Садои Шарқ
СУХАНОНИ ҲАКИМОНА
Инсони бузург пешопеши замони худ меравад, хирадманд дар ҳар роҳе баробари он меравад, маккор мекӯшад, ки ба навъе аз он истифода намояд, аҳмақ садди роҳи он мешавад.
Э. Баурнфелд
Диловари МИРЗО
ШАСТИ
БОБАРОРИ УМР
Диловари Мирзо қалам ва қадамҳои нахустини хешро дар ҷодаи пурифтихори омӯзгорӣ санҷид. Аммо қалами ӯ дар айёми фаъолият дар нашрияи бонуфузи «Тоҷикистони советӣ» (солҳои 1989-1992), Кумитаи радио ва телевизиони Ҷумҳурӣ, инчунин рӯзномаҳои «Оинаи Рашт» ва баъдан «Садои мардум» бештар нумӯъ кард.
Садои Шарқ
ИЗҲОРИ СИПОСИ “САДОИ ШАРҚ”
БА ФАЪОЛОНИ ОҒОЗИ МАВСИМИ
ИМСОЛАИ ОБУНА
Ҳайати эҷодии маҷаллаи миллии адабии “Садои Шарқ” ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Донишкадаи молия ва иқтисод, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои ширкати фаъол дар мавсими имсолаи обуна изҳори сипос мекунанд.
Садои Шарқ
МЕЪЁРИ ЗАБОН
Имрӯз бо ташаббуси бахши Назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии донишкадаи Адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар китобхонаи устод Шарифҷон Ҳусайнзода бо ҳузури устодон ва донишҷӯён маҳфили илмӣ бо унвони "Масъалаҳои шинохти меъёри забони адабии тоҷик" баргузор гардид.
Садои Шарқ
МЕҲРУБОН
Гумном зодану мурдан низ бад нест.
Горатсий
Вай рӯи ҳамон кат, ки модараш ду ҳафта пеш як сапедадам аз хоб бедор нашуд, кафи дасти рост зери сар мурда буд. Тарҳи рӯяш аммо ҳеч ба мурда намекашид, пиндор чашм пӯшидаву дунболи кадом орзуи ширин рафта буд, ки орому осудаву нуронӣ ба назар мерасид. Низ дар кунҷи лабаш табассуме нишаста буд, ки мегуфтӣ ба ҳоли онҳое, ки ба болинаш омада буданду бо ҳайрату ҳаяҷон ба рӯяш менигаристанд, ришханд мебурд. Он гуна ки зиндагиаш ба зиндагии ҳеч касе дар ин шаҳр намемонист, маргаш низ ӯро аз инҳо ба дур мекашид.
Сухани рӯз
Хирадманде, ки бо шафқат
ба ҳам оварда буд дилҳо,
Ба ҳиммат дил ба дарё зад,
ба ҳам овард соҳилҳо.
Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.
Гиромидошт
Тақвим
<< | < | April 2021 | > | >> | ||
Mo | Tu | We | Th | Fr | Sa | Su |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Нигористон
Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.