ФАРҲАНГИ АСОТИР

Печать

Муҳаммадҷаъфари ЁҲАҚӢ                     

 ЗУЛУМОТ

Зулумот, ки дар шеър гоҳе ба сукуни лом ҳам талаффуз мешавад ҷамъи зулмат ва қисмате аз замин дар минтақаи шимол аст, ки ба ақидаи қудамо дар он ҷо доиман шаб бошад ва оби ҳаёт дар онҷост ва ҳамчунин гавҳарҳо дар он ҷо парокандааст. Бино бар ривоёт ва афсонаҳо Искандар ва Хизр ба талаби оби ҳаёт ба он ҷо рафтанд ва Хизр оби зиндагӣ бихурд ва зиндаи ҷовид монд вале Искандар ба манзили мақсуд роҳ наёфт. Омехтагии ривоёти марбут ба Искандар ва Зулқарнайн сабаб шуда, ки қазияи рафтан ба зулумот ва ҷустуҷӯи оби ҳаёт ба Зулқарнайн низ нисбат ёфтааст:

 Шунидаӣ, ки Сикандар бирафт то зулмот

Ба чанд меҳнату хурд он ки хурд оби ҳаёт.

(Саъдӣ)

Қатъи ин марҳала бе ҳамраҳии Хизр макун,

Зулумот аст битарс аз хатари гумроҳӣ.

(Ҳофиз)

«Ҳар гавҳар, ки Зулқарнайн ба қалами ӯ аз зулумоти давот берун кашид, дуре буд дар воситаи қалодаи рӯзгор».

(Тарҷумаи «Торихи Яманӣ»)

 

Бақои ҷовидонӣ мулкро бахшад ҷаҳонсӯзат,

Ба зулмоти ниём аз он ниҳон чун оби ҳайвон шуд.

(Қоонӣ)

Дар байти зер «зулумоти баҳр» киноя аз шаб аст:

 

Субҳдам оби Хизр нӯш аз лаби ҷоми гавҳарӣ

К-аз зулумоти баҳр ҷаст оинаи Сикандарӣ

(Хоқонӣ)

Хоқонӣ «зулумоти Сикандарӣ» -ро ҳам дар ишора бар ривоёти марбут ба Искандар ва рафтани ӯ ба зулумот овардааст:

Гар ҳеч ташна дар зулумоти Сикандарӣ

Дил кард аз оби Хизр шикебо, ман он кунам

(Хоқонӣ)

Ба қисса низ шунидӣ, ки рафту дар зулумот

Канори чашмаи ҷовид ҷуст Искандар.

(Аҳмади Шомлу)

 

 

Манобеъи торихӣ қазияи рафтани Искандар ба зулумотро дуруст надониста ва гуфтаанд, ки гирифтории Искандар ва сипоҳаш дар меҳҳои кӯҳистони шимоли Афғонистон сарчашмаи ривоёт дар бораи рафтани ӯ ба Қутб ва зулумот шудааст.

 

ЗУЛУМОТИ САЛОС

Зулумоти салос (торикиҳои сегона) таъбирест маъхуз аз ояи шаши сураи Зумар: «халақакум миннафси воҳида. Сумма ҷаъала минҳо завҷаҳо ва анзала лакум минал анъоми самонията азвоҷи. Яхлуқукум фибутуни умаҳотикум халқан мин баъди халқин физулумоти салоса.» (ӯст ки офарид шуморо аз як нафси (ҷони, нафари) воҳид. Пас аз вуҷуди ӯ зан офарид ва барои шумо аз ҳайвонот ҳашт ҷуфт фиристод. ӯ шуморо дар батни модаронатон халқ мекунад бо хилқате аз пайи хилқате дар зулумоти салоса.» Дар бораи ин торикиҳои сегона ақволи мухталифе нақл шуда ва ғолиби муфассирин онро киноя аз торикии шиками модар ва торикии раҳим ва бархе киноя аз кудурати табъ ва ҳавои нафсонӣ ва хосияти ҳайвонӣ донистаанд ё тирагии тулу арз ва умқ дар олами сифлӣ ва билохира ба назари баъзе ҳам киноя аз се торикӣ аст, ки Юнусро пеш омад: торикии шаб торикии шиками моҳӣ ва торикии қаъри дарё.

Дар шеъри форсӣ ба ҳамон мафҳуми аввал омадааст:

Мекунад дар табоеъи арбаъ

Зулумоти салосро анвор.

(Хоқонӣ)

 

ОД (қавм)[1]

Од аз фарзандони Сом ибни Нӯҳ буд ва қабилааш низ ба номи ӯ «Од» хонда шуд. Ин қавмро амире буд ба номи Шаддод ибни Од ки бинои Ирами зотулимодро ба ӯ нисбат додаанд. Од бо Самуд аммазодагон буданд ва дар Қуръон ҳам ағлаб қиссаи ин ду қабила бо ҳам меояд. Дар ҷаҳон аз эшон мардуме қавитар ва баландболотар набуд. Шунавоӣ ва биноии онон то ҳадди шигифтӣ буд ва чандон зӯр доштанд, ки агар пой ба замини хушк мезаданд, то зону ба замин фуру мерафтанд. Қуръон (Ҳоққа: 7) ононро ба хурмобуноне афканда ташбеҳ кардааст.

Қавми Од мардуме бутпараст ва ҷаббор буданд ва дар замини Яман ҷое ки Аҳқоф гӯянд байни Яман ва Уммон аз Баҳрайн то Хазрамавт сукунат доштанд ва аз он ҷо ба соири ҷоҳо пароканда шуданд. Худованд Ҳудро ба паёмбарӣ назди эшон фиристод, ки панҷоҳ сол ононро ба худованд мехонд, онҳо мегуфтанд: мо ба ту нахоҳем гаравид ва даст аз бутони хеш барнахоҳем дошт ва ӯро ба девонагӣ нисбат доданд ва Ҳуд эшонро аз азоби худой бим дод.

Вафди (расулон) Од:Ва чун ҷуз андаке ба ӯ нагаравиданд худованд бар онҳо қаҳт ва хушксолӣ фиристод. Бо худ гуфтанд расул ба Макка фиристем, то дуо кунанд ва борон хоҳанд. Се танро бо чорпоён бифиристонданд то дар Макка қурбонӣ кунанд. Эшон дар Макка хешоне доштанд ки онҳоро меҳмон карданд ва донистанд ки вафди Оданд ва ба борон хостан омадаанд. Набид ва канизакони муғанния оварданд ва ба хурдан машғул шуданд ва як моҳ бимонданд ва аз қавми хеш ёд наоварданд. Дар араб масале дар иртибот бо ин қазия падид омада, ки ҳар куҷо расуле фиристанд ва ӯ ба кори худ машғул шавад ӯро «вафди Од» хонанд. Пас боде андар омад ва онҳоро бар замин афканд то ҳафт шабу ҳашт рӯз (Ҳоққа:7). Танҳо ду тан аз онон ба номи «Луқмон» ва «Мурсад» монданд, ки пас аз нобудии қавми худ қурбониҳо карданд ва ин ду мусулмон буданд.

Муаррихони араб қавми Одро ҷузви араби боида (нобудшуда) мешуморанд ва ба қидмати он масал мезананд. Дар Қуръон (Фаҷр:7) Ирами зотулимод ба ба Од нисбат дода шуда, ҳамон ки бархе ҳам ба Шаддод мансуб доштаанд. Баъзе ховаршиносон Одро бо қавми «оводитс» ки ба қавли Батлимиюс дар Ҷазиратулараб мезистанд, яке донистаанд.

Қавми Од ба унвони гурӯҳе ситамкор, ки мояи ибрати дигарон шуданд, дар адаби форсӣ шинохтаанд:

Чу Оданду туркон чу боди ақим,

Бадин бод гаштанд реги ҳабир.

(Носири Хусрав)

Лашкари Оданду килки ман чу сарсар дар сарир,

Насли Яъҷуҷанду нутқи ман чу сур андар садо.

(Хоқонӣ)

Некбахтон бихуранду ғами дунё нахуранд,

Ки на бар Уҷи Унуқ монду на бар Оду Самуд.

(Саъдӣ)

Шукӯҳи ҳазми ту дар роҳ боди Од кашад

Зи боли пашшаи Намруд садди Искандар.

(Қоонӣ)

Дарида ҳамлаи ту боди Одро номус,

Кашида пайкари ту кӯҳи Қофро тимсол

(Қоонӣ)

 

ОЗАР

Озар ё Алозар (дар Инҷил: Илозар) бародари Марям буд, ки Исо бар сари гӯри ӯ рафт ва чаҳор рӯз пас аз маргаш вайро бо дами Масеҳоӣ зинда кард. Дар шеъри форсӣ ба достони ӯ ишора рафтааст:

Чи гуна сохт аз гил мурғ Исо,

Чи гуна кард шахси Озар аҳё.

(Хоқонӣ)

Озари сонӣ манам, ёфта вай ҳаёт,

Исии дилҳо вай аст, дода танамро шифо.

(Хоқонӣ)

Зинда кардам сухан, ар шокири ман шуд чи аҷаб,

Ки зи Озар сифати шукри Масеҳо шунаванд.

(Хоқонӣ)

Ба ҷаҳониён намояд тани мурда зинда кардан,

Чу масеҳи хубии ту сӯи гӯри Озар омад.

(Гузидаи Шамс)

Ҳунари туст, к-аз ӯ қадру шараф дорад мулк,

Дами Исост, к-аз ӯ рӯҳ пазирад Озар.

(Қоонӣ)

Аз сафи ғавғои тамошобинон

Алозар

Гомзанон роҳи худ гирифт,

Дастҳо

Дар паси пушт,

Ба ҳам афканда.

(Аҳмади Шомлу)

Озар дар фарҳанги ғарбӣ ва ба вижа дар ҳавзаи забони англисӣ марде фақир ё гадо муаррифӣ шуда, ки бинобар ривоёт ҳар рӯз бар даргоҳи сарватмандон менишаст ва тамсил ба «бенавоии Озар» аз ин раҳгузар шӯҳрат пайдо кардааст.

 

АББОСИ ДАВС (ДАБС)

Номи гадое симиҷ ва шӯх аз қабилаи Давс (аз қабоили Яман ки ибни Аббос аз ҳамон қабила буд) ки ба латоифулҳиял гадоӣ мекард ва халқро механдонд. Дар «Ҷавомеъулҳикоёт»-и Авфӣ ва «Латоифуттавоиф»-и Фахруддин Алии Сафӣ қисаи гадоии ӯ омадааст. Никалсун ӯро шираихурмофурӯш дониста ва ба ин байти «Асрорнома» истишҳод кардааст:

Танат дар танбалӣ андохтӣ ту,

Зи худ Аббоси Дабси сохтӣ ту.

Рӯзгори зиндагии вай ба дурустӣ маълум нест ва ончи мусаллам аст пеш аз қарни панҷуми қамарӣ мезиста зеро дар шеъри шоирони форсизабон аз қарни шашум номи ӯ ба унвони омӯзгори ҳиллаҳои гадоӣ бо шӯҳрати бисёр ҳамроҳ будааст. Шӯҳрати ӯ мӯҷиб шуда, ки самоҷат дар кори гадоиро «Аббосӣ» ва «Аббосӣ кардан» ва «Аббосӣ овардан» хондаанд. Қиссаҳои ӯ дар китобҳои адабӣ шӯҳрати бисёр доранд.

Усули куллии гадоии ӯ ин аст: суол кунӣ, ҳар ҷо ки бошад; бихоҳӣ, аз ҳар ки бошад; ва бигирӣ, ҳар чи бошад.

Дар амсоли омиёна омадааст: «Ифодааш ба наввоб мемонад, гадоиаш ба Аббоси Давс».

Мавлавӣ низ борҳо ба ин сифати барҷастаи Аббос ишора карда аст:

Гуфт хидмат он ки баҳри зилли нафс

Хешро созӣ ту чун Аббоси Дабс.

(«Маснавӣ»)

Баъд аз ин кадду мазалат, ҷони ман,

Бист Аббосанд дар анбони ман.

(«Маснавӣ»)

Ғошия бар дӯши ту Аббоси Дабс,

Ҳеч мулҳидро мабод ин нафси наҳс.

(«Маснавӣ»)

 

АРШ

Ба маънои тахти подшоҳӣ ва дар истилоҳи Қуръон тахти Раббулоламин аст, ки таърифаш муяссар нест ва кайфият ва баёни ҳадди он дар шаръ ҷоиз набошад ва гӯянд ёқути сурх аст ки аз нури Ҳақтаоло медурахшад. Аз имом Боқир (а) нақл шуда, ки ҳама чиз аз об ва арши Худо низ бар об буд. Муфассирин дар бораи арш ихтилоф карда ва гуфтаанд: Арш аъзами махлуқот аст ва «иставо илаларш» сифатест барои Худо ва маънии он ин аст, ки бар подшоҳии худ муставлӣ шуд. Ҳамчунин овардаанд, ки арш ҷисмест муҳит бар соири аҷсом ва тасмияи он ба арш ҷиҳати ташбеҳ аст ба сарири подшоҳ; чаро ки умур ва тадобир аз он нозил мешавад. Дар хабар аст, ки Ҷабраил хост ки тули аршро бидонад; солҳо мепарид то заиф шуд ва монда гашт. Худо парҳояш музоаф кард ва боз ҳам бипарид ва заиф шуд ва худо қувваташ зиёд кард то чанд бор…боз ҳам нарасид. Худо гуфт: ё Рӯҳуламин чанд ҳазор сол аст, ки мепарӣ ва ҳанӯз як қоима аз қавоими арш напаридаӣ ва агар умри ҳамаи дунё дошта бошӣ, натавонӣ ба поён бирасонӣ. Ҷабраил гуфт: Субҳона ман ло яълама кайфията халқиҳӣ илло Ҳу. (Пок аст касе ки чигунагии офаринишро ҷуз худи ӯ намедонад). Гардун ҳам ки ҷои офтоб аст, аз нури арш падид омад.

Дастае аз ҳанобила ва карромия маънии луғавии онро гирифта ва барои худ тахте тасвир кардаанд. Мурод аз курсӣ ҳам ё ҳамон тахт аст ё чорпояе, ки зери по мегузоранд. Бархе аз муфассирон гуфтаанд: мақсуд аз аршу курсӣ баёни азамат ва тасаллути Худост. Муфассирони фалсафимашраб аршро фалакулафлок донистаанд, зеро тамоми табадуллоти олам аз фалакулафлок аст ва муҳит бар ҷамеъи аҷсом аст ва ба сабаби иртифоаш ба ин ном хонда шудааст.

Бинобар Қуръон (Ҳоққа:17) рӯзи растохез ҳашт фаришта арши Парвардигорро бар дӯш хоҳанд гирифт. Дар фарҳангҳои форсӣ арши аъло ба номҳои минбари нӯҳпоя, боми бадеъ, боми рафеъ, боми равоқ, баҳри васеъ, чархи фалак, чархи атлас, чархи барин, фалаки аъзам, фалаки атлас, осмони нуҳум, гаразмон, гарудмон, (гарутмон) ва муҳаддадулҷиҳот низ хонда шудааст.

Дар истилоҳи суфиён арш ҷисмест муҳит бар ҷамеи махлуқот ва ашё ва ба ҷиҳати иртифои бисёри он ё ба иллати шабоҳати он ба тахт дар ҳангоми нузули аҳкоми қазо ва қадар, ба ин исм хонда шудааст. Ҳамчунин арш маҳалли истиқрори асмои муқайяди илоҳист ва осмон ва фалакулафлок ва нафси куллияро низ арш гуфтаанд. Мурғи арш киноя аз рӯҳу ҷон аст ва аршу фарш киноя аз осмон ва замин.

Гар надидӣ аршрову ҳомилони аршро,

То ба гирдаш бар чи сон ҳамвора ме ҷавлон кунанд.

(Носири Хусрав)

Бар сарири чархи гардон ҷоҳи ӯ бинӣ нишон,

Бар ниҳоди арши яздон номи ӯ бинӣ рақам.

(Саноӣ)

Ин хушовоз мурғи арширо

Бол бикшой, то кунад парвоз.

(Саноӣ)

Зиҳӣ ҷамоли ту он офтоб, к-андар ҷуд

Дареғ нест зи аршу зи фарш зилли зиёш.

(Саноӣ)

Ин мурғи аршӣ ар талаби донае кунад,

Он дона ҷуз зи сунбулаи осмон махоҳ.

(Хоқонӣ)

Чор пои минбарашро ҳашт ҳаммолони арш

Бар китиф доранд, к-ин марказ надорад қадри он.

(Хоқонӣ)

Туро зи кунгураи арш мезананд сафир,

Надонамат, ки дар ин домгаҳ чӣ афтодаст.

(Ҳофиз)

Шабе андар сарои Уммиҳонӣ буд дар тоат,

Ки ногаҳ Ҷабраил омад фуруд аз арши раббонӣ.

(Қоонӣ)

Сурати форсии куҳани арш «Гарзамон» аст:

Маҳу Хуршед бо Бирҷису Баҳром

Зуҳал бо Тиру Зӯҳра бо Гаразмон

Ҳама ҳукме ба фармони ту ронанд,

Ки эзад мар туро додаст фармон

(Дақиқӣ)

 

АРАФОТ

Саҳрое фарох аст дар нуздаҳкилометри Макка, ки ҳоҷиён дар рӯзи арафа (нуҳуми зулҳиҷҷа) ки аз айёми ҳаҷ аст, дар он гирд меоянд. Кӯҳи Арафот ҳам дар тарафи ғарбии Масҷидулҳаром воқеъ аст. Дар мавриди ваҷҳи тасмияи Арафот ақволи мухталифе зикр шуда, аз ҷумла ин ки вақте Одам ба замин ҳубут кард ва муддате саргардон буд, Худованд Байти Маъмурро дар маҳалли феълии Каъба барои дилхушии ӯ бино кард ва вайро маносики ҳаҷ омӯхт. Рузе Одам дар маҳалли кунунии Арафот дар миёни кӯҳҳо мегашт ва ӯро аз Ҳавво ёд набуд. Ҳавво низ, ки дар Ҷадда дилтанг шуда буд, дар он кӯҳҳо саргардон мегашт ва чун ба ин маҳал бирасиданд, якдигарро бишинохтанд ва пас аз он ин маҳалро Арафот номиданд. Қавли дигар он аст, ки чун Иброҳим Каъбаро бисохт, Ҷабраил ӯро ба Мино ва сипас ба Арафот бурд ва бо сангҳои сафед он ҷо масҷиде бисохт ва намози зӯҳр ва аср дар он ҷо бигузорид. Ҷабраил ба мавфиқи Арафоташ буд ва гуфт: Ин Арафот аст бишинос; пас Арафот номида шуд. Низ гуфтаанд, ки дар инҷо мардум ба гуноҳи худ эътироф кунанд ва гӯӣ он ҷо ба тиб ва бӯи хуш андуда бошад. Дар ривоёт омадааст, ки Хизр ва Илёс соле як бор ба ҳам расанд ва дар маҳалли Арафот дидор кунанд. Рӯзи нуҳуми зулҳиҷҷаро бадон сабаб Арафа гӯянд, ки ҳуҷҷоҷ дар ин рӯз ба он маҳал оянд ва замоне он ҷо таваққуф кунанд ва баъзе гӯянд, ки дар ин рӯз ҳазрати Иброҳим (а) таъбири хоби худро шинохт ва ба ин сабаб «Арафа» номида шуд.

Дар шеъри форсӣ ба Арафот ба унвони ҳамон маҳалли наздики Макка ки бархе маносики ҳаҷ дар он ҷо сурат мепазирад, ишора шудааст:

Омада сӯи Макка аз Арафот,

Зада лабайки умра аз Танъим.

(Носири Хусрав)

Ба Замзаму Арафоту ҳатиму рукну мақом,

Ба умраву ҳаҷару Марваву Сафову Мино.

(Адиб Собир)

Парер навбати ҳаҷ буду маҳди хоҷа ҳанӯз

Аз он сӯи Арафот аст чашм бар фардо.

(Хоқонӣ)

Моно, ки муҳрими Арафот аст офтоб,

К-аҳромро бараҳнасар ояд зи ховараш.

(Хоқонӣ)

Бинӣ ба мавқифи арафот омада Масеҳ,

Аз офтоб ҷомаи иҳром дар бараш.

(Хоқонӣ)

Ба Минову Арафотам зи Худо дархоҳед,

Ки ҳам аз каъбапарастони Худоед ҳама.

(Хоқонӣ)

 

УРВА ВА АФРО

Номи ду дилдодаи араб ва хулосаи саргузашташон ин аст, ки Урват ибни Ҳазом ибни Муҳоҷир (аз бани Узра) духтари амми худ Афроро сахт дӯст медошт ва дар мусоҳибати вай дар як манзил бузург шуд ва саранҷом аз ӯ хостгорӣ кард, вале модари Афро аз Урва моле бисёр хост ва Урва ночор ба Яман назди амми дигари худ рафт. Дар ин фосила Афроро ба марде Шомӣ доданд. Урва чун аз сафар бозгашт ба ин зану шавҳар пайваст. Шавҳари мақдами ӯро гиромӣ дошт, вале Урва пас аз чанд рӯз он дуро тарк гуфт ва баъд аз андаке ба сабаби назорӣ ва лоғарӣ, ки аз ишқи Афро ӯро даст дода буд даргузашт ва дар водии Алқаро (наздики Мадина) ба хок супурда шуд. Урва аҳли шеър низ буд ва девони кӯчаке ба ӯ мансуб аст. Ҳадиси дилдодагии Урва ба Афро монанди Лайливу Маҷнун ва Вомиқу Узро дар адаби форсӣ, ба хусус назди шуарое ки бо адаб ва фарҳанги арабӣ бештар ошноӣ доштаанд, машҳур ва забонзад аст:

Ба зери гул занад чангӣ ба зери сарвбун нойӣ,

Ба зери ёсуман Урва, ба зери настаран Афро.

(Манучеҳрӣ)

Вомиқ ба Узро чун расид, Урва ба Афро чун расид,

Асъад ба Асмо чун расид, ассабр мифтоҳулфараҷ.

(Саноӣ)

Ҳамеша то ки ба ишқ андарун хабар гӯянд,

Зи ҳоли Урваву Афро ва ҳоли Раъду Рубоб.

(Муиззӣ)

Ҷуд Афрову табъи ӯ Афра-ст

Рӯзи бахшандагиву гоҳи сахо.

(Адиби Собир)

Чун булбула даҳон ба даҳони қадаҳ барад,

Гӯи ки Урва бол бар Афро барафканад.

(Хоқонӣ)

Дар банди ишқи шоҳиду ҳам ишқ шоҳидаш,

Ишқе чу Қайси Омириву Урваи Ҳазом

(Хоқонӣ)

Гар набудӣ Вомиқ аз Узро ки пурсидӣ асар,

Вар набуди Урва аз Афро ки донистӣ нишон.

(Қоонӣ)

 

АЗОЗИЛ

Бинобар мадорики исломӣ номи Иблис буд қабл аз он ки нофармонӣ ва гарданкашӣ кунад. Бинобар ривоёт фариштагони осмон одамиёнро бар гуноҳоне ки мекарданд сарзаниш намуданд. Худои таоло ба эшон гуфт: агар ҳавои нафси одамиён дар шумо бошад, шумо низ чунин кунед ва агар бовар надоред беҳтарини худро ихтиёр кунед то ман эшонро ба табъи одамиён гардонам. Онон Азо ва Азоё ва Азозил (бино бар бархе ривоёт Ҳорут ва Морут ва Азозил) ро ихтиёр карданд. Худои таоло эшонро ба замин фиристод то миёни халқ ҳукм кунанд. Азозил чун донист ки худро аз маъсият нигоҳ натавонад дошт, изҳори аҷз намуд ва Худои таоло ӯро ба осмон бурд.

Азозил дар Таврот номи «бузи талиқа» (бузи қазо ва балогардон) ваё номи дев ё ҷиннест ки бузи талиқаро барои ӯ фиристод ва дар манобеъи ғайри мӯътабари яҳуд номи фариштаест, ки аз мақоми худ суқут кард.

Кишваре гир ба як ҳамла, ки он кишварро

Подшоҳ аст Азозилу Маҳокил вазир.

(Сӯзанӣ)

Буд зи густохӣ кусуфи офтоб,

Шуд Азозиле зи ҷуръат радди боб.

(«Маснавӣ»)

Садҳазорон қарни пешинро ҳамин

Мастии ҳастӣ бизад раҳ з-ин камин.

Шуд Азозиле аз ин мастӣ билис,

Ки чаро Одам шавад бар ман раис.

(«Маснавӣ»)

Вагар дардиҳад як салои карам,

Азозил гӯяд насибе барам.

(Саъдӣ)

Ҳон то чи шуд ки ҳамчу Азозили пурғурур

Афкандиам зи пояи меъроҷи эътибор.

(Қоонӣ)

 

 


[1] Калимаи «Од» ва каламоти баъдии ин боб дар матни асл (форсӣ) бо ҳарфи ъайн( ع ) шурӯъ мешаванд, вале ба хотири риояи имлои тоҷикӣ (зимни ҳазфи ҳарфи ъайн) ин боб ба садонокҳои гуногун дар шурӯъи калимаҳо иборат шудааст.

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.