Муҳаммадалии АҶАМӢ
НЕК БИШНОХТАН
ВА НЕК ДИДАН…
(Парда Ҳабиб, Шеърҳо, «Садои Шарқ», соли 2014, шум. 11, саҳ. 13-18)
Башар имрӯз бо суръати нур дар ҳаракат аст ва дар ин ҳаракати тунд, арзишҳои маънавии худро нохудогоҳ пушти сар мегузорад. Аммо ҳар сари вақт таваққуферо ҳам таҷруба мекунад ва дармеёбад, ки зиндагӣ бидуни арзишҳои маънавӣ холӣ ва пуч аст, ҳеч маъние надорад. Дар ин тӯфони бехудиҳо шеър аст, ки он ҳама арзишҳои маънавиро дар худ ҳифз мекунад ва он ҳамаро дубора барои башар бармегардонад.
Юнус ЮСУФӢ
ДУ ҲИКОЯ
Атиқафурӯш
Дарун ниматорику сард буд. Нури хираву ларзони Офтоби хазон, ки паси биноҳои сарбаосмон буд, бадушвор раҳ бар ин макон мебурд. Зарфҳои гунагуна, шамшеру ханҷару дашна, тоблуҳову тандисҳову тангаҳо ва аз ин табор чизҳои кӯҳнаи фарсудаву рангпаридаи бешумор дар рафҳои чангнишаста рӯиҳам рехтаву бар деворҳои чиркин овехта шуда буданд; беназмие буд намуна аз нопойдории кори дунёву ҳечмаярзии ҳавою ҳаваси одамҳо ва саранҷоми ғуруру худхоҳии онҳо дар ҷомаи беэътиноии яъсангез. Ин чизҳо пайванд ба шахсҳову сиёсатҳову сафоратҳое доштанд, ки дигар набуданд ва инак, мешуд онҳоро бепарво рӯи рафҳои чангзада рехту бар деворҳои чиркин овехт. Аммо шигифт ин буд, ки чанде номи он одамҳо аз дафтари дунё ситурда мегашту кору пайкори ин одармҳо ба дасти фаромӯшӣ дода мешуд, нархашон ба маротиб меафзуд.
Саттор ТУРСУН
СИТОРАИ КОРВОНКУШ
Ҳикоя
Офтоби тирамоҳ охирин нурҳои ларзонашро аз пештахтаи тиреза ғундошта, оҳиста ба пушти Тали шаҳидон хам хӯрд, ки дар он ҷо қабристони деҳа воқеъ буд. То ин дам магасе ба умеди берун рафтан худро ба шишаҳои панҷара андохта, беист ғинг-ғинг мекард; ҳамон магас, чунон ки аз тарс бошад, баробари фурӯ нишастани офтоб дафъатан қарор ёфт. Хонаро якбора сукунати сард ва тазйиқовар фаро гирифт. Деворҳои сафеди он ба монанди куртаи суфе, ки аз бисёр шустан рангаш паридааст, ноаён хира гардиданд. Сақф гӯё пасттар фуромад ва асбобу анҷоми хона дар ҳукми хомӯшӣ монда, саросар ҳузнангез тофтанд.
ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» куҳантарин маҷаллаи адабии ҷумҳурӣ ва ношири муҳимтарин осори адабӣ ва фарҳангии миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Обуна ба «Садои Шарқ» имкон медиҳад, ки шумо аз тозатарин осори адабиёти муосир, ҳамчунин осори то кунун мунташирнашудаи адабиёти классикӣ ва адабиёти ҷаҳон бархурдор шавед. Бино бар ин, обуна ба маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» нишонаи эҳсосоти волои миллатдӯстӣ ва фарҳангпарастист.
БА «САДОИ ШАРҚ» ОБУНА ШАВЕД!
90-СОЛИ “САДОИ ШАРҚ
Абдухолиқи НАБАВӢ
НОШИРИ АДАБИЁТ ВА АФКОРИ
НАВИ АДАБИИ ТОҶИКӢ
(Ба муносибати 90-солагии таъсиси маҷаллаи «Садои Шарқ)
Таърихи зуҳури матбуоти тоҷикӣ собиқаи беш аз 100 солро дорад ва метавон гуфт, ки маҷозан мешавад таърихи нашрияҳои адабии тоҷикиро ба ин сана пайваст. Зеро, ҳарчанд ки нашрияҳои сирф бадеӣ хеле дер таъсис ёфтаву ба нашр шудан сар карданд, аммо нашру табъи осори адабӣ аз нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» (1912-1913) ибтидо мегирад.Ин амал ду сабаб дошта метавонист: аввалан, ҳаргуна нашрия ( рӯзнома ва маҷалла), ки фарогири зиндагии ҳаррӯзаи мардум аст, ба адабиёти он бетафовут намонда, балки намунаҳои онро ба нашр мерасонидааст. Аммо дар мавриди рӯзномаи «Бухорои шариф» ҳаминро метавон гуфт, ки чун ҳадафи он иборат аз танвири афкор, маорифпарварӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва куллан таҷаддуди зиндагии мардуми кишвар буд, пас муроҷиат ба намунаҳои адабиёт ва масоили афкори адабӣ як кори ногузир ба шумор меомад. Бисёр муҳим аст, ки на танҳо аз адабиёт ба сифати таъсиррасон ва тарғибгари афкори маорифпарварӣ кор гирифта мешуд, балки масъалаҳое чун вазифаҳои адабиёт дар кори маорифпарварӣ ва тағйири арзишҳо дар ин росто дар маркази диққати ҷадидҳо ва рӯзномаи мазкур будааст. Дар нашрияҳои минбаъдаи ҷадидия, масалан нашрияҳои Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ - маҷаллаи «Оина» (1913-1915) ва рӯзномаи «Самарқанд» (1913), низ дар канори тарғиби ғоя ва афкори иҷтимоиву сиёсӣ, ҳамчунин муаррифии намунаҳои адабиёту ҳунар аз мақсадҳои асосӣ буд. Маҳз дар саҳифаҳои нашрияҳои мазкури ҷадидӣ намунаҳои осори адабии устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Абдуррауфи Фитрат, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ва дигарон ба чоп расидааст. Намунаҳои тақризу китобиёт ва муаррифии асарҳои адабии нав низ дар онҳо ҷои муҳимро ишғол менамуд, ки аз нақди адабии ба худ хоси ин даврон гувоҳӣ медиҳад. Яъне агар куллан бигӯем, дар матбуоти ҷадидия онҳама талабе, ки ба як нашрияи адабӣ гузошта мешавад, ба қадри имкон риоя карда шудааст.
Сухани рӯз
Хирадманде, ки бо шафқат
ба ҳам оварда буд дилҳо,
Ба ҳиммат дил ба дарё зад,
ба ҳам овард соҳилҳо.
Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.
Гиромидошт
Тақвим
<< | < | April 2021 | > | >> | ||
Mo | Tu | We | Th | Fr | Sa | Su |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Нигористон
Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.