Асотир

Печать

Муҳаммадҷаъфари ЁҲАҚӢ

 

 ФАРҲАНГИ АСОТИР ВА ДОСТОНВОРАҲО

ДАР АДАБИЁТИ ФОРСӢ ВИРИТРА

Виритра ба маънои «махфикунанда ва дузд» ба эътиқоди эрониёни қадим абри беборон аст ва дар ривоёти куҳани мазҳабӣ номи девест, ки мазҳари хушксоливу торикӣ ва бадхоҳӣ маҳсуб мешудааст. Калимаи «виритра» дар санскрит ба маънои душман ва пӯшонанда ва монеъшаванда омада ва «виритраҳан» дар «Риг ведо» лақаби Индро – худованди бузурги ҳиндуҳост, ки дар Авастоӣ «Вирижраған» ва дар форсӣ «Баҳром» шуда ва ҳамчунин лақаби Баҳром ва мӯҳтарамтарин лақабест, ки ба худоёне дода шуда, ки ба Виритра ҳамла мекунанд ва пас аз сӯрох-сӯрох кардани бадани ӯ борони муҳтавояшро бар замин мерезанд. Индро бузургтарин душмани Виритра аст ва найзаи оташини ӯ барқи ин дузди боронҳоро нобуд мекунад ва ба ҳамин ҷиҳат ба «Виритракуш» мавсуф аст.

  ВИС ВА РОМИН

Вис ва Ромин (Вис ва Ром) номи ошиқу маъшуқи сӯхтадили қиссаи «Вис ва Ромин», достони ошиқонаи эронӣ ва мутааллиқ ба аҳди Ашконист ва Фахруддини Гургонӣ дар ҳудуди соли 446 қамарӣ онро аз рӯи як матни паҳлавӣ ба форсии дарӣ манзум гардонидааст. Ин достони ошиқона на танҳо дар усул, балки дар ҷараёни вақоеъ низ ба фоҷиаи ишқии «Тристон ва Изут» як достони урупоӣ мушобеҳ аст ва дар он оташи шаҳват ба ҳадде тез аст, ки аз ҳудуди шарофат ва наҷобат ва завобити иҷтимоъии пазируфта дар ҷавомеъи муосир таҷовуз мекунад ва ҳар хушку тареро месӯзонад ва филмасал ишқи хоҳару бародарро муваҷҷаҳ мекунад. Моҷарои ишқии «Вис ва Ромин» ва шахсияти доя, бахусус баъд аз Фахруддини Асъад дар адабиёти ғиноии Эрон ҷойгоҳи вижае ёфта ва ҳампояи достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Хусрав ва Ширин» забонзади хосу ом шудааст:

Дароварда ба Виса даст Ромин,

Чу заррин тавқе андар сарви симин.

(«Хамса»)

Чу Виса фитнае дар шаҳдбӯсӣ,

Чу доя ояте дар чоплусӣ.

(«Хамса»)

Чи ҳоҷат аст ба Гул айши Вису Роминро,

Миёни Хусраву Ширин Шакар куҷо бошад.

(Саъдӣ)

Гар манаш дӯст надорам, ҳама олам доранд,

То чи Вис аст, ки дар ҳар тарфаш Роминест.

(Саъдӣ)

Ромин чу ихтиёри ғами ишқи Вис кард,

Якборагӣ ҷудо зи кулоҳу камар фитод

(Саъдӣ)

Вису Ромин, Хусраву Ширин бихон,

Ки чи карданд аз ҳасад он аблаҳон.

(Мавлавӣ)

Ё зи Лайло бишнавад Маҷнун калом,

Ё фиристад Висро Ромин паём.

(Мавлавӣ)

Ӯ, ки «Алҳамд»-ро накарда дуруст,

Вису Ромин чарош бояд ҷуст.   (Авҳадӣ)

Базлу каффи родаш, караму табъи ҷаводаш

Ин Висаву Роминеву в-он Даъду Рабобе.     (Қоонӣ)

Бархе афсонаи портии «Вис ва Ромин»-ро намунае ҷолиб аз достони «Тир ва Ноҳид» донистаанд.

 ВИШНУ

Вишну ё Башн эзади бузурги ведоӣ ва яке аз се худои умдаи ҳиндуст ки бо Барҳаман ва Шиво таслиси оини ҳинду ё Тримуртиро ташкил медиҳанд. Бисёре аз сифоти Вишну ҳамонанди Тири эронист ва нилуфар аз нишонаҳои хоси ӯ ба шумор меравад. Вақте Вишну дар хоб буд Барҳамо ба сурати гули нилуфар аз нофи Вишну рӯид.

Вишну офаридгори ҳамаи коинот дониста мешавад. Арродае дошт ба номи гаруда ки маркуби мурғе буд ва он мурғ подшоҳи мурғон ва ба сурати «дол» ё каркаси афсонаӣ (ниме паранда, ниме инсон) тасаввур мешуд ва бадани гаруда чунон дурахшон буд ки онро бо Агнӣ – худои оташ иштибоҳ мегирифтанд. Ӯ душмани мор буд зеро Ҳувӣ модараш (номодариаш) модари тамоми морҳо ба шумор мерафт.

Вишнуро дорои неруи ҳифзу ҳафозат ва ҳиросат қоим ба зот ва муставлӣ бар ҳама чиз мешинохтаанд ва дар ин ҳолат ӯро ба унсури об ки пеш аз хилқати ин ҷаҳон дар ҳама ҷо сорӣ ва ҷорӣ буда, мансуб дошта ва ба ҳамин ҷиҳат ӯро «норойн» яъне мутаҳарик дар обҳо хондаанд. Ин эзадро дар ривоёти ҳиндӣ ба сурати буте бо чаҳор дасту бозу муҷассам мекунанд, ки бистари ӯ морест ҷовид бо ҳафт сар ба номи «Анонто» (Анонтлои азалийят). Ҳар вақт қувои шарр бақои оламро ба хатар меандозанд, Вишну аз бистари худ бармехезад ва ба ҳимояту ҳифзи олам мешитобад. Вишну ҳамонанди Баҳром дорои даҳ таҷаллии мухталиф аст. Дар таҷҷалии даҳум ки охирин марҳилаи зуҳури ӯ ва асри танозеъи ҳаққу ботил аст, навъи башар тавре фосид ва зоеъ мешавад, ки дигар Вишну қодир ба наҷоти ӯ нест ва ночор навъи инсонро ба куллӣ маъдум месозад ва дунёе аз нав бино мекунад ва Вишну саранҷом ба сурати кокулӣ дар меояд ва бо шамшер дар даст оламиёнро нобуд месозад.

Сухани рӯз

Хирадманде, ки бо шафқат

         ба ҳам оварда буд дилҳо,

Ба ҳиммат дил ба дарё зад,

          ба ҳам овард соҳилҳо.

Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.

Гиромидошт

Тақвим

<< < Октябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Нигористон

  • img1.png
  • img2.png
  • img3.png
  • img4.png
  • img5.png
  • img6.png
  • img7.png
  • img8.png
  • img9.png
  • img10.png
  • img11.png
  • img12.png
  • img13.png
  • img14.png
  • img15.png
  • img16.png
  • img17.png

Бойгони

Мушаххасоти обуна

Обуна 2017

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.