Низом ҚОСИМ
ПЕШВОИ БАРҲАҚ
Ба ҳеҷ ваҷҳ ба мақому манзалати санаи расмии мубораку деринтизори Истиқлолияти давлатӣ шак овардан мумкин нест, вале ноҳақ низ нестем, агар маҷозан ҳам фарорасии истиқлолияти воқеӣ ва ҳам оғози давлатдории навинамонро Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воқеан соҳибдору соҳибихтиёр шудани давлати куҳанбунёду тозаистиқлоламон бишуморем.
Он вақт назарҳо ба ҳосили кори иҷлосия, аз ҷумла натиҷаи асосиву деринтизори он – интихоби Сарвари арзандаи муқтадиру устуворе, ки давлати амалан набударо воқеан баргардондаву бунёд намудаву сарварӣ карда битавонад, мухталиф буданд. Гурӯҳи машҳури «фолбин», ки як умр вазифааш бо «фол»-ҳои хунук ҳамеша мардумро дилсарду ноумед кардан аст, ҳамоно бедардонаву бераҳмона умри сиёсии ҳукумати навро «ду ҳафта!» «пешгӯӣ» кард. Гурӯҳи «нозир» дар «мавқеи» доимии худ, яъне бемавқеӣ, устувор монд: «ку сабр кунем, чӣ мешавад?!». Вале як гурӯҳи бузурги беғубору беғаш, беҳилаву найранг, табииву самимӣ, ки аз он дуи аввал бо шумораи ҳазорон маротиба бештараш фарқ мекарду умедҳои содаву заминие дошт ва номаш Халқ буд, ба Сарвари тозаинтихоби чун худаш рӯкушоду дилкушод ва хокибунёду афлокиниҳоди давлати ҳанӯз бедавлаташ бовар кард. Чунки ба он шуълаи самимияту садоқат, эҳсоси дарди Ватану ҳар як тан, азму иродаи комил баҳри наҷоти халқу диёр, ки дар чашмони ӯ дид, бовар накардан номумкин буд.
РОБИТАҲОИ АДАБӢ ВА ФАРҲАНГӢ
«БУХОРО» ДАР МЕҲМОНИИ
«САДОИ ШАРҚ»
«Бухоро» маҷаллаи фарҳангӣ ва ҳунарӣ буда, 18 сол ба ин тараф дар Теҳрон нашр мешавад. Мудир ва сардабири ин моҳнома донишпажуҳ ва адиби пуркор устод Алии Деҳбошӣ мебошад, ки дар таблиғ ва овозаи фарҳанг ва адаби форсизабонон, ба вижа кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон самимона хидмат мекунад.
Инак, шумораи 108-и моҳи меҳр – обони соли 1394 ҳиҷрии хуршедӣ, баробар бо 2015 милодӣ меҳмони гиромии мост ва матлаберо аз ҳамин шумора пешкаши хонандагони арҷманди «Садои Шарқ» менамоем.
Муҳаммадафшини ВАФОӢ,
Узви ҳайати илмии Донишгоҳи Теҳрон
Тоҳири МУҲАММАДРИЗО
ДАЪВАТ
Ҳикоя
1
Додхудо беқарор ба теппаи пешорӯ нигарист. Рама дар пастхамии майдончаи алафу сабзааш фаровон мечарид. Чун дар миёни гӯсфандон бузҳо ба чашм натофтанд, дилаш ба таҳлука афтод. Бархост ва дар баландӣ бузҳоро дид. Аҷаб ҷонварони носераму чашмгурусна, ҳирс онҳоро ба чӣ таваккалҳо тела намедиҳад! Шукр, ки гӯсфандҳо пайгирашон нашуданд, вагарна ба ҷарӣ сарозер рафта, ба сари ӯ ташвиш меоварданд.
Нафаси сабук бароварду даме биосуд.
Сайдаҳмади ЗАРДОН
ФОНУСИ ДУНЁ
(Ҳикоя)
Ҳам авсарии қабл аз бомдод, ҳам хуфтани қабл аз шаб, ҳам пешину ҳам аср – тамомии рӯзу тамомии шаб аз ин сӯву он сӯйи дарёи Панҷ чун пайки деринтизор садое танин андохт.
Бахтиёр МУРТАЗОЕВ
САНГИ СУРХИ
КӮҲСОРИ ТОҶИКОН
(Публитсистикаи «Садои Шарқ» дар соли 2015)
Асарҳои публитсистие, ки соли сипаригашта дар саҳифаҳои нашрияи Миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» интишор ёфтаанд, аксар гуногунмавзӯъ ва дилнишину рангин буда, писанди хонандагони сершумор гардиданд. Теъдоди маводе, ки таҳти унвони публитсистика ба табъ расидааст, нисбат ба солҳои пешин зиёданд ва хушбахтона, се нафар муаллифони нав ҳам пайдо шуд. Албатта, барои ин падида кормандони нашрияро самимона табрик мебоист кард.
Сухани рӯз
Хирадманде, ки бо шафқат
ба ҳам оварда буд дилҳо,
Ба ҳиммат дил ба дарё зад,
ба ҳам овард соҳилҳо.
Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.
Гиромидошт
Тақвим
<< | < | March 2021 | > | >> | ||
Mo | Tu | We | Th | Fr | Sa | Su |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 |
Нигористон
Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.