояш андешаи шахсии хешро чун такмилу таҳрири он афзудааст, ки як навъ эътирози шоир алайҳи камбинию маҳдудсозии замини пурдарахти адабиёти бостонии халқ ва рамзи ифодаи меҳру муҳаббати Туғрал ба осмони пурситораи назми классикии форсу тоҷик аст:

Ҷаҳони назмро султон чаҳоранд,

Ки ҳар як боғи донишро баҳоранд!

Авал – Фирдавсӣ, он к-аз хоки Тӯс аст,

Аз ӯ рӯйи сухан рӯйи арӯс аст!

Дувум – Саъдӣ, ки ӯ сар зад зи Шероз,

Расад шерозиёнро бар ҷаҳон ноз!

Севум – сарви риёзи Қум – Низомӣ,

К-аз ӯ мулки сухан бошад тамомӣ!

Чаҳорум – Анварӣ, к-ӯ сар баровард

Чу оби пок аз хоки Абевард!

Пас аз ин чор устоди ҳунарвар

Суханҳои ману ғайри ман овар...

«Дар шеър се тан паямбаронанд,

Қавлест, ки ҷумлагӣ бар онанд!

Гарчанд ки «ло набия баъдӣ»,

Фирдавсию Анварию Саъдӣ!

Баъзе Низомиро хориҷ кардаанд, – идома медиҳад Туғрал, – аммо дар Ҳофизи Шерозӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил чӣ ҷойи мадҳ?! Онро, ки аён аст, баён ҳоҷат на!».

Туғрал, ҳамчунин, дар қасидаи махсусе, ки дар мусаввада «Қасидаи бузургон»-аш номидааст, аз Устод Рӯдакӣ то муосирони худ қариб ҳафтод тан шуарои гӯшаҳои мухталифаи қаламрави шеъри форсиро ба доираи баррасӣ кашида, ба мазмуну шаклу ғоя ва, ҳатто, сабку салиқаи эҷоди ҳар якашон баҳои сазовор (мусбат ва ё манфӣ) додааст, ки бештарашон ба нуқтаи назари адабиётшиносони кунунӣ хеле наздиканд. Аз ҷумла, дар хусуси чанд шоири гуногунманзилат, гӯё, фикри ҳақи умумро чунин менигорад:

Гуфтаи Салмон ҳамаро дидаам,

Шоири хушлаҳҷаи ширинадост!

Унсурию Асҷадию Фаррухӣ,

Нағмаи ҳар се ҳама аз як садост...

Нағмасаро Булҳасани Рӯдакӣ,

Гунбади чарх аз суханаш пурсадост...

Монда зи Ваҳшӣ ду-се маснавӣ,

Сайди сухан улфати ваҳшӣ куҷост?!

Хотифӣ гуфтаст яке маснавӣ,

Маснавии ӯ ҳама афсонаҳост!

Шоҳӣ бурун гаштааст аз Сабзавор,

Боғи каломаш барӣ аз сабзаҳост...

Нозими бечора ба навъи сухан

Хӯшакаши хирмани маънинамост!

Лек ба як маснавӣ ду ҳафт сол

Шуғл намудан на зи фикри расост...

Бар замми ин, дар саросари осори манзуми Туғрал ному шеъру асарҳои суханварони машҳури гузашта ва муосирашро метавон дучор омад, ки шумораи умумии онон қариб ба 100 мерасад ва дар байнашон аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ғазолӣ, Сино, Хусрав, Ҳофиз, Камол, Саъдӣ, Ҳилолӣ, Ҷомӣ, Бедил, Саййидо, Сойиб, Мушфиқӣ, Шоҳин гирифта то ба Хиҷлат, Вола, Навҳа, Ҷавҳарӣ, Маҷнун, Ҳарфӣ, Акрам, Садри Зиё, Лутфӣ ва даҳҳои дигарро мулоқӣ шудан имкон дорад. Ва ин манзара гувоҳ бар он аст, ки Туғрал дастовардаҳои адибони хурду бузурги гузаштаву замони худро амиқу ҳамаҷониба фаро гирифта, дар натиҷаи омӯзишу баҳрабардориҳои доманадори эҷодӣ ба дараҷаи баланди сухангустарӣ расидааст ва бонии қасри сухани аслофи адабияш гардидааст. Ва на танҳо худ «дар сухан тариқи пухтагонро» пеша кардааст, балки, ба рамзе, дигар аҳли қаламро ҳам ба ин роҳу равиш бархондааст:

Дар сухан, Туғрал, тариқи пухтагонро пеша кун,

Меваат гар хом бошад, нест дар дандон лазиз!

Бар ашъори Камол, Нозим, Шоҳин, Гулшанӣ, Қурбӣ, Қорӣ ва дигарон мухаммасу мусаддас бастани Туғрал ва риштаҳои мухталифи ихтилоту иртиботи эҷодиву шахсии шоир бо устодони мутақаддиму мутааххири сухан бурҳони дигари эътиқоду эҳтироми бемонанди ӯ нисбат ба адибону адабиёти оламгири халқамон аст.

Баръакс, бар ғазалиёти шоири борикбин мухаммас бастану дар пайгириаш шеър офаридани шоирони муосираш, аз ҷумлаи Гулшанӣ, Васлӣ, Акрам, Аҷзӣ, Навҳа, Сафирӣ, Баҳром, Холис, Самимо, Роҷӣ, Қумрӣ ва дигарон, дар сарчашмаҳо ихлосмандона зикр ёфтани шарҳи ҳолаш аз тарафи тазкиранигорон ва дар хотироти ҳаммаслаку ҳаммаҳфилу ҳамдиёрон зинда мондани ёди хайраш гувоҳи дар байни ҷамоъа шуҳрату мақоми баланди инсониву шоирӣ доштани Туғраланд.

Хулоса, ашъори дилангезу рӯҳпарвари суханвари тамомиёр Туғрали Аҳрорӣ шарики ғаму шодии мардуми тоҷик гардида, мисли «Шаҳрошӯб»-е дар саросари Осиёи Миёна интишору эътибор ёфтаанд. Ҳанӯз дар замони зиндагии шоир овозхонони номӣ Ҳоҷӣ-Абдулазиз, Левихони Яҳудӣ, Ҳасани Ҷӯҷа, Қорӣ-Яъқуб, Камол-Ака, ки шахсияту эҷодиёташро ба хубӣ медонистанд, ғазалиёти намакини ӯро дар зери навою ғино замзама мекарданд. Оҳиста-оҳиста ғазалиёти беҳтарини Туғрал ба «Шашмақом» ворид гаштанд ва минбаъд ҳам мақомхонони машҳури тоҷик – Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон бо майлу рағбати тамом онҳоро месуруданду месароянд. Оре,

Ҷовид бодо ашъори Туғрал,

Чидаст гавҳар аз маъдани субҳ!

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.