Садои Шарқ
СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ
БО ЗИЁИЁНИ МАМЛАКАТ
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони аҳли зиё!
Дар оғози сухан мехоҳам тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикону форсизабонони дунё ва мардуми кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, инчунин, ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори фарорасии ин ойини хусравонӣ, яъне Наврӯз, ки чанд сол инҷониб ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил мегардад, самимона табрик гӯям.
Наврӯзи бостонӣ, ки хусусияти барҷастаи он ҷашни хурсандии хурду бузург, яъне тамоми мардум мебошад, дар кишвари мо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо рамзу ойинҳои бисёр дерина ва рангу таровати басо дилчаспу зебандаи худ эҳё гардида, ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст.
Кароматуллоҳи МИРЗО
МОҶАРОИ ЗИНДАГӢ
Роман
(Идома)
* * *
Маликамоҳрӯю Холиқназар дигар онҳое набуданд, ки айёми наврасӣ бо дилҳои пур аз меҳру муҳаббат, бо як олам орзуҳо қуштуқум аз паҳлуи ҳам мерафтанд, ташнаи ҳар сухан, ташнаи дидори ҳамдигар буданд. Чи хеле ки имрӯз фарзандонашон Зафару Заррина рӯ ба дараи Чашмасор мераванд, даст ба даст пучаку канак карда, ҳамдигарро бӯсидаю ба канор кашида мераванд. На, ҳоло онҳо пас аз даҳсолаҳо бо дилҳои аз меҳру муҳаббат холӣ роҳ мерафтанд. Офтоб, замину замон, мисли давраҳои дар ин боғ вохӯрданашон дилҷӯю зебо наметофт. Хомӯш роҳ мерафтанд, бо тарсу ҳарос қадам мемонданд, ки ин ду зану марди солрафта, кӯдаку чӯдакдор – оиладорро бо ҳам набинанд. Оре, он солҳо гашту гузорашон дар ин боғ як лаззату кайфияте дошт. Аз дарахтони он солҳо дар боғ ягон-ягон мондаанд, шоҳиданд, ки ин ду нафар зери онҳо соатҳо рози дил мекушоданд, оғӯш ба оғӯш, аз рухсораҳои ҳамдигар мебӯсиданду мебӯсиданд. Гапу ҳарфашон аз зиндагӣ, аз орзуҳо. Вале таассуф, ки ба ҳамаи он орзуҳо пас аз воқеае, ки дар ҳамин боғ рух дод, завол омад. Ҳарду бадбахт шуданд. Айби Холиқназар буд. Ҳарчанд он рӯзҳо ишқ мегуфт, муҳаббат мегуфт, дурӯғ будааст, ҳамааш як ҳавою ҳаваси чандрӯза.
Рустами ВАҲҲОБ
ВАҲДАТ
Базри ваҳдат дар дили андеша аст,
Ҷоми ваҳдат аз гили андеша аст.
Ҷоми якто, сангандозаш ҳазор,
Ҷони воҳид, ҷангандозаш ҳазор.
Пас бибояд ҷом аз пӯлод кард,
Покаш аз зангори ин аздод кард.
Юрий АРТАМОНОВ (Мали-Эл)
МАВСИМИ ДАРАВ
(Ҳикоя)
Дар сарзамини Мари рӯдҳо бисёранд, аммо аз ҳама овозадору беҳамтояш Кокшаг аст. Вай аз чашмаи хурдаки шӯху беқарор ибтидо гирифта, ҳамаро шодоб мегардонад. Кокшаг бо неруи муқтадир ба Йошкар-Ола рафта мерасад. Дар ниҳояти кор, замини марийҳоро бурида гузашта, ҳампо бо рӯдҳои тотору чуваш ва бошқирду удмурдтҳо ба модари дарёҳо – Волга меомезад. Мепиндорам, ки аз ин ҷиҳат Волга неруи ваҳдатсози ҷовидонаи ҷаззобӣ касб намуда, пуле миёни дӯстии халқҳо гардидааст.
Абдуҷаббори СУРУШ
ЭЙ ФАРИШТАИ ПИР!
Баҳор мерасад,
Ангор, дар вуҷуди ту ҳам
дубора орзуи мурда зинда мегардад
ва шохаи хушке,
ки пор рангу тароват нигоҳбонаш буд,
зи коми оташи сӯзон наҷот меёбад
ва муғча баставу бикшода корхонаи ранг
дубора аз ҳама буҳрон наҷот меёбад.
Сухани рӯз
Хирадманде, ки бо шафқат
ба ҳам оварда буд дилҳо,
Ба ҳиммат дил ба дарё зад,
ба ҳам овард соҳилҳо.
Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.
Гиромидошт
Тақвим
<< | < | March 2021 | > | >> | ||
Mo | Tu | We | Th | Fr | Sa | Su |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 |
Нигористон
Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.