Бобобек РАҲИМӢ
ЯКСАДУ ЁЗДАҲ ҒАЗАЛИ
НОМАТБӮЪИ БЕДИЛ
66
Талаб агар лаби мо мефушурд бо дандон,
Ба пушти даст чаро мешуд ошно дандон?
Вифоқи сангдилон маҷмаъи нифоқ ангор,
Зи ҳам нишаста[1] ба паҳлуи ҳам чаро дандон?
Рустам ВАҲҲОБЗОДА
НАВРӮЗ ҶАШНИ ОФАРИНИШ
Дар ойинҳо, боварҳо ва асотири ҳамаи халқҳои ҷаҳон мавзӯи оғоз ва тартиби офариниши ҷаҳони ҳастӣ ва инсон ба гунае ҷой дорад ва як унсури муҳимми таъйинкунандаи сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии ин халқҳо мебошад. Ин навъ асотир ҳатто дар миёни халқҳое, ки то замонҳои наздик танҳо дорои фарҳанги ғайрикатбӣ будаанд, ба сурати бисёр сода ва шабеҳ ба афсона зуҳур менамояд. Масалан, дар қиссаи нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов “Саги ало лаб-лаби дарё” (“Пегый пёс бегущий краем моря”) пиндори асотирии офариниши мардуми нивх – сокинони ҷазираи Сахалин нақл мешавад, ки тибқи он дар ибтидо ҷаҳон сартосар иборат аз об буд (зимнан, унсури аввал будани об дар боварҳои бисёр халқҳои дигар такрор мешавад) ва мурғобие шиноварро бо номи Лувр дарди зодан гирифт ва ӯ баъд аз такопӯи зиёд чанд пари худро канду ба ҳам пайвасту рӯйи об ниҳод ва бар онҳо тухм гузошту чӯҷа баровард. Дар ин миён ва батадриҷ баъд аз он гарду ғубор ва хасу хошоку обовардаҳои зиёди дигар бар ин лона часпид ва батадриҷ аз он Замин ба вуҷуд омад.
Худоӣ ШАРИФЗОДА
ТАМАДДУНИ ТОҶИКӢ
(ГУЗОРИШИ МУҚАДДИМОТИИ МАВЗӮЪ)
Тамаддуни тоҷикӣ бо зиндагии таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мардуме вобаста аст, ки аз замонҳои қадим бо номи ориёӣ, эронӣ аз аввали асри Х1 («Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ) бо номи тоҷик дар марзи Хоразм, Марв, Ҳирот то Систон ва дар Шарқ аз Ҳафтрӯд, Фарғона, Бадахшон, то кӯҳҳои Ҳиндукуш зиндагӣ мекунанд. Ҳудуди таърихии мавзеи сукунати тоҷикон ба сарзаминҳои на ромишбахш, вақте «ба чашми мардумонаш хуш», ки дар Авесто аз офариниши онҳо хабар меёбем, асосан мувофиқат дорад. Ин қазия ба қадимӣ будани сукунати тоҷикҳо дар ин марзу бум далолат мекунад, ки замоне ривоятӣ ва таърихии ҳазораи дуюм ва якуми то мелод аст (Авесто 2001, 422-424).
ПАЖӮҲИШ
ДАР ҲОШИЯИ
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ
ТОҶИК»-ИУСТОД
САДРИДДИН АЙНӢ
«Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ тибқи эътирофи бузургтарин олимону адибони ватанӣ ва хориҷӣ дар як марҳалаи ниҳоят ҳассоси тақдирсоз воқеан як навъ шиносномаи миллати тоҷик ва «беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон» (Лоҳутӣ) буд. Дар пешгуфтори устод Абулқосим Лоҳутӣ ба нашри аввали (1926) ин китоб дар баробари дигар фикрҳои арзишманд оид ба аҳамияти ин шоҳкори устод Айнӣ нуктаи хеле муҳиме ҷой дорад, ки шарҳи мухтасари он, ба назарамон, зарур менамояд. Устод Лоҳутӣ навиштааст: «Осиёи Миёна ҳамеша яке аз марказҳои бисёр муҳими адабиёти форсӣ буда, балки пас аз нобуд шудани адабиёти ин забон ба воситаи ҳуҷуми араб ва сӯзонидани осору китобҳои форсӣ Осиёи Миёна қадимтарин манбаъ ва сарчашмаи адабиёти форсист.
БА ТАВАҶҶУҲИ МУАЛЛИФОН
Маҷаллаи «Садои Шарқ» аз ибтидои таъсис минбари баланди адабиёт ва маорифи тоҷик буда, ин рисолати пурифтихорро бо вуҷуди мушкилоти гуногун то имрӯз идома медиҳад. Истиқбол ва эҳтироми мардум ва ғамхорию дастгирии давлатамон дар идомаи бақои ин маҷалла омили аслӣ мебошад.
Дар айни ҳол нигоҳ доштани сатҳи маърифат ва маънавияти «Садои Шарқ» аз муҳимтарин вазифаҳои муаллифон, ҳайати таҳрир ва гурӯҳи эҷодии маҷалла мебошад. Шарти аввали анҷоми бомуваффақияти ин вазифа вобаста ба меъёрҳои пазириши маводи чопӣ аст. Бино бар ин аз муаллифоне, ки осори навэҷоди адабию публитсистӣ ва таҳқиқотии худро ба идораи маҷалла мефиристанд, бо эҳтиром дархост мешавад, ки ин маводро ба сурати чопи компютерӣ (Times New Roman Tj - 14) дар ду шакл – коғазӣ ва электронӣ пешниҳод намоянд. Маводи пешниҳодӣ бояд нашрнашуда, ҷавобгӯйи қоидаҳои имлои забон ва орӣ аз ғалатҳои имлоиву маъноӣ бошад. Маҷалла имкони чопи асарҳои бузургҳаҷмро надорад. Бино бар ин тибқи қоидаи маъмул варианти маҷаллавии ин гуна осорро метавон пешниҳод кард.
Тасҳеҳу такмил ва таҳрири баъдии мавод аз тарафи ҳайати эҷодӣ бо машварати муаллифон анҷом мепазирад.
Сухани рӯз
Хирадманде, ки бо шафқат
ба ҳам оварда буд дилҳо,
Ба ҳиммат дил ба дарё зад,
ба ҳам овард соҳилҳо.
Рӯзи 29 октябри соли 2016 дар таърихи халқи мо чун як саҳифаи дурахшон ва пайғоми ояндаи равшан боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз бо ширкат ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори садди неругоҳи бузурги Роғун ниҳода шуд. Аз ин соатҳо ба баъд ҳамроҳ бо барафрошта шудани ин сад эътибори кишвари мо рӯз ба рӯз болотар ва умеди мо ба ояндаи саноатӣ ва рушди кишвари азизамон бештар мегардад. Дар бораи сохтмони НОБ-и Роғун шумо мисли имсол ва солҳои пеш дар ҳар шумораи "Садои Шарқ" мақолаҳои таҳқиқотии муфассалро мутолиа хоҳед кард.
Гиромидошт
Тақвим
<< | < | March 2021 | > | >> | ||
Mo | Tu | We | Th | Fr | Sa | Su |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 |
Нигористон
Copyright © 2016 Аз корбарони муҳтарам дархост мешавад, ки дар сурати истифода аз маводи ин сомона манбаъ ҳатман зикр гардад. Тамос бо мо: (+992) 224-56-79, 228-98-79, 228-98-80, 224-44-34, 224-19-24.